ДАР 2010 ҲУДУДИ 50000 ТОҶИК БА МАСКАВ РАФТААСТ
Дар соли 2010 аз Тоҷикистон ба пойтахти Русия беш аз 47 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон муҳоҷират кардаанд. Бар асосии иттилоъи Хадамоти федерол дар умури муҳоҷирати Русия, бештари ин афрод барои ҷустуҷӯйи машоғил шаҳри Маскав пойтахти он кишварро ихтиёр мекунанд.
Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки дар соли гузашта аз кишварҳои Шӯравии собиқ беш аз 13 милюн муҳоҷир ба Русия барои пайдои корҳои мавсими ва доимӣ омадаанд. Ва бар асоси иттилоъи расмӣ дар соли 2010 ба Русия дар муқоиса ба соле қабл теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ омадаанд. Теъдоди бештаре аз ин оморро сокинони Укройн ташкил медиҳанд ва масъулони хадамоти федерол гуфтаанд, ки теъдоди муҳоҷирон аз Ӯзбакистон низ ахиран дар ҳоли афзоиш будааст.
Ба гуфтаи як масъули дафтари матбуъотии Хадамоти федерол дар умури муҳоҷирати Русия бештари муҳоҷирони корӣ шаҳрҳои бузурги Русия аз ҷумла Маскав ва Сант-Петерсбурсро барои пайдо кардани машоғил интихоб мекунанд. Дар феҳристи кишварҳое, ки аз онҳо теъдоди бештари муҳоҷирон барои кор ба Русия меоянд, чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ будаанд.
Аз ҷумла Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли гузашта ба Русия теъдоди бештари муҳоҷиронро фирстодаанд. Аз Тоҷикистон ба Маскав дар ин муддат беш аз 47 ҳазор нафар муҳоҷират карда ва Ӯзбакистон ва Қирғизистонро ба қасди кор дар пойтахти Русия беш аз 65 ҳазор сокин тарк кардааст. Кормандони хадамоти федероли муҳоҷирати Русия ҳамчунин хабар додаанд, ки дар қаламрави Русия беш аз се милюн муҳоҷирон ғайриқонунӣ, яъне бидуни сабти ном ба сар мебаранд.
Вале масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки ин омор дар муқоиса бо соли 2001 ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо дар 2001теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия беш аз 10 милюн нафарро ташкил медод. Ҳамчунин бар асосии иттилоъи ин ниҳод 3, 5 дарсади ҷароимро дар Русия муҳоҷирон содир кардаанд ва ағлаби ин ҷароим бо асноди ғайримуҷози сабти ном бастагӣ доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/4175--2010--50000----.html