Русия тасдиқ кард, ки муҳоҷиронро рондан мехоҳад
Ҳукумати Русия барои кам кардани муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар 52 миллиард рубл ҷудо кард, то вилоятҳои Русия барномаҳои иваз кардани муҳоҷиронро бо коргарони маҳаллӣ таҳия кунанд. Ҳукумати федероли Русия аз буҷаи ин кишвар 52 миллиард рублро ба он равона кард, ки минтақаҳои ин кишвар аз меҳнати муҳоҷирон даст кашанд ва ҷойи онҳоро ба коргарони бумӣ диҳанд.
Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Русия Максим Топилин дар шарҳи ин ташаббуси ҳукумат гуфт, «минтақаҳо танҳо дар сурате аз ин сармоя истифода хоҳанд кард, ки барномаҳои воқеии иваз кардани нерӯи кори хориҷиро бо шаҳрвандони Русия омода намоянд.”
Яке аз аввалинҳо шуда ҳукумати вилояти Свердлов ба таҳияи чунин барнома камар баст, то аз маблағҳои буҷа истифода кунад. Сухангӯи ин ҳукумат рӯзи 20-уми феврал гуфт, тамоми талош ба кор хоҳад рафт, то муҳоҷирон аз риштаҳое монанди кишоварзӣ ва хадамоти нақлиётӣ берун карда шаванд.
Мудири шӯъбаи кор ва шуғли аҳолии вилояти Свердлов Дмитрий Антонов мегӯяд, дар ҳоли иҷрои ин талабот ҳукумати марказӣҳамчунин то 85 дарсади барномаи зиддибӯҳронии вилоятро ҷуброн хоҳад кард.
Вале коршиносон мегӯянд, иҷрои чунин барнома барои Русия осон нест, ҳарчанд қоидаҳои нави сабтином ва иҷозаи кор аллакай шумораи муҳоҷиронро дар саросари Русия камтар кардааст. Антонов мегӯяд, бе барномаи муайян низ соли 2013 шумораи муҳоҷирон дар вилояти Свердлов аз қариб 200 000 нафари соли 2007 то 50 000 нафар коҳиш ёфтааст. Ин вилоят нақша дорад, дар соли 2015 ҳамагӣ ба 11 000 муҳоҷир кор диҳад. Ба ҷойҳои холишуда бо дастмузди беҳтар намояндагони аҳолии маҳаллӣ ба кор даъват хоҳанд шуд.
Амалӣ шудани чунин барномаро муҳоҷирон зери суол мебаранд. Онҳо мегӯянд, бовар надоранд, ки аҳолии маҳаллӣҷойи муҳоҷиронро гирифта тавонад. Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Екатеринбург “Сомон” Фаррух Мирзоев мегӯяд, “Ҷойгоҳеро, ки муҳоҷирон дар бозори кор ишғол кардаанд, аҳолии маҳаллӣ пур карда наметавонад. Мумкин аст, дар деҳоти дурдаст ин нақша амалӣ гардад, вале дар шаҳрҳои калон кори вазнинро танҳо муҳоҷирон бар дӯш гирифта метавонанд.”
Бархе аз кордиҳандаҳо низ гуфтаанд, ки талоши онҳо ба истифода бештар аз нерӯи маҳаллӣ то ҳоло натиҷаҳои баръакс додааст. Бархе аз кордиҳандаҳо заҳматкашӣ ва қаноатпешагии муҳоҷиронро ситоиш кардаанд ва гуфтаанд, ин хислатҳо ба коргарони бумӣ хос нестанд.
ВалеФаррухМирзоевмегӯяд, чунинбарномаҳосабабионмешаванд, кибароимуҳоҷироншароитифавқулодабадсохташавад, тоонҳоРусияротарккунанд. Баақидаикоршиносон, тақрибанҳамаиқоидаҳоинавиРусиядарбобатимуҳоҷиратбаонравонашудаанд, кишумораимуҳоҷиронтокамтаринҳадпоинояд. Танҳо ба Тоҷикистон наздики 300 000 нафар депорт шудаанд, ки аз 5 то 10 сол иҷозаи сафар ба Русияро надоранд.
Шеваи нави сабтином ва гирифтани патент, имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия ҳазорон нафари дигарро аз ин кишвар берун рондаанд. Дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки шаҳрвандонашон барои кор ба Русия сафар мекарданд, ҳоло роҳҳои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дигаре мисли Туркия, ИМА, Канада, кишварҳои араб ва Кореяи Ҷанубиро озмоиш мешаванд.
Як соҳибкори рус аз тасмими нави ҳукумати федероли Русия пуштибонӣ кард ва мегӯяд, агар муҳоҷирони тоҷику ӯзбаку қирғиз ва ғайра аз Русия раванд, аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор хоҳад шуд. “Ҳоло қонунҳо сахттар мешаванд. Барои қабули коргарони ғайриқонунӣҷаримаҳое муқаррар гаштаанд, ки миёни ҳама гуна ширкатро мешикананд. Танҳо ширкатҳои хурд ё афроди алоҳида ва он ҳам дар ҷойҳои дурдаст мумкин аст, аз меҳнати муҳоҷирон истифода кунанд.”
Аммо як зан ба хабарнигори “Новий регион” гуфтааст, агар аҳолии маҳаллӣ кор кардан мехост, кайҳо дар сохтмонҳо, нақлиёт ё роҳрӯбӣ дида мешуд. “Мардуми мо нӯшиданро кори асосии худ мешуморанд ва агар каме ба онҳо ишора кунӣ, қонунталошӣ мекунанд. Лекин муҳоҷирон наменӯшанд, аз ҳама чиз метарсанд ва аз бомдод то нимишабӣ мисли асп кор мекунанд.”
«Озодӣ»