21:35:26 11-уми Майи 2025 сол

Озмуни ҷумҳуриявии «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ» дар шаҳри Душанбе

Рӯзҳои истироҳат сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвар шоҳиди баргузории озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар «Боғи Ирам» шуданд. Дар ҷамъбасти озмун, ки 28-уми июли соли равон дар «Боғи Ирам» доир гардид, аз аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳунармандони боистеъдод бо маҳсули дасти хеш ширкат варзиданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин озмун бо дастгирӣ ва ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

ozmun 2112656232Дар озмун Вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Масрур Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ширин Амонзода ва дигарон иштирок доштанд.

Ташкили чунин фестивалу озмунҳо саббагори кашфи чеҳраҳои нави ҳунар мешавад, ки аз фоида холӣ нест. Дар ин озмун касоне ҳам ширкат карданд, ки исмашон пештар маъруф набуд ва бо ин васила ҷомеа онҳоро шинохт ва бо ҳунари онҳо ошно гардид.

Дар анҷоми озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва тамоми иштирокдорон Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ашўров Холмурод – чўбтарош (аз ноҳияи Фархор), Аҳлилоев Олимҷон – кулолгар (аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ва Назруллоева Бибиробия сазовори ҷои якум гардиданд.

Бобоҷонов Аҳад – чўбтарош (аз ноҳияи Фирдавсӣ), Зокиров Ғаниҷон – кулолгар (аз шаҳри Хуҷанд) ва Ҳомидов Давлатмурод – сабадбоф (аз шаҳри Роғун) сазовори ҷои дуюм, Рушдов Рушд – сабадбоф (аз шаҳри Хоруғ) ва ва чанд тани дигар сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ