02:01:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Куриё ба Китобхонаи миллӣ дастгоҳи чопи китоб ва дастгоҳи муқовабандӣ ҳадя кард

19-уми август дар ҷараёни диду боздиди худ аз Китобхонаи миллӣ Сафири Ҷумҳурии Куриё  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл  ба бо директори Китобхона профессор Абдусалом Мирализода мулоқот кардааст. Файёз Умаров-сардори шуъбаи равобити хориҷии Китобхонаи миллӣ дар суҳбат бо Рӯзгор гуфт, ки Сафи Курия ба Китобхонаи миллӣ як дастгоҳи чопи китоб 1 адад дастгоҳи муқовабандӣ ҳадя кард.

kitobkhona 544512Манбаъ афзуд, Вучёл Ли ва Абдусалом Мирализода зимни суҳбат дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Куриё изҳори назар намуда, хостори гуcтариши ҳамкориҳо барои солҳои оянда шуданд.

Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Куриё, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гӯшаи Куриё дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот мехмони олиқадр аз Гӯшаи Куриёя дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва макони таъсиси нашриёти хурди Китобхонаи миллӣ дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқдом гирифтааст баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифату шароити хизматрасонӣ ва чопи китобу дастурҳои методӣ нашриёти хурди худро таъсис диҳад.

Бо назардошти имкониятҳои тавсеъа ва рушди робитаҳои байнисоҳавӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани ин нашриёт Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриё (KOICA) бо мақсади ифтитохи нашриёти мазкур 1 адад дастгоҳи чопи китоби тамғаи RISO SF5330 ва 1 адад дастгоҳи муқовабандии тамғаи BW950Z-ро бо арзиши 14’000 доллари ИМА ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя намуд.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi