МАКТАББАЧАГОНИ РАШТӢ АЗ ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА МАҲРУМ ШУДАНД
Субҳи 3 январи соли 2011 хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии минтақаи Рашт дар қиёс бо ҳамтоёни худ аз дигар манотиқи кишвар, ки дар таътили зимистона ҳастанд, роҳ сӯйи мактабҳои хешро барои идомаи таҳсил пеш гирифтанд.
Чӣ боис шуд, ки мактаббачаҳои раштӣ ва муаллимони онҳо ба ҷои истироҳат кардан дарс мехонанд? Оё бесуботиҳо ва нооромиҳои тирамоҳи гузашта дар минтақа сабаби ворид шудани ихлол дар набзи таълим ва ба чунин қарор омадани дастандаркорони соҳаи маориф гардид? Ба ин суоли хабарнигори сомонаи www.ruzgor.tj дар минтақа қариб ҳамаи мудирони шӯъбаҳои маорифи навоҳии минтақаи Рашт ҷавоби инкор доданд. Дар давраи бесуботиҳои ахир дар ноҳияи Рашт ягон мактаб аз фаъолият боз намондааст. Сохторҳои маориф ба таври муназзам кору фаъолият мекарданд.
Дар ҳамин ҳол мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол иттило доданд, ин тасмим дар асоси супориши Вазири маорифи ҶТ (телефонограммаи Вазорати маъорифи ҶТ № 11429 аз 29 декабри соли 2010) гирифта шудааст. Мувофиқи ин супориш хонандагони синфҳои болоии мактабҳои минтақаи Рашт дар вақти таътили замистона аз 3-юм то 31-уми январи соли ҷорӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Давлатмаҳмад Алиев мудири шӯъбаи ноҳияи Рашт дар ин робита мегӯяд, ки «баъди гирифтани супориш сарварони мактабҳоро вазифадор намудем, ки синфхонаҳоро дар давраи аз 3 то 31 январ пурра бо гармӣ таъмин намоянд ва барои бо самар гузаштани як моҳи дарсҳои иловагӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд».
«Фарогирӣ бо таҳсил дар давраи таътили замистона нисбати дарсҳои ҳаррӯза, ки талабаҳо мегузаштанд, озодтар буда ҳамарӯза (ғайр рӯзҳои истироҳатӣ) аз соати 9 то соати 11 давом мекунад ва дар онҳо бештар хонандагон ба китобхонӣ ва аз худ намудани чор амалӣ арифметикӣ машғул мешаванд»,- мегӯяд мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод Муҳатбеков.
«Мо бояд то 1 феврали соли ҷорӣ ба вазири маориф оиди корҳои ба анҷом расонидаамон дар муддати ин як моҳи дарсҳои иловагӣ гузориш ирсол намоем ва ҳисобот диҳем, ки чи андоза сатҳи саводи мактаббачаҳо боло бардошта шудааст», – мегӯяд мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол А. Аброров.
Тавре аз сӯҳбат бо мудирони шӯъбаҳо маълум гардид мақсад аз ин супориши вазир баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони минтақаи мазкур аст. Феълан дар минтақаи Рашт дари 350 мактаб ба рӯйи тақрибан 65 ҳазор хонанда боз аст, ки ба онҳо 3582 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар мушовараи сайёри Вазорати маъориф, ки охири моҳи декабри соли сипаришуда дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид, вазъи соҳаи маорифи минтақаи Рашт нигаронкунанда арзёбӣ шуда буд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи фармони Вазорати маориф таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба таъхир гузошта шуд ва тирамоҳи гузашта хонандагони тамоми мактабҳои кишвар бе таътил таҳсил намуданд. Таътили зимистона низ ба ҳамин хотир дар муқоиса бо солҳои пештар дар сар то сари ҷумҳурӣ то охири моҳи январ тамдид карда шудааст.
Далер САФАРОВ, махсус барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4049-2011-01-04-05-08-56.html