16:06:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАЪВАТ БАРОИ АФЗОИШИ ТАВЛИДОТ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШИ ҚИМАТИ НЕРӮИ БАРҚ

Президент Раҳмон аз корхонаҳои санъатӣ даъват кардааст, бо бардошта шудани маҳдудият дар ироъаи нерӯи барқ дар кишвар, тавлидоти худро бештар кунанд. Ин мавзӯъ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати раиси ҷумҳурӣ матраҳ шуд.

/images/stories/2012/03/29_imomalirahmon29312.jpgОқои Раҳмон ҳамчунин бо дарназардошти расидани фасли сел ва обхезиҳо дастур дода, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон "ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиъӣ” таъсис дода шаванд. Даъвати президент Раҳмон дар бораи афзоиши тавлидоти корхонаҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки аз моҳи апрел, қимати истифода аз нерӯи барқ дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.

Аз сӯйи дигар коршиносон дар вуҷуди нерӯи кории лозим барои анҷоми ин даъват шак доранд. Зеро ба гуфтаи онҳо аксари корхонаҳои хурди Тоҷикистон дар пардохти қимати истифода аз нерӯи барқ бо мушкилот рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Георгий Кошлаков, аз коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯяд, даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои роҳандозии кори корхонаҳо дар чанд баст “қобили дарк” аст, аммо мегӯяд, баъид аст, ки корхонаҳо битавонанд барои бастҳои изофӣ корманд истихдом кунанд.

Вай гуфт омилҳои мухталиф, аз ҷумла камбуди нерӯи корӣ ва фанниву маҳсулотӣ дар пеши роҳи иҷрои чунин даъват, монеъа эҷод хоҳад кард. Вай гуфт: “Барои мисол агар ман раиси корхона бошам, чи тавр барои басти изофӣ корманд пайдо кунам? Бояд ба корманди ҷадид бигӯям, ки ман туро фақат барои се моҳ ниёз дорам? Чунки нерӯи барқ фақат барои моҳҳои тобистон фароҳам хоҳад буд.”

Оқои Кошлаков афзуд, ки аз сӯйи дигар дар кишваре, ки нерӯи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол ба миқдори лозим ба корхонаҳо дода намешавад, фановарии изофиро харидорӣ ҳам намекунад. Ин ар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон нархномаи ҷадиди қимати истифода аз нерӯи барқро тасвиб кардааст, ки тибқи ин санад аз моҳи оянда корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ барои истифода аз як килувот/соъат нерӯи барқ 11 дирам пардохт хоҳанд кард. То ҳол ин рақам муъодили нӯҳ дирам аст.

Ҳарчанд бархе аз соҳибназарон мегӯянд ин амр ба фаъъолияти корхонаҳо таъсири манфӣ мерасонад, оқои Кошлаков бовар дорад, ки ин мушкили аслӣ барои фаъъолияти корхонаҳо набуда, вале ба кимати тавлидоти ин корхонаҳо таъсир хоҳад гузошт.

Зимнан, дар авоили соли ҷорӣ масъулони ширкати "Талко" бо пахши баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки барои ин ширкат қимати нерӯи барқро афзоиш надиҳад. Ҳарчанд "Талко" сӣ дарсади нерӯи барқи тавлиди ин кишварро масраф мекунад.

Ин ширкати тавлид ва содиркунандаи олмуниюм аз манобеъи асосии арзи хориҷӣ ва будҷеи кишвар аст, ки таҳти назари мустақими раиси ҷумҳур қарор дорад ва наҳваи фаъолияти он бо баҳсҳои зистмуҳитӣ ва норушании фаъъолияти молӣ ҳамроҳ будааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi