07:07:40 14-уми Июли 2026 сол

“Зи андоз аст гулгашти мусалло!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба тақвияти самаранокии назорати прокурорӣ вобаста ба иҷрои қонунгузории андоз» аз 15 феврали соли 2016, таҳти № 22-ро дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

andoz_tj_9856541245878Таҳлил нишон дод, ки ба ҳолати 1 июни соли 2026 иҷроиши нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 2098,3 млн. сомонӣ ё худ 102,2 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақша 44,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, андозҳои давлатӣ ба маблағи 1401,2 млн. сомонӣ, ё худ 100,9 % ба буҷети давлат ворид карда шуда, иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 697.1 млн. сомонӣ ё худ 104,8 % ба иҷро расонида шудааст.

Муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 қарзи ташкилоту муассисаҳо ва субъектони андозсупоранда дар назди буҷет ба маблағи 296,4 млн. сомонӣ ташкил дода, дар давраи таҳлилӣ дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд ба ҳолати 1 июни соли 2026 он ба 294,6 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ кам карда шуд. Аз маблағи умумии қарздори 65,7 млн. сомонии он фоизҳо буда, қарзи асосии андозҳо 230, 7 млн. сомониро дар бар мегирад.

Таҳлили гузаронида муайян намуд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани бақия қарзи андоз дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо, ин аз ҷониби андозсупорандагон пешниҳод намудани андози даромад аз шахсони ҳуқуқӣ давоми соли 2025 дар моҳи апрели соли ҷорӣ, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои назоратӣ бошад, аз дигар тараф бошад дар муҳлат иҷро накардани уҳдадориҳои андозҳои ҳисобшуда аз ҷониби субъектони дигар хоҷагидор ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати кам кардани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ба ҳолати 1 июни соли 2026 шумораи умумии андозсупорандагони қарздор ба 23688 адад расида, нисбат ба аввали сол ба миқдори 2771 адад зиёд буда, аз ҷумла 4580 адад шахсони ҳуқуқӣ (127 адад зиёд) ва 19229 адад соҳибкорони инфиродӣ (2892 адад зиёд) рост меояд.

Аз ҷониби Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар ин давра ба миқдори 3716-адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 110.8 млн. сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 2497 адад қарорҳои қабулшуда иҷро карда шуда ба буҷет 80,9 млн. сомонӣ ё худ 73.0 % ворид гардида, 1219 адад қарорҳо ба маблағи 29.8 млн. сомонӣ ё худ 27.0 % бе иҷро мондааст.

Ҳамчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти ҳудудии андоз вобаста ба 4226-ҳолат протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 11.6 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 6,5 млн. сомонӣ ҷаримапулӣ руёнида шуда, 5.0 млн. сомонӣ норӯёнида мондааст.

Инчунин, дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби Раёсати андоз дар вилоят ва мақомотҳои ҳудудии он дар фаъолияти 835 андозсупорандагон назорати камералӣ ба амал бароварда шуда, бо натиҷаи он ба маблағи 89,3 млн. сомонӣ андози маблағҳои эҳтимолии андозҳо ҳисоб карда шуда, ба субъектони андозсупорандагон огоҳнома дода шудааст, ки аз тарафи онҳо ба маблағи 68,5 млн. сомонӣ эъломияи иловагии андоз пешниҳод карда шуда, аз маблағи иловагӣ ҳисобшуда 1,9 млн. сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шуда, ба маблағи 58,5 млн. сомонӣ пардохта шудааст. Дар ин давра тибқи огоҳномаҳо ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҷониби андозсупорандагон пешниҳод гардидааст.

Дар давраи ҷамъбастӣ аз тарафи гурӯҳи назорати иҷрои қонунгузории андози прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо вобаста ба назорати таъмини иҷрои қонунгузории андоз корҳои муайяне ба сомон расонида шуда, вазъи риояи қонунгузорӣ дар ҷойҳо 92 маротиба санҷида шуда, 2390 қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 1030 адад амр дода шуда, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” маблағи 63,1млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 143 пешниҳод ирсол карда шуда, аз рӯи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 113 нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 757 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳ ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 323 (315)-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар фаъолияти субъектони андозсупоранда аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Чунончӣ, Шамсзода Ш.Н., моҳи декабри соли 2025 ғайриқонунӣ, бо роҳи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, бо мақсади ба даст овардани фоида дар ноҳияи Данғара ҶДММ “Ҷилои Аср”-ро ба қайд гирифта, бо “Муҳаммад” ном шахс аз 24 декабри соли 2025 то 6 феврали соли 2026 аз хориҷи кишвар 30 адад воситаҳои нақлиёти гуногун тамғаро ворид намуда, ба маблағи умумии 14 865 819 млн сомонӣ воридоти гумрукиро анҷом дода, аз маблағи ҳар як воситаҳои нақлиёти ворид гардида 2 % ҷамъ ба маблағи 297 316, 38 сомонӣ фоида ба даст оварда, ба Нозироти андози ноҳияи Данғара ҳамагӣ ба маблағи 4 916 124,44 сомонӣ эъломияи андозӣ пешниҳод намуда, боқимонда маблағи воридоти гумрукии ҷамъияти мазкурро ба маблағи 9 949 695 сомонӣ дар эъломияҳои андозиаш пинҳон намудааст, ки дар натиҷа ҶДММ “Ҷилои Аср” ба маблағи 673 055 сомонӣ аз ҳисоби андозҳо қарздор гардидааст.

Оид ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Данғара 4 апрели соли 2026 нисбати Шамсзода Ш.Н. ва дигарон бо моддаи 260 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии № 31575 оғоз намуда, баъди анҷоми муҳлати тафтишотӣ пешакӣ 4 июни соли равон барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия ирсол карда шуд.

Ҳамчунин дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумла, андозсупорандагон 143 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида шуда, аз васоити ахбори омма низ босамар истифода бурда шуд.

Баланд бардоштани маърифати ҳукуқии андозсупорандагон имконият медиҳад, ки андосупорандагон қонунгузориҳоро риоя намуда, моҳияти сари вақт супоридани маблаѓҳои муқарраргаштаи андозро,ки боиси ободии кишвар мегарданд бо камоли масъулият дарк намуда, барои сари вақт супоридани уҳдадориҳои андозии худ масъул бошанд.Аз ин рӯ ба ин масъала прокуратураи вилояти Хатлон пайваста диққати зарурӣ медиҳад.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки назоратро дар ин самти назоратӣ пурзӯр намуда, сифату самаранокии санҷишҳои прокурориро боз ҳам баланд бардошта, оиди ҳар як камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргашта, саривақт чораҳои таъсиррасонии прокуроририро андешад.

Муродализода С., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назоратииҷрои конунгузории андоз,мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ