13:56:10 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?

Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди квота барои коргарон аз Тоҷикистонро ба таъхир мегузорад. Сабаб чунин иқдом риоя нашудани қоидаҳои будубош дар ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик дар ҷараёни аввалин сафарбарии муташаккилона будааст.

migranti-tj 32235454Рӯзи 10 октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар раҳсипор шуд. Ин нахустин ҳолати муҳоҷирати расмии кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея маҳсуб меёбад.

Имзои созишномаи оянда дар бораи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба натиҷаи аввалин сафарбарии муҳоҷирон вобаста буд.

Лекин натиҷаҳо барои коргарони Тоҷикистон хушбин нестанд, зеро беш аз нисфи муҳоҷирони корие, тирамоҳ фиристода шуда буданд, ба Ватан барнагашта, кори ғайриқонуниро афзалтар донистанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, айни замон 28 нафар коргарон аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доранд ва ин омил ҷараёни имзои созишномаи корӣ бо ин кишварро душвор мекунад.

“Тоҷикистон ба сафи кишвраҳое, ки аз онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ қувваи корӣ фиристода мешавад, шомил нашуд. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ин масъала мусбат ҳаллу фасл мешавад, зеро созишнома аллакай имзо шудааст. Сипас дар бораи ҷудо гардидани квотаҳо сухан хоҳад рафт. Агар квотаҳоро ҷудо кунанд, раводиди корӣ ба муҳлати на 6 моҳ, балки ба мисли Британияи Кабир ба муҳлати 1 сол дода мешавад”, - гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.

Айни замон Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми иҷозатномаи ҷалб ба кори EPS (Employment Permit System) дар корхонаҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Корея тадбирҳо меандешад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз раҳбарияти ин ниҳод хабар доданд, моҳи майи соли ҷорӣ як ҳайати коршиносони кореягӣ бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷират ба Тоҷикистон ташриф овард, бо фаъолияти сохтору муассисаҳои дахлдори кишвари мо аз наздик шинос шуд.

“Яке аз мушкилот ва шарти асосии ворид шудани ҷониби Корея ба ин низом баргаштани шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Корея мебошад”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар ин робита Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони муҳоҷирони қонуншикан муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки онҳоро барои ба ватан баргаштан даъват кунанд. Вазорат ваъда медиҳад, ки баъди баргаштан “шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нашуда, метавонанд бори дигар ба Корея сафар кунанд”.

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi