13:57:29 01-уми Июли 2025 сол

ПАЖӮҲИШГОҲҲОИ ИЛМӢ БО ҲАМ МУТТАҲИД ШУДАНД

Бар асоси қарори ҳукумат, як теъдод аз пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо, бо ҳам муттаҳид карда шуданд. Ба ин тартиб Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ, Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқ бо Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинов, Пажӯҳишгоҳи геология бо Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Пажӯҳишгоҳи демография бо Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва Пажӯҳишгоҳи ботаника бо Институти Пажӯҳишгоҳи физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаҳҳид карда шуданд.

 

akademiyaМасъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтанд, ки ин иқдом тибқи қавонин кишвар ва бо ҳадафи ислоҳоти сохторӣ дар Академияи илмҳои кишвар рӯи даст гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки мавзӯи ислоҳоти сохтории Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳанӯз охири соли 2009 зимни мулоқоти раиси ҷумҳур бо намояндагони илму маориф матраҳ шуда буд ва қарори ҳукумат дар ин бора 16 сентябри соли гузашта қабул гардидааст. Ҳамакнун бо он, ки бархе аз пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - тадқиқотӣ бо ҳам мутаҳҳид карда шудаанд, аммо то ҳол раҳбарони ин муасисаҳои илмӣ мушаххас нагардидаанд.

 

Ислоҳоти сохтории Академияи илмҳои Тоҷикистон

Ислоҳот коҳиши шумори аъзои раёсати Академия, теъдоди кормандони он ва ҳамчунин муттаҳид кардани пажӯҳишгоҳҳои илмиро дар назар дорад. Иқдоми давлат барои таҷдиди сохторӣ ва идории Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳоле амалӣ мешавад, ки ин мавзӯъ ҳанӯз дар охири соли 2009  дар мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо аҳли илму зиё матраҳ шуда буд. Президент Раҳмон ислоҳоти идорӣ ва сохтории Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар шароити феълии замони муосир як амри зарурӣ ва муҳим арзёбӣ карда буд:

 

«Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутобиқ ба шароиту имкониятҳои он давра таъсис ёфта буд, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ҳамон шакли сохторӣ пеш мебарад ва самаранокии он солҳои охир кам эҳсос мешавад. Ин моро водор месозад, ки дар бораи ислоҳоти сохторӣ ва усули пешбурдии корҳои илмӣ ва тадқиқотии ин муассисаи илмӣ ба таври ҷиддӣ андеша намоем».

 

Фаъолияти камранги Академияи улум

Таҳлилҳо низ собит мекунад, ки муддати 19 соли истиқлоли Тоҷикистон, Академия ва муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии он дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррасе даст наёфтаанд. Маҳмадшо Илолов, раиси Академияи илмҳо, низ набуди ҳамкории зич миёни илм ва истеҳсолотро таъкид мекунад: «Мутаассифона, солҳои ахир аслан саноат, саноати хоҷагии қишлоқ ба илм таваҷҷӯҳ намекунад ва ман инро дар назди раҳбарони корхонаҳо ва хоҷагиҳо низ метавонам бигӯям. Албатта мушкилоти молӣ сабаби аслӣ аст ва ҳар қадар мабалғгузорӣ аз ҳисоби буҷа бештар шавад, пешрафти илму истеҳсолотро ноил шудан мумкин аст».

 

Академик: Ин иқдоми хуб аст

Ба бовари бархе аз соҳибназарон, мавзӯи ислоҳоти идорӣ ва сохтории Академияи илмҳо маҳсули дидорест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо академик Акбари Турсун дар ҷараёни сафар ба Амрико дар шаҳри Ню–Йорк дар тобистони соли 2009-ум дошт. Ин дар ҳолест, ки Акбари Турсун, донишманди тоҷики муқими Амрико, низ ба Радиои Озодӣ ироаи пешниҳод дар робита ба ислоҳоти Академия ба президентро таъйид карда буд.

 

Дар робита ба талоши давлат барои ислоҳи сохтори Академияи улум Акбари Турсун дар як сӯҳбати телефонӣ гуфта буд, «албатта ин ба фоидаи кор аст ва он чӣ ҳам, ки шудааст, кори хуб аст. Дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта ман пешниҳодҳои мушаххасе ва амиқтареро дар робита ба мавзӯъҳо, равишҳои тадқиқот ва масоили кадрҳои илмӣ ва ғайра карда будам, аммо ба ҳамин ҳам шукр. Ин қадами аввал аст ва ҳукумат кори хуб кардааст, зеро баъд дар оянда ҳамин тарҳро ба назар гирифта такмил додан мумкин аст. Чунки он мавзӯъҳои хурду реза ва чор кас болои як кас хуҷаин ин илм намешавад. Масъалаи мутаҳҳид карданро низ ман пешниҳод карда будам ва ҳам акнун ин кор сурат мегирад ва маоши кормандон зиёд мешавад ин қарор комилан дуруст аст».

 

Олими ҷавон: Сохтори феълии академия беҳтар аст

Аммо Дилшод Раҳимов, олими ҷавон ва ҳамзамон мудири шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мутаҳҳид кардани ду пажӯҳишгоҳи илмиро бо ҳам ба нафъи пешрафти илм намедонад, балки мегӯяд, «агар ҳар қадар ихтисосҳои гуногунро ба ҳам мутаҳҳид кунанд, ҳамон қадар дар илм амиқравӣ дар илм камтар мешавад, балки умумигӯӣ зиёд мешавад. Ба ин хотир ман фикр мекунам, сохтори феълӣ беҳтар аст».

 

Дар ҳамин ҳол бар асоси барномаи ислоҳоти сохторӣ ва идории Академия, маоши кормандони ин ниҳоди илмӣ бознигарӣ хоҳад шуд. Афзун бар ин тибқи пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон  оғоз аз соли ҷорӣ, маблағгузории давлатии муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдодаи онҳо амалӣ хоҳад шуд ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо, маблағгузорӣ ба ин гуна сохторҳо қатъ хоҳад шуд.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи иттилоъи масъулони Академияи илмҳо, бештари ҷавонон ба иллати поин будани маош, хоҳиши кор кардан дар муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотиро надоранд. Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис шудааст. Академик Маҳмадшо Илолов аз соли 2005 ин ҷониб раёсати ин ниҳоди илмиро бар дӯш дорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4355-pazhuhishgohhoi-ilmi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ