07:07:52 14-уми Июли 2026 сол

“Қонунгузориҳо дар самти меҳнат назорат мешаванд!”

Дар давраи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 дар самти қонунгузории меҳнат 75 санҷиш гузаронида шуда, баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 269 амр, 145 пешниҳод ирсол карда шуда, ба 388 фармоишҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, маблағи 60 281 618 сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шуд.

kodeksi mehnat 56658454512Дар асоси санадҳои эътинои прокурорӣ 200 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 653 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 169 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳуқуқҳои 27537 нафар кормандон барқарор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки зимни санҷиш ҳолатҳои бо роҳи сохтакорӣ азонихуд намудани маблағҳои музди меҳнат ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Чунончӣ, Ғуломов Давлат Мирзомуродович, дар асоси фармоиши директори МТМУ №5-и шаҳри Норак аз 20 феврали соли 2025 дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи мазкур кор карда, дар як вақт ӯҳдадории вазифавии пешбурди баҳисобгирии музди меҳнатро ба зимма дошта, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ дар ҷадвали ҳисоби музди маоши кормандон ва варақаҳои пардохти музди меҳнати кормандони муассиса аз моҳи марти соли 2024 то моҳи декабри соли 2024 дар 7 ҳолат ба маблағи 68222 сомонӣ ва дар соли 2025 дар 2 ҳолат ба маблағи 17697 сомонӣ дар маҷмӯъ дар 9 ҳолат ба маблағи 85 919 сомонӣ музди меҳнати худро аз будаш зиёд нишон дода, маблағҳои мазкурро ба корти пластикии Ғуломов Д.М. ғайриқонунӣ гузаронида, онҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст.

Санаи 26 феврали соли 2026 нисбати Ғуломов Д.М. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардида, 12 майи соли равон нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 000 сомонӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян татбиқ карда шудааст.

Санҷишҳои гузаронидашуда нишон дод, ки аз ҷониби баъзе ташкилоту муассисҳо талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нагардида, боиси содиршавии ҷиноят мегардад.

Чунончӣ, Ҷавлизода Тоҳир Ҷавлӣ аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи майи соли 2025 ва Аҳлиддинзода Сафар аз моҳи майи соли 2025 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён кор карда истода, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон уҳдадориҳои мансабиашонро ба таври дахлдор иҷро накарда, ҳамчун корфармо талаботи қонун оид ба меҳнатро дағалона вайрон намуда, дар ҳолати зерин ба содир намудани ҷиноят даст задаанд.

Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти худ давоми солҳои 2024-2026 бо мақсади беҳтар гардидани фаъолияти кории Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён бархилофи қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январи соли 2020, таҳти №3, ки мутобиқи он раисони Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро дар мувофиқа бо Кумитаи давлатӣ ва розигии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул намоянд, амал намуда, бо фармоишҳои худ шаҳрвандон Саидзода Сироҷиддин Саид, Тоиров Нурмаҳмад, Зарифзода Сӯҳроб Зариф, Хоҷакелдиев Мутолиб, Ғозиев Акрам Чалушович, Нуров Фахриддин Сайдалиевич, Саидов Одина Раҷабович, Абдуллоев Ботирҷон ва Ватанов Алишер Гулмирзоевичро ба ҳайси мутахассиси шартномавии заминсози Кумитаи идораи замини ноҳия ба кор қабул карда, вале ӯхдадории роҳбариашонро ҷиҳати таъмини пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ба иҷро намерасонанд, ки дар натиҷа бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 19 ва моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он корфармо барои пардохти музди меҳнати кормандон масъул буда, ӯҳдадор аст, ки новобаста аз шароити молиявиаш музди меҳнати кормандонро сари вақт пардохт намояд, музди меҳнати мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён, Саидзода С.С. муддати 18 моҳ, Зарифзода С.З. ба муддати 15 моҳ, Хоҷакелдиев М. ба муддати 21 моҳ, Ватанов А.Г. ба муддати 8 моҳ, Тоиров Н. ба муддати 10 моҳ, Ғозиев А.Ч. ба муддати 7 моҳ, Нуров Ф.С. ба муддати 18 моҳ ва Саидов О.Р. ба муддати 5 моҳ ба маблағҳои гуногун пардохт нагардида, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи кормандон зарари ҷиддӣ расонида шуда, боиси шикояти онҳо ба мақомоти прокуратура гардидааст.

Ба ғайр аз ин, хилофи талаботи қисми 2 моддаи 19 ва қисми 6 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он корфармо ӯҳдадор аст, ҳангоми аз кор озод кардани корманд дар рӯзи охирони кориаш ҳамаи маблағҳои кормандро пурра пардохт намояд, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён Саидзода С.С., Нуров Ф.С., Ғозиев А.Ч., Хоҷакелдиев М.-ро бе пардохти маблағҳои пардохтшавандаи ҳатмӣ (ҷубронпулӣ) аз кор озод карда, талаботи қонунҳо оид ба меҳнатро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, 04 марти соли 2026 нисбати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён Аҳлиддинзода Сафар ва дигарон бо моддаҳои 153 ва 153 нишонаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ бурда шудааст.

Ба ҳамин монанд, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ 11 марти соли 2026 нисбати Ҳафизов Қурбонбег Бузмагович бо моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шаҳритус 05 марти соли 2026 нисбати Хушмуродов С.Г. бо моддаи 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи шаҳри Бохтар 25 феврали соли 2026 нисбати Раҷабалии Маҳмадқул бо моддаи 154 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ноҳияи Ёвон 03 марти соли 2026 нисбати Қурбонов Тавакал Шарифович бо моддаи 154 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бо назардошти чораҳои таъсиррасонии прокурори дар ҳудуди вилоят ба ҳолати 01 июни соли 2026 қарздории нафақа ҷой надошта, аммо қарздории музди меҳнат маблағи 306 600 сомониро ташкил медиҳад, ки он ҳам аз ҳисоби КФД “ИТИМ” дар шаҳри Бохтар буда, сабаби пайдо шудани қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нашудани маблағҳои буҷети маҳаллӣ буда, баҳри пардохти саривақтии он аз тарафи прокуратураи шаҳри Бохтар амр дода шуд.

Прокуратураи вилоят бо мақсади фаҳмонидану шарҳу тавзеҳи қонунгузориҳо дар самти меҳнат дар давраи ҷамъбастӣ ҷамъан 143 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо баромад намуда, моҳияти ин қонунҳои қабулгаштаро ба шаҳрвандон фаҳмонида дода, тариқи васоити ахбори омма низ баромадҳо анҷом ва мақолаҳо ба табъ расидаанд.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба риояи иҷрои қонунгузории меҳнат диққати ҷиддӣ дода, назоратро вобаста риояи иҷрои қонунгузорҳо дар ин самт пурзӯр хоҳад кард.

Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ