23:24:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

КӮЛОБ: МИНТАҚАИ КАРДИОЛОГИИ ХАВФНОК

(ё чаро вақтҳои ахир марги муфоҷоъ ва ғайричашмдошту ногаҳонӣ дар Кӯлоб зуд-зуд ба чашм мерасад ?)

Ба ҷонишини сарвазири ҶТ, мӯҳтарама Р. Қурбонова ва вазири тандурустии ҶТ, мӯҳтарам Салимов М.!

Аз 18.07.2012 то 28.07.2012 бо мақсади ба эътидол овардани шиддати фишор ва сардарде, ки қаблан ҳам доштам, ба Маркази амрози қалби шаҳри Кӯлоб ба тариқи расмӣ муроҷиат кардам. Аммо аризае навишта ба он шаҳодатномаи афсари эҳтиётии имтиёзоти собиқадори ҷанги Афғонистонро ҳам  замима кардам.

/images/stories/2012/09/13_article-heart-130912.jpgЧун Шарофидин Рустамов – сардухтури тозатаъйини ин бемористон, ки худ яке аз эҳёгарон ва қалбишиносони хубу машҳури минтақа эътироф гаштааст, ба санаду ҳуҷҷатҳоям эътибори ҷиддӣ дод, ба тариқи оҷил маро дар яке аз ҳуҷраҳои хубтар бистарӣ намуд ва тамоми шароити будубош, хӯрока ва дорувориро табқи қавонини ҷорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба хидмати тиббию табобатӣ барои собиқадорони ҷанг бароям муҳайё кард, ки хеле ва хеле миннатдор ва шукргузорам. Яке аз беҳтарин қалбшиносони минтақа, мӯҳтарам Музаффаров Нурулло ҳам ҷиҳати беҳдошти вазъи сиҳҳатам кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод.

Ин мавзӯъ ва масъалаи марги муфоҷоъ (дар як муддати кутоҳ ва ногаҳонию ғайричашмдошт ҷон ба ҷонофарин супурдан ва дунёи фониро падруд гуфтан) чун хеле солҳост, ки маро дар тафаккуру тахайюл ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ғарқа намуда буд ва чандест нороҳат карда, аз ин ҷост, ки ба даст коғазу қалам гирифтам ва 29 (бистунӯҳ!) қонуну қарор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки марбут ба соҳаи тандурустианд аз сари нав мутолиа намудам! Кош дар дигар беморхонаҳо ҳам, ки таъйиноти тиббию табобатии дигар доранд, ҳамин гуна бархӯрду муносибатҳо вуҷуд дошта бошанд!

Пештоз бояд арз намоям, ки сабаби рӯи коғаз овардани ин сатрҳо муомилиаи нохуб ва амали ношоистаи як ҷонишини вазири тандурустии ҶТ, мавсум ба С. Боқиев гашт, ки поётар зикраш хоҳад рафт.

Мӯҳтарам С. Б. Раҳмонов – ҷонишини вазири тандурстӣ, Шумо-ку шояд хатту саводи ҷиддие дошта бошед, аммо наход нафаҳмед, ки мардуми оддӣ дар ҳар ҷое, ки кору фаъолият кунанд ҳатман давлату ҳукумат аз маошу моҳонаи онҳо андоз ва дигар анвоъи пардохтҳои иҷтимоиро меситонад (26 фисади маош барои бунёди ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла тиббу табобат) ва аз 8 то 13 фисади дигар андоз аз даромади музди меҳнат, то ин ки ақаллан чунин мушкилоти ҷузъӣ дар муассисаҳои тиббӣ рафъ гарданд ва табобат ҳам дар муассисаҳои тиббии қаламрави ҷумҳурӣ ҳоло ба тариқи ройгон аст ва ин ройгон будани он ҳатто дар Конститутсия (Сарқонун) - и ҶТ ба тариқи рӯшан ва сареҳан баён шудааст!

Ва ё Шумо болотар аз Конститутсия меистед??? (Конститутсия: Моддаи 38. Ҳар шахc ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҲи ёрии тиббии бепул дар муассисаҳoи нигаҳдории тандурустии давлат, тадбирҳои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм таъмин карда мешавад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қoнун муайян мекунад. Моддаи 39. Ҳар шахc дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳoи дигаре, ки қoнун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад).

Акнун рӯ меорем ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ». Моддаи 31. Ҳуқуқҳои бемор: Бемор ҳангоми муроҷиат кардан ба кӯмаки тиббию санитарӣ ва гирифтани он ба инҳо ҳуқуқ дорад; - ба муносибати эҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб ва хизматгузорон; - ба интихоби табиб, аз ҷумла табиби оилавӣ ва табобаткунанда, бо ризояти ӯ; - барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қо¬нунии ӯ; - ба меъёрҳои дигари нисбати шаҳрвандон (беморон) пешбиникардаи ҳамин Қонун».

Моддаи 78: Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ». Барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ фаро мерасад». Аммо, ҷаноби С. Б. Раҳмонов, аз чӣ бошад, ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки чанд сол қабл мудири қисми хоҷагии ин бемористон худро дар таҳхонаи ҳамин даргоҳ овезон карда кушта буд! Нафаҳмидам барои чӣ, вале яқинан мушкилоте ё дар фаъолият ва ё дар зисту зиндагиаш доштааст! Худованд ҷояшро ҷаннат гардонад!

Ҳамчунин ин дафъа ҳам муойина ва мушоҳида намудам, ки чанд нафареро, ки хеле дер мардум ва хешу ақрабо ба шӯъбаи эҳёгарии ин дармонгоҳ мерасониданд, ҳатман мефавтиданд, бандаро дар шигифт андохт! Чаро як нафар мусалмон ва хосатан тоҷик, модар ва ё падари худро ҳангоме ба беморхона интиқол дода медиҳад, ки аллакай ҷони ӯ дар ҳолати ба ҳаққ таслим шудан аст? Чаро мардум қаблан ба хотири эҳтиром ва гиромидошти волидайни худ онҳоро барои муойинаи тиббӣ ба дармонгоҳ намеоранд, то табибон онҳоро таҳти муойионаю ташхис ва табобати худ қарор дода, аз пайи наҷоту шифояшон гарданд???

Чаро 9 (нӯҳ) адад томограмма (томограммаи компютерӣ) ва МРТ (резонанси магнитию томограммавӣ), ки дар шаҳрҳои Қурғонтеппаю Душанбе ва Хуҷанд вуҷуд доранд, дар сеюмин калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ ва минтақае, ки беш аз 1 миллион нуфус дорад, чунин таҷҳизоти тиббӣ намерасад??? Ё шаҳри Кӯлоб, ки собиқан маркази вилояти ҳамноме буд, бачаи угайи ягон вазиру вазорати тандурустӣ гашта бошад??? Мардуми шарифи Кӯлобшаҳр чӣ ҷурму гуноҳе дар назди Вазорати мӯҳтарами тандурустӣ содир карда бошад, ки аз муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ маҳрумаш кардаанд???

Кардиология (юн. kardia – «дил», «қалб» + logos – «илм», «таълимот», «омӯзиш», «соҳа») – қисмати илми тиббу табобат, ки сохтор, вазифаҳою амалкард, аворизу авомили пайдоиш, ташхис ва таъйини амрози вобаста ба дилу рагҳо ва ташаккулу таҳаввули ин ин гуна бемориҳои низоми дилу рагӣ, васоити эҳё ва тақвиятиро омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу усулҳои муолиҷа ва табобати онҳоро ба роҳ мемонад.

Кардиология ба маънию мазмуни муосираш фақат асрҳои нуздаҳуму бистум ба шохаю қисматҳои «гематология», «гепатология», «нефрология», «пулманология» ва чанде дигар тақсимбандӣ шуда буд. Низом, муқаррарот ва қонунҳои гардиши хунро соли 1628 муҳаққиқ У. Гарвей кашф намуд ва биноан маълумотҳо роҷеъ ба анатомия, физиология ва клиникаи низоми дилу раг тасреъаю тавсеъа ёфтанд. Қобили ёдоварӣ ва таъкид аст, ки хизмат ва саҳми шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино дар рушду нумӯъ ва таҳаввули кардиологияи пешин ва имрӯза калон аст.

Осори гаронарзиши тиббию табобатии ӯ – «Ал - адвия ал - қалбия» («Давоҳои дардҳои қалб»), «Рисолаи набз», ҳамчунин усулҳои санҷишу таҳқиқи кори низоми дилу рагҳо, аз қабили ангуштзанӣ (перкуссия), гӯш кардани қафаси сина (аускултатсия) ва чанде дигар, ки ӯ тавсия намудааст, дар ҳалли масъала ва мушкилоти ташхису табобати амрози вобаста ба низоми дилу рагҳо мақом ва мавқеи намоён доранд. Дар қарни нуздаҳум ва ибтидои қарни бистум дар ҷодаи рушду нумӯи кардиология (қалбшиносӣ) физиологи чех Я. Пуркинйе, табиби олмонӣ В. Гис, муҳаққиқони рус С. П. Боткин, И. М. Сеченов, И. Ф. Тсион, А. Б. Фохт, И. П. Павлов, А. А. Орбели, П. Ф. Ланг, А. Л. Мясников, Н. Н. Аничков, П. Е. Лукомский ва бархе дигарон нақши муҳим доранд.

Фақат аз солҳои панҷоҳуми қарни бистум имконоти техникии дахолати ҷарроҳӣ ба амрози низоми дилу раги инсонӣ пайдо шуданд. Соли 1967 ҷарроҳи кейптаунӣ К. Бернард нахустин маротиба дар таърихи тиббу табобат ҷарроҳии табдили дилро гузаронд. Дар ҳудуди салтанати шӯравӣ дар асос ва заминаи тадқиқотҳои муҳаққиқон А. Н. Бакулев, Б. В. Петровский, А. А. Вишневский, Н. М. Амосов ва бархе дигарон ҷарроҳии дил ташаккул ва таҳаввул ёфтан гирифт.

Кардиологияи таҷрибавӣ шохаи мустақили ин илм маҳсуб шуда, он маҷмӯи пажӯҳишҳои физиологӣ, патофизиологӣ, биохимиявӣ ва морфологиро, ки ҳадаф аз он омӯзиш ва пажӯҳиши мураттабу муназзам ва патологияи низоми гардиши хун гузаронида мешавад, фарогир аст. Дар ҳудуди Федератсияи Руссия пажӯҳишҳои илмии кардиологӣ дар Пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии кардиологии ба номи А. Л. Мясников, Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии  дилу раги ба номи А. Н. Бакулев, Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии А. В. Вишневский, ҳамчунин якчанд клиникаҳои макотиби таҳсилоти олии тиббӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси табибон гузаронида мешаванд.

Дар ҳудуди ҷумҳурии мо ба нияти пешгирии ҳадафманду судманд ва баландбардории манфиату сифати муолиҷа ва табобати амрози низоми дилу раг соли 1970 дар асос ва заминаи кафедраи терапияи госпиталии дуюми Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Маркази Кардиологӣ ташкил карда шуд. Кардиологҳои тоҷик масъалаҳои аналгезияи сактаи қалб (инфаркти миокард), кардиостимулятсияи барқии буғӣ, эҳёи беморон бо нишона ва аворизу авомили кардиофобӣ, вижагиҳои равиши боди маризии ишемии дил, гипертензияи артериалӣ дар шароити ҷумҳурӣ ва ғайраро кор карда баромадаанд. Шурӯъ аз соли 1976 Ҷамъияти илмии кардиологии ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунад. (А. Я. Орифов).

Барои хубтар ва беҳтар ба роҳ мондани сифати хадамоти тиббию табобатии қалб тавассути технологияи муосир бо иқдом ва кӯшишу эҳтимоми раиси ҷумҳур, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи махсусгардонидашудае се-чор сол қабл  шурӯъ ба фаъолият кард.

Бубинем, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки фарогири даҳ навоҳӣ ва бештар аз 1 (як) миллион нуфус аст, вазъи кардиология дар доираи фаъолияти Маркази кардиологии ш. Кӯлоб ва ҳолати кардиологии мардум чӣ гуна аст ва мардуми иллати қалб дошта чӣ гуна табобату муолиҷа мегиранд ва оё барномаҳои давлатию ҳукуматӣ дар ин самту соҳа дуруст пиёда карда мешаванд ва сифати иҷроиши онҳо то кадом дараҷа ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ мебошад!

Қаблан бояд донист, ки ҳадаф аз табобат ва умуман илми тиб ду чиз аст: аввалан, ҳифзи сиҳҳати инсон ва сониян, дур кардани беморӣ аз инсон. Ҳифзи сиҳҳати инсон нисбат ба муолиҷа ва табобат кардани он осонтар ва муҳимтар аст, чаро ки барои илоҷи мукаммал табиби ҳозиқ зарур аст, ки ба ташхис ва таъйину илоҷи он итминони комил ҳосил шавад. Вале, мутаассифона, бояд зикр кард, ки пайдо кардани табиби ҳозиқ дар шароити кунунии иқтисоди бозаргонӣ, ки ҳам барои мутахассиси тиб ва ҳам дардманд мушкил ва сангин аст, хеле заҳматталаб аст.

Агар табиб таҷрибанок ва ҳозиқ бошад, шояд, ки иллат аз амрози муолиҷапазир набошад ва агарчи он муолиҷапазир бошад, шояд, ки воситаҳои табобат муҳайё нашаванду вақт ва замони муолиҷа гузашта равад. Агар воситаҳои муолиҷа муҳайё бошанд, мумкин аст бемор бо сабаб ва иллатҳои мухталиф ба табиб итоат накунад. Агар мариз комилан ба табиб итоат кунад, шояд, ки қувват ва неруи бемор ба муддати муолиҷа вафо накунад.

Агар қувват ва нерӯи мариз вафо кунаду бемор муолиҷа карда шавад, таъсири зарари даво барои таҳлил ва таҷзияи ҳарорати табъӣ ва ғайри он дар бадан бимонад. Биноан, ба ҳамаи одамон зарур аст, ки пеш аз ҳама, ҳифзи сиҳҳати худ кунанд. Ҳифзи сиҳҳат тавассути риоят ва назардошти  шаш чиз муяссар ва муҳайё мешавад: ҲАВО ВА ҲАРОРАТ; ХӮРДАНИҲО ВА НӮШИДАНИҲО; ҲАРАКАТ ВА ОРОМИИ БАДАН; ҲАРАКАТ ВА ОРОМИИ НАФСОНӣ; ХОБ ВА БЕДОРӢ; НИГОҲДОРӢ ВА ХОРИҶКУНӢ.

Усулан аз замони қадим то кунун мустаъмал ва муравваҷ аст, ки табиб -мутахассис аз дардманд – ғайримутахассис бояд на камтар аз наздики 48 (чилу ҳашт) суол кунад ва ё аз 48 ҷиҳат муоинаю мушоҳида кунад, то ин ки дарди ӯ ташхису таъйин гардад ва баъдан бо назардошти ин 48 хусусият ва вижагиҳои инсонӣ барои илоҷи дарди ӯ шурӯъ кунад. Бубинед, роҷеъ ба ин масъала муҳаққиқи ҳушманд Холмуҳаммадов Н. чӣ нигоштааст: «… Кори табиби ҳақиқӣ бениҳоят мураккабу душвор буд (манзур дар аҳди қадим – Ҷ. А.).

Масалан, духтури имрӯза барои ташхиси беморӣ фақат якчанд маълумоти авзоъи организмро мегираду (фишори хун, таҳлили хун, бавл ва ғайра ва ҳоказо) дору таъйин мекунад ва танҳо барои ташхиси бемориҳои вазнини кори дил, майна, ҳуҷайраҳо ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Аммо қариб тамоми китобҳои қадима талаб мекунанд, ки барои ташхиси дуруст ва давои муносиб табиб камаш 48 (чилуҳашт) ҷиҳати муолиҷаро бояд нағз донад ва ба эътибор гирад.

Масалан, дар боби «Муфрадот» оварда шудааст, ки тамоми доруҳои мавҷудаи тибби қадим зиёда аз сад сифат дорад (чолӣ, яъне поккунанда; ҷомид, яъне бастакунанда; холиқ, яъне сутуранда ва тарошанда; хотим, яъне тамомкунанда, хотимадиҳанда; родеъ, яъне манъкунанда ва пасгардонанда; лазиҷ, яъне часпанда ва часпонанда; муҷаммид, яъне шахкунанда; мубаҳҳӣ, яъне афзояндаи қуввати пушти камар ва ғайра) ва дар ҳар яки ин сифатҳо боз дараҷаҳои гуногуни ҳамон сифат ҳаст. Баъд мувофиқи консепсияи тибби қадим дараҷаҳою сифатҳои мизоҷро илова ба ин вобастагии авзоъи хилт ва сифати давоҳоро ба эътибор гирифтан даркор.

Ба ин баъзан авзоъи обу ҳаво, шароити зиндагӣ ва ҳолати бемор илова мегардад. Хулласи калом, барои он ки табиб бемориро дуруст муайян кунаду давои муносиби онро ёбад, камаш 50 ҷиҳати беморию давои онро нағз дониста, сонӣ доруе тавсия кунад, ки агар ба таъбири имрӯза гӯем, табиб 50 параметри диагноз (абъоди ташхис) ва терапия (табобат) - ро нағз муайян карда, сонӣ бояд ба табобат шурӯъ намояд, вагарна агар он чилу ҳашт марҳала ва дараҷаҳои мизоҷ ва сифатҳои умумии давоҳо ба ҳисоб гирифта нашаванд, бо вуҷуди донистани хислатҳои шифобахши онҳо барои беморӣ ва иллатҳои муайян, дар вақти истифода на танҳо нафъ намекунад, балки зарар мерасонад, то ба ҳадде, ки маризро ба ҳалокат мерасонад» (Ҳ. Зоҳидов. Хазинаи тибби қадим. Пешгуфтор. Саҳ. 13).

Тайи даҳсолаҳои ахир дар ҳудуди шаҳр ва навоҳии Кӯлоб теъдоди ашхосе, ки ба марги ба истилоҳ «муфоҷоъ» (якбора дар шароити хонавода ва ё кӯчаю ҷода ва ҷои кор фавтидан) гирифтор мешаванд, чашмрас шудааст, ки мутахассисон иллатро дар сактаи қалб (инфаркт миокарда) ва ё хунравии мағзи сар (инсулт) медонанд. Вале, суоли бамаврид он аст, ки оё ин нафарон ба мутахассисини Маркази кардиологии ш. Кӯлоб (ба истилоҳ «чорум отделение» - шӯъбаи чорум) муроҷиат кардаанд ё на! Ва оё дар қайди доимии ин маркази табобати дил будаанд ё на!

Аслан, вақте 1 (як) сол қабл шунидам, ки нафаре нима шаб ба мутахассисини ин даргоҳи табобатӣ нисбати дарди қалб муроҷиат кардаасту ба ӯ «истеъмоли валерианка» - ро тавсия додаанд ва ӯ баъди се соати ба хона рафтан фавтидааст, тасмим гирифтам, ки роҷеъ ба ин масъала ва мушкилоту дурнамои ин соҳаи тиб дар минтақа андешаҳои худро рӯи коғаз ва мавриди баррасии мутахассисин ва коршиносон қарор диҳам! Қаблан, бояд зикр кард, ки худ ва аъзои оилаамон низ аз хидмати хуб ва босифати табибони ин даргоҳ истифода намудаем, вале бояд дафъаи дигар биандешем, ки пурра ва сифатан мусмир ва муассиру корагар дар ин ҷо табобат гирифтан имкон дорад ё на?

Беҳтарин мутахассисони ин даргоҳ писарамро дар натиҷаи муоинаи тиббӣ «гирифтори бемории нуқси модарзоди қалб» («стеноз устья аорты») 3 (се) сол қабл гуфта буданд ва ташхисномаю ҳуҷҷат ҳам тартиб доданд, ки бояд ҷарроҳии қалб шавад, вассалом! Ман писари дар он ҳангом дар синфи шашум мехондаамро фақат аз он ҷиҳат ба ин муассиса барои муоина оварда будам, ки каме нисбат ба ҳамсолонаш ҷисман дар тафовут аст, вагарна ягон маротиба аз дарди дил (қалб) шикоят накарда буд! Ман низ аз мутахассисони ин муассисаи табобатӣ гиламанд нестам, чаро ки баъзе аз онҳо аз кардиологҳои ш.

Душанбе беҳтару хубтаранд, ва ҳатто назири мӯҳтарам Музаффаров Н., Рустамов Ш., А. Абдурозиқов, Одинаев М., Хоҷаёров Д., ва Турсунов И. шояд табибе чунин ҳозиқу доно дар ҳудуди вилоят низ набошад ! Аммо чун кӯдакро ба шаҳри Душанбе ба Маркази Миллии Ташхис бурдам ва таҳти сарварии саркардиологи ин марказ – Боқиев Б. Б. ӯро тавассути муосиртарин таҷҳизоти тиббии «эхокардиодоплер» ва чанд асбоби дигар ҷиддан муойина карданд, ташхиси қаблиро пурра радд ва инкор намуданд ва гуфтанд, ки андак нуқс дорад, вале гузаранда аст. Писаратон пурра сиҳату саломат аст ва дар ин робита ташвиш накашеду нигарон набошед!

Вале, биёед бо чашми сар бубинем, дар шароите, ки дар ягон муассисаи тиббию табобатии ш. Кӯлоб, ки маркази собиқ вилояти калонест, таҷҳизотҳои тиббию ташхисии аллакай даҳсолаҳо дар дунё мустаъмал ва муравваҷбуда, аз қабили «Эхокардиодоплер», «Томограммаи компютерӣ», «МРТ» (Резонанси магнитию томографӣ), «Коронарограмма» ва ғайраю ҳоказо вуҷуд надорад, чӣ гуна ташхис ва таъйини дурусти иллатро ба роҳ монда, хидмати тиббии дуруст расонидан мумкин аст? Пас чӣ ҷои гила аз табибон! Ин дар ҳолест, ки дар ш. Қӯрғонтеппа, Душанбе ва Хуҷанд на яктогӣ аз ин гуна таҷҳизотҳо дар хидмати мардуми иллатдошта қарор доранд! Худ қазоват кунед, магар кардиолог фақат бо истифода аз усули фақат «кардиограммаи барқӣ» (электрокардиограмма – ЭКГ) ва як «Эхограмма» - и оддию маъмулӣ, ки ба назар хеле кӯҳна ва фарсуда низ менамоянд, метавонад ташхису табобати дурустро ба роҳ монад?

Чаро мо аз якчанд дастгоҳи «Эхокардиодоплер» - и муосир, ки дар муассисаҳои ш. Душанбе, Хӯҷанд ва Қӯрғонтеппа мавриди истифодаанд, якеро шоистаи ш. Кӯлоб надонем ? Ё шояд дар Намояндагии Раёсати тандурустии Ҳукумати вилояти Хатлон оиди минтақаи Кӯлоб (мухтарам Миралиев М.М.) ва ҳам худи Вазорати тандурустии ҶТ дастандаркоронеанд, ки масъулият надоранд ва ё ташаббускор нестанд ? Ман – ку андак шароите муҳайё карда писарамро аз муойинаи муосиртари мутахассисони ш.

Душанбе гузаронидам, аммо аксари мардум, ки қобилияти пардохти ҳаққи хидмати ҳатто нақлиётро то маркази ҷумҳурӣ надоранд, чӣ кор кунанд? Ба қазою қадар тан диҳанд? Ва ё аз дур мошинҳои тамғаи «Тойота Королла» - и намояндагии Раёсати тандурустии Ҳукумати Хатлон дар минтақаи Кӯлобу вилояти Хатлону Вазоратро тамошо кунанд? Шояд замони он расида бошад, ки масъулин бо мошинҳои арзонтар сайругашт кунанду мошинҳои аз буҷаи давлат (яъне аз кисаи мардуми андозсупор) харидашударо ба фурӯш монда, сарфи табобати дардмандон ва дастрас кардани дастгоҳҳои муосиртар намоянд ?!

Нуктаи қобили мулоҳизаи дигар он аст, ки дар Марказҳои кардиологӣ ва Беморхонаҳои калонтари ҷанбаи муолиҷаи умумӣ ва маҷмӯӣ дошта шӯъбаҳои «эҳёгарӣ» (ба истилоҳ «реаниматсия») вуҷуд доранд, ки тибқи мушоҳидаҳо баъзе аз ҳамшираҳои шафқат дар ин даргоҳҳо хеле ҷавон ва аксаран бешавҳар ва ё бевамондаю бепарастор кор мекунанд, ки аз дину диёнат ва одаму одамгарӣ фарсахҳо дуранд!

Фарз кардем, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ва фарҳанги исломӣ худое накарда нафаре дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҷон ба ҷонофарин супорад, магар ин гуна «ҳамширачаҳо» метавонанд маитро манаҳбанд намоянд ва ё «калимаи шаҳодат» - ашро хонанд! Ҳарчанд дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Кӯлобшаҳр хайрият хамширҳои таҷрибадор кору фаъолият мекунанд, ки метавонанд дар чунин самту соҳаи вазнин ба тариқи шабонарӯзӣ амал намоянд! Бо як – ду гул баҳор нахоҳад шуд!!! Беҳтар аст, ки дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ бо назардошти омилҳои устувории ахлоқӣ ва фарҳанги исломӣ ҳамшираҳои боимону боиффат, покдоман ва аз дину диёнат воқиф корманд бошанд !

Ин дар ҳолест, ки ҳамшираҳо тӯли чанд муддат як маротиба худ аз муойинаи тиббии дигар муассисаҳои тиббӣ бояд гузаранд ва ҳам «мегузаранд», чаро ки тибқи мушоҳидаҳо дар дигар муассисаҳои тиббию табобатии ш. Кулоб гирифтани гувоҳномаи сохтаю қалбакӣ ва мондани мӯҳр ба он, ки ин гуна ҳамширачаҳои сабукпо «сиҳҳату саломатанд», тибқи гуфтаи ҳолдонҳо аз панҷ то даҳ сомонӣ арзиш доштааст (бидуни гузаштани ягон муойинаи ҷиддии тиббӣ) ! Пас, кӣ кафолату замонат дода метавонад, ки баъзе муассисаҳои тиббию табобатӣ наметавонанд сабаби носолим гаштани қисмати солими ҷомеа гарданд? Қариб ҳеҷ кас!

Ин боз дар ҳолатест, ки баъзе аз табибон гирифтори «бемории дузанагию сезанагӣ» ҳам мебошанд ! Пас вой бар ҳоли дардмандону иллатдоштагон! Албатта аксари мутахассисон - табибон шахсони ахлоқан устувор ва поквиҷдонанд, вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки қариб ягон табиб намехоҳад, ки дардманди «бегона» муолиҷаи пурра гирифта мукаммалан солим гардад, чаро ки кисаи духтур - ҳаннотон холӣ мемонад ва шояд худи онҳо дар ҷустуҷӯи мизоҷон (муштариҳо, клиентҳо) гарданд ! Ва ҳам вой бар ҳоли андозсупорон, ки аз 8 то 13 фоизи маош барои пардохти андоз аз музди меҳнат ва 25 - 26 фоизи дигар барои пардохтҳои иҷтимоӣ (Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, бо мақсади гирифтани таботати бепул дар ҳолати зарурӣ) ситонида мешаванд, то ин ки рӯзи мабодо ин маблағҳо ақаллан барои оддитарин маводи доруворӣ барои дардманд ба тариқи ройгон дастрас бошанд!

Воқеан, чаро дар бисёре аз дармонгоҳҳо номгӯи маводи оддитарини доруворие, ки барои дардмандон аз ҷониби буҷаи давлат (яъне кисаи худи мардум) тавассути сохторҳои молиявӣ ҷудо мешаванд, расман навиштаю овезон карда намешаванд ва аз чашми муроҷеин ва мизоҷон пинҳон карда мешаванд? Ин суоли посухталаб аст ! Ин дар ҳолест, ки «серебролизин» - қариб 200 смн., «рексетин» - 150 смн. имрӯз дар дорухонаҳои хусусӣ арзиш доранд. Ҳамаи ин дар ҳолатест, ки як қисми  маводи дорувории имрӯза пастсифат буда, агар ба яке аз узвҳои иллатёфта шифо бахшанд, ба узвҳои асосии инсон музирр (зараровар) мебошанд: аз қабили «зарар ба қалб (дил), ки манбаи қувваи ҳаёт аст; зарар ба димоғ - мағзи сар, ки манбаи қуввати ҳиссу ҳаракат аст; зарар ба ҷигар, ки манбаи қуввати ғизодиҳӣ аст ва зарар ба гурдаю узвҳои таносулӣ, ки мадори бақои табиию ҳастӣ мебошанд!»

Аз масъулини милисахонаю беморхонаҳо хоҳиш доштам, ки мошинҳои шахсии гаронарзиши худро аз назди муассисаҳояшон дуртар нигоҳ доранд, чаро ки мардум суол карданашон мумкин аст, ки охир онҳо ҳам мисли мо камтар маош мегиранд-ку, пас чунин мошинҳои шахсии гаронарзиш аз кадом ҳисоб бошанд!!!

Аҷибтарин ҳолат он буд, ки рӯзҳои 02 - 03\07\2012 дар Кохи Ваҳдат ҷаласае солона тавассути Дастгоҳи мӯҳтарами Раисҷумҳур ва САҲА (Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо) оиди «ҳуқуқ ва ченакҳои инсонӣ» чун ҳамасола баргузор шуд ва банда ҳам ба ҳайси корманди сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам рӯзноманигор даъват шуда будам! Як тараф масъулини дастгоҳу вазорату додситониҳо ва як тарафи дигар аъзоёни аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони бахшҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ!

Аз намояндаи Вазорати тандурустӣ, ки саволҳои зиёде нисбати ҳисоботу гузоришашон шуд, (бо сабабҳои барои ҳама номаълум мӯҳтарам вазир Салимов Н. ширкат надоштанд), фақат ҷонишини вазир – мӯҳтарам Соҳиб Боқиевич Раҳмонов ширкат ва гузоришу ҳисобот оиди вазъу ҳолати соҳаи тибб ва тандурустии ҷомеа намуданд, ки ба ҷои таҳлили воқеии сатҳу сифати тиббу табобат ва тандурустии ҷомеа ва рушди он «шеърхонӣ» мекард ва ширкатдорон хандаю табассум! Банда, бо хоҳишу дархости шахсӣ ва бо иҷозаи ҳуззори мӯҳтарам ва ширкатдорони ҷаласа ба ӯ нисбати якчанд мушкилоти самту соҳаи тибби шаҳру минтақаи Кӯлоб ва умуман ҷумҳурӣ суолотеро ироа ва матраҳ намудам! Саволҳоям чунин буданд:

1. Чаро дар Қурғонтеппа, Душанбе ва Хуҷанд то 9 (нӯҳ) «томограммаю коронарограммаю резонанси магнитию эхокардиодоплерҳо» мавҷуданду дар сеюмин шаҳри бузургтарини ҷумҳурӣ – Кӯлоб ягонто аз ин гуна тачҷҳизоти муосир вуҷуд надорад?

2. Оё ин гуна таҷҳизотҳои муосир моликияти шахсии ягон нафар масъул мебошанд, ки дар куҷое, ки хоҳанд насб ва истифода мекунанд?

3. Оё шаҳр ва минтақаи Кӯлоб дар назди Вазорати мӯҳтарами тандурустӣ ва ҳам шахсан мӯҳтарам вазир, ҷаноби Салимов Н. чӣ ҷурму гуноҳе содир карда бошад, ки мавриди илтифоту меҳрубониҳои он кас қарор дода намешаванд?

4. То ба кай як нафар маризу беморе аз дурдасттарин деҳаю ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба Қӯрғонтеппаю Душанбе ва ё Хуҷанд ва ё баъзан мамолики хориҷа барои ташхиси муосиртару сифатан хубтари амрозаш то дусаду сесад километр ва аз ин ҳам зиёдтар роҳро тай карда бо пардохти маблағҳои ҳангуфт илоҷи дард мекунад?

5. Чаро ҳам беморхонаи шаҳрӣ ва ҳам минтақавии зидди касалиҳои сил дар даруни шаҳр мустақаранд ва дар ҳолате, ки ин маризӣ зудгузаранда аст ва роҳҳои сирояташ ба одамони солим зиёдтар аз ҳама дардҳои дигар ҳам ҳаст?

6. Чаро бемориҳою фавтҳои муфоҷоъ (ғайричашмдошту ногаҳонӣ) ҳам дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ва ҳам қаламрави ҷумҳурӣ вобаста ба тағйирёбии ҳавою ҳарорату иқлиму камхунию камғизою бекорию ҳоказо зиёдтар гаштаасту касерою вазоратеро парвои тадқиқу таҳлил ва ташхису таъйини чунин вазъу ҳолат ва ислоҳу пешгирии он нест???

Дар ин ҷаласаи толори калони Кохи Ваҳдат ҳудуди беш аз сад нафар ҳуззори мӯҳтарам ва ашхоси расмию масъули ҳам дохилию ҳам хориҷӣ мунтазир ва мутаҳаййир буданд, ки ҷонишини вазири мӯҳтарами тандурустӣ, ҷаноби Раҳмонов С. Б. чӣ ҷавобу посухҳои мушаххасу масъулонае хоҳад гуфт???  Аммо, сад дареғи саволҳоям!!! Тааҷҷуббарангезтарин ва пурҳайраттарин лаҳза он буд, ки ҷаноби ҷонишини вазири мӯҳтарами тандурустии ҶТ, Раҳмонов С. Б. ба ҷои посухҳои муносибу мувофиқе гуфтан аз ҷой бархоста, хашмгинтару ғамгинтар шуда, чунин ироа намуданд: «Ман ба саволҳои рафиқ Алимӣ ҷавоб гуфта наметавонам….!!!!

Ман бо ин кас дар ҷои дигар ва дар муҳити дигар дар алоҳидагӣ сӯҳбат хоҳам кард ва ҷавоб хоҳам гуфт…!!!» ва толорро баякборагӣ тарк карда баромада рафтанд!!! Магар ягон суоли банда таҳқиромез ва ё ба манфиати шахсиам буд, ки қобили қабул ва мақбули намояндаи масъултарини вазорати мӯҳтарами тандурустӣ гашта натавонистанд???  Ҳоло ҳам мунтазирам, ҷаноби ҷонишини вазир, ки Шумо кай ва дар куҷо ба ҷавобҳои ваъдакардаатон вафо мекунед??? Интизорам!!! Ё Шумо гумон мекунед, ки тамоми мушкилоти ҷумҳуриро фақат раисҷумҳур, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳаллу фасл намояд?? Пас Шумо барои чӣ дар курсиҳои мулоим нишаста ва аз ҳисоби кисаю касаи мардум (буҷаи давлат) маош гирифта даврон мекунед????

Аҷибтарин ҳолат он аст, ки ё дар баробари шаҳрҳои калонтарин ва сернуфустарини ҷумҳурӣ ва ё аз дохили ин шаҳрҳо ва ё аз канори онҳо (Қӯрғонтеппа, Хӯҷанд ва Душабе) дарёҳое ҷорианд ва мегузаранд, ки боду ҳавою ҳароратро дар ҳолатҳои вазнини гармии ҳарорат ва ин даҳсолаю садсолаю ҳазорсола салқинтар гардонида, тозатар менамоянд (Дарёҳои Вахш, Сарбанд, Сирдарё, «Душанбинка», Варзоб, Лучоб ва ғ.), ки ба сифати зисти сокинон ва шаҳрвандон ва ҳам сиҳату саломатии онҳо ҳатман таъсири мусбат мегузоранд!!! Ва ин агар хоҳед факт, далел, тасдиқи раднашаванда аст!!! Аммо Кӯлобшаҳри беоб, ки ҳатто қисмати калони нуфусаш бе оби ошомиданианд, Кӯлобшаҳри бостонии 2706 - сола!!! Кӯлобшаҳре, ки боре баъди хушкиҳои зиёде (соли 2010) рӯдхонае пур аз селоб шуду ҷону саломатии инсонҳои зиёдеро бо худ бурд!!!

Мутлақо на ба дохили шаҳр, на ба наздики он ягон рӯду рӯдхона ва ё дарёи обаш мусаффое намегузарад, ки мадум дар ҳолати тангнафасию ҳарорати баланд аз он нафас гирад!!! Оё ҳамон Рӯди Тебалайи саркашро, ки ҷони чандин нафарро рабуд ва бандаро ҳам бе ёди айёми кудакию тифлӣ ва ҷавонӣ намуд, ба истилоҳ хонахаробам кард, аз қисмати болообаш як - ду чоҳ (скваж) - и калоне канда, оби мусаффои доиман ҷоришавандаро сар диҳем, ки ҳам шаҳрро поктару тозатар нигоҳ дорад ва ҳам мардумро аз беморию маргҳои ногаҳонӣ вораҳонад, мантиқан дуруст наменамояд, мӯҳтарам вазиру кабиру масъулину кардиологҳо ва ғайраю ҳоказо!!!

Дар охир мехостам чанд тавсияю маслиҳатҳоро барои ҳамдиёрони гиромӣ бинобар гаронии арзиши маводи дорувории амрози вобаста ба қалб аз хазинаи тибби қадим арзонӣ намоям: - Пеш аз истеъмоли таъом ду каф - ду каф олуи сиёхи пухтаро бихуранд, шиддати тафси дилро таскин дода, хомӯш мекунад; - Кашнизи хушкро куфта бихӯранд, дилро қувват бахшида фараҳ меорад; - Бӯйидани гули нилуфар дилро қувват мебахшад; - Биҳиро бихӯранд, бухорҳои ба дил барояндаро манъ мекунад; - Ҳар рӯз ду дирам ( як дирам = 3, 12 грамм) барг ё решаи чоқуларо дар об ҷӯшонида, он обро биошоманд, дилро қувват мебахшад;

- Барг ва навдаҳои бедро паҳн карда, дар болои он бихобанд, ҳарорати дилро қувват мебахшад; - Як мисқол ( 4, 68 грамм) оби решаи офтобпарастро биошоманд, дили аз сардӣ сустгаштаро қувват мебахшад; - Ҳар рӯз як ратл (449, 28 грамм) шири гови тозадушидаро гармогарм биошоманд, дилро қувват мебахшад; - Хӯрдани нок дилро қувват мебахшад; - Хӯрдани писта устувории ҳолати дилро нигоҳ  дошта, онро қувват мебахшад; - Ҳар рӯз як мисқол (4, 68 грамм) гули санҷидро куфта, бо об биошоманд, дилро қувват мебахшад; - Хӯрдани анҷир ҳарорати дилро паст мекунад; - Зардаи тухми мурғи нимпухтаро мунтазам бихӯранд, дилро қувват мебахшад.

Аммо, ҷаноби ҷонишини мӯҳтарами Вазорати тандурустӣ ва худи вазири мӯҳтарам бо гузашти як-ду моҳ холо ҳам банда ба намояндагӣ аз мардуми мӯътабари минтақаи Кулоб мунтазири посуху ҷавобҳои мушаххасу масъулонаи Шумо, ки дар даргоҳу боргоҳи мӯхташами давлату ҳукумат, мавсум ба «Кохи Ваҳдат»,  дар ҳузури беш аз сад нафар ашхоси масъулу расмӣ ваъда кардед, ҳоло ҳам мунтазир нишастаам!!!

Бо камоли эҳтиром нисбати сардухтури Беморхонаи амрози дили минтақаи Кӯлоб ва табиби ҳозиқи ин даргоҳ Шарофиддин РУСТАМОВ ва Нурулло МУЗАФФАРОВ!

Чумъахон АЛИМӢ, доктори илмҳои филологӣ, рӯзноманигор ва коршиноси мустақил, ш. Кӯлоб



Шарҳҳо   

 
0 #4 Муъмин 14.09.2012 21:31
Хохишмандам шархи каблан навиштаи маро нашр кунед.
 
 
+1 #3 Муъмин 13.09.2012 15:17
Аз ин пеш дасти як апаи мехрубон бо номи Мехриниссо каме зарб хурда буд ва ин пизишкон онро шикаста бароварданд, вале маълум шуд, ки даст нашикастааст ва пизишкон дуруг мегуфтаанд. Холо чандин ходисахои ба ин монандро мушохида кардаам, ки мисли як тахкикот дар ягон хафтанома ба нашр мерасонам.
 
 
+1 #2 Муъмин 13.09.2012 15:17
Вокеъан, дуруст кайд шудааст. Аз хама лихоз сохаи тандурусти дар минтакаи Кулоб хатарнок дониста мешавад. Аз тачрибахои худам мисолхо дорам. Бародарам бемор шуд ва дар тамоми беморхонахои Кулоб тахлили хунашро супурдем, вале хеч кадоми онхо маълум карда натавонистанд, у чи бемори дорад, дар холе ки барои ин "тахлилу ташхисхо" садхо сомони сарф шуд. Ачобат дар он буд, як ташхисгох ба у дигар бемори мегузошт ва дигар ташхисгох дигар бемори ва чанд муддат пас боз ташхисхо дигар мешуданд. Вокеаи дигаре ба сарам омад, ки дили маро аз пизишкон такрибан сард кард. Дасти модари бузургворам шикаст ва шабона ба беморхонаи вилояти бурдем. Ташхис карданд ва онро бастанд, аммо хафтае пас маълум шуд, ки чои сеюми шикасатаро онхо фаромуш кардаанд, то бубанданд. Маълум шуд, ки дастгохи рентгении онхо кухна шудааст ва хама чои шикастаро нишон намедодааст ва пизишкон хам хеле сард муомила мекунанд.
 
 
+1 #1 Давлатбахш 13.09.2012 11:30
Аллох сафи Шумо баринхоро зиёд гардонад. Акидахоятонро билкулл дастгири мекунам. Мо низ интизори чавоб ба суолхои Шумо
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi