15:39:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҚОМОТ ГУМОНБАРОН ДАР КУШТОРИ ПУЛИСРО МУАЙЯН КАРДААСТ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шахсияти гумонбарони куштори пулис дар Конибодом муайян гардида, ҳангоми боздошт, як нафарашон нобуд ва дигарӣ фирор кардааст.

/images/stories/2013/01/15_police-15012013.jpgТавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва шахсони дар он буда, ки рӯзи 14-уми январ ба афсарони пулис ҳамла овардаанд, муайян гардидаанд ва ҳангоми дастгир намудан як нафарашон нобуд шуда, дигаре фирор кардааст.

Ба иттилои манбаъ гумонбарон ҳангоми боздошт ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд: "Аз ҷои ҳодиса яроқи ошташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт карда шуд. Барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзоёни гурӯҳи террористӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд."

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд ба хотири гузаронидани корҳои тафтишотӣ ному насаби афроди мусаллаҳ ошкор карда намешавад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи ду фарди ношиноси мусаллаҳ дар вилояти ноҳияи Конибодом як нозири милиса кушта ва як ҳамкори дигари ӯ башиддат захмӣ шудааст. Навбатдори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Конибодом ба хабарнигори мо гуфт, нозирони милиса нисфирӯзии 14 -уми  январ як мошини тамғаи "Опел астра"- ро барои тафтиши аснод нигаҳ доштаанд ва чун ронанда асноди лозимаро надоштааст, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд.

Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Як афсари милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст ва дигариро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Ба қавли навбатдори милиса, яке аз нозирон аз сараш ва дуввумӣ аз шонааш тир хӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол милисаи маҷруҳ, Акбар Турсунов дар шуъбаи эҳёи бемористони шаҳри Конибодом, ба ҳуш омадааст. Наздиконаш аз қавли табибон вазъи ӯро вазнин, аммо бехатар ба ҳаёт арзёбӣ мекунанд. Яке аз наздикони вай, ки нахост номашро ошкор кунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Турсунов аз тири силоҳи афроди номаълум аз дасташ маҷруҳ шудааст. Ҳоло кормандони интизомӣ ӯро ҳамчун шоҳиди аслии ҳодиса дар бемористон таҳти ҳимояти худ гирифтаанд ва ба ҷузъ масъулони тафтиши қазия дигар касеро наздаш раҳ намедиҳанд.

Шаҳри Конибодом, воқеъ дар наздикии марз бо Ӯзбакистон ва дар бештар 380 километрии шимоли Душанбе воқеъ шудааст. Муқовимати мусаллаҳона ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi