19:08:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

БАЛАНД ШУДАНИ ҚИММАТИ НАРХҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО КАЙ ИДОМА МЕЁБАД?

Ҳарчанд дар Тоҷикистони мавсими ҳосилғундорӣ аст, вале арзиши  бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан буда, коршиносни тоҷик ин равандро нигаронкунада арзёбӣ менамоянд.

/images/stories/2012/09/25_bozor-250912.jpgБино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон давоми як моҳи охир нархи маҳсулоти озуқа ва кишоварзӣ дар бозорҳои Душанбе аз 4 то 13% афзоиш ёфтааст, ки бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ суръати афзоиши нархҳоро аз нишондоди вазорат ҳам болотар унвон менамоянд.

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз медоранд, ки дар аввали даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон нархи як дона тухм дар бозорҳои пойтахт ба 70 дирам расидаст, ки ин нишондод нисбат ба як моҳ қабл 4 фоиз гарон аст.

Як кило бодиринг феълан дар бозорҳои пойтахт ҳудуди 2 сомону 20 дирам ва дар баъзе фурӯшгоҳҳо аз ин ҳам боло нархгузорӣ шудааст, ки дар муқоиса ба моҳи август нархи ин навъи маҳсулот 30-40 дирам афзоиш ёфтааст.

Аз рӯи мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон орд, ки 60 фоизи калорияи рӯзонаи мардуми кишвар аз он таркиб ёфтаст, нархи он таи як моҳи охир афзоиш ёфта, ҳоло нархи як халтаи 50 киллограмаи орди навъи якуми Қазоқистон 145- 150  ва орди ватанӣ 133 сомониро ташкил медиҳад.

Аммо зимни боздид аз чанд бозори пойтахт бархе аз мизоҷон шикоят мекарданд, ки орд дар чанд рӯзи охир камчин шудааст ва чунин камчинӣ онҳоро маҷбур сохтааст, ки  халтаи ордро аз 160 сомонӣ ҳам болотар харидорӣ намоянд.

Пиёз ва шакар  ҳам яке аз маҳсулотҳои ниёзи аввалаи мардум ба ҳисоб рафта, давоми як моҳи охир арзиши ин ду навъи маҳсулот қимат шудааст. Нархи як килло пиёз аз моҳи гузашта то ҳозир 49 фоиз боло рафта, ба 1 сомонию 60 дирам баробар шудааст. Дар давоми як моҳи охир нархи пиёз 55 афзоиш ёфт.

Ҳоло дар бештари мағозаю дӯкон ва бозорҳо як килло шакар  5 сомонию 5 дирам  дар фурӯш буда, тули як моҳи охир нархи он 40 дирам боло рафтааст, вале бояд зикр намуд нархи биринҷ ва маҳсулоти макаронӣ дар як моҳи охир бетағйир мондааст.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ва бархе аз масъулини ниҳодҳои дигар бо чунин суръат афзоиш ёфтани нархҳоро ба пойбанд будани бозори Тоҷикистон ба бозори хориҷа рабт медиҳанд.

Вале бояд зикр намуд, ки маҳсулотҳое ҳастанд, ки бештар дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд, мутаасифона мисли маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мегардад рӯз то рӯз нархашон қимат шуда истодаанд.

Нархи гӯшт, ки асосан дар дохил истеҳсол мешавад, таи як моҳи охир қиммат шудааст. Ин дар дар ҳолест, ки масъулини Вазорати кишоварзӣ аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон эълон медоранд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон танҳо таи як моҳи  охир дар пойтахти кишвар нархи як килло гӯшти гов 5,6  фоиз ва гӯшти гусфанд 5,2 фоиз қиммат шудааст.

Афзоиши нархҳо дар шароити Тоҷикистон, ки бештар аз нисфи аҳолӣ ба қатори камбизоатҳо дохил мешаванд, боиси он мешавад, ки сафи қашшоқон дар кишвар бештар шавад.

Бино ба маълумоти Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ дар солҳои бӯҳрон, ки ахиран ҷаҳонро фаро гирифта буданд, шумораи гушнагон боз 200 миллион нафари дигар бештар шуд. Намояндагони ин созмон мегӯянд, айни ҳол дар ҷаҳон бештар аз 2 миллиард нафар аз 50 то 70 фоизи даромадашонро барои озуқа сарф мекунанд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо ҳолати бо суръати баланд  афзоиш ёфтани нархҳо дар Тоҷикистон низ боиси он шудааст, ки мардум аз бештари хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматраониҳои тиббӣ ва бахши маориф маҳрум мондаанду қисми зиёди даромадашонро танҳо дар озуқа сарф менамоянд.

Дар робита ба ҳалли мушкилоти болоравии нархҳо Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисод мегӯяд, бо ҳар 1 маротиба зиёд шудани маош ва умуман даромаднокии аҳолӣ бояд ду маротиба тавлиди молҳо дар кишвар  зиёд шавад, то талаботро қонеъ гардонад:

« Бо назардошти беқурбшавии пул, ки соле то 8-10% дар Тоҷикистон ба миён меояд, барои беҳтар зиндагӣ кардан ҳамасола маҷмӯи маҳсулоти дохили-и Тоҷикистон бояд аз 21 то 24% афзоиш ёбад, то рушди иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад. Вале мутаасифона чун дар кишвар ҳамин омил ҷиддӣ гирифта нашудааст, бинобарин афзоиши нархҳо хоҳ нохоҳ сурат мегирад».

Номбурда иброз медорад, ки Тоҷикистон омилҳоеро, ки болоравии рушди иқтисодиро таъмин мекунанд, надорад. Ба қавли ин коршиноси тоҷик аз мудирият сар карда то технологияи навину пайдо кардани молу бозори нав ва соири сарчашмаҳои дороиро имрӯз Тоҷикистон аз худ накардааст:

«Дар ҷаҳони пешқадам навшавии техникиву технология соле 33% аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар 3 сол шаклҳои технологӣ куллан нав карда мешаванд. Агар ин боздеҳ дар сатҳи поин масалан 10% бошад, пас дар 10 сол 3 маротиба мо аз рушди ҷаҳонӣ сусттар ҳаракат карда истодаем».

Дар баробари андешаҳои ин коршинос иддае аз соҳибназарони дигар барои пешгирии ҳолати афзоиши нархҳо, ёфтани роҳҳои алтернатвиро ҷиҳати воридоти маҳсулоти ниёзи мардум аз кишварҳои пешрафта муҳим арзёбӣ менамоянд.

Вале сари ин масъала масъулини ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон то куҷо чораҷӯи менамянд, инро вақт нишон хоҳад дод.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi