11:45:48 27-уми Августи 2025 сол
ЧӢ ГУНА НТВ АЗ "РОЗ"-ҲОИ САФИРИ ИМА ОГАҲ ШУД? 30.03.2012 14:20 1532
Сафири Амрико дар Русия изҳори тааҷҷуб карда, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд. Майкл Макфол дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштаст, шабакаи телевизионии НТВ ба шакле тавонистааст, ба ҳама иттилооти хусусии ӯ ва барномаи рӯзонаи вай дастрасӣ пайдо карда, ӯро "таъқиб" кунад.
ТУРКМАНИСТОН ОМОДААСТ ГАЗ ДИҲАД, АММО БА КАДОМ РОҲ? 29.03.2012 20:58 1436
Мақомоти Туркманистон мегӯянд, омода ҳастанд, ки ба Тоҷикистон газ диҳанд, агар Узбакистон розӣ шавад. Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", низ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 29-уми март, ба мо гуфт, аз ирсоли номаи ...
ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, БАРОИ РАФЪИ ОФАТҲО ОМОДА БОШЕД 29.03.2012 16:38 1008
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатари барфкӯчу обхезиҳо дар баҳори имсола дастур дод. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур додааст ...
МАҲКУМИЯТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА 20 СОЛ ЗИНДОН ДАР РУСИЯ 29.03.2012 16:19 790
Пулиси Русия як сокини 24-солаи Тоҷикистонро ба занни қочоқи маводди мухаддир дар он кишвар боздошт кардааст. Ба навиштаи "Интерфакс", хабаргузории Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Кроснуёрск боздошт шуда ва кормандони пулис аз ӯ 700 гром ҳеруинро мусодира кардаанд.
МУҶОЗОТИ ЯК ЗАН "БАРОИ МАМОНЕЪАТ АЗ ТАҲСИЛИ" ФАРЗАНДОНАШ ДАР ХУҶАНД 29.03.2012 16:18 787
Додгоҳе дар вилояти Суғд як модарро барои мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш дар мактаб ба пардохти чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Татяна Олейникова, модари се фарзанди ноболиғро, тибқи моддаи 164-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш муҷрим шинохтааст.
ҚАТЛИ ФАРМОНДЕҲИ ҲИУ ДАР ФОРЁБ 28.03.2012 10:56 1011
Дар ин амалиёт, ки дар минтақаи Ширин Тагоби вилояти Форёб сурат гирифт, силоҳбадастон сарбозонро бо оташ пешвоз гирифтанд, вале дар бархӯрди мусаллаҳона Махдум ва чанд тан аз ошӯбгарон ба қатл расида, ду силоҳбадасти дигар дастгир шудаанд.
ИФШОИ “СӮҲБАТИ ДӮСТОНА”-И ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ 27.03.2012 22:46 1041
Барак Обама ва Дмитрий Медведев бехабар он ки микрофон рӯшан аст, бо ҳам "сӯҳбати дӯстона" карданд. Микрофонҳои телевизионӣ бахше аз сӯҳбатҳоеро сабт кардаанд, ки миёни раҳбарони Иёлоти Муттаҳида ва Русия сурат гирифтааст.
МӮДИ ИСЛОМӢ. ЗЕБОИИ ТАБИӢ ВА ШУКӮҲИ ЗАНИ ШАРҚӢ? 27.03.2012 13:19 1023
Ҳамсари Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, намоиши мӯди либосҳои исломиро дар Дубай баргузор кард. Ин намоиш “Бонуи чечен” ном дошта, аз сӯи созмони ҳунарии “Фирдавс” барои нахустин бор дар хориҷ аз Чеченистон доир гашт. Ин созмони ҳунариро ҳамсари Рамзан Қодиров ҳанӯз соли 2009-ум таъсис додааст.
АҲМАДИНАЖОД «ХОНАИ ЭРОН» ДАР ДУШАНБЕРО ИФТИТОҲ КАРД 24.03.2012 19:40 1114
Муҷтамаи фарҳангии «Хонаи Эрон» дар Душанбе аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ифтитоҳ шуд. Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар барномаҳои таҷлили ...
АННОН ДАР "ҶУСТУҶӮЙ"-И СУЛҲИ СУРИЯ ДАР МАСКАВ ВА ПЕКИН 24.03.2012 12:32 959
Намояндаи вижаи СММ ва ИА дар умури Сурия, барои гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Русия ва Чин, ба ин ду кишвар меравад.
"КӮМАКҲОИ МО БАЪД АЗ СОЛИ 2014 НИЗ ИДОМА ХОҲАД ЁФТ" 24.03.2012 12:31 972
Амрико мегӯяд, ки муттаҳидони аврупоии НАТО ба кӯмакҳои молии худ ба нерӯҳои афғон пас аз соли 2014 низ идома хоҳанд дод. Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон афзуд, ин кӯмакҳо кофӣ ва давомдор хоҳанд буд.
ДУОИ НАВРӮЗИИ ГУГУШ: "ҲЕҶ ВАҚТ РӮИ ҶАНГРО НАБИНЕД" 22.03.2012 17:34 1096
Гугуш, овозхони маъруфи эронӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ҳамаи форсизабонҳои дунёро табрик гуфт. Вай гуфт, "дар остонаи баҳор ва Наврӯзи бостон самимонатарин табрикотамро тақдими ҳамаи мардуми Эрон ва форсизабонон, ки дар ҳар куҷои ин дунё ҳастанд, мекунам."
ТАҶЛИЛ АЗ НАВРӮЗ ДАР МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ 21.03.2012 19:22 985
Дар толори Маҷмаи умумии Созмони Милал бо ташаббуси сафирон ва намояндагони доимии Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикиситон, Туркия, Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон ҷашни Наврӯз баргузор гашт.
КУМИТАИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН ТАНҚИДҲОИ ИМА-РО РАД КАРД 21.03.2012 19:21 1069
Намояндаи баландпояи Тоҷикистон гузориши Кумиссюни Иёлоти Муттаҳида дар умури озодии динро рад кард.
ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВО РӮ БА ГАРМӢ МЕНИҲАД 21.03.2012 19:20 1097
Осмон дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз нимаабрӣ буда, борише пешбинӣ намешавад. Ҳаво дар Душанбе ва водиҳои кишвар рӯ ба гармӣ мениҳад. Навоҳии вилояти Хатлон рӯзона то 17 дараҷаи Селтсия гарм мешавад.