07:07:39 14-уми Июли 2026 сол

“Қонунгузорӣ дар самти наклиёт назорат мешавад!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 26 аз 16 феврали соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории нақлиёт дар давоми нимсолаи якуми соли 2026-ро мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

naqliyot 6598896545121223665Таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт нишон дод, ки дар ин давра 65 санҷиш гузаронида, 2014 -қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд. Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда ба мақомотҳои дахлдор 224 - амр, 105 - пешниҳод ирсол намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 282 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 206 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Ба 455 қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 720парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 25 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 661869 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки назар ба соли гузашта ба маблағи 64138 сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни санҷишҳои гузаронида муайян гардид, ки кормандони Раёсатҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ӯҳдадориҳои хизматии худро ба таври зарурӣ ба роҳ намонда, ба фориғболӣ ва мусолиҳакорӣ роҳ дода, бо ин амалҳои худ боиси ба миён овардани шубҳаноки оиди ба таври зарурӣ ва шаффоф ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматиашон гардидааст.

Аз ин беамалӣ ва ё мусолиҳакорӣ субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур истифода намуда, баъзан иҷроиши талаботи иҷозатномадиҳӣ барои кашонидани бор, борҳои вазнин ва калонҳаҷм, сертификатсияи баркашии воситаҳои нақлиётӣ ва ғайраро даѓалона поймол намудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‘‘Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва тартиби истифодаи онҳоро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ равона гардидааст.

Заминҳои роҳҳои автомобилгард қисмати заминҳои наклиёти автомобилӣ мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, азнавсозӣ ва истифодабарии онҳо ҷиҳати бунёди бинову иншоотҳои роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ, инчунин қисматҳои ҳамшафат ва минтақаҳои захиравӣ дода шудаанд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур замини роҳи автомобилгарде, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо назардошти талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин имконияти азнавсозӣ, таъмир, нигохдорӣ ва ҷойгиркунии иншооти роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ пешбинӣ шудааст, қисмати ҳамшафати роҳи автомобилгард дониста мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир аз ҷониби макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми додани заминҳои нақлиётӣ ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок, якумраи меросӣ ва иҷора ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад.

Инчунин, аз тарафи шаҳрвандон заминҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард, оҳан ва заминҳои майдонҳои ҳавоӣ худсарона ишғол ва дар онҳо биною иншоотҳо сохта шудаанд, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор сохтани таъмини бехатарии ҳаракати нақлиётҳо дар роҳҳои автомобилгард, оҳан ва фурудгоҳҳо мегарданд.

Қайд намудан бо маврид мебошад, ки назорат, нигоҳубин ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, оҳан ва фурудгоҳҳо ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва зерсохторҳои поёнии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда бошад ҳам, аммо қонунвайронкуниҳо дар ин самт баъзан аз мадди назари онҳо дур мемонад.

Тибқи феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 10397,193 километр роҳ вуҷуд дорад, ки аз ин 771,648 километр роҳи байналмилалӣ, 804,920 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, 3885,225 километр роҳҳои аҳмияти маҳаллӣ, 518,200 километр дар тавозуни КДФХМК ва 4417,2 километр роҳҳои бесоҳибро дарбар мегирад.

Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар тавозуни муассисаҳои Давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳо қарор дошта, як қисмати ин роҳҳо дар тавозуни Корхонаҳои фаръии хоҷагии Манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ қарор доранд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти зиёди ронандагони боркаш талаботҳои оддитарини сархати 34 моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро риоя накарда, бе иҷозатнома тавассути воситаи нақлиётии боркашон дар ҳудуди вилояти Хатлон ба фаъолияти боркашонӣ машғул гардидаанд, ки бо натиҷаи санҷишҳо баҳри бартараф намудани конуншиканиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххаси эътиноии прокурорӣ андешида шуд.

Дар ин муддат баҳри фаҳмонидадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсатҳои минтақавии мақомоти назорату танзим дар соҳаи нақлиёт вохӯриву суҳбатҳо доир карда шудаанд.

Ба замми ин бо шаҳрвандон ва дар ташкилоту мусисаҳо низ вохурӣ ва сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, моҳияти қонунҳо ба онҳо фаҳмонида дода шуда, маърифати ҳуқуқии онҳо то андозае баланд бардошта шуд.

Ҳамин тавр, таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят вобаста ба соҳаи мазкур нишон дод, ки кор дар ин самт нисбат ба соли таҳлилии гузашта беҳтар гардида, натиҷаҳои корӣ дар ҳамаи самтҳои прокурорӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, минбаъд низ вобаста ба амалӣ намудани талаботҳои қонун дар ҳудуди вилоят чораҳои дахлдорро андешида хоҳад шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба иҷрои қонунгузориҳо дар самти нақлиёт диққати ҷиддӣ дода, минбаъд низ вобаста ба амалӣ намудани талаботҳои онҳо дар ҳудуди вилоят чораҳои дахлдорро меандешад.

Исматзода А.Ш., Прокурори шуъбаи назорати иҷроиқонунгузории нақлиёту гумрукипрокуратураи вилояти Хатлон,ҳуқуқшиноси дараҷаи 1  

Назари Шумо

Security code
навсозӣ