22:08:23 01-уми Июли 2025 сол

А.РАҲМОНОВ: “ҲАМАСОЛА 540 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРУР АСТ”

Вазири маъорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои боло бурдани мизони маъоши моҳиёнаи ҳадди ақали омӯзгорони мадориси ҳамагонӣ, вазорат ҳамасола ба беш аз 540 миллион сомонӣ ниёз дорад.

 

abdujabor rahmonovАбдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки мушкили камбуди омӯзгорон дар мадорис низ ҳамоно ба нокофӣ будани ҳуқуқ ё маъош марбут будааст. Ҳамчунин омӯзиши фанни “Маърифати ислом” дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон, ки ҳудуди ду соли охир роиҷ шуда буд, ахиран бо тасмими ҳайъати мушовараи вазорати маъориф дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ аз барномаи тадрис ҳазф шудааст. Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт дар мусоҳиба бо оқои Раҳмонов, нахуст аз вай сабаби лағви ин фаннро аз барномаи дарсии мадориси ҳамагонӣ пурсид ва оқои Раҳмонов гуфт:

 

-Мо ҳамасола барномаҳои тадрисии муассисаҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистонро таҳти омӯзиши коршиносон қарор медиҳем. Ва баъд аз он, ки коршиносони мо ахиран дар ин замина таҳқиқот анҷом доданд ва натиҷагирӣ кардаанд, ки барномаи дарсӣ барои шогирдони мадорис хеле зиёд аст ва бояд чанд фаннро, аз барнома бардорем. Ва ҳайъати мушовара тасмим гирифт, ки дарси “Маърифати ислом”-ро аз барнома ҳазфв кунем. Ба ҷои ин фанн, барои шогирдони мактабҳои миёна дар саросари кишвар фанни "Таърихи халқи тоҷик" тадрис мешавад.

 

-Аммо ин тасмими вазорат ба дунболи тақвияти муборизаи ниҳодҳои интизомӣ бо тундравии мазҳабӣ ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон иттихоз мешавад. Оё ин тасмимгирии вазорат бо мубориза бо ифротгароӣ рабт дорад ё на?

 

-Ин тасмими вазорат ба масоили сиёсӣ дар кишвар дахле надорад. Ҳарчанд натиҷагирии коршинсони вазорат дар мавриди барномаҳои дарсӣ, ҳокӣ аз он буд, ки фанни вижаи “Муҳити зистӣ” низ бояд аз барнома лағв мешуд. Аммо бо дарназрдошти он, ки барои тадриси фанни “Муҳити зист” китоби омода доштем, мо ҳоло ин фаннро нигоҳ медорем. Вале яке аз сабабҳои аслии лағви фанни "Маърифати ислом" аз барномаи мактабҳо бамаврид омода нашудани китоби дарсӣ барои он буд. Мо барои муҳақиқон фармуда будем, ки китоби дарсии “Маърифати ислом”-ро омода кунанд, вале онҳо ба маврид ин корро анҷом надоданд.

 

-Вале пӯшида нест, ки кайфияти тадрис дар мадориси ҳамагонӣ ва дониши аксарияти шогирдони мадориси ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои олӣ ҷавобгӯйи истондортҳои байналмилалӣ нест. Ақида Шумо дар ин бораи чист?

 

-Мушкили кайфияти нокофии таҳсил дар мадорис ва дониши шогирдон дар кулия кишварҳои собиқи Шӯравӣ вуҷуд дорад. Мо ҳам ин душвориро дорем ва барои рафъ кардани он барномаҳоеро рӯйи даст гирифтаем. Аммо ин амр дар як ва ё ду сол амалӣ намешавад. Ниёз ба вақт вуҷуд дорад. Мо ҳоло мушкили камбуди кутуби дарсии забони модаӣр ва адабиёт дар мадорисро надорем ва оҳиста оҳиста кайфияти тадрис дар мадорисро низ боло мебарем.

 

-Ахиран коршиносони Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон(ICG) зимни натиҷагирӣ аз таҳқиқоти коршинсон аз вазъияти носолими омӯзишу парвариш дар ду кишвари Осиёи марказӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон нигаронӣ кардааст. Ва ин гурӯҳ ба вижа ба вазъи бади тадрис ва мувофиқ набудани мадорис дар рустоҳҳои ин ду кишвар ишора кардааст. Аз ҷумла коршинсони ин созмон гуфтаанд, ки кӯдакон бештар дар навоҳии дуруфтодаи Тоҷикистон ба сабаби камбизоъатӣ аз таҳсил дар каноранд. Бо натиҷагирии ин коршиносон аз вазъи маъориф дар Тоҷикистон розӣ ҳастед ё хайр?

 

abdujabor rahmonov-Мо мушкилот дар заминаи омӯзишу парвариш дорем, вале то он дараҷае, ки ин коршинсон мегӯянд, не. Мо воқеъиятро дарк мекунем ва хуб медонем, ки душвориҳо дар кадом бахш ҳастанд. Албатта мо мушкилоте аз қабили камбуди омӯзгорон дар мадорис дорем ва ҳоло ҳудуди 228 омӯзгор барои мадорис намерасанд. Ва ин масъала низ дар ҳоли ҳалл шудан ҳаст. Вале он, ки кӯдакон аз таҳсил дар канор ҳастанд, ин амр ба хоҳиши волидони онҳо бастагӣ дорад на ба арсаи омӯзишу парвариш. Мо бар асоси қонун, омӯзиши ҳатмӣ то клоси нуҳ дар мадорисро роиҷ кардаем.

 

Фарзи мисол дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мо аслан мушкили камбуди омӯзгоронро надорем. Чаро мо бояд худмон мушкили худро контрол накунем ва ба гузориши созмонҳо бовар кунем. Вазорати мо фаъолияти хуб мекунад ва бо бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Бонки Осиёии Тпвсеъа низ ахиран дар гузоришаш ба фаъолияти вазорати мо баҳои қаноъатбахш дод. Мо то соли 2017 комилан мушкилот дар робита ба камбуди омӯзгорони ҳирфаиро дар Тоҷикистон аз миён рафъ хоҳем кард.

 

Мо соли ҷорӣ аз вомҳои ботахфиф, ҳудуди як ним миллион сомониро барои беҳбуди вазъи мадориси деҳот ва навоҳии мухталифи Тоҷикистон ихтисос додем. Ва аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки гузоришҳо дар бораи он ки маъорифи Тоҷикистон ҷавобгӯйи истондортҳо нет, дурӯғ аст. Намедонам онҳо иттилоъот дар бораи вазъияти омӯзишу парвариш дар Тоҷикистонро аз куҷо мегиранд?

 

Мо дар солҳои ахир аз масъулони донишгоҳҳои байналмилалие, ки донишҷӯёни тоҷик дар он таҳсил мекунанд, сипосномаҳо барои дониши хуби ҷавонони мо дарёфт кардем. Ин манъии онро дорад, ки таҳсил дар мадориси мо хуб ба роҳ андохта шудааст. Бале! Мо ба сабаби мушкилоти пулӣ наметавонем ба таври ҳамешагӣ куллия мадрориси ҳамагониро таъмири комил кунем. Омӯзгорони мо маъоши андак мегиранд, вале ин ҳама ба будҷаи Тоҷикистон бастагӣ дорад.

 

-Вале бархе аз волидон мегӯянд, ки яке аз мушкилоти аз таҳсил дар канор мондани иддае аз духтарони мазҳабӣ, манъи пӯшиши ҳиҷоб дар муассисаҳои арсаи маъориф дар Тоҷикистон будааст. Оё ба хотири дубора бозгардонидани чунин духтарон ба мадорис ва донишгоҳҳо, вазорат наметавонад дар бораи тасмими манъи ҳиҷоб таҷдиди назар кунад?

 

-На! Ҳадафи аслии мо аз ин қарори ҳайъати мушовараи вазорати маъориф ҷалби духтарон ба омӯзишу парвариш буд ва мо онро иваз карда наметавонем. Ва мо тоҷикон либосҳои хубе дорем, ки тамоми арзишҳои мазҳабӣ аз ҷумла дини ислморо ҷавобгӯй ҳаст. Мо метавонем пӯшиши миллии худро ҷогузини пӯшиши ҳиҷоб ба тақлид аз кишварҳои арабӣ кунем.

 

-Ва манъи намозгузории шогирдони мадорис дар масоҷид чи?

 

-Мо дар ин бора низ хеле суҳбатҳо кардем ва ба назари аксари коршинсони мо, кӯдак нахуст бояд фаннҳои дунявиро, ки дар кулия мамолики ҷаҳон аст, биомӯзад ва сипас ба воя, ки расид довталабона метавонад ба масҷид барои намозгузорӣ равад.

 

-Ин назар дар миёни омӯзгорон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ба эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик, барои занони омӯзгор пӯшиши вижа муқаррар охоҳад шуд? Яъне бонувони омӯзгор бояд бо либосҳои миллӣ ба мадраса хоҳанд омад? То чи андоза ин назар сиҳат дорад?

 

-Не! Мо чунин фармон содир накардаем ва қарор нест, ки барои омӯзгорони хонум либоси махсусе муқаррар кунем. Вале тарҳҳои вижаи либосҳоро мо барои омӯзгоролни зан ва мард пешниҳод кардем ва ин маҷбурӣ нест танҳо тавсия шудааст.Омӯзгор бояд бо хоҳиши хеш либос пӯшад, муҳимм ки дар либоспӯшӣ маданиятро нигоҳ доранд.

 

-Сипос аз суҳбат!

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4459-hamasola-540-million-somoni-zarur-ast.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ