Дидори Консули Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай
Илҳом Абдураҳмонов - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай Моҷид Сайф ал-Ғурайр мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари м атбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гузориши манбаъ ин мулоқот дирӯз, 19-уми август доир шудааст. Дар вохӯрӣ имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар бораи рафти омодагиҳо ба чорабинии байналмилалии “Expo-2020 Dubai” маълумот дода шуд.
Гуфтанист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.
Аз оғози соли 2011 дар Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2007 Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд.
«Рӯзгор»