06:55:17 14-уми Июли 2026 сол

“Қонунгузориҳо оид ба ноболиғону ҷавонон зери назорат қарор доранд!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2015 таҳти №21 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура вобаста ба баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон»-ро дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

qonunguzoriho 5445895654Баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ноболиғон ва ҷавонон дар асоси чорабиниҳои нақшавӣ ва қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва вилоят оид ба ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар ин самт қабулгашта чораҳои муйянеро ба анҷом расонид.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 аз тарафи шуъба дар ҳамоҳангӣ бо прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ 119 санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 572 амр, 355 пешниҳод, 533 эътироз оварда шуда, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 1033 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 482 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 849 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи 15,09 млн сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.

Дар давраи таҳлилӣ бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт 131 парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла 2 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ маблағи 783 771 сомонӣ зарарҳои расонидашуда ошкор карда шуд, ки аз ин 414 496 сомонӣ зарар ба давлат, 115 456 сомонӣ ба муассиса ва боқимонда 253 819 сомонӣ ба шаҳрвандон мебошад. Дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии мазкур маблағи 433 261 сомонии он барқарор карда шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 34 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Масалан, Камолов Лутфулло Абдураҳимович дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ноҳияи Дӯстӣ кор карда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз малакаи кориаш муроҷиати сармуҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ноҳияи мазкур Расулов Н.М-ро дар хусуси кӯмак намудани ба корҳои муҳосибиаш, ки навкор будааст рад накарда, ба охирин тарзи истифодабарии барномаи электронии “Интернет бонкинг”-ро омӯзонидааст. Камолов Л.А. ҳангоми ба Расулов Н.М. фаҳмонидани барномаи мазкур гузарвожа (логин) ва рамзи (парол) махфии ба МТМУ №36 таалуқдоштаро азхуд менамояд.

Камолов Л.А. бо истифодаи аз гузаровожа ва рамзи махфии барномаи “Интернет бонкинг”-и МТМУ №36 бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дидаю дониста, ки Норматов А.Т, дар ин муассисаи кор намекунад, дар табелҳои электронии музди меҳнати кормандони муассисаи мазкур ному насаби охиринро ҳамчун корманд аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи майи соли 2025 қайд намуда, аз ин ҳисоб ба воситаи корти бонкии Норматов А.Т., ки дар истифодабарии худи ӯ қарор доштааст, ҷамъ маблағи 101 969 сомонии буҷетро тасарруф карда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Оид ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ 29 майи соли 2026 нисбати Камолов Л.А. бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш анҷом дода шудааст.

Ба ҳамин монанд, Раҳматова Г.А. ба ҳайси раиси Ассотсиатсияи падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Ҷ.Балхӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба азонихудкунии маблағҳои Ассотсиатсия, ки барои сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи пешбини гардидаанд даст зада, давоми солҳои 2023-2024 ҷамъ маблағи 115 456 сомониро тасарруф намуда ба манфиати шахсии худ сар намудааст.

Оид ба ин ҳолат 10 марти соли 2026 аз тарафи прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нисбати Раҳматова Г.А. бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт амалкунанда дар шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритус, Қубодиён, Кӯшониён, Данғара ва Восеъ нишон дод, ки ҳолатҳо вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ ҳангоми ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудан ва ё ба кор қабул намудани кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ҷой дорад.

Чунончӣ, бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор аз 13 январи соли 2025 таҳти №6 Атаназарова Рисолат Алиакбаровна ба вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №9 ноҳияи Фархор таъин гардидааст. Муайян гардид, ки Атаназарова Р.А. соли 2018 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” дохил шуда, соли 2023 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси «филологияи тоҷик» хатм намуда, бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ аз 31 майи соли 2023 ба ӯ касби «омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик» дода шудааст.Бинобар ғайриқонунӣ будани ин фармоиш бо эътирози прокурори вилоят он бекор карда шуд.

Ба ҳамин монанд, аз тарафи прокуратураи вилоят ба 38 адад фармоишҳои ғайриқонунии мудирони шуъбаю бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Данғара, Восеъ ва Фархор эътироз оварда шуд.

Ба ҳамин монанд, аз тарафи прокуратураи вилоят бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ бо 10 адад фармоиши ғайриқонунии директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус эътироз оварда шуда, фармоишҳо бекор карда шуданд.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 31 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 32 нафар кормандони муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз карда шудааст.

Масалан, Маҷидов С.Ғ. дар вазифаи мудири хоҷагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кор карда истода, дидаю дониста, ки посбони муассиса Маҷидова Ш.Ғ. умуман ба кор наомада уҳдадориҳои хизматиашро иҷро накардааст, ба ному насаби ӯ табелҳои рӯзҳои кориро сохтакорона тартиб дода, барои имзо ва тасдиқ ба директори муассиса пешниҳода намудааст, ки дар натиҷаи ба ному насаби Маҷидова Ш.Ғ. то моҳи апрели соли 2026 ҷамъ маблағи 70031 сомонӣ ғайриқонунӣ музди меҳнат ҷудо гардида, онро тасарруф намуда ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Санҷиши ҳолати истифодаи самараноки заминҳои муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки то инҷониб ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани заминҳои муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад.

Масалан, бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 18 декабри соли 2025 таҳти №1018 ба қарори раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) аз 27 майи соли 2010 таҳти №258 “Дар бораи вобаста намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин” тағйиру илова ворид карда шуда, калимаҳои “дар масоҳати 0,34га” ба калимаҳои “дар масоҳати 0,30га” иваз карда шуда, майдони қитъаи замини аз сохтмон озод дар масоҳати 400 м2 воқеъ дар маҳаллаи Хатлон, кӯчаи ба номи С.Вализода 3 ба заминҳои захираи шаҳр дохил карда шудааст.

Майдони 400 м2 қитъаи замини бо қарори болозикр ба фонди захираи шаҳр гирифташуда дар тарҳи 286 харитаи заминистифодабарии шаҳри Бохтар ҷойгир буда, мувофиқи китоби баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои шаҳри Бохтар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №271 тасдиқ карда шудааст, ба ҳудуди заминҳои муассисаи давлатии таълимӣ дохил шуда, заминистифодабарандаи он Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошад.

Бинобар хилофи талаботҳои моддаҳои 3, 9 ва 172 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул гардидани қарори мазкур аз тарафи прокуратураи вилоят 16 марти соли 2026 аз болои он эътироз оварда шуд.

Ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ҷой дорад. Дар ин самт низ баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта чораои эътиноии прокурорӣ андешида шуд.

Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон мавриди санҷиш қарор дода шуда, қонунвайронкуниҳо ошкор ва чораҷӯӣ карда шуд.

Чунончӣ, Рустами М.Х. дар вазифаи мурабии “Варзиши вазнин” дар муассисаи давлатии “Мактаби вилоятии варзиши дар шаҳри Кӯлоб” ба кор қабул гардида, аз моҳи январи соли 2026 то инҷониб умуман ба кор ҳозир нашуда, уҳдадориҳояшро иҷро накарда, ғайриқонунӣ ҷамъ маблағи 23055 сомонӣ маблағҳои музди меҳнатро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Оид ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб 09 июни соли 2026 нисбати Рустами М.Х. бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Ё ин, ки Сатторов С.С. бо фармоиши директори Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии ноҳияи Ҷайҳун” ба вазифаи мураббии намуди футбол ба кор қабул гардида, бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ аз моҳи январи соли 2025 то моҳи ноябри соли 2025 уҳдадориҳои худро оид ба тамрини гурӯҳҳо нагузаронида, ҷамъ маблағи 11590 сомонӣ ғайриқонунӣ музди маош гирифта, онро ба манфиати худ сарф намудааст.

Оид ба ин аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун 16 феврали соли 2026 нисбати Сатторов С.С. бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш карда шуда, барои баррасӣ ба суд фиристонида шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон дар ин давра вобаста ба фаҳмонидани моҳияти қонунгузориҳо дар ин самт корҳои муйянеро ба анҷом расонида, дар самтҳои мухталифи қонунгузориҳо вобаста ба ноболиғону ҷавонон 350 вохӯриву сӯҳбатҳоро анҷом дода, тарқи радио, телевизион ва матбуот низ баромад намуда, дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеъа нақши худро низ ба ҷой гузоштааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд низ пайваста ҳолати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон»-ро таҳти назорати доимӣ қарор дода, пайваста дар ин самт чораҳои амалӣ хоҳад андешид.

Шарифзода Дилшод Шомиддин, Сардори шуъбаи назорати иҷроиқонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураивилояти Хатлон,ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ