ХУДДОРИИ ДОДГОҲ АЗ БАРРАСИИ ДАЪВОИ "АВЕСТО"
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои хабаргузории "Авесто" алайҳи ширкати "Сомон Эйр" худдорӣ кардааст.
Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи "Факти и комментарии" ва хабаргузории "Авесто" аз болои чанд ширкат, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба додгоҳ шикоят бурда ва даъво кардааст, ки ин ширкатҳо ба саволҳои нашрия посух нагуфта, қавонини ҷории кишварро зери по гузоштаанд. Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои Зафар Абдуллоев нисбат ба раҳбари ширкати "Сомон Эйр" Алишер Рустамов худдорӣ карда, гуфтааст, ки ин баҳс бояд дар додгоҳи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Зафар Абдуллоев мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуна даъвои иқтисодӣ надорад, ки баҳсро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашад. Балки даъвои ӯ аз болои раиси "Сомон Эйр" барои посух надодан ба саволҳои нашрия ва зери по гузоштани чанд қонун, аз ҷумла Қонуни матбуоти Тоҷикистон аст.
Оқои Абдуллоев гуфтааст, "ин тасмими додгоҳи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ. Ва номи ширкати мазкур ба гуфтаи коршиносон, ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва шахсони наздики ӯ робита дорад. Барои ҳама маълум аст, ки ӯ дар низоми сиёсии Тоҷикистон як мӯҳраи муҳим аст. Намедонам, ки бар кадом асос додрас ин масъаларо ба додгоҳи иқтисодӣ ҳавола кардааст."
Зафар Абдуллоев гуфтааст, аз болои ин тасмими додгоҳи Шоҳмансур ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд. Хабаргузории "Авесто" аз болои ширкатҳои "Сомон Эйр", "Вавилон-М", "Барқи тоҷик" ва "Воҳиди махсус" -и Вазорати корҳои дохилӣ ба додгоҳ шикоят бурда ва гуфта буд, ки ин муассисаҳо аз додани посух ба номаҳои расмии хабаргузорӣ сарфи назар кардаанд. Аммо бархе аз ин муассисаҳо чунин даъворо беасос хонда буданд.
Дар ин номаҳо роҷеъ ба чӣ мавзӯъҳое аз раҳбарони муассисаҳои номбурда суол шудааст, ки онҳо нахостаанд посух бигӯянд?
Зафар Абдуллоев, раҳбари хабаргузории "Авесто" мегӯяд: "Ба сурати мисол, мо аз "Воҳиди махсус" пурсида будем, ки кормандони ин ниҳод дар кадом қаламрав ҳаққи фаъолиятро доранд, чаро онҳо айни вазифаҳои бозрасии давлатии автомобилиро такрор мекунанд. Ҳамчунин аз раҳбари ин воҳид пурсида будем, ки чӣ моликияте дорад, назири амволи манқул ва ғайри манқул. Аз "Сомон Эйр" пурсида будем, ки оё дарвоқеъ дуруст аст, ки муассисони он дар минтақаи офшори Вирҷиния ҳастанд?
Чӣ робитае бо "Талко менеҷмент" доранд? Ва аз кадом сарчашма 180 миллион доллар барои харидории "Боинг" дарёфт мекунанд? Суолҳое ҳам, ки аз ширкати "Вавилон" доштем ба мушкили сайтҳои интернетӣ дар тирамоҳи гузашта, инчунин ба ҳодисаи қатъи робитаи телефонӣ бо минтақаи Рашт вобаста буд. Ва аз ширкати "Барқи тоҷик" низ роҷеъ ба фаъолияти ин корхона ва қарзҳои он, инчунин робитаи он бо сохторҳои молии дигар ва "Талко" пурсида мешуд, ки мутаасифона посух дарёфт накардем."
Аммо мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд чунин даъвое асос надорад, зеро масъулини "Барқи тоҷик" ба дархости хабаргузории "Авесто" посух додаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4287------qq.html