11:17:40 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28 29 30      

ДАРХОСТИ ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИ ШИКАНҶА АЗ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа хостаанд, ба сарнавишти маҳбусони интиқолёфта аз Душанбе ба Хуҷанд таваҷҷӯҳ шавад. Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, ки шомили ҳашт созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, аз ҳукумати кишвар хоста, ки дастрасии вакилони мудофеъ ба маҳбусон дар зиндони шаҳри Хуҷандро таъмин намояд.

/images/stories/2012/11/13_tajammu-131112.jpgНамояндаи дафтари "Маркази ҳуқуқи инсон" рӯзи 12-уми ноябр ба мо гуфт, ин ҳашт созмон дар як номаи кушод ба унвони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, Додситонии кул ва парлумон тақозо кардаанд, ки як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар Муассисаи ислоҳии рақами 3-и Хуҷанд ташхиси судиву тиббӣ ва равоншиносӣ анҷом дода шавад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва зидди шиканҷаи Тоҷикистон бо нигаронӣ таъкид мекунанд, ки ҳанӯз ҳам аз маҳбусону хешовандони онҳо иттилоот дар бораи далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба маҳкумшудагон ворид мегарданд.

Бино ба навиштаи онҳо, 7-уми ноябр ба Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон маълумот расидааст, ки шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли ҷорӣ беш аз 50 маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол гардиданд. Ин маҳбусон изҳор доштаанд, ки бо расидан ба муассисаи мазкур, мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябр хешовандони маҳкумшудагон ба Додситонии кул шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузарондани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Маҳбусони ба Хуҷанд фиристодашуда дар бораи макони будубош ва аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳии Я/С №3/3 лату кӯб шуданашон ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла, алоқаи мобилӣ ва мактуб хабар додаанд. Асосҳои интиқол аз як муассисаи ислоҳӣ ба маҳбаси дигарро касе ба онҳо шарҳ надодааст.

Дар номаи кушоди созмонҳои зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки маҳкумшудагон Илҳом Рустамов, Суннатулло Ризоев, Тоҷиддин Ризоев, Умед Холмуродов, Қайс Шарифов, Зоир Раҳматов, Садриддин Маҳмадов, Садриддин Тошев ва дигарон аз зиндони рақами аввали пойтахт ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Дар идомаи ин нома омадааст, бо дархости хешовандони маҳбусон, ҳуқуқшиносони созмонҳои узви Эътилоф манфиатҳои чанде аз маҳкумшудагони мазкурро ҳимоят мекунанд. Бино бар ин, рӯзи 10-уми ноябр ҳимоятгари дафтари машварати ҳуқуқии №1-и Хуҷанд, аз маҳбус Ризоев Суннатулло намояндагӣ мекунад. Аммо муассисаи ислоҳии Хуҷанд бо сабаби эълон шудани карантин дар маҳбас иҷозаи мулоқот бо нафари таҳти ҳимояташро намедиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi