МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН БАРОИ ФАРЗАНД: ТАРҲЕ ОЛТЕРНОТИВ
Дар Тоҷикистон тарҳе олтернотив дар баробари тарҳи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд" таҳия ва ба мақомоти ин кишвар пешниҳод шудааст. Толиби Сангин, рӯзноманигор ва муаллифи ин тарҳ, мегӯяд, ки лоиҳаи давлатӣ навоқисе дар бар дорад ва мӯътақид аст, ки тарҳи ӯ навоқиси мавҷуд дар тарҳи қонуни таҳияшуда аз сӯйи давлатро ислоҳ хоҳад кард.
Оқои Сангин ҳамчунин бо ироаи номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯ хоста, ки дар канори лоиҳаи давлатӣ тарҳи олтернотиви қонун дар бораи масъулияти волидонро барои баррасӣ ба намояндагони порлумон ироа кунад. Тарҳи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд", ки батозагӣ аз сӯйи давлат таҳия ва ба баррасии умумӣ пешниҳод шудааст, то кунун тарафдорон ва мунтақидони зиёде дар Тоҷикистон доштааст.
"Тарҳи якҷониба"
Рӯзноманигор Толиби Сангин мегӯяд, ки тарҳи давлатӣ тамоми масъулият барои тарбияти фарзандонро ба дӯши хонавода мегузорад. Ба гуфтаи вай, дар тарҳи давлатӣ иштибоҳоте мавҷуд аст ва бархе аз нукоти он бо Қонуни Асосӣ муғоират доранд. Вай афзуд: "Чунин ба назар мерасад, ки дар омода кардани ин тарҳ аслан ҳуқуқдонҳо ширкат надоштаанд."
Барои мисол, оқои Сангин мегӯяд: "Аввалин камбудие, ки дар ин санад аст, якҷониба таҳия шудани он аст. Зеро барои тарбияти фарзанд танҳо волидон дар ҷомеъа муваззаф нестанд. Аз ҷумла, мақомоти вазорати омӯзишу парвариш ва мақомоти дигар низ бояд дар тарбияти фарзандон масъулият дошта бошанд."
Оқои Сангин мегӯяд, ки дар кутуби бадеъӣ аз фарзанд бо исмҳои мухталиф ном гирифтан мумкин аст, вале вай афзуд: "Ҳангоме, ки қонун таҳия мешавад, бояд аз он истилоҳоте истифода шавад, ки тибқи қонун муқаррар шудаанд. Барои мисол дар ин лоиҳа "фарзанд (кӯдак, фарзанди ноболиғ) яъне шахси ба синни ҳаждаҳ нарасида" таъриф шудааст, вале барои волидон синни вижаи фарзандон вуҷуд надорад ва дар 70-солагӣ низ барои як падар писараш фарзанд боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, фарзандро дар қонун аз синнаш муъайян кардан лозим нест."
Оқои Сангин ҳамчунин зимни шарҳи бархе дигар аз нукоти тарҳи қонуни давлатӣ, аз ҷумла бо ишора ба моддаи таълим, мегӯяд, ки дар ин қисмати қонун, масъулияти омӯзгорон дар тарбияти кӯдакон аслан аз миён бурда шудааст. Оқои Сангин мӯътақид аст, ки ин тарҳи қонун нокомил буда ва вай умедвор аст, ки намояндагони порлумон зимни баррасии тарҳи қонун ин иштибоҳотро ошкор кунанд.
"Қонуни беҳтарин"
Ҳарчанд Толиби Сангин бо изҳори таассуф аз он, ки дар телевизиюнҳои давлатӣ низ ин тарҳи қонун ба таври якҷониба баррасӣ мешавад, гуфт: "Фарзи мисол, бархе аз сокинони Тоҷикистон зимни баррасии ин тарҳи қонун дар расонаҳои давлатӣ мегӯянд "қонуне, ки раиси ҷумҳур пешниҳод кардааст".
"Охир ин қонунро раиси ҷумҳурӣ баъд аз баррасӣ ва такмил ва баррасии он дар порлумон ба имзо хоҳад расонд. Аммо ҳоло давлат барои фаҳмидани ақидаи воқеъии мардум ин тарҳро ба онҳо барои баррасӣ равона кардааст."
Аз сӯйи дигар, иддае аз волидон дар шаҳри Душанбе низ бо ишора ба мавҷудияти кӯдакони зиёди беназорат дар хиёбонҳои шаҳр ба иҷро даромадани ин қонунро барои ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ муҳим арзёбӣ карданд.
Таҳминиа, яке аз сокинони шаҳр, мегӯяд, ки борҳо дар шаҳр шоҳид будааст, ки кӯдакони зери синни панҷсола батанҳоӣ дар хиёбонҳо мегарданд. Таҳмина мегӯяд: "Фикр мекунам, ки волидони ин кӯдакон аслан аз чигунагии тарбияти фарзандон иттилоъ надоранд ва гумон мекунанд, ки шаҳр монанди русто аст ва ту метавонӣ кӯдаки хурдатро аз дарвоза берун танҳо бигузорӣ."
"Давлате номуваффақ"
Саймуддин Дӯстов, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон бо пешниҳоди ин қонун нахуст пазируфтааст, ки фаъолияти нокомили Вазорати омӯзишу парвариши ин кишвар ҷавобгӯйи истондордҳои байналмилалӣ набудааст.
Оқои Дӯстов афзуд: "Дар ҳоле ки беш аз 43 дар сади буҷети Тоҷикистон барои бахши иҷтимоъӣ масраф мешавад ва вазорати маъориф масрафкунандаи аслии ин сармоя аст, қабули ин қонун баёнгари он аст, ки тарбият ва тадрис дар давлат то ҳадде паст шудааст, ки ба қонуни вижае ниёзманд ааст."
"Ва ё пешниҳоди тарҳи ин қонун далели он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунад, ки ин давлат номуваффақтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ дар миёни кишварҳои мустақилли ҳамсуд ва шояд дар ҷаҳон дар заминаи таълиму тарбият бошад."
Оқои Дӯстов мегӯяд умедвор аст, ки ин тарҳ дар ҷараёни баррасии мардум ва бавижа равшанфикрон, то ҳадде такмил шавад ва ба эҳтимоли зиёд руҳияеро, ки ҳоло ин қонун дорад, аз миён биравад. Вай бо ҳимоят аз тарҳҳои олтернотиви қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд мегӯяд аз он нигарон аст, ки давлат бо боло бурдани масъулияти волидон дар тарбияти кӯдак, худро аз масъулият барои гароиши насли оянда ба тундравии мазҳабӣ озод кунад.
Оқои Дӯстов мӯътақид аст, ки ин қонун мардумӣ нахоҳад шуд ва афзун бар ин, дарҳоро барои афзоиши бештари фасоди молӣ боз хоҳад кард. Аммо Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, гуфт, ки ин ниҳод дар соли 2010 дар беҳбудии вазъияти омӯзишу парвариш ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.
Оқои Нуралиев афзуд: "Дар соли гузашта вазорат баъд аз эъломи “Соли дониш ва фанноварӣ" тадобири зиёде барои рушди фанноварӣ дар мадорис ба харҷ дод. Ҳамчунин, дар ин сол барномаи гузор ба таҳсилоти миёнаи 12-сола низ қабул шуд, ки барои рушди маъориф як рӯйдоди муҳимме ба шумор меравад."
"Қаблан волидон чи кор мекарданд?"
Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ", бо оқои Дӯстов дар мавриди заъфи Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар заминаи боло бурдани кайфияти таълиму тадрис дар мактабҳо ҳамақида аст. Хонуми Ғаффорзода мегӯяд, ки дар ин замина "вазорат бо ҳар ду по мелангад."
Вай дар бораи тарҳи давлатии қонуни масъулияти волидон мегӯяд: "Агар барои тарбияти фарзанд қонуни вижае зарурӣ буда бошад, пас дар садсолаи ахир волидон дар Тоҷикистон чи кор мекарданд?"
Ба ақидаи вай, табиъатан тарбияти фарзандон бар ӯҳдаи волидон буда ва ҳар падару модар мехоҳад, ки аз фарзандаш инсони хубе ба воя бирасад. Хонуми Ғаффорзода афзуд: "Аммо ҳал кардани мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нахуст бар ӯҳдаи соҳибмақомони давр аст. Вале ростӣ, дар ҷомеъаи мо, ки ҳудуди ҳафтод дарсади мардум дар фақру бенавоӣ ба сар мебаранд, волидон бештар талош мекунанд, ки нон барои фарзандон пайдо кунанд. Пас бояд дар мадди аввал давлат бояд мушкилоти иқтисодиро аз байн бибарад ва масоили тарбияти фарзанд бо рафъи ин душвориҳо худ ба худ ҳал хоҳад шуд."
Хонуми Ғаффорзода ҳамчунин гуфт, ки аксари падарон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд ва масъулияти тарбияти фарзандонро бештар модарон ба ӯҳда доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай давлат бояд барои боло бурдани дониши занон ва духтарон дар Тоҷикистон талошҳои бештареро ба харҷ диҳад.
Вале ба ақидаи вай, таҳияи тарҳҳои олтернотив дар баробари тамоми барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ амре зарурист, зеро дар бисёре аз маворид афроди муваззаф дар омода кардани тарҳҳои қонун ба иштибоҳоти зиёде роҳ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Хурсандмурод Мирзоев, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури сиёсати ҳуқуқӣ ва яке аз муаллифони пешнависи қонуни ҷадид, мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз пешниҳоди ин тарҳ мусоъидат ба тарбияти хуби фарзандон ва боло бурдани масъулияти волидон дар ин замина аст.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си, Душанбе
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4078-2011-01-06-15-10-24.html