04:47:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Теғи ҷарроҳӣ ба дасташ дод…

Холбегими Умар, "Рӯзгор"

Он рӯз пушти дари ҳуҷрае қарор доштам, ки дохили он амалиёти ҷиддие мерафт. Яъне табибон дар талоши наҷот додани ҳаёти як нафар ҳамдиёрамон буданд. Аз хоҳари шафқат фаҳмидам, ки масъулияти асосиро дар ин амалиёт ҷарроҳи дараҷаи олӣ Раҳмоналӣ Алимардонов ба уҳда дорад.Чӣ гуна ва кай ба охир расидани ҷарроҳиро бошад касе намедонист. Аз ин рӯ, маро низ ҷуз cабр чорае набуд. Қарибиҳои пешин чароғаки болои дари хонаи ҷарроҳӣ хомӯш гардид, ки он аз анҷоми амалиёти ҳанӯз саҳар оғозёфта дарак медод. Беморро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ бурданд ва маро имкони суҳбат намудан бо Раҳмоналӣ Алимардонов даст дод.

Меҳмони Дарвоз

alimardonov_5445545656.jpgҲар боре,ки суруди "Дарвоз"-ро бо садои ширину гуворо ва нотакрори бонуи ҳунар, шодравон апаи Шоиста Муллоҷонова мешунавам,сафари хидматиамро,ки соли 1999 ба ноҳияи Дарвоз доштам, пеши назар меорам. Пешвози самимии тоҷикона, суҳбатҳои ширину шӯхиҳои намакини пирони барнодилаш хотирмон аст. Қаҳрамони нигоштҳоям Раҳмоналӣ Алимардонов ҳам зодаи деҳаи овозадори Қалъаи Ҳусайни ҳамин ноҳияи зебоманзар аст.

Аз Қалъаи Ҳусайн то Душанбе

Аз миёни 5-писар амаки Алимардонро интихоби Раҳмоналӣ дар ҳайрат гузошт. Вале садди роҳаш нашуд, чаро ки азми писар қатъӣ буд.Ҷарроҳ шудан.Соли 1968 Раҳмоналии ҷавон бо дуои неки қиблагоҳ ва ҳамдеҳагон ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо рӯи сурху сари баланд хатм намуд.

Фаъолияти нахустинашро соли 1973 аз мудирии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод оғоз карда, дардмандони зиёдеро дармон бахшидааст. Идомаи фаъолияти Раҳмоналӣ Алимардонов дар беморхонаи вилоятӣ, ки дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа қомат афрохтааст, ба солҳои 80-уми асри ХХ рост меояд. Аз соли 1992 то соли 1999 дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи болои шаҳри Душанбе ба ҳайси ҷарроҳ кор карда, аз соли 1999 то 2006 мудирии шуъбаи ҷарроҳии ҷигари беморхонаи клиникавии ёрии таъҷилиро ба уҳда дошт. Оғоз аз соли 2006 то ба имрӯз дар ҳамин шуъба ҷарроҳ аст ва чун ҳамеша бо мардум. Дар баробари табибу ҳабиби дардмандон будан, ин марди наҷиб устоди Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон мебошад.

Раҳмоналӣ Алимардонов: "Солҳои охир аз Донишгоҳи тиббӣ хатмкардаҳои зиёдеро ба беморхонаҳо роҳхат медиҳанд, ки аз миёни онҳо ҷарроҳони хубро пайдо кардан мумкин аст. Дар рафти дарсҳо огоҳ мешавем, ки савияи донишу маҳорати онҳо баланд аст. Аз ин хотир, дилпурона ҳаёти беморро метавон ба чунин мутахассисони бо истеъдоду масъулиятшинос бовар намуд. Вале, мутаассифона, нафаронеро ҳам вохӯрдан мумкин аст,ки тасодуфан ба ин соҳа роҳ ёфтаанд ё худ аз рӯи ҳавою ҳавас духтуриро пешаи хеш интихоб кардаанд. Албатта, онҳо дар давоми фаъолияташон ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванду хурдтарин хатогияшон боиси канда шудани риштаи ҳаёти беморе мегардад".

Ифтихор аз шогирдон

Шогирдони Раҳмонали Алимардонов қариб, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кор мекунанд. Аксарияташон рисолаҳои номзадиро дифоъ карда барои доктори омодагӣ мебинанд.

Устод аз муваффақияти шогирдон меболаду пайваста дуои некашон медиҳад. Шогирдон ҳам дар навбати худ ифтихор доранд, ки сабақи кору рӯзгорро аз мактаби таҷрибаи ин марди бо маърифату нексиришт ва шикастанафсу масъулиятшинос омӯхтаанд.

Олимшоҳ Қандаков, ҷарроҳ: "Акаи Раҳмоналӣ ба маънои томаш устоди бузургу арзанда аст. Ман аз он кас на танҳо ҷарроҳиро, балки хислатҳои ҳамидаи инсониро омӯхтаам. Суханҳоеро, ки қабл аз шуруъ кардани нахустин амалиёти ҷарроҳиям гуфта буданд, шиори ҳамешагии фаъолиятам гаштаанд.

Теғи ҷарроҳӣ ба дастат дод чу дасти рӯзгор,          

Ҳар чӣ мехоҳӣ бикун, аммо мабар ҷони касе.

Аз ин рӯ, кӯшиш дорам, то аз гуфтаҳои устоди азизам як қадам берун нараваму бо дасту дили пок ба халқу ватан хизмат намоям. Ногуфта намонад, ки Раҳмоналӣ Алимардонов дар баробари ҷарроҳи дараҷаи олӣ будан, ҳамчунин гӯштингири ғолиб, ошпази моҳир ва чӯбтароши хубест, ки зебоӣ меофарад. Дар маъракаҳои дӯстон дегу кафгирро ба устоди азизамон бовар мекунему ба маҳорати пазандагиаш аҳсан мегӯем. Хулоса, Раҳмоналӣ Алимардонов ҳамон мардест, ки чил ҳунар дорад.             

Бисту нуҳ сол қабл

Бисту нуҳ сол муқаддам маҳорати баланди касбӣ ва таҷрибаи калони Раҳмоналӣ Алимардоновро ба назар гирифта, ба ӯ унвони "Ҷаррохи дараҷаи олӣ"-ро сазовор донистанд. Худи ҳамон сол Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Яъне ҳунару истеъдодашро дар хориҷи кишвар низ эътироф карданд. Мегӯянд:

Рӯи олам дидан одам дидан аст,

Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.

Раҳмоналӣ Алимардонов зебоиҳои оламро бисёр дидааст. Вале тавре худи ӯ мегӯяд, зеботаре аз Тоҷикистони азиз ва донотаре аз пирони куҳистонаш надидааст.

-Ҳар гоҳ, ки аз Тоҷикистони азизам ба хотири анҷом додани коре берун меравам, қабл аз дохили тайёра шудан пойҳоямро меафшонам, то заррае аз хоки поку муқаддасаш кам нагардад,-мегӯяд ӯ.           

Зодгоҳи аҷдодӣ

Чун пазмони зодгоҳи аҷдодӣ мешавад сӯи ноҳияи Дарвоз роҳ пеш мегирад. Дар ҳавлии падар қадам мезанаду аёми наврасиаш чун навори кино пеши чашмонаш меояд. Ларзидани баргҳои дастниҳоли падар, ки ҳамсоли ӯст гӯё хушомадиаш мегӯянд.

Насими форами куҳсорон бӯи нони навпухтаю шири навдӯшидаро ба машомаш мерасонад. Аз ин бӯи гуворо қади мавзуну симои гарми модар пеши дидагонаш падид меояд. Садои ширини бародари раҳматиаш, шарқшиноси шинохтаи ҷумҳурӣ Амрияздон Алимардонов аз ҳар гӯшаи ҳавлӣ ба торҳои дилаш нохун мезанад: "Агар ба савганди хӯрдаат содиқ бимонӣ, ҳама дарҳои муваффақият ба рӯят боз хоҳанд гашт". Лаби рӯди равон лаҳзае нишаста, ба руҳи покашон дуо мехонаду баъдан ба аёдати беморони деҳааш меравад. Аз деҳаи азизаш Қалъаи Ҳусайн бо кулвори хотираҳои ширин ба Душанбе бармегардад, чаро ки ӯро дар хона пайвандон ва дар беморхона дардмандон интизоранд.

Қаҳрамони Тоҷикистон…

Соли 2011. Варзишгардухтареро бо бемории вазнин ба беморхона оварданд. Дар миёни панҷаи дард духтар чун мӯи бар-оташафтода мепечиду нолиш мекард.

mavzuna-chorieva-656565666- Духтарам, тоқат кун, ҳамааш хуб мешавад,- гуфта Раҳмоналӣ Алимардонов бо меҳри хоси падарона сари Мавзунаро сила кард. - Илтимос, духтурҷон, Мавзунаро наҷот диҳед!-Садое аз пушташ баланд гардид. Рӯ ба сӯи соҳиби овоз кард. Мурабии Шоистаи ҷумҳурӣ Алимаҳмад Мирзоевро дид.

-Наҷот додани бемор вазифаи ҷонии табибон аст. Шумо ғам махӯред, Худо хоҳад Мавзуна боз дар мусобиқаҳо иштирок карда, парчамбардори Тоҷикистони азиз мегардад,- бо табассум ва дилпурона посухаш дод Раҳмоналӣ.

Ҳамшираи шафқат аз омода гардидани ҳуҷраи ҷарроҳӣ хабар доду суҳбати табибу мураббӣ нотамом монд.

Мазуна Чориева, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпӣ дар Лондон: "Ман аз духтур Раҳмоналӣ Алимардонов як умр миннатдорам. Маро аввал Худованд, дуюм ҳамин марди бузург наҷот доданд. Пас аз ду моҳи ҷарроҳӣ ман далерона ба майдон баромадам ва то ба имрӯз дар зиёда аз 30 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда дастболо гаштам. Аз ин минбари баланди "Рӯзгор" бо эҳтирому ихлоси бепоён гуфтаниям, ки дастони шифобахшатон асло дардро набинанд!

Алимаҳмад Мирзоев: "Ростӣ, агар истеъдоди Худодод ва маҳорати баланди касбии Раҳмоналӣ Алимардонов намебуд, Мавзуна Чориева ба чунин муваффақиятҳо ноил намегашт. Шукри Худо , ки имрӯзҳо саломатии Мавзуна хуб аст ва ӯ бо дили пур аз боварӣ мардона ба майдон мебарояд. Яъне ҳар як ғалабаи Мавзуна ин худ ғалабаи табиби ҳозиқ Раҳмоналӣ Алимардонов аст".

Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи самбо: "Раҳмоналӣ Алимардонов марди худодод аст. Замони таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ шери майдон буду фахри устодон. Тамринҳояш зери сарпарастии устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Магомедов сурат мегирифт. Ёд дорам, рӯзе , ки Раҳмоналии ҷавон унвони "Чемпиони Тоҷикистон"- ро гирифт, Николай Магомедов "Мой Лев" гӯён ашки шодӣ мерехт. Раҳмоналӣ Алимардонов чун ҷарроҳ нотакрор аст. Худованд барояш ҳамаи хислатҳои неки инсониро лоиқ донистааст. Якрӯю якдилу якзабон. Ҳамин аст, ки ҳамеша сарбаланду муваффақ аст. 

Ба ҷои охирсухан

Мошини ёрии таъҷилӣ назди шуъбаи қабул истод. Пиразан бо кӯмаки хоҳари шафқат ларзон-ларзон поён шуд.Чашмони камнури пиразан бетоқатона касеро меҷустанд.

-Салом очаи ҷон. Хуб ҳастен?

-Во алайкум бар салом. Раҳмоналии?

-Бале.

-Ай, дар қади базебу овози ширадорут садқа, бачаме. Пешаки хдт умадам. Ҷигарум нолиш менаву месӯза…

Аз макони ворисони Сино берун омадам. Ҳама ҷо сафед. Барфи нуқрафом зери нурҳои хуршед медурахшид. Ин дурахш чашмони пиразани беморро ба хотирам овард,ки аз дидани Раҳмоналӣ Алимардонов пурнур гардида буданд...

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi