16:33:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Июл бо рекорди гармии худ ба поён расид

Моҳи июл аз гармтарин моҳи соли ҷорӣ буд ва ба ин шаке нест. Ҳамвора аз расонаҳои хабарӣ дар бораи ин гармои шадид дар кишвар хабару матолиб мутолиа мекардем, ҳушдорҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро мехондем, ки гармо метавонад фоҷеа низ дар канор дошта бошад. Зеро об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо метавонад сабабгори болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо гардад.

zebosanam 454854545Аммо ин гармо ҷаҳонӣ буд. Дар сар то сари олам дар бораи беш аз ҳадди интизор гарм шудани ҳавои июл гузоришҳо мерасиданд.

Инак, ин моҳи гарм ҳам рафт ва ҳоло аввали август аст. Пас июл чӣ гармое буд ва он чӣ асаре дар саросари олам дошт. Гузориши зер, ки аз ВВС иқтибос шуд, дар ҳамин бораи ҳикоят мекунад.

***

Як арзёбии муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд ва рекорди тоза ба ҷой гузоштааст. Дар омор 29 рӯзи моҳи июл дар бештари кишварҳо ҳаво гарм буд ва дар ҷойе бештар ва дар ҷойи дигар каме камтар аз июли соли 1916 гармтар буд. Ин арзёбиро муҳаққиқони тағйироти обу ҳаво дар маркази Коперники Аврупо анҷом доданд. Албатта, таҳқиқот дар мавриди рекорди ҷадид ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки ин натиҷаҳо нишонаи дигаре аз гарм шудани бесобиқаи кураи Замин ва гармо дар моҳи июл ба эҳтимоли зиёд метавонад болотарин рекорд дар чиҳил соли гузашта бошад. Ёфтаҳои Маркази Коперник қарор аст бо таҳқиқоти моҳвораӣ ва иттилооти маҳаллӣ такмил шавад.

Бино бар иттилооти Маркази илмии Коперник тамоми моҳҳои имсол дар муқоиса бо моҳҳои мушобеҳ дар солҳои қабл ғайр аз чор моҳ гарм буданд. Муҳаққиқон ҳанӯз натавонистаанд иртиботи мустақиме байни ин афзоиши гармо ва тағйироти иқлим барқарор кунанд, аммо ҳамагӣ ба ин боваранд, ки аз далели аслии рекорди гармии имсола партови гази ангидриди карбон ба иллати фаъолиятҳои инсонӣ аст.

sag 4512565656Корманди муассисаи Коперник доктор Фрей Вамбур ба ВВС гуфтааст, ки “ин моҳ бахусус бисёр гарм буд, аммо барои ман масъала фақат ин нест. Масъалаи аслӣ ин аст, ки тамоми моҳҳои соли 2019 дар муқоиса ба моҳҳои солҳои дигар бисёр гармтар буданд. То замоне, ки барои партови газҳои гулхонаӣ коре накунем, афзоиши гармо мутаваққиф намешавад”.

Дар асл июл гармтарин моҳи сол аст, аммо имсол ин гармо Аврупо, Амрико ва Қутби Шимолро ҳам фаро гирифт, ба наҳве, ки рекорди гармо дар Белгия, Ҳоланд ва Олмон шикаста шуд ва ба беш аз 40 дараҷа расид. Як рекрди дигарро донишгоҳи Комбриҷи Британияи Кабир ҳам сабт кард, ки 38,7 дараҷа буд.

Дар Амрико гармии бесобиқа зиндагии миллионҳо нафарро дар имтидоди соҳили шарқӣ ва ғарбӣ таҳти таъсир қарор дод ва дар Аляска низ рекорди гармо дар чанд шаҳри он шикаста шуд.

Оташсӯзиҳои густарда дар маҳдудаи Қутби Шимол сабабгори сӯхтани миллионҳо гектар ҷангал дар қаламрави Русия шуд. Дар Ҳинд сокинони он ҳарчанд бо гармо одат кардаанд, вале имсол ба мушкили об рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳафтаи гузашта дар Ҷопон беш аз панҷ ҳазор нафар бар асари гармои шадид дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бар асоси эълони Идораи миллии уқёнус ва иқлими Амрико пеш аз ин рекорди гармо аз соли 1880 марбут ба соли 2016 будааст.

Ёфтаҳои Созмони фазоии Амрико (НАСА) мутафовут аст ва бар асоси иттилооти онон моҳҳои июли солҳои 2016 ва 2017 аз назари гармӣ мушобеҳ будаанд. Қарор аст НАСА дар ҳафтаи оянда иттилооти марбут ба июли соли 2019-ро мунташир кунад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi