14:20:28 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Додситони кул мегӯяд, Муҳаммадбоқир бояд ҷазо гирад

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода мегӯяд, фармондеҳи пешини мухолифон ва ҳоло раиси маҳаллаи Хоруғи Боло Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров бояд дар додгоҳҷавоб диҳад.

sherkhon-salimzoda-45122445Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл гуфт, ки таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ идома дорад ва касоне, ки даст баҷиноят задаанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Дар гуфтугӯ бо ба мо ҷаноби Салимзода аз сафараш ба Хоруғ дар аввали моҳ ёдовар шуд ва гуфт, ки барои Хоруғ ва Бадахшон шахси бегона нест, зеро 6 сол дар он ҷо кор ва зиндагӣ кардааст. Вай афзуд: “Ман ба мардуми Хоруғ гуфтам, онҳо тағйир ёфтаанд, дигар шудаанд ва чаро ҷинояткорро дастгирӣ мекунанд ва касе, ки ҷиноят кард, бояд ҷазо гирад. »

Додситони кул гуфт, ки фармондеҳи пешини мухолифон ва ҳоло раиси маҳаллаи Хоруғи Боло Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро дар назар дорад, ки бояд ба додгоҳ кашонда шавад ва барои аъмоли худ ҷавоб диҳад. Ҷаноби Салимзода иттиҳомро ба таври умумӣ зикр намуд, вале Муҳаммадбоқиров дар гузашта ба ноором кардани вазъ дар Хоруғ муттаҳам ва ба ин сабаб аз тарафи кормандони додситонӣ бозпурсӣ шуда буд. Додсион афзуд: “Мо ният надорем, ки ӯҳатман бояд зиндонӣ шавад. Ақаллан биёяд як бор дар пеши суд шинад. Вайро як ҷарима кунанд, то мардум донанд, ки барои қонуншиканӣ шахс ҷавоб мегӯяд. Мардум имрӯз барои Хоруғ рафтан метарсанд.”

Баъд аз рӯйдодҳои 21-уми майи соли равон дар Хоруғ, ки дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр ва ҳалокати 4 нафар, бо шумули як афсари полис чандин бинои маъмурӣ ба оташ кашида шуданд, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров узви кумиссюни мушатараки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд, ки бояд ин воқеаро таҳқиқ кунад. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамла ба биноҳои маъмурӣ кормандони додситонӣ дар Хоруғ низ осеб диданд: “Кормандони мо ба ғайр аз ручкаву қалам дигар чизе надоранд. Даромаданд, кормандони моро, аз он ҷумла прокурори вилоятро заданд, дандонаш шикаст, бинияш шикаст. Се корманди дигари моро заданд. Ин ба куҷо рост меояд? Оё ба ин одамон “раҳмати калон” ва “ташаккур гӯем?”

Ҷаноби Салимзода гурӯҳҳои тазоҳуркунандаро ба он айбдор кард, ки мегӯянд, ҳамин гуна афрод бояд аз ҷавобгарӣ озод карда шаванд. Вай афзуд, дар натиҷаи рӯйдодҳои 21-уми май ба кишвар 11 миллион сомионӣ зиён расонда шуд, ки ба ин маблағ мешуд, дар Хоруғ ду бинои баландошёна сохт ва 72 оиларо бо манзил таъмин намуд.

Дар сафараш ба Хоруғ якҷо бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи 2 июл бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва собиқадорон ҷараёни кори кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи май дар маркази Бадахшонро баҳс карда буд. Аммо як рӯз баъд аз бозгашти Шерхон Салимзода ва Рамазон Раҳимзода аз Хоруғ намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон дар кумиссиюни муштарак бо пахши як изҳорот мустақаман ба раисиҷумҳури Тоҷикисон муроҷиат карданд, ки ба ҷараёни кори кумиссиюни муштараки таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ дахолат кунад. Ин изҳорот аз он дарак медод, ки ду фиристодаи Душанбе тайи се рӯзе ки дар Хоруғ буданд, натавонистаанд, бо намояндагони эътирозгарон дар кумиссиюни муштарак дар мавриди ихтилофоти мавҷуда ба созиш расанд.

Гуфтаҳои ахири додситони кул ба нофарҷомии таҳқиқи рӯйдодҳои 21-уми май дар Хоруғ ишораи бештар мекунад ва аз сӯе ҳам заъфи мақомотро дар ҳалли мушкил ба намоиш мегузорад. Ҷаноби Салимзода ба чораҳои дигаре, аз ҷумла бунёди ду хонаи баландошёна, ҷалби наврасони бадахшӣ ба истироҳат бо ҳамсолонашон дар урдугоҳҳи тафреҳӣ ва кӯмаки мақомот ба муҳоҷирати кории аҳли ин вилоят ба Русия низ ишора кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi