04:47:55 23-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ифшои амали қаллобе, ки бо фиреб аз се нафар 63 ҳазор доллар гирифтаву барнамегардонад

Одинаев Карими 42-сола моҳи январи соли 2016 се нафар шаҳрвандони кишварро ба доми дурӯғу фиреб кашида, 63 ҳазор доллари онҳоро гирифтаву то ҳол барнамегардонад. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо интишори ин хабар гуфтааст, ки ҳодисаи қаллобӣ баъди шикояти шаҳрванд Холмуродов Эраҷ- истиқоматкунандаи кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ошкор шудааст.

bozdosht 544545Дар хабар омадааст, ки рӯзи 20-уми августи соли 2019, шаҳрванд Холмуродов Эраҷ, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ба мақомоти милитсия арз намуд, ки моҳи январи соли 2016 дар назди чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Одинаев Карим, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо фиреб ба боварии ӯ даромад, аз ӯ маблағи 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Маълум шудааст, ки Одинаев Карим моҳи январи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии сокини пойтахт Холмуродов Беҳзод даромада аз ӯ низ 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Номбурда бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2016 ба боварии Раҷабов Паҳлавии 43-сола, сокини шаҳри Душанбе, даромада аз ӯ 23 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Манбаъ гуфтааст аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. Вале гуфта намешавад, ки қалоб боздошт шудааст ва ё дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi