17:21:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Мавзӯйи асосии ин ҳафтаи  баъзе нашрияҳои хусусии чопи Душанберо инъикоси  нахустин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон  ва дигар масъулини матбуоти тоҷик дарбар мегирад. 

«Раиси ҷумҳур таъкид кард,- навиштааст ҳафтаномаи «Миллат», ки расонаҳои мустақили кишвар баробари расонаҳои расмӣ ҳақи баробари фаъолият доранд ва онҳо низ бо вуҷуди дигарандеш будан як узви муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд. Ӯ аз мақомоти ҳукуматӣ даъват кард, ки то расонаҳоро ба худиву бегона ва ҳукумативу ғайриҳукуматӣҷудо накунанд». 

Ба навиштаи «Миллат» «Раиси ҷумҳур гуфт, ки бунёди «Роғун» на танҳо бар суди Тоҷикистон, балки бар суди кишварҳои поёноб низ ҳаст. Ӯ гуфт, ки иддаъоҳо дар мавриди хушкшавии баҳри «Арал» бебунёд ҳастанд… фоҷеаи Арал аз солҳои 50-уми асри 20 ҳанӯз аз замони побарҷойии кишвари абарқудрати Шӯравӣ сар зада буд ва иллати аслиаш обёрӣ шудани даштҳои сӯзони ҳамсоякишварҳо  будааст». 

Нашрияи русзабони «Азия-плюс» дар мақолаи хеш, ки «Э. Раҳмон: «Одамонро маҷбур кардан лозим нест, ки ба Роғун пул супоранд»,  ин суханони Президентро аз ин мулоқот меорад, ки гуфтааст: «Хайр кардан барои бунёди Роғун ва харидани саҳмияҳои он кори ихтиёрӣ ҳаст ва касеро маҷбур нахоҳем кард, ки  ин корро ҳатман бикунад».  

Дар ҳамин ҳол  ин нашрия менависад, ки «барои ҷалби маблағ ба бунёди ин сохтмони умумихалқӣ методҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Масалан, тибқи суханони Эмомалӣ Раҳмон  дар дидорбинӣ бо журналистон аз якуми январи соли 2010 иҷозат дода мешавад, ки хоҳишмандон тирезаҳои мошинҳои сабукрави хешро сиёҳ кунанд. Вале барои гирифтани иҷозати расмӣ онҳо қаблан бояд ба хазинаи давлат 500 доллари амрикоӣ маблағ супоранд. Онҳое, ки бе иҷозат тирезаҳои мошинҳояшонро сиёҳ карда дастгир мешаванд, бояд ба маблағи 1000 доллари амрикоӣҷарима пардохт намоянд. Ҳамаи маблағҳое, ки аз  ин ҳисоб ба даст меоянд, ба суратҳисоби НБО Роғун гузаронида хоҳанд шуд». 

Дар ҳамин мақола  муаллифон  боз ин суханони Эмомали Раҳмонро дар ин мулоқот  иқтибос меоранд, ки гуфтааст: «Ҳар зимистон, вақте ки кишвар бо бӯҳрони энергетикӣ рӯ ба рӯ мешавад, ман баробари мардум азият мекашам. Ба ман ҳамчун  ба сарвари кишвар хеле дарднок буд, ҳангоме, ки зимистони соли 2008 дар мамлакат аз сабаби нарасидани қувваи барқ, тифлони навзод ба ҳалокат расиданд. Имрӯз тамоми Тоҷикистон аҳамияти Роғунро дарк кардааст». 

«Ҳафтаномаи «Нигоҳ» омодааст, ки ҳар рӯзи корӣ як саҳмияи Ҷамъияти саҳҳомии ИБО-и «Роғун»-ро харидорӣ кунад», омадааст дар матлабе, ки  ин ҳафта дар ин нашрия ба табъ расидааст. Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» мебошад, дар ин маврид гуфтааст: 

«Мо хеле хуб мефаҳмем, ки имрӯз истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба мавқеъгириии ҳар як шаҳрванди кишвар сахт вобастагӣ дораду ҳар фарди ватандӯст бубояд дар ин лоиҳаи барои давлатдории миллии тоҷикон тақдирсоз саҳм бигирад. Мо, ҳамчунин хуб дарк мекунем, ки аз иштирок дар ин лоиҳа минбаъд метавонем фоидаи хубӣ молӣ ҳам ба даст орем». 

Ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» дар мақолаи хабарнигори худ Муҳаммадюсуфи Шодӣ «Биёед, дар Роғун манро мо кунем» пешниҳоди ҷолибе намудааст, ки тибқи он бояд «ҳар нафаре, ки дар бунёди НБО-и Роғун саҳм мегузорад, агар камтарин арзиш ҳам дошта бошад, бояд сабти ном шавад. Боварӣ дорам, гуфтааст муллифи мақола, ки дар шаҳри Роғун Осорхонаи калонтарини иншооти аср бунёд мегардад, номи тамоми коргарони дар иншоот иштирокдошта сабт мегардад ва аз ҷумла номи саҳмгузорон дар девори махсус ҳаккокӣ мешавад…». 

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Озодагон» дар мақолаи «Супермеханизми фурӯши саҳмияҳои Роғун» навиштааст, ки «вазорати молияи Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро сар аз моҳи январ бо механизме оғоз карданист, ки мардум ба он наметавонанд эътимоди зиёд кунанд. Ба назар чунин менамояд, ки вазорати молияи Тоҷикистон дар қиболи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун механизми ҷиддиеро рӯйи даст нагирифтааст. Ҳарчанд Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон зимни шарҳи шаклу тартиби ба фурӯш гузоштан ва замони баҳрабардории саҳмияҳо талош ба он кард, ки нишон диҳад, ки механизмеро роҳандозӣ мекунад, ки раванди фурӯши саҳмияҳоро содда мекунад ва ҷалби сармояи дохилӣ ба тарҳи Роғунро осон мекунад». 

Аз мавзӯъҳои дигар маводе, ки мавриди таваҷҷӯҳи хонанда ҳатман қарор хоҳад гирифт, ин сармақолаи сардабири ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» Сафват Бурҳонов «Тӯраҷонзодаро чӣ интизор аст?» мебошад, ки  дар саҳифаи аввали нашрияи мазкур ба табъ расидааст. Муаллиф менависад, ки «имрӯз ҳатман бояд аз имконияти ваҳдатофарии ҳар шахсияти худ истифода кард. Ашхосе мисли Тӯраҷонзода метавонанд барои қавигардии ҳокимияти миллӣ ва болоравии эътибори тоҷик хизмат кунанд. Аз эшон набояд парҳез кард. Ҳол он,  ки ба касе ақоиду рафтори Қозӣ-домулло пӯшида нест. ӯ қариб ягона рӯҳониест, ки сохтани давлати исломиро дар Тоҷикистон ғайриимкон  ва нодуруст мешуморад. Аз ҳаракоти тундгаро пуштибонӣ намекунад. Муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ дорад. Мисли рӯҳониёни дигар кӯркӯрона аз паси арабгароёну пуштугароён намеравад. Сиёсати имрӯзаи кишварро воқеан дастгирӣ карда, барои тақвияти он метавонад ёрии амалӣ расонад». 

Мавзӯи дигаре, ки имрӯз дар расонаҳои хабарӣ матраҳ мешавад, мавзӯи интихоботи парлумонӣ ҳаст. Ҳафтаномаи «Пайкон» бо  Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мусоҳибае оростааст, ки дар он дар посух ба суоли хабарнигор «боварӣ доред, ки дар интихоботи қарибалвуқӯъ дар парлумон ҷой мегиред?», раиси ҲСДТ чунин гуфтааст: 

«Аз рӯи шумораи ҷонибдорони худ, яъне овозҳои реалӣ, ҲСДТ танҳо аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ имрӯз ками кам сазовори 3 ҷойи вакили Маҷлиси намояндагон мебошад. Аммо беғаразӣ ва адолат аз моҳияти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дур хобидааст ва дар асоси яккатозӣ ин ҳокимиятро ҷилавгирӣ карда наметавонанд. Хусусан дар ҳолате, ки назорат аз болои ҳам фаъолият, ҳам салоҳияти комиссияҳои интихоботӣ, хусусан комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, ки тақдири интихоботро ҳал мекунанд, дар ихтиёри ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистон мебошад». 

Журналист Раҷаби Мирзо дар матлаби хеш «Як гуптем-да!», ки дар ҳафтаномаи «СССР» ба чоп расидааст, асосан натоиҷи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистонро, ки чанде пеш баргузор гардид, ба риштаи таҳлил кашидааст. «Агар Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ин нишаст намебуд, ман гумон мекардам, ки мо аслан марди сиёсӣ ва ҳизби мухолиф надорем», навиштааст Раҷаби Мирзо.  Ӯ дар  идома чунин менависад: «Дуруст аст, ки ӯ (Кабирӣ) ҳам дар охир гузаронд: ба мо барои баргузории анҷуманамон толор даркор аст! Аммо фикр мекунед ин дархости раиси ҲНИТ примитивона буду аз тактикаи сиёсӣ орӣ? 

-Толор барои чанд нафар даркор аст?- пурсид Эмомалӣ Раҳмон ва сабаби ин гуна пурсиши «примитивонаи» Кабирӣ ошкор шуд. 

- Мо 800 вакил хоҳем дошт ва наздики 200 меҳмон.

- Ин аз ҲХДТ ҳам бештар аст-ку, гуфт раиси ҲХДТ. 

Ба андешаи ман, дар ин ҳолат Кабирӣ ба ҳадафи худ расид. Яъне «мо ана ҳамин гуна ҳизби сераъзоем» гуфт, вагарна ҲНИТ ягона ҳизбест, ки бинои фарох дораду ҳама вақт вакилонаш ҷой меёбанд». 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi