15:40:29 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУШДОРИ ИТТИҲОДИЯИ ЖУРНОЛИСТОН БА ХАБАРНИГОРОН

Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон (ИЖТ) аз аъзои ин ниҳод хостааст, аз шаҳодатномаи узвият барои бароварда сохтани ғараз ё манофеъи шахсӣ истифода накунанд. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 12 апрел мунташир гардидааст, ҳушдор дода шудааст, рӯзноманнигоре, ки ба ҳамчунин амале даст мезанад, аз суфуфи Иттиҳодияи журнолистон ихроҷ хоҳад шуд.

/images/stories/2012/04/12_akbari-sattor-1212.jpgАкбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, афзоиши мавориди фаровони сӯъистифода аз шаҳодатномаи узвияти ин созмон ва шикоёти зиёди намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва мустақил Иттиҳодияи журнолистонро ба иттихози иқдомоти сахтгирона водор кардааст.

Ба гуфтаи оқои Саттор, дар зарфи як соли ахир 12 мавриди истифодаи бархе аз рӯзноманигорон аз шаҳодатномаи ИЖТ бо мақосиди ғаразнок дар навоҳии Ашту Файзобод, шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон сабт шудааст. Вале ӯ аз бурдани асомии ин рӯзноманигорон ва ҷузъиёти мавориди сӯъистифода аз шаҳодатномаи ИЖТ худдорӣ кард.

Раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон таъкид кард, тибқи Ойинномаи ин созмон рӯзноманигорон ба ҳангоми муъаррифии худ бояд ба маҳалли корашон истинод кунанд, на ба Иттиҳодияи журнолистон.

Зафари Сӯфӣ, сардабири “Озодагон”, нашрияи мустақилли чопи Душанбе, аз ин иқдоми Иттиҳодияи журнолистон пуштибонӣ карда ва гуфт, сӯъиистифода аз санади журнолистӣ ба тамоюли хатарноке мубаддал шуда ва метавонад ба эътибори тахассуси рӯзноманигорӣ латмаи ҷиддӣ ворид кунад.

Оқои Сӯфӣ ба унвони мисол аз ҳодисае дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ёдовар шуд, ки дар авоили соли ҷорӣ иттифоқ афтода ва афроде аз шаҳодатномаи Иттиҳодияи журнолистон ба ғарази тамаъҷӯйӣ истифода кардаанд.

Вақте бар асоси шикоёти кормандони ниҳоди давлатӣ ин афрод аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуданд, рӯшан шудааст, ки онҳо дар ҳеч нашрия ё ниҳоди журнолистӣ фаъъолият надошта ва шаҳодатномаи журнолистиро аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаанд.

Ба эътиқоди Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари созмони мустақилли “Журналист”-и Тоҷикистон, дар солҳои нобасомониҳо дар ин кишвар дар даҳаи 1990 “иддаъе аз афроди нолоиқ ва тасодуфӣ ба суфуфи Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон роҳ ёфта ва аз нуфузи ин созмон барои ғаразҳои шахсии худ истифода мекунанл.”

Ҳамчунин, оқои Шарифзода бурузи чунин вазъи номатлуб дар маҳофили рӯзноманигориро ба фаъъол набудани созмонҳои аввалияи Иттиҳодияи журнолистон дар манотиқи Тоҷикистон марбут хонд.

Зимнан, дар баёнияи Иттиҳодияи журнолистон аз аъзои ин созмон даъват шудааст, дар зарфи се моҳи оянда ба ин созмон дар бораи маҳалли кори худ иттилоъ дода ва ҳақулъузвияти худро пардохт кунанд. Дар ғайри ин сурат мавзӯъи ихроҷи ин афрод аз суфуфи Иттиҳодияи журнолистон матраҳ хоҳад шуд.

То ба ҳол, Иттиҳодияи журнолистон ва созмонҳои мустақилли журнолистии Тоҷикистон аз мавориди фишору таъқиби хабарнигорон аз ҷониби ниҳодҳои давлати ин кишвар шикоят карда ва барои бори аввал мавзӯъи сӯъиистифодаи рӯзноманигорон аз шаҳодатномаҳои журнолистӣ матраҳ мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi