04:38:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОМИЛИ ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ: ГУНОҲАМРО БУБАХШ, МОДАР…

Навраси покистонӣ, ки аз шиддати дард ҷуръати ба бадани худ нигоҳ карданро надошт, кӯшиш мекард, ки дастонашро ҳаракат надиҳад, вале ларзиши баданаш то ба ҳол ором нашуда буд. Нафаскашиаш душвор гардида, дурахши чашмонаш аз байн рафта буд. Бо вуҷуди ин ҳама вазъи тоқатфарсо ӯ омилҳои ба роҳи маргталабӣ рафтан ва қазияи тарконидани худро ҳамчун «шаҳиди» мусулмон ба ҳозирин шарҳ дод.

modar-5655621.jpgАвоили моҳи апрел дар ибодатгоҳи суфиёни покистонӣ, ки мамлӯи ҳазорон зоирин буд, таркиш ба амал омад. Даҳҳо нафар кушта шуданд. Ин таркиш бо дасти ду нафар маргталаб, ки ҳанӯз наврас буданд, анҷом дода шуд. Яке аз онҳо Умар Фидоии 14-сола ҷон ба саломат бурда, бо изҳори таассуф ба хабарнигори Би-би-си Олим Мақбул дар бораи сабабҳои ба ин кирдор яъне ба ҳалокат расонидани худ ва дигарон даст заданаш нақл намуд. «Ман танҳо дар бораи он фикр мекардам, ки чӣ тавр худро дар миёни анбӯҳи зиёди одамон битарконам. Ва он вақте ки ман ба хулосаи ниҳоӣ, яъне маргталабӣ расидам, ин лаҳза бароям лаҳзаи хушбахтӣ буд. – Ман гумон кардам, ки авали ҳодиса каме дарднок хоҳад буд, сипас ҷоми шаҳодатро чашидан насибам хоҳад гашт».

Вале Умар на ҷоми шаҳодат чашиду на ба биҳишт рафт. Айни ҳол ӯ дар ҳолати ниҳоят вазнин дар бемористон қарор дорад. Дасти чапи ӯ канда шуда аст; дасти росташ низ пурра осеб дида, докапеч аст; баданаш ҷароҳтҳои вазнин бардоштааст. Вале ӯ ҳодисаи қарибулвуқӯъро ҳамчун воқеият қабул карда, муаддабона ва бидуни пардапӯшӣ сухан мегӯяд.

«Тарҳи амали мазкур чунин буд: Исмоил бояд худро дар шафати ибодатгоҳ метарконид. Ман бошам, ба хотири ҷамъ шудани одамон, бояд мунтазир мешудам, то мошинҳои ёрии таъҷилӣ расида оянду шумораи фавтшавандагон зиёд бошад. Дар ин кор ягон шубҳаву дудилагие надоштам», - мегӯяд Умар.

Кори наврасро маводи таркандае, ки дар ҷайби болопӯшаш пинҳон сохта буд, нобарор кард: таркиш бо он шиддате, ки таъин шуда буд, натаркид, вале як дасти Умарро аз баданаш пурра канда, дар қисмати шиками ӯ захми кушодаеро ба ҷо монд.

Аз забони толибон Умар чунин ҷумлаҳоро канда-канда ба ёд меорад: «Ӯ мегуфт, ки дар мадраса хондан маънӣ надорад, мегӯяд, ки дар олам чизе беҳтар аз Биҳишт нест ва бояд ба он ворид шуданро бо роҳи куштори кофирон сазовар шуд».

Умар Фидоӣ - маргталаби наврас, баъди таркиш барои муддате аз ҳуш рафта буд. Замони ба ҳуш омадан, кӯшиши аз ҷайбаш пайдо кардани финҷонакро намуд.

«Ба мо омӯзонидаанд, ки агар камарбанд натаркида бошад, пас бояд финҷонакро тарконид. Дар назди ман се нафар полис истода буданд, ва ба худ фикр кардам, ки агар онҳо аз дасти ман кушта шаванд, пас ман бояд ба биҳишт равам», - мегӯяд Умар.

 Умар бо мақсади кандани ҳалқаи финҷонак онро ба даҳонаш наздик бурд, вале полис инро дида, ба дасти ӯ тир холӣ кард.

Дар наворҳои видеоие, ки тавассути телефони ҳамроҳ сабт шудааст, дидан мумкин аст, ки чӣ тавр полис воситаи таркандаро дар бадани навраси хобида, безарар гардонида буд.

«Бо ман биё – маргталаб мешавӣ» - аввалин даъвати толибон барои ҳамеша дар гӯши Умар садо медиҳад. Ин даъват ҳамагӣ панҷ моҳ пештар, то сар задани ҳодисаи мазкур, дар деҳаи кӯҳистони Умар, ки дар қисмати шимолӣ-ғарбии Покистон, наздикии сарҳади Афғонистон воқеъ аст, ба амал оварда шуд.

 «Дар гирду атрофи мактаби мо толибон зиёд гашту гузор мекарданд. Рӯзе яке аз онҳо ба ман гуфт: бо ман биё – маргталаб мешавӣ. Ман ҷавоб додам, ки агар ӯ одамонро ба қатл расониданӣ бошад, пас бигузор ин амалро худаш анҷом диҳад ва кӯдаконро бо ин роҳ набарад. Вале ӯ маро ба ҷону ҳолам намонд», ба ёд меорад Умар.

modar-5655621.jpgНавраси захмӣ гоҳе аз шиддати дард нолиши баланд мекунад, сипас беҷуръатона ба дасти докапечи хунини худ нигариста, идома медиҳад: «Ӯ ба ман гуфт, ки хондан маъние надорад, чӣ беҳтар аз биҳишт аст ва барои расидан ба биҳишт бояд кофиронро кушт». Ба гуфтаи Умар чун толибон доимо намоз мехонданд, бинобар ин ҳам гумон кардам, ки онҳо одамони хубанд. Дилам хост, ки наздашон рафта ҳама чизро аз онҳо омӯзам.

Умар бо се рафиқаш нозукиҳои тарзи истифода бо силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои таркандаро дар мактаби толибон аз бар намуданд, вале макони онро Умар ба хабарнигор фаҳмонда натавонист, зеро ба тамрингоҳ ӯву рафиқонашро бо чашмони баста мебурданд, ҳатто баъзан бо дастҳои баста.

Ҳамлаи ҷанговарони исломӣ тайи се соли ахир баҳои ҷони ҳазорон покистониён гардидааст. Бештари таркишҳоро толибон тавассути наврасони тарбиякардаашон аз қабили Умарҳо анҷом медиҳанд.

 Маргталабон иншоотҳои гуногунро ҳадафи ҳамлаи хеш қарор медиҳанд, вале вақтҳои ахир чашм сӯи муқаддасоти суфиён дӯхтаанд. Ифротгароён чунин меҳисобанд, ки ин фарҳанг бо ислом мувофиқат намекунад.

 «Мо кӯдакон, пиронсолон ва занҳоро ба қатл расонидем, ин бениҳоят бад аст. Акнун ман фаҳмидам, ки худтарконии маргталабон ба ислом ҳеҷ робитае надорад. Умедворам, ки мардум маро мебахшанд?»

«Толибон ба мо гуфтанд, ки мо акнун ба Афғонистон меравем ва дар онҷо кофиронро мекушем. Мо розӣ шудем, чун мехостем бад-ин васила сазовори биҳишт бошем. Вале, вақте ки тавассути автобус ба ҷои таъиншуда расидем, дидем, ки ҳанӯз ҳам дар Покистон қарор дорем, ин ҳолат шубҳаи маро барангехт. Онҳо гуфтанд, касоне, ки дар ин ибодатгоҳ намоз мегузоранд, боз ҳам кофиртаранд. Ман низ ин гуфтаҳоро бовар кардам»- ёдовар шуд Умар.

«Вақте ки мо ҳамроҳи Исмоил ба ибодатгоҳ расидем, ба кӯҳ баромада пинҳон гаштем, то аз назарҳо ғоиб бошем, аз кифамон камзулҳои низомиро бароварда, ба бар намудем. Сипас бо ҳам худоҳофизӣ намуда, ваъда додем, ки дар ҳаққи ҳамдигар дуо хоҳем кард. Вале мо заррае ҳам ғамгин набудем, зеро боварӣ доштем, ки ба биҳишт меравем».

 Танҳо вақте ки полис воситаи таркандаро дар бадани Умар безарар гардониду табибон пайи парасториаш шуданд, ӯ дарк намуд, ки роҳи ғалатро интихоб намудааст.

Умар бо таассуф мегӯяд: «Сипосгузорам, ки маро аз азоби дӯзах наҷот доданд. Хеле дарднок аст, вале ман медонам, ки дар ин бемористон захмиёне ҳастанд, ки ҷароҳати онҳо аз ман ҳам дардноктар аст, хеле мутаассифам, ки дар ин ҳодиса ману Исмоил гунаҳкорем».

Ба гуфтаи ӯ хешовандонаш кӯшиши ба аёдаташ омаданро накардаанд, «модар ва хоҳаронаш дар Вазиристони Шимолӣ зиндагӣ мекунанд ва шояд аллакай аз ин қазия огоҳ шудаанд».

«Ман мехоҳам аз модарам бахшиш пурсам. Мавқее, ки худро таркониданӣ будам, дар бораи аҳли оила фикр ҳам намекардам, он замон танҳо дар бораи ҳидоятҳое, ки толибон таълимам дода буданд, фикр мекардам», - мегӯяд ӯ.

 Умар чун пештара дар ҳолати вазнин қарор дорад, ҳанӯз маълум нест, ки ӯ зинда мемонад ё ин ки не? Бадтар аз ҳама Умар дар ҳарос аст, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат толибон пайи дарёфти ӯ гардида, ба хотири амалиёти нобарорашон ӯро ба қатл мерасонанд.

 Мутаассифона, чунин як зуҳуроти ташвишовар соли гузашта дар Тоҷикистон низ рух дод ва бадбахтӣ он аст, ки ин амал аз ҷониби модари оянда сар задааст. Ҷавонон бояд қабл аз даст задан ба ҳар коре аввал дурнамои онро пурра дарк намуда, сипас ҷодаи ояндаи хешро интихоб намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама амалҳои номатлуб пеш аз ҳама рӯҳу қалби модарони мо мешиканад. Ин мавод аз сомонаи «Би-би-си» дастрасам гардид, чун мавзӯи он доғи рӯз аст, мехоҳам барои ҳамагон, бахусус ҷавонон дастрас гардад.

Озода Раҳимова - донишҷӯ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi