10:51:44 01-уми Июли 2025 сол

ПАНҶАКЕНТ: "БАРОИ БАРҚИ КАМ ПУЛИ ЗИЁД МЕПАРДОЗЕМ"

Бархе аз муштариёни шабакаи барқрасонии ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки барои истифода аз нерӯи барқ "маблағи аз будаш бештаре" пардохт мекунанд.  Ҷамила Қандиева, як зани иҷоранишин дар кӯчаи "50-солагии Тоҷикистон", мегӯяд, ки кормандони идораи фурӯши барқ тақрибан ду сол аст, ки аз ӯ бо таҳдид ҷарима мегиранд.

 

Ҷарима

 

electricityВай афзуд: "Ҳамеша аз ман 35 сомонӣ пул талаб мекунанд ва таҳдид мекунанд, ки "агар худи ҳозир пардохт накунӣ, симҳои барқро мебурем." Бештари вақтҳо ба хонаи модарам меравам ва барқи зиёд масраф намекунам, аммо маблағи пардохти барқ тағйир намеёбад." Хонуми Қандиева нақл кард, ки боре ҳангоми дар хона будани як хешовандаш кормандони барқ барои пули барқ омадаанд ва "фиреби онҳо" фош шудааст. Зеро арқоме, ки ҳисобкунак (дастгоҳи барқшумор) нишон медод, бо арқоми сабтшуда дар санади навиштаи онҳо тафовут доштааст.

 

Вай гуфт: "Вақте ки хешамон фаҳмонд, ки ҳисобкунак ҳамагӣ 20 килувот барқ ҳисоб кардааст ва арзиши он 1,5 сомонӣ мешавад, кормандони барқ каме дасту по хӯрда, гуфтанд, ки ин ҷарима аст. Аммо сабаби ҷаримаро фаҳмонда натавониста, гурехтанд ва чанд моҳ наомаданд."

 

Ба гуфтаи хонуми Қандиева, се рӯз қабл кормандони фурӯши барқ боз ба хонаи ӯ омада, аз ӯ 36 сомонӣ ҷарима талаб кардаанд. Онҳо гуфтаанд: "Агар ҷаримаро ҳамин ҳоло насупорӣ, симҳои хонаатро мебурем ва аз ин ҳам бештар ҷарима меситонем."

 

Асноди бемӮҳр

Як корманди муассисаи барқрасонии шаҳри Панҷакент иқрор шуд, ки баъзан аз ҷониби кормандони идораи фурӯши барқ суиистифода аз мақомашон мушоҳида мешавад. Вай, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт: "Ин ба ноогоҳии худи муштариён вобаста аст. Соли гузашта як ду нафарро барои бо роҳи фиреб ситондани маблағи барзиёд аз чанд муштарии солхӯрда аз кор барканор карда буданд, аммо имсол дар ин бора касе шикоят накардааст."

 

Бо ӯ ин мавзӯъро дар миён гузоштам, ки бисёре аз муштариён аз он нигаронанд, ки бархе аз санадҳо барои пардохти пули барқ мӯҳр надоранд ва ё арқоми ҳисобкунак бо арқоми сабтшуда дар санадҳо тафовут дорад. Вай гуфт: "Агар дар санади пардохти пули барқ нисбат ба рақами ҳисобкунаки барқӣ килувоти бештаре навишта шуда бошад ва агар дар он мӯҳр зананд, маблағи изофии пардохтшуда сирқат маҳсуб мешавад."

 

Боймаҳмад Азимбердиев, як сокини ноҳия, гуфт, ки як корманди фурӯши барқ аз ӯ чанд маротиба 200 сомонӣ пул гирифтааст. Чанд нафар аз ҳамсояҳои ӯ низ гуфтанд, ки ин корманд аз пирону камсаводон то 600 сомонӣ маблағ меситондааст ва бо лақаби "Алус" (каҷчашм) маъруф гаштааст. Аммо як бор вай ба даст афтода ва бо шикояти мардум аз кор ронда шудааст.

 

Оқои Азимбердиев гуфт: "Аввал ҳайрон шуда, пурсидам, ки пештар ин қадар барқ масраф намекардам, чаро ҳоло дар як моҳ 200 сомонӣ шудааст? Аммо Алус бо баҳонаи вайрон будани ҳисобкунаки барқӣ ду навбат ҳисобкунаки нав насб кард ва боз пули бештаре гирифт."

 

Пешпардохт

Сокинони рустоҳои Панҷакент мегӯянд, ки маҳдудият дар истифода аз нерӯи барқ тақрибан як моҳ пеш аз судури мусаввабаи ҳукумат оғоз гаштааст. Илова бар ин, ба гуфтаи рустоиён, бештари авқот барқ аз меъёр зиёд хомӯш карда мешавад ва ҳатто баъзе рӯзҳо аз чаҳор соъат бештар ба мардум дода намешавад. Мӯсоқул Азизов, сардори муассисаи барқрасонии Панҷакент сабаби пештар маҳдуд шудани истифода аз нерӯи барқ дар ноҳияро ба корҳои таъмиру тармими хутути интиқоли барқ пеш аз мавсими сармо марбут хонд.

 

Вай ҳамчунин гуфт: "Мо барқро аз Ӯзбакистон харидорӣ мекунем, вале қарздорон зиёданд ва дар пардохти пули кишвари ҳамсоя мо бо мушкил рӯбарӯ мешавем. Баъзе аз муштариён ҳанӯз ҳам аз чароғҳои пурхарҷ истифода мекунанд, ки нерӯи бештаре масраф мекунад, вале саривақт пули барқро намепардозанд."

 

Як корманди дигари ин идора бо изҳори ҳамраъйӣ бо раис илова намуд: "Имрӯзҳо мо маҷбурем барои пардохти пули нерӯи барқи Ӯзбакистон аз муштариён пешпардохт ситонем."

 

Мудири шӯъбаи кадрҳои шабакаҳои барқрасонии Панҷакент Галина Раҷабова дар мавриди тағйироти кодрӣ дар ин идора гуфт, ки дар ёздаҳ моҳи имсол 35 нафар бо сабаби ба кори дагар гузаштан, ба нафақа баромадан ва бо нияти мардикорӣ дар Русия аз кор рафтаанд ва танҳо як тан аз инҳо бо ҷурми вайрон кардани интизоми корӣ аз кор ронда шудааст. Хонуми Раҷабова гуфт: "Ин шумора, яъне 36 нафар, танҳо коргарони штатӣ (staffs) ҳастанд, аммо вуруд ва хурӯҷи коргарони ғайриштатӣ (freelancers) таъйид намешавад."

 

Ба гуфтаи вай, нозирони барқ аз ҷумлаи коргарони ғайриштатӣ ё озоде ҳастанд, ки бо қарордод ба кор истихдом шуда ва баробари зуҳури ҷурме аз онҳо "ба тарзи автоматӣ" ва бидуни ҳеч гуна рақаму санади расмӣ аз кор ронда мешаванд. Аз ин рӯ, теъдоди дақиқи коргарони озодшудаи ғайриштатиро ба даст овардан ғайримумкин аст.

 

Галина Раҷабова гуфт: "Кор дар арсаи барқрасонӣ хеле заҳматталаб, вале маъоши коргарон ночиз аст. Барои ҳамин, бештари коргарон бо хоҳиши худ аз кор даст кашида, ба Русия мераванд."

 

Вай илова намуд, ки худи ӯ низ бақарибӣ аз ҷониби як тарҳи қабули рустаборони бурунмарзӣ дар Русия ба он кишвар кӯч хоҳад баст.

 

"Мукофот барои торикӢ"

Қисме аз мардуми рустои Советободи ноҳияи Панҷакент мегӯянд тайи чанд соле, ки истифода аз барқ маҳдуд шудааст, яке аз нозирони барқи ноҳия "барои бештар аз меъёр хомӯш кардани барқ" ҳамасола аз ҷониби ҳукумат мукофот мегирифтааст. Илова бар ин, бархеҳо дар рӯзҳои сур ё азо ба ӯ пул дода, он рӯз барқро мехаридаанд.

 

Як сокини ин русто, ки нахост ҳувияташ ошкор шавад, гуфт, ки аз як тараф мукофоти давлатӣ ва аз тарафи дигар пули мардум ин нозири барқро сарватманд сохтааст. Нигарониҳои сокинони Панҷакент дар ин замина дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст аз оғози соли нави милодӣ қимати барқро боз ҳам болотар барад. Ҳоло шаҳрвандон барои истифода аз як килувот нерӯи барқ нуҳ дирам мепардозанд. Вале ба гуфтаи манобеъи расмӣ, баҳои барқ дар соли милодии оянда беш аз 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

 

Ба гуфтаи мақомҳои энержии Тоҷикистон, афзоиши қимати барқ ҳамасола бо дархости созмонҳои молии байналмилалӣ ва ба манзури рақобатпазир кардани ширкати тавзеъкунандаи барқ сурат мегирад. Давлат мегӯяд, ки дар изои афзоиши қимати барқ ба бархе аз хонаводаҳои камбизоъат кумакпулиҳое ихтисос медиҳад, вале бештари хонаводаҳои фақир мегянд, ки аз ин гуна кумакҳо бебаҳраанд.

 

Разиуддин Атоӣ, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3942--q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ