ИСТЕЪФОИ КОРМАНДОНИ “ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ”
Кормандони ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” бо шикоят аз бархӯрди муассиси нашрия дастаҷамъона ба истеъфо рафтаанд. Гулнора Амиршоева, сардабири ин нашрия, хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимир Яковлев ва ороишгар Далер Мӯъминшоев, рӯзи 18-уми январ бо нашри изҳороте аз қатъи кори худ дар ҷамъияти “Чархи гардун” хабар додаанд.
Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки кормандони “Вечерний Душанбе” аз сӯйи раҳбари кулли “Чархи гардун” Акбари Саттор таҳти фишори мудаввом қарор доштанд. Онҳо навиштаанд, “ин фишор тавассути эродҳои беасос ба хабарнигорон, аз рӯйи ғаразҳои шахсӣ хориҷ кардани гурӯҳи кормандон, ҷорӣ намудани сензура ҳангоми навиштани матолиб дар мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ баён мешуд.”
Дар натиҷаи чунин фишорҳо, гуфта шудааст дар баёния, сафи ҳайати эҷодии “Вечерний Душанбе” ва ҳамин тавр мазмуну мундариҷаи нашрия коҳиш ёфт.” Дар ин изҳорот омадааст, ки дар охирин сӯҳбаташ бо хабарнигорон, Акбари Саттор гуфтааст, ё ин нашрияро ба маблағи калон мефурӯшад ва ё онро мебандад.
Ҳайати кормандони “Вечерний Душанбе” мегӯянд, онҳо ҷонибдори басташавии ин нашрия нестанд. “Мо омода ҳастем, ки идораи ҳафтаномаро ба ӯҳда бигирем ва дар шакли пешина ба чоп расонем”,-омодааст дар изҳороти онҳо. Нашрияи “Вечерний Душанбе” аз соли 1968 рӯйи чоп омада, бештар масоили марбут ба ҳаёти сокинони пойтахти Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ инъикос мекард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4195-2011-01-19-11-33-44.html