03:28:46 09-уми Феврали 2026 сол

«Худкушӣ дар қонун ва ҳаёт»

(тарҷумаи рисолаи А.Ф.Кони)

Боли сиёҳи марги маҷбурӣ бо дасти худ,беш аз пеш ба болои инсоният, зери сояи манфури худ паҳн шуда истодааст. Зери ин сояи тира на танҳо одамони ба назари хеш худро дар зиндагӣ аз даст дода, балки наврасони аз сад гул як гулашон нашкуфта ва онҳоеро, ки аллакай давраи падруд гуфтан ва рафтан ба гӯр барояшон наздик омадааст, фарогир гашта истодааст.

5 khudkushi 23655514545Ҳодисаи худкушӣ дигар ҳодисаи аҳён-аҳён ва ҳатто зуд-зуд дар ҳаёт рухдиҳанда набуда, ба як зуҳуроти томи ҷомеъа, балки ба як бадбахтии бузурге табдил ёфтааст, ки омӯзиш ва андешидани чораҳои зарурии раванди муборизаро дар роҳи пешгирии онро тақозо дорад.

Дар ҳама ҷо ин зуҳуроти номатлуб, дар ҳолати афзоиш қарор дошта, тамоми андешаронии оморию пешгӯиро ин ҳаводис мефиребад.Танҳо ишора ба он, ки тибқи таҳқиқи Морзелли дар Олмон аз соли 1890 то соли 1900 ба миллион вафтида 2700 худкушӣ ва сӯиқасд ба он, аз соли 1900 то соли 1910 бошад аллакай ба 5000 ҳазор худкушӣ ва сӯиқасд ба он, дар Петербург бошад дар 40 соли охир худкушӣ ва сӯиқасд ба он аз 210 ҳодиса дар соли 1870 то 3196 дар соли 1910 рафта расида, бо назардошти зиёдашавии аҳолӣ аз 600 ҳазор нафар то 1 миллиону 800 ҳазор, бояд ин рақамто 630 ҳодисамефзуд, на ба таври бесобиқа зиёда 5 маротиба афзоиш меёфт.

Андешадаронӣ оиди зафарияти зиёдшавии босуръати худкушӣ, натиҷаи босуръати болоравии бемориҳои рӯҳист, ки бархе азшахсон чунин пешниҳод менамоянд аз иштибоҳе беш нест. Нақши зиёдшавии ҳодисаҳои худкуширо бар асари бемориҳои рӯҳӣ намешавад рад кард,лекин мушоҳида ва таҳлил нишон медиҳанд, ки ин зуҳурот,зери таъсири сабабҳою омилҳои гуногуни ба ҳам алоқамандӣ надошта, ба тавримустаъқилон тамоили зиёдшавӣ дорад. Зимнан, болоравии бемориҳои рӯҳӣ ҳама вақт аз афзоши аҳолӣ болотар қарор дошта бошад ҳам, лекин андозаи афзоиши ин бемориҳо аз омори зиёдшавии ҳодисаҳои худкушӣ камтар ҳаст.

Масалан, дар ИМА дар зарфи 40 соли охир шурӯъ аз соли 1870 аҳолӣ ба андозаи 60%, бемориҳои рӯҳӣ бошад 100% афзоиш ёфтааанд, вале ҳодисаҳои худкушӣ бошад дар ин давра 270% афзудаанд. Бо ҳеҷ ваҷҳ намешавад худкушиҳои зиёди одамони гирифтори бемориҳои рӯҳиро инкор кард, лекин тадқиқотҳои Бриер -де -Бауман , табибон Жак, Прево ва Островский муайян намуданд, ки аз миқдори умумии ашхоси даст ба худкушӣ зада, танҳо омори наздик ба 17% -ро ашхоси мубтало ба бемориҳои рӯҳӣ ташкил мекунанд. Аз ин рӯ андешаи Крафт-Эббиинг (профессори рӯҳшинос(1840-1903) -шарҳи Варқаи Зайниддин) бо назардошт оне, ки ҳар ҳодисаи худкушӣ бояд чун ҳодисаи аз ҷониби шахси аз ақл бегона рух дода маънидод карда шавад, чун инҷо ягон далели исботкунӣ вобаста ба сабабҳои рӯйдоди он мавҷуд нест, дар худ ягон асоси воқеъиро надорад.Аниқтараш бо назардошти муқоисаи омории дар боло овардашуда худкушӣ, ин натиҷаи иродаи бошуурона ва идорашавандаест, ки аз ҷониби қишри гуногунӣ ҷомеъа бо сабабҳои гуногун сар мезанад. Дар чунин ҳолат намешавад вобаста ба рӯйдоди ҳар ҳодисаи худкушӣ ба таври равшан ҳолати бемории рӯҳиро мушоҳида намуд. Бархе аз ҳамфикрони Крафт-Эббинг ба нишондодҳои бемории рӯҳӣ чун сабабҳои даст ба худкушӣ задан, амалҳои таҳрики рӯҳии таъсиррасонро ба мисли шарм ва озори тоқатфарсо, фироқу ғаму андӯҳ аз вафти наздикон ё ҷудоӣ аз онҳо, нофаҳмиҳои жарф, яъсу ноумедӣ, рашк ва ҳатто шавқи беандозаи ишқро ҳамроҳ менамоянд.

Оё бо чунин нуқтаи назар мешавад, ки баъдан ҳар як инсони ба шароиту вазъи зиндагӣ бо эҳсоси баланд назар намуда ва на танҳо оиди вуҷуд доштан,балки зиндагӣ ба сар бурдан андешаи ақлонӣ намуда, азобкашида ва ноумед шуда аз пайвастан ба зиндагии бемақсади ҳақиронаро, ки даст ба худкушӣ задааст бемории рӯҳӣ донист?!

Андешаи рӯ овардан ба зиёд намудани миқдори ашхоси аз ҳисоби бемориҳои рӯҳӣ даст ба худкушӣ зада, бисёр вақт бо андешаи хатои доштани норасои ақлонӣ аз тарафи шахси ба худкушӣ даст зада манша мегирад. Аммо чунин ҳолати норасоии ақлонӣ дар бисёр ҳолатҳо пояи ояндадори зарурӣ ва ягон аҳамияте низ надорад.

Сӯиқасди худкушӣ, организмро такон дода,симои маъюсонаи атрофиён, сӯгвориҳо барои аз ҳаёт рафтани шахс, ки баъзан арзиши махсусро пайдо мекунад, ахиран азоби пешазмаргӣ, ҳолати ғайриодии мирандаро ба вуҷуд меоварад, ки бевосита ва возеҳан ба дарки кирдори амалӣ намудани ҳаракати худ пеш аз иҷрои он муносибате надорад.

Айнан ба чунин ҳолатҳо ҳамчунин бархе аз протоколҳои барои муқоиса пешниҳодгашта аз тарафи ҷамъияти бимакунии ҳаёт бо ҳолати баъдии худкушӣ мисол шуда метавонанд. Бимакунӣ умуман ин санади исботкунии бемории рӯҳӣ будан ва аз ҳаёт маҳрум намудани фард шуда наметавонад. Ба ҳар ҳол чи гуна андешаи рад намудани бимакунӣ аз тарафи ҷамъияти мазкур, ғазаби рӯҳии шахсро, ки рад намудани наздикон аз қабули бима аз тарафи ин ҷамъият на танҳо ба мақсади дуюмдараҷа, балки билкул ба сар низ намеояд.

Чун баъзе ҳолатҳо ҳангоми пеш омадани муаммоҳои тезутунд, хоҳиши нигоҳ доштани шарафи шахсӣ, мустаҳкам намудани номи неки худ, ки ба таври ихтиёри аз ҳаёт мераванд, ба хотири вуҷудият, мақсади ҳаётро баҳам мезанд. Ҳамин тавр итолиявиҳо калимаи «ambiente»-ро ҳамчун муҳити оғӯшкунанда, шароити зисти шахсии инсон ва дар радифи ин муҳити изтиробовари сиёсӣ ва иҷтимоӣ меноманд, ки он метавонанд ҳолати ғамангези кайфияти носозгорро, ки кас аз ӯҳда баромада наметавонад мисли ҳайвоноти зимнан паст, ки ба муҳити атроф ба назари бетаваҷҷуҳонна назар меафкананд ва ба ҷое меафтад, ки Герцен: «заифқалб» номида буд.

Дар бархе аз ҳолатҳои дигар тарафдорони назарияи навъи ҷиноӣ-антропологӣ дар бораи ҷой доштани атавизм(андешаи пайдоиши нишонаҳова хусусиятҳои хело дури инсон) оиди модарзодӣ будани ҳодисаҳои худкушӣ изҳори ақида намуда, аслан ба омилҳои бепоя оиди сабабҳои худкушӣ такя мекунанд. Албатта намешавад, ки ҳолати ирсиро нодида гирифт, дар ҳамон ҳолатҳое, ки дар сафи наслҳои омада пайваста ҳолатҳои худкушӣ ба вуқуъ мепайвандад. «Худо мебахшад табиат ҳеҷ гоҳ» гуфта буд Гёте. Лекин чунин баҳонаи камарзиш наметавонад, ки асос барои муҳокимаи иштиёқи модарзодӣ доштани инсон барои худқурбонкунӣ шуда наметавонад.

Антропологҳои ҷиноӣ чунин мешуморанд, ки куштор ва худкушӣ аз як сарчашмаи равонӣ ва физикӣ маъво мегиранд ва як айнияти маъмулро намояндагӣ менамоянд.Аз ин рӯ зарур аст, ки адар худкушони ирсӣ аломатҳои физикии инқирозии хоси онҳоро ба андешаи Ломброзо (гӯшҳои мореллӣ, дандонҳои гутченсонӣ, осмони зинмонад ва ғайраҳо) ҷуста шавад(ин нишонаҳо ба шахсиятҳои зиштрӯ тааллуқ дошта, тибқи назарияи равоншинос ва ҷурмшинос, профессори итолиёвӣ Чезари Ломброзо(1835-1909) ҷинояткорон киёфан бисёр бадафтанд-шарҳи Варқаи Зайниддинов).

Дар ҳамин андеша як қатор тадқиқотҳои судию тиббӣ муайян намудаанд, ки махсусан ҳамин намуди аломатҳои ишораёфа дар фарди худкуш ба назар намерасад. Ба ғайр аз ин ҳам куштор ва ҳам худкушӣ қатъан бо шароити содир намудани ҳаракати худ бо макону вақти сол ва ғайраҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Зимнан пешниҳои илмӣ дар бораи модарзод будани ҷинояткорон дар вақтҳои охир ба андозаи зиёд дар ҳолати саргумӣ қарор дорад ва ваҳшиёнро умуман ба худкушӣ ягон муносибате низ нест. Моилии онҳо тибқи андешаи тарафдорони ин равия ҳамчун одатҳои замонҳои дур гӯё дар асоси атавизм мегузарад. Ба ғайр аз ин омӯзиши худкушиҳо нишон медиҳад, ки баъзан ба таври тасодуфӣ ва ҳамчунин агар ҳолати рӯҳияи афсурда низ надошта бошад ҳам, охирон қатра вобаста ба азобкашию вазъи вазнини зиндагӣ гашта, инсонро зиёдтар маҷбур мекунанд, ки аз канори ин андешаи номатлуб бо номи “худкушӣ” қадам занад.

Он вақт ба гуфти Байрон «соати мудҳиши ғамхӯрии қалб бо азоб, мисли ҷоми марги пур аз заҳр хомӯшона лабрез мешавад”.

Тибқи гуфтаи эшон «он вақт қалб қодир нест, ҳамаи чизеро, ки мебардошт бардошт кунад».

Ҳар як табиби андешаманд, судя, рӯҳонӣ аз рӯи муоинаи худ медонад, ки фоҷиаи зиндагӣ, ҳаёти инсонро аз дохил оҳиста-оҳиста ба нобудӣ мебарад. Он аввалан дилхунукии ҳақиқиро ба бор меорад.

Сӯзиши қалб, маъюсӣ, беилоҷии пинҳонӣ, ки зери таъсири он инсон худро аз даст дода, оҷизона дастҳоро фурӯ оварда, баъдан ин дастонро бар зидди ҷонӣ худ истифода хоҳад бурд.

Ахиран бояд мушоҳида кард, ки бисёре аз шахсиятҳои рӯҳан солим, ҳатто то дараҷаи нобиғаҳои ҳушманд, дар бисёр ҳолатҳо ба вазъи худкушӣ наздик буданд ё муддати мадид ва исроркорона дар андешаи даст задан ба ин кор буданд, ба мисли Байрон, Гёте, Бетховен, Жорж Занд, Л.Н.Толстой ва дигарон. Ба гузашта нигоҳ намуда, бояд тасдиқ намуд, ки то нимаи асри Х1Х бо каме гузашткуниҳо ба таври ихтиёри худро аз ҳаёт маҳрум намудани инсонҳо ба таври ягон-ягон рух медод. Надоштани нерӯ, тавонмандӣ ва тамоми адоватҳои дар ҷомеъаи имрӯза ба таври бадҳайбатона руйзанда он замон ҷой дошт.

Андешаи неки юнониёни қадим ба ҳаёти замини билкул равона карда шуда буд.Бедарак худи худоён дар ҳаёти заминӣ иштироки бевосита надоштанд ва аз он баҳра мегирифтанд. Вуҷуди дунёи дигар ва дар байни торикӣ будан дар андешаи элиниҳо таваҷҷӯҳи камтаре дошт. Ахилл дар майдони Елисей чунин мегуяд: «Оҳ, хубаш ман гӯсфандонро дар замин мечаронидам, беҳ аз шоҳи торикиҳо будан». Аз ин рӯ ба таври ихтиёрӣ аз ҳаёти заминӣ рафтан барои юнониёни қадим, аъмоли бешарафона маҳсуб меёфт. Бо ин андеша вақто, ки дар Милет ҳодисаҳои худкушӣ байни духтарон доман зад, ин ҳодисаҳои номатлуб, тариқи ба намоиш гузоштани “ҷасади онҳо дар ҷомеъа ба таври шармандаовар” ба зудӣ қатъ гардиданд. Ҳамчунин аъмоли худкушӣ дар бархе аз ҳолатҳо тариқи қонунҳои ҷиноӣ аз тарафи судяҳо чун ҷазои ҷиноӣ дониста мешуд (ривояти Сократ). Чунин амали алоқамандӣ ба ҳаётро мо дар тарзи ҳаёти мардуми яҳудӣ дармеёбем, агарчанде дар бархе аз китобҳо чун Иова ва Секкелизост (китоби динии яҳудиён - шарҳи Варқаи Зайниддин) андешаи вазнини зиндагӣ, рӯҳияи шикаста низ ба назар мерасад. Мавҷуд набудани нишондоди рӯирости Мӯсо оиди вуҷуддошти зиндагони ондунёӣ, чун рӯҳи Енох ва Илия дар осмон зинда гирифта шуда буданд - танҳо ҳаёти заминиро махдуд мекунад». Раводидҳои «Инҷил» дар бораи дарозумрӣ ҳикоят намуда, онро меҳрубонии худованд барои сер шудани инсон аз ҳаёт дониста, дар рӯҳи инсон андешаи тарс аз маргро ҷо мекунад, ки дар таснифи худ на танҳо «қонун» балки «ҷазо» низ маҳсуб меёбад.

Шояд дар ҳамин асос дар байни яҳудиён то ҳол, ҳодисаҳои худкушӣ хело кам ба назар мерасад, ин дар ҳолатест,ки дар байни ин миллат гирифторони бемориҳои рӯҳӣ нисбат ба миқдори худкушиҳо ба таври назаррас хело зиёд аст.

Ҷаҳони Рим то давраи қайсарҳо умуман дар бораи худкушӣ чизеро намедонист.Баъдан вақто, ки низоми кӯҳнаи зиндагии орому умумии сохти республикавӣ барҳам зада шуда, ҷои онро зулму истибдоди қайсарҳо аз тарафи хонадони Клавдиёни ба худо ва одамон хуш наоянда, Нейрон, Калигули ва дигарон иваз намуданд (императорони Рим- шарҳи Варқаи Зайниддин) замони кӯшиши рафтан аз худсарию зулм ва қатъ намудани ҳастии нафратангези худ мегардад. Аз ҳамин ҷост формулаи машҳури «бигузор касе, ки зиндагӣ кардан намехоҳад мурад», ки он аз ғаму андӯҳ дар зиндагии нохуши он замони қайсарӣ манша мегирад.

Ба ин таъсири худкушии Катон, Брут, Кассий, гуфтор дар бораи Аррий пет, ки ба шавҳараш ханҷареро, ки худро бо сухани «ин бедард аст» халонда буд дода буд, ҳамчунин ҷараёнҳои илмии стоиковӣ ва эпикуриҳо билкул таъсиргузор буданд (Арий Пет завчаи ходими сиёсии Империяи Рим, Авла Пет, ки барои ширкат дар исён ба муқобили император Клавдия ба ҳукми худкушӣ сазовор дониста шуда буд, дар соли 42-и солшумории массеҳӣ, Авла Пет аз худкушӣ тарсидаву завчааш Арий Пет ханҷарро гирифта ба синаи худ халондаву ба ӯ дароз кардаву гуфта буд, ки “ягон дарде нест”, баъдан ин ҳодисаи худкушии зану шавқар дар адабиёти атиқа, рассомӣ ва театрҳо ба шабеҳаи худкушӣ дохил гашта буд- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Аз андешаҳои ихтилофомез дар бораи ҳаёт, онҳо фикре доштанд, ки ҳаёт тартиби маҷбуркуниро надорад ва ҳар як шахси озод метавонад аз он саркашӣ намояд.Даромадан ба ҳаёт як роҳ дорад, баромадан аз он бошад чанд роҳи дигар мегуфтанд тарафдорони ғояҳои эпикурӣ. Онҳо бо ин андеша дар Александрия ҷамъияти қатъ намудани ҳаётро асос гузоштанд.

Тибқи таълимот ва таъсири калисои насронӣ, инсон ҳамчун масъулияти пурдаҳшат барои гуноҳҳои заминӣ ва амалҳои анҷомдодааш бояд аз марг тарсад. Ҳаёт тибқи таълимоти калисои насронӣ на ҳамчун шодию хурсандӣ, балки ҳамчун санҷиш, ки барои бисёриҳо азоби якумраро ба бор хоҳад овард дониста мешуд. Дар зери ҳар як салиби сари гӯр бо кирмҳои ҷасадхӯр, ҷасади инсон хоб рафтааст, ки дар рӯзи машҳар аъмоли дар зиндагӣ анҷомдодаашро мебинад ва назди суди ҳамадон ва ҳамабин ҷавоб медиҳад.Аз зиндагии заминӣ касе ҳуқуқи рафтанро надорад.Салиби худро итоаткорона, барои баҳогузории даҳшатноки он дунё бояд ҳамроҳаш барад.

Ягона ҳодисаи худкушӣ, ки дар китоби «Даъвати ҷадид» баён карда шудааст ин Яҳудо аст. Аз ин рӯ калисо ва ҷомеъа ба худкушӣ ба таври ҷиддӣ муносибат намуда, ҷавобгариро баро гуноҳҳои карда дар он дунё пешниҳод намуда, адолати судии ҷамъиятиро барои анҷоми ҷавобгарӣ ин дунё барои худкушӣ ба худ раво мебинад. Ин андеша махсусан тариқи аҳкоми динии банди 6-уми қарори Маҷмааъи Тридент дар соли 1568 (Анҷумани ҷаҳони аҳкоми динии католикӣ, бо ташаббуси Папаи Рим, Павели 3 созмон ва солҳои 1545-1563 дар шаҳри Триденти Италия амал намуда, як қатор санадҳои диниро қабул намуд, инҷо соли 1568, шояд хатогии техникӣ бошад, зеро ин Анҷумани ҷаҳонии динӣ то соли 1563 амал намуда буд- шарҳи Варқаи Зайниддин), ки дар пайравӣ ба андешаи Августи некманиш оиди маъни худкушӣ қабул гашта, калимаи “накуш”-ро барои ягон нафар истисно накарда, зери маънои он ҳамчунин худкушӣ низ дарназар дошта шудааст, шарҳи худро ёфтааст.

Бо назардошти муносибат ба худкушӣ, ин ҳодиса ҳамчун қатли ҳақиқӣ дониста шуда, нисбати ҷасади шахси худро аз ҳаёт маҳрум намуда, намоиши ҳангомавии дафнкунии “харона”доир карда шуда, баъд ҷои дафнаш чун макони шайтон сӯзонида мешуд.Махсусан қайд намуд, ки ба таври хоса қонунҳои франсавии асри ХV11 нисбат ба худкушӣ бисёр қотеъона буданд.

Тибқи ин қонунҳо ҷасади шахси худро кушта , аз пояш овезон карда шуда, моликияташ бошад ба шоҳ дода мешуд, шоҳ онро ба ягон хешованди худ ва ё ягон раққосаи маъқули худ тақдим менамуд.Ё ахиран тибқи навиштаи маорифпарвари маъруф Волтер ба ягон харидор бо маблағи зарурӣ мефурӯхт. Дар ёддоштҳои Данҷо (ходими давлатии фаронсавии асри ХV11-шарҳи Варқаи Зайниддин) гуфта шудааст: «Шоҳ ба шоҳзодахонуми валиаҳд ҷасади одами худро ба худкушӣ расонидаро месупорид, шоҳзодахонум бошад умедвор буд , ки аз он метавонад пули зиёде кор кунад».Агарчанде ки дар муқобили муносибати бисёр бадбинона нисбати худкушиҳо, шахсиятҳое бузурги маорифпарвари он замон Монтен ва Руссо (дар китоби “ Елиззеи Нав») ва ҳамчунин бархе аз андешамандон муқобили ҷазодиҳӣ нисбати худкушон буданд, ин қонуни манфии ҷомеъаи онвақтаи фаронсавӣ, танҳо баъди инқилоб аз байн рафт(баъди Инқилоби бузурги буржуазии Фаронса дар солҳои 1789-1794-шарҳи Варқаи Зайниддин). Баъдан оҳиста -оҳиста ҷазо барои худкушӣ аз қонунгузориҳои кишварҳои Аврупо аз байн рафт. Танҳо дар як давраи муайян ин тартиби ҷазодиҳӣ дар Англия боқӣ монда, дар таҷриба солонаи судӣ-ҷиноӣ умуман истифода бурда намешуд.

Дар Россия бошад ҷазо барои худкушӣ, бархилофи Аврупои Ғарбӣ оҳиста-оҳиста пурзӯр мегардид.

Дар Маҷмӯаи қонунгузори шоҳ Алексей Михайлов(асри ХV11 -шарҳи Варқаи Зайниддин) дар моддаҳои нав қабулгашта, барои худро ба худкушӣ расонидани шахс, ягон ҷазо муқаррар нашуда буд.

Баъдан дар Артикули(санадҳои ҳуқуқӣ) Пётри Кабир қарор мекунанд, ки «агар касе худро кушад пас зарур аст, ки ҷисми беҷони вай дар аспҳо бо бастани пойҳо дар кӯчаҳо гардонида шавад, то чунин амали носавоб барои дигарон дарси ибрат қарор гирифта, дигар ба чунин амалҳо даст назананд».

Бояд гуфт,ки тибқи ин Артикул ва ҳамчунин Оинномаи баҳрии Пётрӣ Кабир шахсони даст ба сӯиқастзада ба қатл расонида мешуданд (шарҳи Варқаи Зайниддин). Бо назардошти ин дид, дар лоиҳаи Маҷмӯаъи қонуни ҷиноӣ дар соли 1754 (замони ҳукмронии Елизавета Петровна- шарҳи Варқаи Зайниддин) чунин пешниҳод дохил гашта буд, ки нисбати он шахсоне, ки бо сабабҳои ҳузновар, хашм ва ё ягон омилҳои дигар мақсади худкушӣ дар пай дошта бошанд» ҷазо тариқи тозиёна задан, нигоҳ доштан дар зиндон ба мӯҳлати то ду моҳ муқаррар карда шавад.

Муаллифони лоиҳаи Маҷмӯаъи қонуни ҷиноӣ дар соли 1766 (замони ҳукмронии Екатеринаи бузург- шарҳи Варқаи Зайниддин) нисбати худкушӣ ва сӯиқасд ба он қадре нармтар рафтор намуданд.Онҳо пешниҳод намуданд, ки нисбати ашхоси даст ба худкушӣ зада чора андешида, ҷасади онҳо тибқи меъёрҳои санадҳои калисоӣ ва низоми мавҷудаи он бояд мавриди дафн қарор дода нашуда, ба фақирхонаҳо бурда шавад.Шахсони даст ба сӯиқасди худкушӣ зада ва зинда мондаро бошад , агар он дар вазифаҳои хизматӣ қарор дошта бошанд аз рӯи дараҷаи унвонҳои доштаашон як дараҷа паст то анҷоми хизматашон,ашрофони дар хизмат қарор надошта ва савдогарон - тоҷирони гилдяи 1-ум ба омурзиши калисоӣ ба мӯҳлати ним сол фаро гирифта шаванд.

Тибқи моддаҳои 378-380-и ин Маҷмӯаъи қонунҳо, хоҳиш ва васияти ашхоси ба худкушӣ майлдошта нисбати кӯдакон,тарбиятгирандагон, моликияташон ва ҳатто чизи дигар ба эътибор ва ба иҷро расонида намешуданд. Шахси ба ҷони худ қасд намуда, ҳамчун қотил муаррифӣ гашта, ҷазо нисбаташ кор дар каторга муқаррар гашта буд.

Ба замми ин тибқи санадҳои ҳуқуқӣ ашхоси даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ намуда, аз дафну ҷаноза ба таври анъанаҳои дини насронӣ маҳрум карда мешуданд.

Тартибдиҳандагони Маҷмӯаи қонунҳои ҷиноии соли 1843(замони ҳукмронии Николайи 1- шарҳи Варқаи Зайнидди) барои ашхоси даст ба сӯиқасди худкушӣ зананда, ҷазоро аз кори каторгавӣ ба ҷазои нигоҳ доштан дар зиндон аз 6-моҳ то 1 сол иваз намуда буданд.Дар чунин ҳолат ба роҳбарони рӯҳонӣ ваколат дода мешуд, ки масъалаи маҳрум намудани чунин фардро вобаста ба дафн намудан бо анъанаҳои дини насронӣ худашон ҳалу фасл намоянд.Дар ин асос роҳбарони рӯҳонӣ бояд беашакку шубҳа масъалаи омурзиши калисоиро ҳамчун ҳолати ба худ овардани фард ва ҳамчунин боз барои “тасаллобахшӣ нисбати муқаддасоти таълимоти динӣ» истифода мебурданд.

Муаллифони лоиҳаи ҷинояӣ хело ҳайратзада буданд, ки дар ягон қонунгузориҳо, на қонунҳои навтарин ва на кӯҳна, ягон мисоле оиди нобуд намудани васиятномаи фарди худкуш мавҷуд нест. Онҳо худро бо он таскин медоданд, ки қабули чунин қарор ва чунин ҷазо як омили оқилона ва амри зарурӣ хоҳад буд , зеро чунин амалкард ашхоси моил ба худкуширо аз тарси он, ки азизону наздиконаш аз истифодаи моликияти мавсуф маҳрум карда мешаванд аз ин кор нигоҳ хоҳад дошт.Ин назария дар Маҷмӯаи қонунҳои ҷиноӣ оиди ҷазои ҷиноӣ ва иҷрои он аз соли 1845 инъикоси худро ёфта буд. Ҳамчунин маҳрум намудани дафнкуниро тибқи анъанаи дини насоро низ ин санад ҳатмӣ гардонид. Дар ҳамин тарз, ҷазои ҷиноӣ-гражданӣ барои худкушӣ намудан ба Маҷмӯаи қонунҳои ҷиноии солҳои 1857 1866 ва 1885 дохил гашта буд(маҷмӯаҳои солҳои 1857 ва 1866 аз давраи ҳукмронии Александри 2 ва соли 1885 аз замони ҳукмронии Александри 3 - шарҳи Варқаи Зайниддин).

Қайд бояд намуд, ки дар Дастури тиббӣ (ҷилди Х111-и Маҷмӯъаи қонунҳо) то соли 1857 моддаи 923 амал мекард, ки тибқи он ҷасади шахси қасдона ба худкушӣ даст зада, ба ҷаллод супорида мешуд, то барои ба ҷои бешараф интиқол додану зери хок кардани худкуш, чораҳои амалиро андешад. Маҷмӯаи қонунҳои ҷиноии соли 1903( замони Николйи 11-шарҳи Варқаи Зайниддин) ба қувваи қонун даромада, мавриди амал қарор гирифта, танҳо дар қисмати андаки худ вобаста ба ҷазои ашхоси даст ба худкушӣ зада, ки ҳуқуқшиносон солҳо умеди бознигарии онро нисбати худкушӣ доштанд, қарори ба истиллоҳ «хоҳиши бе пару бол» қабул намуданд.Андешаҳои муаллифони ин санади ҳуқуқӣ оиди барои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ҷавобгар набудани ашхоси ба чунин амал дастзада «ба шукуфтан фурсат наёфта” ҷазоҳои вазнин нисбати ин ҳодисаҳо боз тасдиқ гаштанд(сабаб он буд,ки гарчанде Николайи 11 ба ин санади ҳуқуқӣ имзои худро гузошта бошад ҳам,лекин бахши бузурги ин санад маън ва дар ҳамин асос моддаҳои Маҷмӯаи соли 1885 қабулгашта амал мекарданд- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Маҷмӯаи қонунҳои ҷиноӣ ва иҷрои корҳои ислоҳии соли 1885, нисбати ин масъала то замони инқилоб (Иқилоби Кабири Сусиёлистии Октябр дар соли 1917 дарназар дошта шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин) давом карданд.

Инҷо дар бораи вазнин, ғайримақсаднок будани ин меъёрҳои ҳуқуқии он замон изҳори назар кардан монанд ба «задани тозиёна ба шоту на ба асп” хоҳад буд.

Бешак дар ҳолатҳои хело ва хело зиёди рӯйдоди ҳодисаҳои худкушӣ, шахси даст ба худкушӣ задаро ягон аъмоли ҷазодиҳии баъди ба ин кор даст заданаш, мисли ҷазо додану маҳрум намудани мавсуф аз дафн тариқи анъанаҳои динии насоро ба риққат намеовард,чун «ҷисми беҷонро метавон дар ҳама ҷо зери хок кард». Ба ин шахси ба «ҳудуди лутфомези зист” ихтиёран рафтаро дигар ягон амали қонунгузор шармсор намекард.Танҳо барои наздикону хешовандон, барои дӯстону ашхоси ба он кас эҳтиромдошта, як санҷиши хело вазнин ва нодаркори умуман нораво ва дарди сарро мисли маҳрум намудани моликият аз онҳо ва ё ба таври таҳқиромез ба шахси билкул бегона барои ихтиёрдорӣ кардан, супоридани ин моликият бар асари қабул ва амал намудани чунин қонунҳо нисбати худкуш ба бор меовард.

Ҳамчунин бо назардошти он, ки чунин меъёрҳои қонун нисбати беморони рӯҳӣ ва ақлбохтагон ва ё фаромӯшхотирӣ аз бемориҳои саръ истифода намешуд, ба худ бояд андешид, ки чи гуна арсаи васеъи ташвишовару ғамангези наздикони худкуш вобаста ба дастрас намудани шаҳодатномаи тиббии дахлдор барои пешниҳоди он ба масъулони суд ва ё пулис барои исботи дурӯғини номукалафии худкуш кушода намешуд.

Аз ин рӯ намешавад ба моддаи 148-и Кодекси ҷиноятии шуравӣ(КҶ РСФСР-соли 1922 дарназар дошта шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин) нисбати қабул гаштанаш изҳори хушнудӣ накард, зеро ин кодекс ҷазодиҳиро нисбати худкушӣ ва сӯиқасд ба он аз ҷониби худкушон ва сӯиқасдкунандагони он хориҷ намуда, танҳо барои ба он ҷалб намудани наврасон ва шахсони номукаллаф ба ин кор ҷазо муқарар намуд , қобили қабул аст.

Ба масъалаи худкушӣ назар андохта, ҳамчунин оиди аъмоли нангини ҷомеъаи имрӯза дар масъалаи ба вуҷуд овардани омилҳои ба ин кор даст зананда ва рушдёбанда бояд истода гузарем.

Ба чунин омилҳои худкуширо таҳрикдиҳанда бешубҳа носолимии оила ва аз байн рафтани хушоҳангии дохилии он, ки дар натиҷа манофеъи завқияти шахсӣ бе диққат додан ба омилҳои ахлоқии рӯҳонии зану шавҳар ё кӯшишҳои тангназаронаи нафси ваҳшӣ ба амал меоянд, метавонанд таъсиргузор бошанд.

Аз инҷо ба вуҷуд меояд ҳисоботи омории 10% -и худкушӣ аз ҳисоби вайроншавии оилаҳо ва вазъи носолими он.Қайд бояд намоем, ки муҳити солими оила метавонад зиёдтар дар пешгирии омилҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нақши назаррасе дошта бошад.Ба ин ҳисоботҳои оморие, ки худкушӣ дар оила нисбат ба шахсони танҳо зиндагикунанда камтар ҳаст гувоҳи ҳол хоҳад буд.Ин омил дар байни марду зани танҳо зиста ё аз ҳам ҷудо гашта зиёдтар аст.Хело хуш аст, ки ҳангоми бемориҳои рӯҳӣ низ оморҳо монанд ба ҳамин вазъияти дар боло ишораёфта ҳастанд.

Масалан,тибқи тадқиқоти Энрико Морзелли (профессори рӯҳшинос, антрополог ва педагоги итолиёвӣ,1852- 1929-шарҳи Варқаи Зайниддин) дар Пруссия ба 5 ҳазор худкушӣ аз тарафи духтарон 2%, шавҳардорон 1%, мардони занмурда 2-1/2%,талоқгирифтаҳо ё худ ҷудогаштаҳо 7%, беоилаҳо 5% , зандорон 5%, бевазанон 19%, ва ҷудошудаҳо 58%-ро ташкил менамоянд.

Дар Вюттемберг аз 4600 нафар беморони рӯҳӣ ҳамагӣ 5% занон, 3% шавҳардоштагон, 12% мардони занмурда ,ҷудошудаҳо 34 %, муҷаррадҳо- 5%, зандорон -3%,бевазанон 7%, ҷудогаштаҳо 40%-ро ташкил менамоянд (ҳисоботи омории ин шаҳр дар масъалаи ҷудошавии оилаҳо ду маротиба инҷо 34% ва 40% нишон дода шудааст, ки ба ҷамъи умумӣ рост намеояд, шояд инҷо хатогии техникӣ рух дода бошад- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Инҷо равшан аст, ки гуфтаи Инҷил «ғӯсса ҳамгуна аст» дар ҳамин ҳолат пурра амалӣ гаштааст.Аз даст додани шарики ҳаётӣ ё худ «меҳнаткаш ва хизматгузор» чи тавре, ки дар қадим зани меҳрубонро меномиданд, таъсири манфии худро ба шахсони танҳо монда мерасонад.Ин ҳодисаи бавуқӯъпайваста оила ва низоми муайяншудаи зиндагиро аз байн бурда, дар бисёр ҳолатҳо ба танҳои бесобиқа ва мавҷуд набудани оромии таскинбахши танҳоӣ бурда мерасонад.

Ҳангоми ҷудошавӣ аз ҳамсар бошад ба ин омилҳо боз талхии ҷудошавӣ ва фоҷаи танҳоӣ, ки дар бисёр ҳолатҳо талхии ҷудоиро мардҳо таҳаммул карда натавониста, боиси руй овардан ба бода ва дигар омилҳои хашин бо мақсади фаромӯш кардани ҷудоӣ гашта, ахиран ба эҳсосоти хело ногувори пастӣ ва нотавонӣ дар ҳаёт бурда мерасонад метавон зам кард.

Сари масъалаи худкушӣ ҳамчунин хусусиятҳои сиёсӣ -ҷамъиятӣ, ки аз даст додани умеди хушбахтиҳои зиндагӣ, ки одатан баъди болоравии кайфияти ҷамъиятӣ ба вуқӯъ меояд сахт таъсиргузор аст.

Ҷанг ва инқилоб ҳама вақт дар камшавии худкушӣ таъсиргузор будааст.

Масалан, дар Петурбург аз соли 1857 то соли 1864 худкушӣ ва сӯиқасд ба он кам гашта , аз 47 ҳодиса ба 41адад поён рафтааст. Қатъи назар аз он, ки аҳолии шаҳр дар ин давра аз 495 ҳазор нафар то кариб 600 ҳазор нафар рафта расида буд(ин давраи ислоҳотҳои бузурги Александри 2 буд (ба ёд биёред барҳам хӯрдани ҳуқуқи қалъабанӣ( крепостонӣ) дар соли 1861 ва ислоҳоти судӣ-ҷиноиро дар соли 1864-шарҳи Варқаи Зайниддин).Дар ҷомеъа ва адабиёти он замон ҷунбиши бузург ва болоравии эҳсосоти хушнудонаи умедбахш ва боварӣ ба ояндаи гарм ва нарму гуворо дар асосҳои ахлоқӣ ва сиёсии рушди кишвар ба назар мерасид.Аммо баъди соли 1866, давраи бӯҳрони реаксионии мутлақияти подшоҳӣ, шубҳа ва гумонҳо ба ҳукумати вақт вобаста ба мақсаднок ва моҳияти некандешона доштани ин ислоҳотҳои зикршуда дар ҷомеъа мардумро навмед гардонида, омилҳои худкушӣ ва сӯъиқасд ба он ба болорави рӯ овард.Ба ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он таъсири ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷанг, вобаста ба ҷанг бо Ҷопон дар солҳои 1904-1905 ва Инқилоби якуми рус дар солҳои 1905-1907 низ дар ин давра таъсиргузор будааст.

Масалан, дар соли 1903 ҳамагӣ 503 худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, дар соли 1904 давари шурӯъи ҷанг бо Ҷопон ҷамъан 427 ҳодисаи худкушӣ, соли 1905 бошад ин ҳодисаҳо 354 адад ба қайд гирифта шуда буд. Баъдан давраи ба истиллоҳ сулҳи Портсмуд, яъне давраи оромиш ёфтан шурӯъ гашт.

Дар соли 1907 тибқи маърӯзаи анҷомдодаи доктор Н.Н.Григорев дар Пажӯҳишгощи равонию асабӣ, аллакай сӯиқасд ва худкушӣ ба андозаи 1370 ва соли 1909 бошад 2250 ҳодиса , соли 1910 бошад 3916 ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буд.Аз давраи соли 1914 то ҳол(ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ ,замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Шӯравӣ- шарҳи Варқаи Зайниддин), тибқи навиштаҳои нашрияҳои даврӣ миқдори худкушӣ аз давраи шурӯъи Ҷанги якуми ҷаҳон дар Аврупо ба андозаи назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра худкушиҳои коҳиш ёфта, дар Маскав агар дар давраи оромии соли 1907 то соли 1913 рушди он мутаносибан аз 158 адад то 360 адаро ташкил намуда бошад, пас аз соли 1914 то соли 1920 яъне давраи Ҷанги 1-уми ҷаҳон ва замони Инқилоби Ӯктабр ва ҷанги гражданӣ дар Руссия ин ҳодисаҳо аз 295 адад то 64 адад коҳиш ёфтаанд.

Аз байни шарту шароитҳои ба амал омадани худкушӣ инҷо омилҳои мубориза барои зистан, ки он бо омилҳои бекорӣ ва мӯҳтоҷӣ дар бисёр вақт он дар ҳолати ночорӣ ба хотири аз вазъи бӯҳронӣ баромадан, бефарзандӣ ва кӯшишҳои беҳудаи мубориза барои аз байн бурдани камбудиҳо дар зиндагӣ нақши муҳим доранд.

Ин шароиту омилҳо боиси руйдоди 30%-и тамоми ҳодисаҳои худкушиҳо гаштаанд.Лозим ҳаст , ки инҷо оиди рушди ҳаёти шаҳрӣ бо зарар дар қиболи ҳаёти деҳот, оиди омилҳои ахлоқию бепаноҳӣ ва вазнини аз деҳот ба шаҳр омадагон, ба таври зич ва дилгиркунанда зиндагӣ намудани мардум дар шаҳри сангини бузург бе мавҷуд будани вазъи солими зист, бе равшанӣ ва ҳавои тоза зиндагикунандаи гуфт.Бе сабаб нест, ки миқдори худкушиҳо дар шаҳр нисбат ба деҳот 3 маротиба зиётар аст.

Наметавонам ба ёд наоварам, ки дар ҷои кӯчаи Пушкини ҳозира, дашт ва замини полезӣ буд, ки бо девор аз дарёи Нева ҷудо мешуд. Дар солҳои 70-ум (асри Х1Х дар назар дошта шудааст- шарҳи Варқаи Зайниддин) инҷо кӯчаи танг бо хонаҳои 5 ошёна бо доштани ҳавлӣ дар назди ҳар як бино сохта шуд.Ин кӯча номи Навободро дошт, ба онҷо бисёре аз истиқоматкунандагони петербургӣ бинобар арзонбаҳо будани хонаҳо омаданд.Ба ин ин хонаҳои сохташуда он замон дар бисёр вақт ҳатто шӯълаи офтоб низ намерасид.Баъди чанд сол муфаттиши судӣ ба минтақаи судӣ бо гузориш муроҷиат намуда, хоҳиши ба эшон ҷудо намудани ёрдамчиро тақозо кард.Муйян карда шуд, ки дар кӯчаи Навобод, ки баъдан ба кӯчаи ба номи Пушкин табдили ном кард, он замон, дар сатҳи Петербург аз ҳама зиёдтар ҳодисаҳои сӯиқасд ба худкушӣ ва худкушӣ рост меомадааст.Муфаттиши судӣ пайваста дар кушодани ҷасадҳо иштирок намуда, сабаби зиёдии чунин ҳодисаҳо дар фаъолияти корияш мушкилӣ пеш овардааст.

Дар шарҳ фабрикаву заводҳои зиёд мавҷуд аст.Қонуни тақсимоти меҳнат дар бархе аз бахшҳои истеҳсолӣ меҳнакашонро ба олоти меҳнатии ба ҳам алоқаманд набуда,табдил медиҳад,ки ин фаъолияти онҳоро маҳдуд намуда, дар он инсон чун мурувват дар дохили мошинаи мураккаб фаъолият мекунад.Меҳнат инҷо ба андешаи эҷодкоронаи мавсуф то андозе бегона буда, он қаноатбахшиеро, ки дар деҳот аз кор ба даст меовард инҷо ба даст оварда наметавонад.Аз инҷост касбияти фабрикии коргар, ки вайро ба интихоботи озоди машғулият фарогир шуда, мустаъқилияти меҳнатии ӯро ҳангоми ба вуҷуд омадани шароити барояш номусоид маҳдуд менамояд.

Ин омилҳо сабаби таъсири танг намудани мустаъқилияти коргар ҳангоми меҳнат ва сабаби носозгор гаштани кор ё муносибаташ дар корхона мегардад.Аз ин рӯ,фардо барои эшон тираву ҳаяҷоновар, вале рӯзи кории имрӯза бошад барояш рӯҳан ва қалбан файзбахш нест.Инҷо барои андешаву амали шахсии худ ва хаёлоти бойи бадеъӣ холигоҳе вуқуд надорад.Бояд гуфт, ки фабрика ҳамчун фашанги пуриқтидор аз деҳот қувваҳои тоза ва ҷавонро кашида мегирад.Бо шаҳр бошад омилҳое чун: алоқаи барвақтии ҷинсӣ, омилҳои фосиқӣ, ҷалб кардани наврасон зери таъсири суханҳои аблаҳонаи дӯстонашон ба ин корҳо, ҳамчунин дигар омилҳои зараровари дар бисёр ҳолатҳо дар деҳот ҷой надошта мисли фоҳишагӣ васеъ даст мезананд ҷой доранд.

Дар муносибатҳо дар ҷомеъа нисбати қишри ҷавон дар Аврупо ва ҳам дар Россия нақши манфии асосиро ҳамчунин намоиш додани филмҳои бадахлоқона, фаҳш, оиди худкушиҳо, дар бораи ҷинояткорон ба ҷои намоиш додани филмҳои илмӣ-оммавӣ ва маорифпарваронаи таълимӣ мебозанд.

Дар қатори синамо таъсири зиёди худро ҳамчунин ахборотҳои нашрияҳои даврӣ ба рушду болоравии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва сӯиқасд ба он мерасонанд.Инҷо на ҳамаи нашрияҳо васияти Гогол: “Бо сухан бояд одилона рафтор кард»-ро ба иҷро мерасонанд.Бо назардошти он, ки сухан ва ахбороти чопгаштаи нашрияҳо махсусан ба муштариёни онҳо оиди омилҳои номатлубе чун худкушӣ таъсиргузор аст, ба нашрияҳо зарур аст, ки ба он боэҳтиёт рафтор намоянд.Намешавад, ки дар ин асос суханҳои танқидиеро нисбати Гёте барои асари мавсуф «Вертер» баён дошт.

Дар ин асос аз характери жарфи ин асар, ки бо афсӯзхӯрии шахсии зиёди нависандаи бузург алоқамандӣ дошт, корбаст кард.Инҷо ба мо зарур аст, ки ба эҷодиёти бархе аз адибон худ, ки ақаллан дар 10 соли охир маъруф гардида, аз ҷараёни ҳаёт канор баромада, сарҳади байни реализми солим ва порнографияро пахш мекунанд, назар андӯзем, Дар ин асос дар асарҳои худ мавқеъии асосиро ба мавзӯъи худкушӣ медиҳанд.Инҷо басанда аст, ба ғайр аз асарҳои маъруф ба маҷмӯъаи «Замин», ки соли 1911 дар Маскав чоп гаштааст назар дӯхт, ки дар он се асар ҷой гирифта, дар ҳамаи онҳо қаҳрамонони ин асарҳо тир меандозанд, ба дор мекашанд ва заҳролуд менамоянд.

Қайд бояд намуд , ки агар бархе аз нависандагони маъруф дар асарҳои худ мавзӯъи худкуширо вобаста ба масъалаҳои зиндагӣ чун «охирин далел» ба кор баранд, пас нависандагони на он қадар боистеъдод, ки шумораашон беҳисоб аст дар қудрати эҷодии худ қувваи бозгӯӣ намудани доираи мавзӯъро бошитоб ба «наҷоти хушнамо”» (худкушӣ) мебаранд .Дар солҳои пешин чунин нависандагони ноӯҳдабароро,ки худашон аз эҷодашон безор гаштаву аз надонистани чи тавр бо андешаи баланди адабӣ ҷамъбаст намудани асарашон ба машварату маслиҳат рӯ меоварданд ҷавоб медоданд, ки «Ҳа, эшонро зан диҳед!».Айни замон бошад ба фикрам чунин хоҳанд гуфт: «Ҳа, бигузор нависанда худро аз ҳаёт маҳрум намояд!».

Бархе аз номаҳои ҷавонони даст ба худкушӣ зананда, дар давраи ҳозира ошкоро натиҷаи таъсири асарҳои мӯдшуда гашта истодаанд, ки дар ин маврид кас мехоҳад ба суханҳои Горкий ҳамнаво гардад: « Нисбати ҷавонон бо эҳтиёт бошед, дар симои онҳо наврасиро заҳролуд накунед.Сироятёбии ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонон дар алоқамандии гусаста дар ҳамон кайфияте, ки дар адабиёт ҳаст ба таври зиёд пайвастагӣ дорад, аз ин рӯ як қисми қиркунии чавононро бояд адабиёти имрӯза ба зимма гирад.Бе шакку шубҳа як қисми омилҳои дар адабиёт мавҷуд буда, дар рушди худкушӣ ҳиссагузор аст».

Сари ин мавзӯъ аз адибони насрнавис, қисми зиёди драматургон низ мақсади қафо монданӣ надоранд.Дар яке аз озмунҳо вобаста ба гирифтани мукофоти ба номи Грибоедов дар вақтҳои наздик беш аз 100 намоишномҳои мазҳакавӣ ва фоҷиавӣ пешниҳод гаш, ки аз ин миқдор намошномаҳо дар 17 намоишнома 1 ё 2 нафар қаҳрамон хатман худро ба ҳалокат мерасонад.Ахиран вобаста ба шароиту рушди худкушӣ дар ҷомеъа,метавон гуфт, ки зуд-зуд паҳн гаштани ғояҳои навмедона(пессимизим) низ дар бисёр ҳолатҳо бе ягон асоси ақлонӣ , бармаҳал , ба таври назариявӣ яктарафа низ таъсригузор аст.Аз ин рӯ намешавад, ки ба омилҳои манфие, ки дар бисёр ҳолатҳо тааллуқдор ба доираи оилаи зиёиён ҳаст ва дар меҳвари оила шакл мегиранд дахл накард. Дар ҳолатҳои зиёд ғамхории кӯдакон дар оилаҳо ба он пайвандӣ дорад, ки аз ҳар гуна амали нохуш бояд канорагирӣ карда шавад.

Аз инҷост, ки ҳангоми давраи хело хурд будани кӯдак, волидайн кӯшиши ба иҷро расонидани инҷиқию хоҳиши сарфи назар бемаънию зараровари кӯдакро ба иҷро мерасонидаанд.Инҷо бошад мақсади падару модар як аст, фақат кӯдаконро озурда накунанд шуд.

Ин тарзи муносибат ва қонеъкуниҳои бемавриди хоҳиши кӯдак баъдан ба одати доимии кӯдак мубадал мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо ба ҷои саҳеҳан фаҳмонидани амри беақлона ва исбот хоҳиши нодурусти кӯдак дар ҳамон синну соле, ки барои ӯ на танҳо муносибатҳои зиндагӣ, балки дигар омилҳо, ҳатто предметҳои атрофаш низ барояш номафҳум ҳастанд, ин кор иҷро намешавад. Аз инҷо шурӯъ мешавад ҳолати дурӣ ҷустан аз тарбияи кӯдак ва иҷрои инҷиқиҳою маюлу рағбати кӯдак ва иҷрои онҳо бо роҳи тақдими тӯҳфаҳо, ҳар гуна шириниҳо, қавл додан ва ғайраҳо.Бо чунин ҳолатҳо аъзоёни хурдакаки оила аз қонеъшавии хоҳишашон оҳиста-оҳиста ба ин амалҳои волидайн одат намуда, бо гузашти солҳо худро меҳвари асосии ҳаёти оила мепиндоранд .Бо ин амал дар тинати онҳо одатҳои худдӯстдорӣ пайдо гашта, омили асосии барои инсон зарурӣ мисли характеру иродат аз тинати эшон, ки ин маҳаки асоситарин барои онҳо бояд илқо гардад рушд нахоҳад кард.Ба он хотир ин омил ба вуҷуд меояд, ки кӯдак дигар худро идора карда натавониста, аз хоҳиши марғубу даргузари худ рӯй гардонида наметавонад.

Баъди ба балоғат расидан, чунин “ганҷ»-и падару модар , дар аёми ҷавонӣ ҳар як маҳдудияти моддӣ ва ахлоқиро нисбати хеш, ки аз тарафи волидайн сурат мегирад, ҳамчун вайрон намудани ҳуқуқҳои худ медонанд.

Дар чунин ҳолатҳо онҳо нисбати падару модар хашмгинӣ ва беҳтиромӣ зоҳир мекунанд, ё нисбаташон бо нафрат менигаранд. Волидайн бошанд нисбати фарзанди эркатулфори хеш шикоят арза медоранд.Онҳо дар ин ҳолат фаромӯш мекунанд, ки худашон солҳо фарзандро бо рафтори нодуруст ва ғайримақсадонаи худ, тӯҳфаҳо ва нозпарварии зиёд ба воя расонидаанд.

Минбаъд,дар давоми зиндагӣ талаботҳою шартҳои қатъии ҳаёти ҷиддӣ шурӯъ мешавад ва ғамхории пешини волидайн акнун ҷояшро ба ноумедиҳо ҳолатҳои гуногуни пуразоб, ки барои мубориза барои зистан зарур аст иваз мекунад.Инҷо ба ба зудӣ мавҷуд набудани характер ва иродаи қатъӣ, ки дар мубориза дар бисёр ҳолатҳо барои чунин фарзандҳо бар асари тарбияи нодурусти падару модар дастнорас гаштаанд рӯи об меоянд. Аллакай дар уфуқҳои ҳамин давра нишонаҳои майл ба худкушӣ дар эҳсоси чунин ҷавони қалби қавӣ ва матонат надошта лона мегузорад.

Дар чунин тарзи ғалати таълиму тарбияи волидайн ҳамчунин ҳолатҳое низ ҳаст, ки фарзанди нозпарвар метавонад худро аз тарбияи нодурусти волидайн бо андешаи озоди худ берун кашад, лекин ҳодисаҳои вобаста ба омилҳои тарбияи нодурусти кӯдакон, ки баъдан дар зиндагии мусаъқилона ҷою мавқеъи худро бар асари беиродагӣ намеёбанд дар ҷомеъаи мо зиёд ҷой доранд ва сарчашма боз ҳамон оила ва тарбияи ғайримақсадноки падару модар ба овони кудакӣ аст на чизи дигар.

Таълими ақлонӣ албатта кори вазнинест ва ба фарзанди дӯстдоштаи худ иброз доштани суханони «ин корро накун» ва «номумкин аст» шояд на он қадар хушоянд бошад. Ба андешаи падару модар аз он беҳтараш тифлро доимо шоду масрур дидан беҳтар аст.Аз ин сабаб, ӯро бо тамоми шароити хостааш таъмин мекунанд, лекин дар чунин холатҳо ягон дӯстдории фаъолона аз тарафи падару модар нисбати кӯдак ҷой надорад.Ин танбалии ақл ё коҳилӣ ва иродаи сусти мост аст,ки ба шахсе ки барояш ҳаёт бахшидаем наметавонем масъулиятро дар тарбияи эшон бар дӯш гирем. Ин аъмол амалан як амали дағалонаи худпарастӣ(эгоизм) ҳаст, ки барои оянда худпарастии нав ва ё дар ҳолати нисбатан беҳтар,(эҳсоси аз ҳама боло будани худ) эготизмро тайёр мекунад ва он бисёр аъмолҳои нохуши худпарастӣ ва андешаҳои беҳосилро ба бор меорад, ки оянда балои ҷон хоҳанд шуд (дар урфияти тоҷикон масале ҳаст “эрка балои ҷон шуд” -шарҳи Варқаи Зайниддин).

Бар хилофи чунин омилҳои сабукфикронаи муносибат бо кӯдак, ҳамчунин омилҳои бетарафӣ ва дағалона муносибат намудан ба онҳо , зиёдатар аз ҷониби модарандарон ва камтар падарандарон ,ҳамчунин ҳамроҳ шудан ба ин аъмоли бешармона аз тарафи яке аз волидайн ва ё якҷоя , мардуми аз болои кӯдакон ба таври ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ҳукмдошта ҷой доранд.Тамоми ин фишорҳову таҳқирҳо, умеди кӯдакро барои оянда хушбахт ба яъсу ноумедӣ бурда, навраси бадбахт раҳоӣ ва наҷоти худро аз чунин азобу машақату таҳқирҳо дар худкушӣ хоҳад дид.

Баррасии парвандаҳои ҷиноятии худкушии ин гуна ҳолатҳо касро ба хулосаҳои беҳад жарфу аламовар мебарад, ки чи гуна бо як ваҳшигарии эҷодкардаи хеш аз тарафти ҷавобгарон онҳо нисбати кӯдаки бечора ва беҳимояву маъсум чунин амалҳои даҳшатоку разилонаро раво дидаанд. Байни ин ашхос ҷои намоён ва асосиро на инсонҳои оддӣ, ки худ дар як ҳолати вазнини зист қарор доранд, балки шаҳрнишинон «маданӣ» ва бисёр вақтҳо хориҷиҳо ва ё намояндагони касбу кори гуногун ҷой доранд.Инҷо онҳо байни худ вобаста ба азобдиҳии ҷавонону наврасон гӯё сабқат дошта бошанд.Чунончӣ: дорандаи мағозҳои мӯдҳо, зани адмирал, банкир, суратгир, роҳиоҳанчӣ ва табиби полк ва ғайраҳо ба чунин амалҳои нангин даст задаанд.Беихтиёр инҷо сухани Некрасов ба ёд меояд: «Оиди ҳодисаҳои ҳалокати одамон дар мубориза барои ҳаётро шунида, бетарафона онро нафрин намуда, зери сояи ин амалҳо шумо оё гиряи паст ва шикояти кӯдаконро мешунавед?».

Рушди баъзе аз соҳаҳои донишҳо, техника албатта ҷои шубҳае надорад, бо азми қатъӣ ва боварибахш он ба пеш равона буда, кашфиётҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст, лекин инсоният дар ин рушди босуботи илму техника, дар муносибатҳои маънавӣ ба он расидагӣ карда натавониста, баъзе аз кашфиётҳоро барои аъмолҳои даҳшатнок ва мақсади ваҳшиёна истифода мебарад.Танҳо ба ёдовардани ҷанги охир(Ҷанги 1-уми ҷаҳон дар назар дошта шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин) бо истифодаи газҳои гуногун, аэропланҳои ҷангӣ ,тирҳои тарканда ва заҳролудкунанда ва ғайраҳо басанда аст.

Техника пеш меравад, ахлоқ бошад на танҳо дар ҷояш истодааст, балки он мисли як ашёи фарсуда аз байн рафтаву ҷои худро ба ҳиссиётҳои худписандӣ иваз, аъмоли бади фосиқию бадахлоқию бадбиниро эътирофу инсонро зери таъсираш қарор додааст. Зери таъсири тамоми шароиту омилҳои ишорашуда, шароити ҳамзистӣ дар ҷомеъа, рушду паҳншавии шадиди худпарастӣ инсонро маҷбур мекунад, ки ба ҳамаи ҳодисаҳои атроф зери таъсири пеш аз ҳама муносибат ба худаш баҳо диҳад. Дар ин росто ҳаёти дохилии холии зиндагиро дар худ ба миён меорад, ки он аз манфиатҳои умумиҷамъиятӣ ва якдилии байни инсонҳо дур буда, бегона шудани ҷомеъа ва инсонҳо аз ҳамдигар , ана аз ҳаминҷо аз ҳамин ҷо сарчашма пайдо мекунад.

Инсони ҳозираи фарҳангӣ бисёр мехоҳад бештари вақт дар танҳоӣ, холигоҳи худ қарор дошта бошад.Қатъи назар аз ин ба аҳли ҷомеъа, ба одамони дигар менигарад, баъд зина ба зина нисбати инсонҳо одамбезор , нисбати зиндагӣ бошад гирифтори яъсу ноумедӣ мегардад.Агар чунин андеша ба ботини онҳо жарф реша давонад , дар ботин, рӯҳу қалби холии чунин ашхос дар ҳолати вуруд омадани ҳодисаҳо нохушоянд, андешаи худкушӣ ба миён омаданаш ногузир аст.Дар чунин вазъ ду роҳ вуҷуд дорад.

Ё дар муқобили шубҳа ва яъсу ноумедиҳо андешаи мақсаду моҳияти зистан ба вуҷуд меояд, ки он дар шеъри ҷавобии андешаҳои Пушкин ва Филарет(«Ҳаёти бефоида,ҳаёти тасодуфӣ, ҳаёт чаро ба ман дода шудаӣ?”) ифода ёфта, ба замми ин дар инҷо андешаи ҳаёт ин қарз ҳаст, дар қатори дардкашиву азоб, дар ҷавҳари вай шодию сурури зист дар табиат ва рӯҳияи олии лаззати он вуҷуд дорад.Чи тавре, ки Пушкин гуфтааст: «Ман зиндагӣ мехоҳам то андеша намоям ва ғӯсса хӯрам».

Инсони аз лиҳози моил будан ба дин , зери таъсири ғояҳои масъулият дар назди шоҳидони андеша, ҳиссиёт ва аъмол қарор мегирад- чун “хӯҷаини Толстойӣ” дар назди виҷдони худ барои беҷуръатии аз ҳаёт рафтан, ки шояд барои наздиконаш зинда буданаш зарур буд(ибораи “хӯҷаини Толстойӣ аз тарафи устод Кони чун лутфи сухан истифода бурда шудааст, вобаста ба биное,ки граф Михаил Павлович Толстой, сохтмони онро сармоягузорӣ карда буд ва онҷо ашхоси гуногуни фарҳангӣ солҳо зиндагонӣ намуда, онҷо худро моликдор меҳисобиданд- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Барои чунин одамон андешаи динии дошта дар қолаби эшон пешбинии оянда оиди холиқияти ӯ меистад, зиндагии заминӣ бошад, ин як истгоҳест, ки онро бояд то охир тай намуд. Бо андешаи нозуконаи Толстой «Назоратчии истгоҳ , марг намеояд ва зери садои нақораи сегона иброз намедорад: «Вақти рафтан шуд».

Ё инсон ба боварие меояд,ки ӯ ашёи беидрок ва берағбат барои табиат аст, ки иродаи табиатро оиди кӯркурона давом додани насл ба иҷро ва баъди иҷрои ин вазифа мумкин ҳаст ба ӯ мисли сухани Шиллер гӯянд: «Мавр кори худро иҷро кард, мавр метавонад равад».Инҷо марг на дар назди истгоҳ ҳаёт, балки дар холати итмомаш қарор дорад.Инсони имрӯза бисёр ҳолатҳо дар андешаи аз қавми дуюмдараҷа будан меафтад,ё дар баъзе мавридҳо метавонад бо шубҳа дар тарси Гамлетӣ( Гамлет -қаҳрамони песаи маъруфи Шекспир- шарҳи Варқаи Зайниддин) оиди исти пуриқтидори рафтан ба хоби абадӣ ва хоббинӣ қарор гирад. “Мурдан- хоб рафтан аст” -чунин меандешанд қаҳрамонони ҷовидонаи офаридаи Шекспир ва агар ӯ тарс аз хобравиро намедошт, вай хоҳиши онро дорад, ки бо як зарбаи «бигизи мӯзадӯзӣ» барои беҳуқуқӣ, озори ғурур, залили рӯҳ, залилии хизмат» аз ҷаҳон рафтаву наҷот ёбад.

Худи Шекспирро бошад, аз 66 сонетаи офаридааш, чи тавре, ки маълум аст аз “оромии абадӣ”, на танҳо тарс, балки ҳамсари дӯстдоштааш нигоҳ медошт.Дар чунин ҳолат ҷигилии байни марг ва ишқ, ки Тютчев менависад: «Кадом шахс дар ин фаровони барзиёдии эҳсос вақте хун меҷӯшад ва лахт мешавад , васвасаи шуморо оиди худкушӣ ва ё ишқ надид?”( Фёдор Тютчев- 1803-1873 шоир,тарҷумон ва дипломати рус-шарҳи Варқаи Зайниддин) дар бисёр вақт вазъи рӯҳии инсон чи хеле, ки маълум ҳаст аз номаҳои пешазмаргии онҳо хуб маълум хоҳад шуд.

Масалан, дар Маскав ду коргар ба як духтар ошиқ гашта, духтари саргумзада надонист, ки кадомеро интихоб кунад.Ин ду ҷавони дилдода менависанд , ки онҷо ба қароре омадаанд, ки якҷоя ин ҷаҳонро падруд гӯянд.Барон Р. ки завчаашро аз даст дода буд, дар номаи пешазмаргии худ нигоштааст, ки «Марг бояд манро аз завчаам ҷудо накунад, балки моро абадӣ бо ҳам оварад».Ду духтари муаллимаи мусиқӣ баъди вафти модари азизашон қарор медиҳанд, ки даст ба худкушӣ зананд ва заҳри пуртаъсирро менӯшанд.Донишҷӯи донишгоҳ дар мактубчаи боқигузоштаи худ менигорад, ки аз худованд илтиҷҷо менамояд, ки духтари вафтидаро, ки хело дӯст медошт ва мехост бо ӯ оила барпо намояд, бо ӯ дар он дунё мулоқот таъин намояд. Бевазани 23 сола, ки ба эҳсосоташ шахси дӯстдоштааш ҷавоб намедиҳад, дар навиштаи пешазмаргии худ менависад, ки аз ин интизории бенатиҷаи дӯстдораш монда шудааст, аз ин рӯ заҳрро нӯши ҷон карда, аз олам ихиёран меравад ва агар ин кор нашавад ӯ худро бо банд меовезад ва ӯ ин корро амалӣ намуда худро мекушад.Муҳандиси 50 сола баъди вафти завчааш ва дарди ҳиҷрон аз ин ҷудоӣ худро заҳролуд ва ба ҳалокат мерасонад.

Писари директори пансионати занона дар номааш чунин сатрҳоро иншо менамояд: «қарор додаст то худро парронад бо сабаби вафти модараш, рафиқи беҳтарин ва мунисаш».Капитани гвардия ҳамин амалро аз хафагии зиёд нисбати дарди носури хоҳарчааш ба анҷом мерасонад.

Марди 60-солаи булғор бошад бо сабаби вафти наздиконаш зистанро дигар имконпазир намешуморад.Умуман бо номаҳои пешазмаргии одамон ва навиштаҷоти онҳо ман дар давраи фаъолияти кориям чун судя шинос шудаам,гуфтан мумкин аст, ки номаҳо на танҳо ба мақсади рӯйдода ишорат мекунанд, ҳамчунин дар бисёр вақт шахсияти нависандаи онро бозгуӣ низ менамоянд.

Дар бархе аз ҳолатҳо худкушӣ ба таври оромона сурат мегирад, аз чумла бархе аз худкушҳо баъди истифодаи заҳр, назорати вазъи худро оиди истифодаи заҳр ва таъсири он ба ҷисмашон дар номаҳояшон қайд менамоянд.Шоири маъруфи лирик Фет (Афаннасий Фет -1820-1892, шоири лирики рус- шарҳи Варқаи Зайниддин) пеш аз даст задан ба сӯиқасди худкушӣ ба котибааш ин суханҳо илқо кардааст: “Намефаҳмам ин зиёдшавии бошуурона ва баъдан ногузирии ҷафокашии ояндаро, аз ин рӯ ихтиёран аз ноилоҷӣ ба ҷои бебозгашт меравад».Зани хонадони баландпоя менависад: «Холаи азиз!Ман ҳоло дар ҷангал қарор дорам.Ман шодам, гулҳоро чида истодаам ва бесаброна омадани қатораро интизорам(зери ин қатора баъдан ӯ худро партофта ба ҳалокат мерасонад).Беақлӣ мешуд, ки ман аз худо ёрӣ хоҳам, барои он чизе, ки аз дили ман мегузарад ба ҳар хол ман мехоҳам, ки хоҳишамро ба иҷро расонам».

Собиқ судяи созишкор , ки аз дунё хастаю дилмонда шудааст, соату даққиқаи иҷрои худкуширо дар нома навишта иброз медорад, ки ботини худро пеш аз амали худкушӣ таҳқиқ менамояд, оиди вазъи ҳамёзакашӣ ва ларзиши сабуки худ қайд намуда, иброз медорад, ки дар ҳамин ҳолати рӯҳӣ коняк наменӯшад, зеро ба пиндораш спирт ҷараёни гардиши хунро зиёд мекунад, 5 даққиқа пеш аз паррондани худ аз ёфтани қалбаш шубҳа мекунад.

Директори гимназия Дяковский бӯҳрони молии худро мушоҳида карда, мактуби васияти навишта, баъдан ба донишҷӯён маърӯза хонда, баъди итмоми маърӯза худро мепарронад.

Ҳунарпешаи музофотӣ Бернгейм, бонуи 22 сола, ки худро бо кокаин заҳролу намудааст ба бародари худ менависад , ки ба таври возеҳ «чи тавр рӯҳ зери таъсири заҳр аз ҷон мебарояд» , машваратчии махсуси ба нафақа баромадаи 45 сола бошад пеш аз паррондани худ, санаи 5-уми июн сабаби худкушии худро чунин шарҳ медиҳад,ки хоҳиши калисоро вобаста ба иҷро накардани ҷаноза нисбати худкушӣ пура ба иҷро расонидааст, то аз гузаронидани сурудҳои мотамӣ ва дигар мазҳакаҳои серхарҷ худро осон халос намояд(чи тавре,ки дар боло ишора рафт, калисо тибқи санадҳои ҳуқуқии он замон, ба таври анъанаи дини насронӣ ҷаноза кардани шахсони худкуш ва сӯиқасд ба онро маън карда буд, инҷо то андозае бо ин сухани “зарофатомез” шахси худкуш норозигии худро аз қонунҳои он замон оиди ҷазо барои шахсони худро ихтиёран ба ҳалокатрасонида, ба андешаи банда иброз низ доштааст- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Санаи 12-уми июн пеш аз куштори худ, дар номааш иловатан боз чунин хоҳишро аз ҳукумат тақозо дорад, ки дар бораи ин воқеъаи на он қадар мароқангез , яъне худкушии онҳо амр диҳанд, ки дар нашрияҳои даврӣ ахборот ба чоп нарасад.Ба ин нома боз хатчаи иловагиеро ҳамроҳ намудааст, ки матни барои хидматгораш тайёр намудааш чунин аст: «Евгения вақте маро мурда дарёфтед доду ғавғо, шавқун ва гиря дар хона накунед, табибро ҷеғ назанед.Оиди ҳодиса ба ҳамаи хоҳарони ман хабар расонед.Лифофаҳои дар номи худам ва Праскова тайёр намудамро гиред.Ба ҳардуи шумо барои хизмати софдилона ба камина ташаккур баён медорам.Барои ман бошад афсӯз хӯрдан лозим нест.Барои зиндагӣ намудан дар ҷисми ман дигар қуввату мадоре намонд, хело душвор буд зистан.Мемурам. Ин кори анҷомдодаам барои ман хубтар аст». Мақсади худкушии худро 16-уми октябр ба иҷро расонида, ҳамаи андешаҳои пештар навиштаашро пурра тасдиқ менамояд.

Вобаста ба ҳодисаҳои даст задан ба худкушӣ тариқи заҳролудшавӣ бошад , баъзан амали кардани чунин тарзи худкушӣ мӯҳлати давомдор дорад.Заҳрро ёфта захира мекунанд, ё заҳри дигари таъсирнокияш зиёдтарро дастрас намуда бо заҳри мафҳузкарда иваз менамоянд ва ё вақтеро интизор мешаванд, ки барои истифодаи он мусоидат намояд.

Масалан, вакили ҳимоя дар маҳкама Ахочинский бо мақсади даст ба худкушӣ задан ишқори калийро аз хориҷа ҳангоми сафари хизматияш дастрас карда меорад.Дар Маскав бошад кокаин бо морфинро барои анҷоми худкушӣ авлотар медонад ва дар ин хусус ба шиносаш изҳори андеша менамояд.Бо ӯ хайрбод гуфта, баъди як рӯз худро ҳангоми тановули хӯроки бегоҳирӯзӣ дар иҳотаи наздиконаш ба ҳалокат мерасонад “чун анҷоми амал ба чунин тарз сабук меафтад”.Дар қисмати бузурги номаҳои пешазмаргии ашхоси даст ба худкушӣ зада ба таври равшан аз зиндагӣ ноумед гаштан ва даст ба худкушӣ задан сухан меравад.

Роҳбари гимназияи хусусӣ чунин менависад: “ Ман аз зиндагӣ монда шудаам ва зарфияте низ надорам».Муаллима аз худ чунин номаро боқӣ мондааст: “Дар марги ман касеро гунаҳгор накунед:роҳи пурмашаққати зиндагӣ, ҳаёти манро вазнин кард, ман кӯшиш кардам, ки аз ин вазъ худро раҳо кунам , вале кӯшишҳоям барабас рафтанд.Ҳоло бошад дигар намехоҳам пеш ҳаракат кунам ва ба ин амал қудрату тавоноӣ низ надорам».Махсусан ду номаи пешазмаргии дар назди ман буда, хело дардноку пуралам ҳастанд.Шаҳрванд Либаская духтараки 16-солаи хонандаи гимназия доштааст.Иҷоранишинаш баъди аз намоиши тетрӣ баргаштанаш, ин духтаракро дар дуздии гӯшвораҳои қиматбаҳои алмосияш муттаҳам менамояд.Ин иҷоранишин ду духтари ғайриникоҳии худро, ки аз тарафи падарашон партофта шуда буданд, бо тамоми кӯшиш парвариш мекард. Либавскаяи бемор ва бемадор ба гунаҳгоркунии духтараки худ тоқат накарда, худро заҳролуд менамояд, баъди ду рӯзи ин ҳодиса бошад «ҷабрдида» гӯшвораҳои худро дар хонаи иҷораи дигар, ки иддао мекард, ки онҳоро дуздидаанд пайдо намудааст (ба андешаи ман ҳамон зани ҳунарпешаи иҷоранишин бо мақсади надодани пули иҷора ва муфт хориҷ шудан аз онҷо, ин «мазҳакаи дуздии гӯшвораҳои дуздидашуда»-ро ба намоиш гузошта, боиси даст ба худкушӣ задани зани муштипарӣ бегуноҳе гаштааст- на чизи дигар-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ба ҳамин монанд бонуи дигар, ҳамхобаи бисёрсолаи марде, ки нахостааст, ки бо векселаш маблағашро пардохт намояд ба зершуъбаи 3-юми машҳури пулис аз болои ин зан муроҷиат намуда, аз тарафи ин мақомот зан бе фаҳмонидани сабабои дастгиркунияш ба ҳабс гирифта шуда, аз тарс ва нофаҳмию зери фишор қарор гирифтанаш, ба шиддатнокии руҳӣ бурда расонидаанд, ки номбурда баъдан даст ба худкушӣ мезанад.

Бисёре аз мазмуни номаҳои пешазмаргӣ дар худ мазмуни эҳсоси оштишавӣ ва бахшиши ҳатто онҳоеро, ки нисбаташон бадкеширо раво дидаанд низ дар бар мегиранд.

Номаҳои маъзаратхоҳӣ низ бисёр вомехӯранд.Масалан, матни номае чунин аст: “Хон, худ ва писарамро эҳтиёт кун , маро барои шикастани ҳаётат бубахш.Бахшиш Хони муқаддаси ман.Агар бо ту зиндагиро ман давом дода натавонистам бо, ки мешуд онро давом дод?» менависад поручики худро парронда.Ё дар номаи дигаре ин суханҳоро мехонем: «Лелеҷони азиз, вақто, ки ин номаро мехонӣ, ман дигар дар қайди ҳаёт нестам.Ба хотири тамоми муқаддасатҳо, маро барои нохушиҳо ва пастзаниҳои расонидаам бубахш.Ман дар назди шумо ба таври беохир гунаҳгорам.Медонам, ки ба ҳар ҳол ту манро дӯст медорӣ - хоҳиш менамоям, ки ба ҳар ҳол мани нобакорро фаромӯш кун.Муштоқи дар рӯи дастони ту мурданро дорам, лекин ман шуморо даъват намекунам,ки манро аз роҳи интихобкардаам баргардонед».Дар баъзе аз мавридҳо бошад номаҳои пур аз нофаҳмиҳо ва дашному ҳақоратҳо низ вомехӯранд.Масалан, ба ин мактуби толибае нисбати устоди худ аз ятимхона мисол шуда метавонад.

«Наход забони шумо гардад, ки манро занак номед, вақте, ки ба шумо огоҳӣ додам.Дониста монед, гуноҳи кӯдаки дар батни ман аллакай почак зада ва ман шуморо мегирад. Ман ва ӯ мемурем, лекин лаънату нафрини худро ба ту мерасонем.Ту бо як суханат метавонисти ман ва кӯдакро ба ҳаёт баргардонӣ, лекин инро нахостӣ.Бигузор тамоми бадбахтиҳо ба сари ту оянд.Дар тамоми корҳоят бошанд бигузор оворагард шавӣ, ба ҷарӣ афтӣ , бигузор оҳи дили ман дар хама ҷой домангири ту бошанд.Ҳаёт, зистани берун аз ақлро хоҳонам».

Бисёре аз номаҳо хело мухтасар ҳастанд: «Зиндагӣ бароям дилбазан шуд», «Зиндагӣ арзише надорад» «Вақти бо ҳама падруд бояд гуфт фаро расид» , «Хушбахт монед», «Вақти хоб рафтан дар қуттӣ (тобут) расид”, «Мана ба шумо қабули меҳмон», «Куку», «Мехоҳам ба он дунё равам», «Фит-менависад,парронандаи назоратчии полиси маҳала, бозорро хотима дод.Ба дилам зад.Худам нокасам, мардум бошад аз ман нобакортар”.

Бисёре номаҳо дар худ майлу хоҳишҳои пешазмаргӣ доранд.Масалан, оиди пардохти қарзҳои худ, дар бораи пардохти маблағ бо хоҳиши дафн кардани масуф.Хоҳиши пешгирии кушодашавии ҷасад».

Ҳамчунин чунин хоҳишҳое вомехӯранд, ки ҷасадашро ба хотири манфиат овардан баро илм кушоянд.Мазмуну мундариҷаи қисмати зиёди ин номаҳо касро ба чунин хулоса меоваранд, ки онҳо аз тарафи инсонҳои боҳуш ва «ақли солим» дошта иншо гаштаанд.Барои бисёре аз ин номанависон ҷиддияти қонунҳои қабулгашта вобаста ба ихтиёрдорӣ ва хоҳиши пешазмаргӣ ва беэътибор дониста шудани чунин номаҳои дархостӣ номаълум низ буданд.Номаҳои ба волидайн иншо намуда, асосан хусусияти табрикӣ ва бешармона доранд. “Падару модари азиз, ба Шумо писари тоҷиратон навишта маълум мекунад, ки аз ҷаҳони равшан меравад ва шумо бошед тансиҳату бардам бошед».

Дар солҳои охир бошад вобаста ба сабабҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон дар номаҳои пешазмаргии худ ишорае намекунанд, ки ин амалҳо бошад боиси хотирпарешонӣ ва андешаи зиёду шубҳа, гумонҳо ва хулосабарориҳои гуногунрангу вазнину даҳшатноку худро маломат намудану айбдор кардан дар сар задани ин омилҳои нохуш аз тарафи наздикони онҳо мегарданд.

Масалан, ду писари бузурги як нафар муҳандиси маъруф дар зарфи як сол пасу пеш бо як тарз даст ба худкушӣ зада, ягон сатре оиди сабабҳои ба ин амалҳо даст задан барои модари меҳрубон ва падари бемори нимкӯргаштаи худ нанавиштаанд.Чунин амал аз ҷониби писари нависандаи маъруф, писару духтари як роҳбари калони маъмурият, духтари 18 солаи ҳунарпешаи театр, писарҳои зани маъруф ва ғайраҳо вомехӯранд.

Дар қатори дигар сабабҳои даст задан ба худкушӣ, баъзан бадмастиро низ ҳамроҳ мекунанд. Ба ин андеша базӯр метавон розӣ шуд.

Бадмастони анъанавӣ асосан аз азоби бемаҳдуди меъда, ҷигару мағзи сар мемиранд, ҳатто бадмастони ба чоҳи жарф уфтода низ аз домани ресмони зиндагӣ маҳкам медоранд, қатъи назар аз чунин аъмолу тинати шармоварашон низ. Бешубҳа тибқи ҳисоботи оморӣ худкушиҳо аз тарафи бадмастон 8%-ро аз ҳисоби умумии ҷамъи худкушиҳо ташкил менамоянд, лекин ин натиҷаи аъмоли бади пайдокардаи онҳо нест.Ба иштиёқи бемории майнӯшӣ рӯ оварда , бисёр вақт бадмасти «пеш аз бо иродаи худ аз ҷаҳон» рафтан, нӯшидан барои ӯ воситаи нерӯ бахшидан ба иродаи сустгашта, барои дар тинати худ ба ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани фаромӯшӣ аст, на худкушӣ.

Оиди даст ба худкушӣ заданро ба дуруст риоя накардани истифодаи усулҳои педагогӣ вобаста кардан, ягон дахле надорад. Мояи мушобеҳии номувофиқи дар имтиҳонот,тарс дар назди он ва ғайраҳо.Оиди ин масъала солҳои охир дар адабиёт маводҳои зиёде рӯи чопро дидааст.Нуқтаи телладиҳандаи пуразоб барои даст задан ба қатли худ, ҳамчунин баъзан азоби виҷдон кашидан низ шуда метавонад.

Масалан, аз тарафи коргари роҳи оҳан андешаи бесомонкунандае меравад, ки бо мақсади қасдона барои ба манфиати шахсии худ ба хотири гирифтани маблағ ва дар ин асос расонидани ёрӣ, бе ягон ҷазо ду садамаи нақлиётии роҳи оҳанро ба анҷом расонидааст, ки ин амали разилонаи эшон қурбониҳои зиёдеро ба бор овардааст, ё аз тарафи штабс-капитани дар истеъфо қарор дошта, ки ҷомадонро бо 2 ҳазор рубл дар купеи вагон дуздида, баъдан пушаймон гаштаву натавонист соҳибони онро ёфта, амволи дуздиро баргардонад, ё духтараке, ки нисбати одамони ӯро парвариш ва таълим дода ҷафои зиёдеро сазовор донистааст ё дарбоне, ки баъди куштани 4 духтараки масъум дигар «ҳеҷ зиндагиро қабул надорад» мисол шуда метавонанд.

Ин азоби виҷдон кашиданҳо, эҳсосоти нохушӣ аз хатоҳои берӯёна содир намудаи онҳо дар назди одамон, ки қурбон гаштаву зиён дидаанд сарчашма мегиранд.

Ба маводҳои гуногун ва ҳама вақт бо омори ба ҳамдигар мувофиқнаомадаи худкушӣ назар андӯхта, ҳамчунин бо мушоҳидаҳои шахсии худ ва хотираҳоям оиди ин ҳодисаҳо ман метавонам махсусияти характери ин падидаро қайд намоям.

-Якум таъсири ҷинс, синну сол , вақти сол ва рӯз. Дар умум миқдори шумораи худкушии бонувон 25% , аз ҷумлаи 100%-и худкушиҳоро ташкил менамояд.Бо солҳо миқдори худкушиҳо боло меравад, аз 15 то 20 сола 5%, баъдан то 40 солагӣ боло рафта, аз 40 то 50 солагӣ боз поён мефурояд, боз болоравии худкушиҳо аз 50 солагӣ то 60 солагӣ ба назар мерасад, дар давраи аз синни аз 60 солагӣ то 70 солагӣ бошад ба ҳамон давраи наврасию навҷавони яъне 5% омада баробар мешавад.

-Ба эътибор нагирифтан ва тарс дар назди ҳаёти пуртазод, ноумедии барвақтӣ ва дар тинати худ аз тарафи дигар ноумедиҳои дермонда барои зиндагии барабас рафта, нотавонию бемориҳои замони пирӣ, мондашавии равонӣ, эҳсоси беҳосилии кӯшишҳои ояндаи нек, қарори якхеларо ҳам дар аёми ҷавонӣ ва ҳам замони пирӣ ба андешаи инсони яксон ҷой менамояд.Баъди 80 солагӣ ҳодисаҳои худкушӣ бисёр кам ба вуқӯъ пайваста, ба замми ин руйдоди ин ҳодиса дар ин синну сол сири нокушода боқӣ мемонад.Чунин буд масалан худкушии рӯҳонии 82 сола, ки бо морфий худро ба ҳалокат расонида, дар наздаш бошад болои миз китоби Евангелий аз Ионна кушода меистод.Дар чунин ҳолат ва дар чунин синну сол олими яҳудӣ Швартс ба ҷои Евангелия китоби «Танқиди ақли тоза»-ро, ки болои мизаш кушода буд, худро ба ҳалокат расонидааст.Дар ин асос ягон сабаби чаро ба ин қарор омадани ин пирони синну солашон ба ҷое расида пайдо карда нашуд.

-Агар ба шахси ба масъалаи худкушии одамон шинос набуда суол дода шавад, ки чунин ҳодисаҳо кай сурат мегиранд, қисмати зиёди пурсидашудагон руйдоди чунин ҳодисаҳоро ба моҳҳои ноябр ва декабр нисбат медиҳанд бо омилҳои дар зери чароғи нимхира, рӯзҳои кӯтоҳ ва хунук шахсро ба фироқ мебарад, шабона вақто ба шумо лозим меояд, ки аз ҷой бархезед, вақте хоби парида наметавонад андешаи ғами талху андӯҳи гаронро аз сари шумо дур созад ва «морҳои қалби шумо» бо тамоми нерӯ шуморо ба андеша кардан водор месозанд.

Ин андеша бошад мегӯям, ки иштибоҳи маҳз аст.

- Аз ҳамаи моҳҳои асоси руйдоди худкушиҳо ин моҳҳои май ва июн мебошанд.Дар кадом соатҳо, аз пагоҳӣ то нисфирӯзӣ ва аз соатҳои 1 то соати 3 , яъне давраи авҷи ҷӯшиши ҳаёти атроф ва ҳаракат.

- Дуюм,таъсири маҳал, эътиқоди динӣ ва касбият аст.

-Байни мардуми муҳаммадӣ(инҷо мардуми мусулмон дар назар дошта шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин) умуман ҳодисаҳои худкушӣ ҷой надоранд ба назар намерасад, ки тақдирпарастии ба ислом хос буда, онҳоро аз ин амал нигоҳ медорад, дар байни мардуми яҳудитабор низ ҳодисахои худкушӣ камтар ба назар мерасанд.

- Байни мардуми насоро бошад ҳодисаҳои даст задан ба худкушӣ пайваста дар ҳоли афзоиш қарор дошта, он дар чунин ҳолат қарор дорад: католикҳо, баъдан православиҳо ва аз ҳама зиёдтар байни протестантҳо чунин ҳодисаҳо ҷой доранд.Дар самти аз ҷануб ба шимол(бидуни Норвегия ва кисман Швейцария) худкушӣ реша дар зиёдшавӣ дорад.Дар мавзеъҳо кӯҳӣ чунин омилҳо нисбати шаҳрҳо камтар рух медиҳанд.Дар Россия онҳо дар самти аз шарқ ба сӯи ғарб дар ҳолати болоравӣ қарор доранд. Дар Аврупо ин ҳодисаҳо аз ҳама зиёдтар дар байни аҳолии Саксония ба назар мерасад.

-Тинати миллӣ худро ба таври возеҳ зимни худкушиҳо ба намоиш мегузорад ва ҳамзамони зимни номаҳои пешазмаргӣ низ он зуҳур меёбад.

Масалан, фаронсавиҳо наметавонанд ҳангоми даст ба худкушӣ задан аз намоиши театрикунонидаи худ ҳангоми иҷрои он даст кашанд ,олмониҳо бошанд хотирпарешон ва боз риқатовар ҳастанд, мардуми рус ё таъсир аз афсурдаҳолӣ дорад ва ё нисбати худ шӯх, лекин ҳама вақт эҳсосоти некмандии қалбиро аз худ ба ҷой мегузоранд.Фаронсавии ҷавон худро барои он таҳқиршуда ҳисобидааст, ки хоҳиши ӯро оиди издивоҷ намудан духтари дар яке аз боғоти назди Петербург зиндагикунанда рад намудааст.Аз ин сабаб дар як рӯзи тамузи тобистон ба ҳангоме, ки ба айвони назди ин боғ, аъзоёни ин оила чой менӯшиданд ҳозир гашта, таъзим намуда, ба банди алафи онҷо буда такя намуда, дар сари синаи худ акси духтарро гузошта рост ба қалби худ тир мекушояд. Олмонии ҷавон молфурӯши муассисаи калони савдо, ки ӯро ғайриқонунӣ дар фаъолияти хизматӣ гунаҳгор намуда, баъдан аз ӯ бахшиш пурсидаанд, дар субҳи барвақт дар вақти Рўзи Иван ( иди қадимаи мардуми славян - Рўзи Иван Купала, ки ҳар сол санаи 7-уми июл ҷашн гирифта мешававд-шарҳи Варқаи Зайниддин) дар хараки боғи клуб худро парронида, нома аз худ боқӣ гузоштааст: «Офтоб барои ман охирин бор тулӯъ мекунад,зиндагӣ намудан дар ҳолате, ки шаъну шарафи ту зери гумону шубҳаҳо қарор мегирад, номумкин аст, қалби бечора ҳамон вақт азоб намекашад, ки агар ӯ аз табидан боз монад, лекин афсӯз,ки на аз тири фаронсавиҳо».

Донишҷӯи рус бошад ба рафиқаш чунин нома менависад: «Володка! Ба шумо расиши пардохти кассаро мефиристам пиджаки бахмалини манро хар ва онро барои саломатият пӯш.Ба сафаре мебароям, ки аз онҷо касе барнагаштааст.Хайр дӯсти абадии то даври тобути шумо, ба наздикӣ барои ман зарур хоҳед шуд».

- Вобаста ба омори касбият бошад, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама зиёдтар ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ба ном «либералҳо» (адвокат, журналист, ходимони театр, педагогҳо ва ғайраҳо ба назар мерасад.Лекин аз ҳама нақши бузургтаринро дар худкушӣ аз байни касбиятҳо , ки бо омори дигар муттахасисон қиёснашаванда аст, ин аз ҳисоби касби табибӣ ҳаст.

Тибқи тадқиқоти Сколевский ва академик Веселовский миқдори худкушиҳо дар Аврупо ва дар Россия ( бо фарқиятҳои ночизи рақамӣ)

1 ҳодисаи худкушӣ дар 1200 вафот рост меояд.Байни табибон бошад , ки 23% онҳоро инсонҳои дар сини 30-40 сола ташкил дода, аз бемориҳои қалб мевафтанд, 1 ҳолати худкушӣ аз 28 ҳодисаи вафти табибон рост меояд.Оё аз ин исботкунии зиёдтар зарур ҳаст вобаста ба вазнини фаъолияти тиббӣ , ки бо шубҳаи дурустии ташхиси беморӣ таъсиргузор ҳаст.

Муаммои навишта (худкушии профессор Коломнин дар Петербург) бо фаҳмиши равшани бархе аз нотобиҳо аҳамияти фалокатовар дошта, ба таври доимӣ дидори мардуми бемору дардкашида бо мавҷуд набудани вақти истироҳат ва озод, бо меҳнати хело мушкил, тайёрӣ барои гирифтани дониши худ, сабаби аз ҳама зиёдтар ҳодисаҳои қурбонии худкушӣ гаштани табибон ба хусус байни дорушиносон,фелдшерҳо, акушеркаҳо ва ҳамшираҳои шафқат мегардад. Шояд дастрасии осон ба заҳр ва зери дасташон қарор доштани он, иҷрои кори онҳоро сари масъалаи худкушӣ осонтар менамояд.

-Ба махсусияти худкушӣ ҳамчунин омилҳои коллективӣ, сиротяшавандагӣ ва ҳамчунин такроршавандагиро низ бояд дохил кард.

Дар солҳои охир ҳодисаҳои зиёде оиди ду ё се нафари ба қарори худкушӣ омадан ва сарҷамъ даст ба худкушӣ задан ҷой дорад.Дар бисёр ҳолат ҳодисаи ба таври коллективона даст ба худкушӣ задан, як сабаб ва андешаи ягона дорад.Баъзан сабабҳои гуногун онҳоро бо ҳам оварда, боиси чунин омилҳои даҳшатнок мегардад.Дар бисёр ҳолатҳо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки як ё ду нафар зери таъсири қатъии як нафари дигар, ки ба худкушӣ истодагарӣ менамояд меафтанд, лекин ҳамин шахси ба худкушӣ ҳидояткунанда баъдан дар ҳолати охирон ба саргумӣ, дудилагӣ дар лаҳзаи ҳалкунандаи иҷрои амали худкушӣ меафтад.

-Ҳолатҳои баръакс низ вуҷуд дорад.Танҳо худкушии Калмансон ва ду нафар Луревҳоро ,ки баъди иҷрои марши мотамии бастакор Шопен дар ҳолати ҳунарнамоӣ ба он хотир ки «зиндагӣ ягон маъно надорад» даст ба худкушӣ задаанд мисол шуда метавонад.

Баъди ҷанг(инҷо устод Кони Ҷанги 1-уми ҷаҳонро дар назар дорад-шарҳи Варқаи Зайниддин) кушторҳои коллективи бештар дар байни занони муассисаҳои динӣ ва байни занони омӯзишҳгоҳҳои таълимӣ рух медод.Он давра бонувони роҳбари бархе аз донишкадаҳою гимназияҳо, объекти фикру мулоҳизаҳои беасос ва дурӯғини гунаҳгор будани онҳо дар рӯйдоди чунин ҳодисаҳои худкушиҳои коллективӣ ва сӯиқасд ба он қарор дода мешуданд.Ҳоло он, ки вазъи ба амаломада, ин натиҷаи эҳсосоти дардноку бархӯрд дар ҳаёт, дар зиндагии оянда буда, махсусан ба таври равони нақши он дар байни духтарони ҷавони синну соли гузариш ба назар мерасад.Чунончӣ, соли 1913 , 3 нафар духтари сабукпой ҳаёти худро якчоя аз байн бурда, дар номаи хайрбодии худ чунин навиштаанд: “Беҳтараш марг аст, аз ифлосии сари роҳ будан».

-Таърихи мо худкушиҳои коллективии аз рӯи моҳияти динӣ аз тарафи ифротгароёни шохаҳои гуногуни мазҳабӣ ва ҷудоихоҳони мазҳабиро дар ёд дорад.Зери таъсири матни машҳури «навиштори манфии роҳиб Евфросина» дар охири асри ХV11 ва аввали асри ХV111 бо роҳи мувофиқаи пешакӣ, ҳодисаҳои худсӯзӣ ва ғайқшавии оммавӣ рухдода буд.

Руйдоди чунин ҳодисаҳо баъдан дар алоҳидагӣ низ сурат мегирифт (яъне дар асри Х1Х низ- шарҳи Варқаи Зайниддин).Ҳодисаи худкушии оилаи Ковалёвҳо , ки ба таври зинда гӯронида шуда, барои аз тамғаи “мӯҳрӣ ғайринасоро ба ҳаёт падруд гуфтан ” канор рафтани худ , 25 нафар одамон, аз ҷумла тамоми аъзоёни оилаааш аз наврас то пир бо розигӣ ва хоҳиши худи онҳо зинда даргӯр гашта, худаш бо иқрори гуноҳ ба назди мақомоти ҳукумат ҳозир гаштааст мисоли равшан шуда метавонад.

-Кадом худкушии дар шароити ғайримоддӣ ва усули ғайриоддӣ рухдода, боиси такрори чунин омилҳо аз тарафи дигарон мегардад.

Дар солҳои 70-уми асри пор, як нафар бонуи фаронсавӣ худро дар шаҳри Харков ба таври он замон номаълуми гази ангиштсанг ба ҳалокат расонид.Баъди сари ин бону, бо ин тарз худкушӣ намудан аз тарафи дигарон 4 маротибаи дигар такрор ёфт.

- Дар боло ишора намудем, ки чи гуна асарҳои насрӣ, драматургия ба ҷавонон таъсири сахти манфии равонӣ мерасонанд , ки ба таври равонӣ ва мантиқӣ ин амалҳо таҳлил ва дурустияшон исбот шуд.

-Аз ин ҳам зарарнокаш вобаста ба рушд додани омилҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он , ин матбуоти даврии ҳаррӯза аст, ки оиди худкушӣ,сабабу омилҳои он,тарзи иҷрои он, нигоштаҳои номаҳои пезшазмаргии онҳо ба табъ расонида мешаванд.

Нашрияҳо одатан дар бисёр ҳолатҳои худқурбонкунии риққатовар хомӯширо ихтиёр мекарданд аз ҳисоби таассуф ва инсондӯстӣ нисбати хавфи шахсӣ доштани он. Дар хусуси ин омил бошад танҳо тасодуфан бо як чашмандозӣ мешуд аз ҳисоби рӯйхати мукофоти “Барои наҷоти ҳалокшаванда” дар саҳифаҳои ҷаридаҳои “Ахбороти ҳукуматӣ” огоҳ шавем.

Зимнан қисмати бешумори сутунҳои нашрияҳо оиди куштор, ғоратгарӣ, пошидани кислотаи сулфат ва махсусан оиди худкушиҳо ахборотҳо чоп менамоянд. Нашрияи хело оммавӣ ва паҳнгаштаи “Ҷаридаи Петербург” аз 3-юми марти соли 1911 дар сутуни хроника оиди 22 ҳодисаи худкушӣ, шарту шароити он пурра ахборот чоп намудааст.Чунин нашрияи москвагӣ дар соли 1913 ду сутунро оиди ҳисоботи омории худкушӣ бахшидааст.Дар моҳи май оиди 640 ҳодисаи худкушӣ дар 32 шаҳр аз “мухбирони худи тариқи телеграф” ба чоп расидаанд.

Бояд қайд намуд, ки маҳз тариқи нашрияҳои даврӣ оиди истифодаи гӯгирди фосфорӣ ва истифодаи ҷавҳари сирко ба чоп расонида, ин тарзи худкуширо ба паҳншудатарин тарзи худкушӣ дар кишвар табдил доданд.Дар соли 1912 аз 100%-и заҳролудшудагон аз ҷавҳари сирко 70% он ба ин тарзи захролудшавӣ тааллуқ мегирад, азҷумла аз ин 50% -и он ба хидматгорони хонагӣ рост меояд.

Инҷо оё зарур ҳаст, ки оиди ба кадом роҳ ба даст овардани ахборотҳо оиди худкушӣ аз тарафи репортёрон ва мухбирон мо” ба гуфти нашрияҳо ки аз шилқинӣ ва ҳангомаи бетарафонаи пурсиши махфиёна хизматгорону хизматгорзанон оиди ҳодиса , нақлҳои одамони гуногун ва розигии пурилтифоти пулисҳо оиди ахборот додан оиди чунин ҳодисаҳои рухдода, иттило додан оиди мазмуни протоколи ҷои ҳодиса, нишон додани номаи пешазмаргии шахси худро ба ҳалокатрасонида , бо як сухан хабар додан оиди тамоми ҳодисаи ҳолати худкушӣ, ки он боиси ғӯсахӯрии дигар одамон аз ин талафот ва бо изтироби пуршиддат дар сутуни нашрияҳои кофтани ахборот оиди ҳодисаи худкушӣ мегардад, ки онҳо боиси гирифтории ҳоле мешавад, ки шоири замони қадим гуфтааст: “ Бедор кардани ғам”гуфта гузарем.

- Ба олудасозии чунин омилҳо ва ба он андешаи чунин фикр бурдан ҳамчунин як амали пештар ҷойдоштае, ки баъдан ба таври адолатнок чунин омил боиси эрод гашт, ин гирифтани андешаҳо тариқи анкетаҳо ва пурсиши хонандагон, наврасону духтаракон оиди он, ки “оё дар андешаи онҳо хаёли худкушӣ ҷой надорад, оё чунин амал сӯиқасд аз тарафи онҳо ва хешу таборашон рух надодааст, оё ба кадом сабабҳое онҳо бовариро нисбати худ гум накардаанд, ноумедӣ аз одамон дар зиндагӣ, оиди ғояҳои ҳақиқат, зебогӣ, некӣ ва адолат , оё онҳо нисбати инсонҳо канорагирӣ мекунад, оё онҳо ба мавзӯъи адабиёт оиди парастиши марг ва инқирозӣ рӯҳафтодагиро афзалият медиҳанд” қувват бахшида, роҳ мекушод.

- Ба таври доимӣ такрор намудани ахбороту қиссаҳо оиди худкушӣ вазъро муташшакил гардонида, боиси пуршиддат намудану ҳидоят намудани шахси дар зиндагӣ ноумедгашта ва майл ба худкушӣ дошта барои ба таври исроркорона даст задан ба иҷро намудани он мегардад.Шахсе, ки худро бо мақсади ғайрқшавӣ ба об андохтааст дар бисёр ҳолатҳо дар муқобили шахсе, ки барои наҷоти вай мехоҳад чора бинад, мубориза хоҳад бурд, шахсеро, ки аз заҳр ба ҳалокат наразидааст ба ресмон , корд ё револвер муроҷиат хоҳад кард.Дар моҳи апрели соли 1913 завчаи коргар Анна Ивановна дар натиҷаи ноҷӯрии оилавӣ панҷ маротиба барои аз ҳаёт рафтан ба тамоми усулу шароитҳо кӯшиш кард.

- Он чиз мондааст ва бояд хотиррасон намуд, оиди ҳолатҳое, ки худкушӣ бегумон бо худнамоӣ ва дар ҳолати ғайриоддию таъсири назаррас анҷом дода мешавад.

Албатта дар чунин ҳолатҳо Америкаи Шимолӣ рекорд гузошт.Дар соли 1911 дар ҷаридае ахборот оиди дар Балтимор худкушӣ намудани шахсе бо номи Том Климбот дар саҳнаи театр, дар ҳузури тамошобини сершумори дар толор дидаву дониста ҷамъгашта, ки тамошобинонро оиди рӯдоди ин ҳолат тариқи ҷаридаҳо хабар додааст чоп гашт.Нависандаи фаронсавӣ Жерар де Нервал худро дар майдончаи хонаи бегона аз ҳаёт маҳрум сохта, дар назди ҷасадаш зоғи аз тарафи ӯ дастомӯзгашта ва махсус ҳамроҳаш гирифта, гашту гузор дошт.

Дар Одесса актрисаи театри на он қадар калон, ки дар ороишхонаи беҳтарин худро ороставу пероста ,атру гулоб зада буд, бо бастаи гулҳо, либоси зебо, пойафзоли сафеди атласӣ, дар ванаи гарм рагҳои венаи худро кушода худро ба ҳалокат расонидааст.Дар инҷо бояд Кадминро, ки дар саҳна худро заҳролуд намуда буд ва дар андешаи Тургенев ғояи навиштани ҳикояи “Клара Милич”-ро ба вуҷуд оварда буд метавон дохил кард. Ҳамчунин оиди ҳодисаҳои хело зиёд , ки ҷои худкуширо нисбати худ на ҳуҷраҳои ҷудогона, балки толори умумӣ ва тарабхонаҳо, ки аз чи бошад, ки дар бисёр ҳолатҳо пардохти маблағи хизматрасониро “фаромӯш” мекунанд метавон ҳарф зад(инҷо таъсири худнамоӣ ва ҷой доштани фаҳмиши пурраи ақлонӣ ба андешаи банда пурра ҷой дорад -шарҳи Варқаи Зайниддин).

-Тарзи ба иҷро расонидани худкушиҳо бо гуногунрангии зиёди худ фарқ мекунанд. Занон заҳролудшавӣ, аз баландӣ партофтани худ ё ба об ғарқ гаштанро афзалтар медонанд.Аҷиб аст,ки шаршараи Иматра дар Финландия дар наздикии Виборг барои худкушон ҷозибаи дилфиребонае дошт.

Соли 1911 ба ин шаршара аз ҳисоби одамони аз дигар ҷойҳо омада, 59 ҳолати худкушӣ дар инҷо рух дода буд, ки аз ин аз се , як ҳиссашро занон ташкил менамуданд.

- Оиди ҳодисаҳои худкушии комилан бошуурона ва бе ягон аломати махдудияти равонӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дорад.

Бархе дар ин ҳолатҳо ҳодисаҳо беиродагӣ, ки нисбати зиндагӣ эҳсоси бадбиниро ба вуҷуд меорад ва тарс аз зиндагӣ ва надоштани боварӣ ба “хушбахтиҳои шахсӣ”-ро мебинанд, дигарон дар чунин ҳолатҳо характери қавӣ ва қарори қатъӣ доштани шахсро мебинанд.Дар асл бошад ин омилҳову назарияҳо ба ҳарду ҳолатҳо тааллуқ доранд.Андешаи худкушӣ дар асоси рушди худ дар як қатор ҳолатҳо ин пайдо гаштани беиродагӣ ва беҷуръатӣ, мавҷуд набудани ирода ва истодагарии иродатманд дар муқобили вазъи вазнини зиндагист.

“Зистан - яъне мубориза бурдан аст” гуфтааст Сенек( Лутсий Сенек- драматург, шоир,нависанда, файласуф ва сиёсатмадор, устоди император Нейрон, барои муқобил баромадан ба сиёсати ҷазодиҳӣ нисбати мухолифини император ва ҳамчунин тарафдорони дини насоро ба ҷазои худкушӣ кашида шуда, завчааш Поллина низ ихтиёран худро бо шавҳараш соли 65-и милодӣ худро кушта буд-шарҳи Варқаи Зайниддин).Баромадан аз майдони ин муборизаи бисёр вақт ин як дилсӯзи нисбати худ аст, ки мутафаккири жарфандеш Марк Аврелий (императори Рим ва файласуф-шарҳи Варқаи Зайниддин) онро “намуди аз ҳама манфури беиродагӣ” медонист. Илова бар ин инсон бо ихтиёри худ шарораи ҳаёти худро хомӯш мекунад, ки қудрати ба дигарон гармӣ бахшиданро дошт

Аммо худи ба иҷро расонидани мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани худ дар муқобили савқи табии худнигоҳдорӣ, иродаи тавоно ва пуршиддатро дар лаҳзаҳои зер кардани куланги револвер, андохтани ҳалқаи дори тайёркардашуда, истифодаи заҳри ҳалоҳил ва ғайраҳо дорад.Дар бисёр ҳолатҳо амали иҷрои саросемавор, хоҳиш устувор барои тезтар аз ҳаёт рафтан , ки умуман аз муҳити атроф ва дигар сабабҳо вобастагӣ надорад ҷой доранд.

Дар ҷои дигар (“Дар роҳи зиндагӣ”-ҷилди-3-фоҷиаҳои зиндагӣ-маҷмӯъаи мақолаҳо, ёддоштҳо, нутқҳои судӣ ва адабии Кони А.Ф.)як қатор киссаҳо, ҳикояҳои барои ман шахсан маълум азҷумла оиди гӯшвораҳои гумшуда,ки асоси мавод барои “гӯшвори гумшуда” боиси руйдоди қарори фоҷиавии худкушӣ гашт ва бо бераҳмии қисмати тамасхуромез ин омил баъди руйдоди худкушӣ пурра аз байн рафт.Лекин намешавад чунин вазъиятеро, ки худкушиҳо дурустии худро ҳатто дар ҳамон давраи мавҷуд будани қоидаҳои ҷазои чиноятӣ”(Маҷмӯаи қонуни ҷиноятии соли 1885 , моддаи 1471) инкор кард ва инро метавон пурра аз рӯи нуқтаи назари урфу одатҳо фаҳмид.

Чунин маъхазҳо:

-таҳдиди беохири зӯроварӣ ва таҳқир нисбати зани оқила,ки барои аз байн бурдани таҳдид , ғайри худкушӣ роҳе намонда буд,

-зарурияти возеҳи худқурбонкунӣ ба хотири наҷоти наздикон,

-ҷони худро нисор намудан ба хотири дӯсти худ,

- иҷрои хуқурбонкунӣ барои саодатмандии хешу таборон ба ин мисол шуда метавонанд.

Ба ин омилҳо бемориҳои хосаро, бар асари вазнин ва муолиҷанашаванда буданашон метавон дохил кард, ки барои наздикон дидани чунин манзараҳои вазнину дардкашиии азизи худ хело вазнин аст. Инҷо рафтори беғаразона ва мақсаднок метавонад боиси роҳнамоӣ ба чунин корҳо гардад.

Чунин аст манзараи хело нопурраи ин бемории қироноварандаи беш аз пеш дар ҷомеъаи инсонӣ босуръат паҳншаванда. Решаи зараровари он дар байни “меҳнаткашон ва мардуми мувоҷҷеҳ ба мушкилӣ” нашъунамо меёбад.

Вай нерӯи ҷавонӣ,умеди онҳоро шояд дар арафи зуҳури нашъунамои дурахшон ва нафъовар барҳам мезанад.Ин омили номатлуб инсонҳои ҷавону пирро ба амали зараровари нокомӣ ва пастравӣ, замони вохӯрии ногузир бо озмоиши ҳаёт , ки мақсади ин озмоиш аз иҷрои қарз нисбати ҳамзистии инсонҳост, на шабеҳаи хушҳолию оромии шахсии зудшикан, ба варта тела медиҳад.

Тамоми ҷаҳони каму беш фарҳангӣ ва соҳибтамаддун айни замон дар ҳолати ҷӯшиши таассуроти шаротиҳои фоҷивӣ, барои анавсозии ояндаи худ дар такопӯ қарор дорад. Ҳангоми талабҳои мураккаби ин роҳи сохтмонаш ногузир ҳар як коргар, ҳар як нафаре, ки дар роҳи ҳаётии худ метавонад тасаллобахш бошад, бояд наздикони худро дастгирӣ намуда , дили онҳоро ба зиндагӣ гарм, меҳру муҳаббат ва хушиҳои он талқин намояд.

Дар асоси ин фикру андеша бо фаъолияти шахсии худ барои ҷавонон намунаи ибрат гардида, онҳоро тарбия, бо сухан ва кирдори худ хаёлҳои навмедонаву пучу нодаркори зарароварро, ки дар боло гуфта гузаштем аз сарашон дур намояд.Зиндагии нохуши худро қатъ накарда, барои зиндагии шоистаи шахсӣ ва хушбахтона мубориза ва қурбон бояд шуд. Дар ин асос ба хотири дастгирӣ ва некӯаҳволии дигарон фаъолона ширкат варзида , дар он моҳият ва мақсади аслии ҳаёт,зистанро бояд дарёфт!

Дар солҳои 40-уми асри пор (асри Х1Х дар назар дошта шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин), дар Фаронса бо сабаби иштиёқмандии зиёд ба як тарафи зишти романизм, ба андозаи фавқулъода ҳодисаҳои худкушӣ тибқи шаҳодати шоҳидони он замон зиёд гашта буд.

Оиди ин ҳолати таассуфовар ва фоҷивӣ Жорж Занди машҳур(1804-1876 -адибаи маъруфи фаронсавӣ,ки устод А.Ф.Кони ба асарҳои мавсуф зиёд рӯ меоварад- шарҳи Варқаи Зайниддин), ки дар вақташ аз хаёлаш андешаи худкушӣ гузашта буд чунин мегўяд:

“Бояд дӯст дошт, азоб кашид, ашк рехт, умед баст, меҳнат кард, то аз умр бархурдор шуд.Бо ин омилҳо чун афтиш, захма, норасоӣ, умедвории беҳуда ҳисобӣ кардан зарурият надорад. Лозим аст, ки аз ҷой бархост,пораи қалби пурхуни хешро ҷамъ овард, бо ин ғанимат роҳи худро то охири ҳаёт, метавон то замони даъват ба дунёи дигар давом дод”!

Аз русӣ тарҷумаи Варқаи Зайниддин,Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочии матбуот, фарҳанг, маориф,     радио ва телевизиони Тоҷикистон.      

Аз мутарҷим

Анатолий Фёдрович Кони( 1844-1927) ходими намоёни мақомоти судӣ ва прокурории Россия, олими ҳуқуқшинос,нотиқи шӯълавар,мунаққид ва адиби ёддоштнавис доир ба проблемаҳои умдаи ҳуқуқӣ ва таҷрибаи зиёди корияш дар мақомоти судӣ ва прокурории Руссияи тоинқилобӣ асарҳои мондагоре аз худ мерос гузоштааст.

Гуфтан мумкин аст, ки навиштаҳои ин шахсияти бузурги ҳуқуқӣ ва адабӣ, ҳам замони пеш аз инқилоб, замони шӯравӣ ва ҳол низ асарҳои рӯимизии ҳуқуқшиносону адибон дар сатҳи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбанд.

Бо гузаштани беш аз як аср ҳоло низ навиштаву мушоҳидаҳои ин нобиғаи замони худ ҳам дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳам адабиёт моҳияти худро гум накардаанд.

Аз ин рӯ тасмим кардам, ки навиштаи эшонро бо номи “Худкушӣ дар қонун ва ҳаёт”,ки дар он андешаҳои заркӯби устод дар ҳамоҳангии таҷрибаи фаъолияти ҳуқуқӣ,адабӣ ва то андозае фалсафӣ ба ҳам омадаанд ба забони тоҷикӣ тарҷума намоям,зеро ҳодисаҳои худкушӣ бо гузашти беш аз 100 соли нашри он,ки устод Анатолий Фёдрович онро ба таври жарф таҳлил намудааст, ҳоло низ проблемаи асосӣ имрӯза буда, дар ҳаёти ҷомеъаи ҷаҳони чун як сояи сиёҳ боқӣ мондааст.

Бояд гуфт, ки маротибаи аввал ин навишта дар шумораи №1-и маҷаллаи “Ҳуқуқ ва ҳаёт” бо номи “Тавсифи ҳуқуқию ҳаётии худкушӣ”, соли 1923 ба чоп расида, худи ҳамон сол бо каме таҳрир дар шакли китобча бо номи “Худкушӣ дар қонун ва ҳаёт” ба нашр расид.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ