08:24:33 20-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Тангои мактабӣ… Дар рақс директор

ё вазифаи хонагӣ барои волидон

Сафаралӣ Раҷаб, муаллими кимиё

Марк Твен навиштааст: "Ҳар як одам мисли моҳ тарафи ноаёни худро дорад, ки ба касе онро нишон додан намехоҳад." Агар таълимгоҳро ба моҳ шабоҳат диҳему "тарафи ноаён"-и онро ба риштаи таҳлил кашем, пас маълум мешавад дар таълимгоҳ равандҳои манфие ҷой доранд, ки натиҷаи бепарвоии на танҳо мо муаллимон, балки Шумо падару модаронанд. Акнун биёед сари он меандешем, ки дар заминаи бепарвогии волидон ва омӯзгорон чӣ метавонад реша давонад ва кадом меваро бо кадом ном ба бор биёрад?

tango-dar-raqs-5544545Барои фарзандон мо ба чи қурбониҳое тайёр нестем, ба хотири босаводу бомаърифат шудани онҳо пули таҳсилу дигар хароҷотҳои мактабро боадабона мебарорем, аксар нозу нузи онҳоро мебардорем, бо автомашинаҳои шахсии худ онҳоро ҳар субҳ назди дарвозаи литсею гимназияҳо оварда мефарорем, барои "ҷазо"-и муаллиме, ки тифламонро озор додаст, доимо тайёрем, китобҳои лозимиро мехарем, барои маблағгузории дарсҳои иловагӣ дуюмбора даст ба киса ҳам мебарем, аз панҷу чори рӯзномаҳои онҳо як ҷаҳон ҳаловат бардошта як чизи муҳимро аз хотир мебарорем...

Чиро? - НАЗОРАТи қатъии инкишофи зеҳнӣ ва МУСТАҚИЛИЯТи ҷигарбандонро.. (Назорати волидон ин мавзӯи дигар аст ва мо дар оянда дар ин бора суҳбат хоҳем кард) Чаро? (Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи дилхоҳ мактаб ба толибилм омухтан ва ёд додани мустақилият аст, то онҳо ба ҳаёт хубтар тайёр шаванд.

Аксарияти мо, ВОЛИДОН, аз уҳдаи назорати инкишофи мустақилияти ҷигарбандон намебароем, зеро принсип ва қоидаҳои онро ба таври комил намедонем, бепарвоем ва умед бар он мебандем ки дар ивази маблағҳои сарфкардаи мо мустақилиятро ба фарзандонамон тавре дар барномаҳои давлатӣ дарҷ шудааст ёд медиҳанду дар майнаи онҳо албатта ТАФАККУРИ СОЗАНДАро ҷойгир мекунанд. Албатта тавсиф додани литсеист, гимназист ва хонандаи мактаби муқаррарӣ мавзуи дигар бошад ҳам, лозим мешуморам ба таври умумӣ дар ин бора кутоҳ ибрози ақида кунам. Литсеист ё гимназист толибилме мебошад, ки на танҳо мустақилона масъала мегузорад, балки нисбати роҳҳои ҳалли масъалаи гузошташуда ибрози ақида карда метавонад.

Ин ҷо танҳо муҳим он аст, ки ин ақидаҳо то кадом дараҷа солиманду қобили қабул ва то кадом дараҷа ба ҳалли мусбии масъалаи гузошташуда мусоидат карда метавонанд. Барои ҳамин гимназия инкишофи ШАХСИЯТро дар навбати аввал бояд гузорад. Вале тавре дар урфият мегуянд на ҳама вақт "маслиҳати хона ба бозор рост меояд". Аз таҷрибаи педагогии худ ду мисол меорам (танҳо ба хотири баррасии раванди манфии дар аксари таълимгоҳҳо вуҷуддошта). Ба гимназияи беҳтарини ҷумҳурӣ, ки медалҳои зиёде аз фаннҳои дақиқ ба сари синаи миллати тоҷик овехтаасту меовезад, ба кор меоям.

Синфҳои болоии бо "А" ишорашаванда на ҳар муаллимро қабул мекунанд, (салоҳиятнокии баланди педагогӣ дар назар аст) ва онҳо маро қабул мекунанд (махсусан синфи 10-и А-и пуровоза, ки се духтари он соҳибмедаланд. Гуруҳи духтарони синф байни ҳам ҳатто маслиҳат мекунанд, ки барои дарси иловагӣ пул ҷамъ мекунанд, то ман дарси иловагӣ низ гузарам) Чанд муддат мегузарад, чашми ман кушодатар мешавад ва баръало мушоҳида мекунам; ба ғайр аз қоидаҳои навишта дар гимназия қоидаҳои дуюмӣ-нонавиштае амал мекунанд, ки аз қоидаҳои аввалӣ чанд маротиб зуртар ва "қобили қабул"-таранд.

Масалан аз маънавиёт гап кушодан, (ин ҷо то дараҷае танҳо ба дониш таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад ки дар бораи маънавиёт гап кушодан назди талаба гапи зиёдатӣ шудааст ва аксар гимназистҳо метавонанд онро бо заҳрханда қабул намоянд, дар ошхона баъзе муаллимон аз ҳамдигар илтимос мекарданд, ки ба тарбия низ аҳамият диҳанд), китоб ё маҷмуаи масъала пурсидан аз гимназист, онҳо метавонанд надоштани чунин воситаҳои хонишро коллективона фаҳмонанд (махсусан духтарон): илми тиб исбот кардааст ки аз бори вазнин қади одам паст мешавад, муқобилият кардан ба он ки толибилмон метавонанд то 12-14 нафар дар дарс иштирок накунанд (чи хел иштирок кунанд, охир онҳо дар як вақт дарсҳои дигар, масалан математика, забони хориҷӣ ё физика низ доранд (чи дар дохил ва чи дар хориҷи гимназия) ва ин як чизи муқаррарист, аз руи қоидаҳои навиштаи гимназия бошад агар дар синф 50 фоизи гимназистҳо набошанд, ба муаллим пул дода намешавад Стандарти дуҷониба

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, Боз мегӯи, ки доман тар макун, ҳушёр бош), чашм пушидан ба он ки гимназист метавонад муаллимро ба истилоҳ бо се ҳарф (он ҳарфҳои русиро, ки бо х.. сар мешавад, дар назар дорам. Шумо медонед, таълим ин ҷо бо забони русӣ сурат мегирад.) хоҳ ба ҷануб , хоҳ ба шимол (ба куҷое ки хоҳад) ва агар хоҳад ба вазорати маориф низ фиристад. "Мы независимые, мы никого не боимся" - (Мо аз касе муттаҳам нестем ва аз касе сари тарс ҳам надорем) -ин гуна суханҳои дар ҷамъомади якуми сентябрӣ гуфтаи директорро аксари гимназистҳо маълум ки сармашқи кори худ кардаанд. Онҳо метавонанд туро дар дохили гимназия ба" разборка" - муҳокима даъват кунанд (предмети "разборка" - ду мисраи зер: "Саъдиё, Шерозиё панде мадеҳ безотро, Безот агар доно шавад, санге занад устодро".

Онҳо инро нисбати худ таҳқир меҳисобанд ва муаллим бояд барои ин кирдори носавоб ҷавоб гуяд) вале ту рад мекунӣ зеро дар разборкаи ноболиғон иштироки директор (дар мисоли мо директори озод, ки аз чизе наметарсад) ва волидон (дар мисоли мо зиёиён) ҳатмист. Набояд ту баҳои пештараи гимназистро паст кунӣ, ин дар гимназия зилзилаи 10-баларо ба хотир меорад. Супоришро бояд иҷро кунӣ: масалан гимназисте, ки ба дарсат намедарояд ба журнал нигоҳ мекунӣ, ба баҳои математикааш, агар 4 бошад аз химия 4, агар 5 бошад аз химия панҷ мемонӣ. (Иштирок дар дарс аҳамият надорад?) Дар ҳақиқат ҳам онҳо "озод" буданд.

Ман ба ин гуна "озодӣ" муқобил мебароям ва эҳтиромона ба ҷонишини директор изҳори ақида менамоям. (Барои ибораҳои дағал маъзарат мехоҳам, (агар онҳо дар ҳақиқат дағал бошанд), вақти шикояти ман ба ҷонишин гимназистҳо бо ибораи халқӣ танҳо "дар ҷогаҳ тар" мекарданд (энурез) ва баъди дахолати духтур - ҷонишин гимназистҳо "дашти калон " мекардагӣ шуданд. ... Овози дилчаспе дар телефони мобили маро ба "конкурс" ба филиали Донишгоҳи ба номи Ломоносов даъват мекунад, ман розӣ мешавам ва соҳибмедале аз синфи 10А маро огоҳ мекунад ки "Шумо дер намекунед?" (Баъд ақлам мегирад ки ин соҳибмедал аз ҳама кор огоҳ буд).

Ба филиали университети Ломоносов дар шаҳри Душанбе меоям ва ному насаби шахси даъваткардаро ба посбони дар мегӯям. ? ҳайрон мешавад ва мегӯяд, ки дар руйхати кормандон ин гуна шахс нест. Ман сардори муҳофизони донишкадаро ҷеғ мезанам ва ӯ низ фикри посбони дарро тасдиқ менамояд. Ҳамин вақт (баъди занги телефонӣ ба Эсановаи "мудири шуъбаи кадрҳо") дар назди посбони дар ду ё се (дар хотирам нест) гимназист пайдо мешавад ва лидер - саркардаи онҳо (падар ва модараш духтур кор мекунанд ва шукри худо аз ҷиҳати иқтисодӣ ягон мушкилӣ надоранд) ба ман мегуяд; "Ну что учител, кто -кого?" ("Хуш муаллими муҳтарам, хуб аҳмақат кардем?")

Онҳо осемасар мегурезанд ва ман аз қафои онҳо табиист ки намедавам (одами дар ҷояш шахшуда чӣ кор ҳам карда метавонад?) Назди директори "озод" меоям ва изҳори ӯро мешунавам; "Шумо баринҳо чӣ қадар ба мактаби мо меоянду мераванд....Чор синф аз болоятон аризаи шикоятӣ дорад" Оромона изҳор медорам ки аз бекорӣ сари тарс надорам , фақат бо аризаҳои гимназистҳо маро шинос кунед, то донам ки онҳо маро ба чӣ айбдор кардаанд? Директори "озод" ҷониби мизи паҳлӯӣ даст дароз мекунад, вале аз он ҷо чизеро намегирад ва ман аз ифодаи чашмонаш пай мебарам, ки ӯ ба ман чизе нишон доданӣ ҳам нест. Байни мо хомӯшӣ тӯл мекашад ва ин хомушӣро танҳо мусиқии телевизион халалдор мекунаду халос. Мардуми рус мақоли хубе доранд: "Мусиқиро танҳо шахсе заказ-фармоиш (масалан дар ресторан) медиҳад, ки пулашро пардохт мекунад."

Ин мақолро барои чӣ овардам? Аз хомӯшии байни ду намояндаи илмҳои дақиқ истифода карда бо Шумо волидон муодилаи сеномаълумаи "хомӯши"-ро ҳал карданиам. Ёфтани икс, игрек ва зетси ин муодила душворие надорад.(бовар кунед). Рекламаи доруи адамолро пеши назар биёред: "Мардон проблемаҳое доранд, ки аз гуфтани он шарм медоранд".Аллакай икс маълум шуд. Дар реклама боз чунин суханҳо садо медиҳанд: "Пеш аз истифода ба дастурамал нигаред"-Ба ёд меорем, ки вазифаи аввалиндараҷаи гимназия инкишофи шахсияти толибилм аст... Акнун барои ёфтани зетс ба Шумо далелҳо пешниҳод мешаванд ва дар асоси онҳо Шумо зетсро худатон ёфта метавонед: барои маъмурият чи гуна рафтор доштани фарзанди Шумо аҳамият надоштааст, муҳимаш маблағи дарсро пардохтан будааст, фарзандони Шумо бо чи гуна муаллим сару гирифтанашонро худашон муаян мекунанд.

Чаро? Барои он ки пули Шуморо ба мактаб онҳо меоранд, аниқтараш мусиқиро онҳо фармоиш медиҳанд. Ба рақс якумин шуда директор мебарояд, то аввалин 100 ё 50- сомонаҳое ки олиҳиматона ба сари рақскунанда мечаспонанд насиби ӯ шавад? Шояд, вале сабаби асосӣ дигар чиз аст, ки дар забони педагогика "масъулият" -и директор ном дорад. Аниқтараш директор назорати инкишофи зеҳнӣ ва маънавии фарзанди Шуморо дар мактаб ба ӯҳда дорад ва хубтар аз ҳама медонад ки дар табиат ҷои холӣ нест, (Агар ҳавои хонаро кашида гиред, фазо холӣ намемонад, вакуум пайдо мешавад) ва он атолае бо дастони худаш пухтааст онро худаш нахурда ба сари дигарон мерезад.

Чаро директор хомуш монд? (Бо ибораи русӣ "Нечем крыт?) Аз гимназияи шахсӣ ба литсеи давлатӣ мегузарам. Ин ҷо низ директор ҳамчун олим шуҳрати Акбари Турсонро надошта бошад ҳам, олим аст. Бартариаш дар он аст ки аризаҳои литсеистонро рузи аз кор рафтанатон ба Шумо нишон медиҳад. Шояд дар сари Шумо саволе пайдо шавад ки магар ин аризаҳоро ба муҳокимаи умумилитсеӣ намегузоранд? Аҷаб содда будаед... барои чӣ? Хайр як кас рафт, баъд чӣ? Дигараш меояд) Ду иқтибос аз шикоятномаҳои синфҳои 10: "Муаллим гапҳои беҳуда мезанад, мепурсад ки ДОНИШ чист ва онро Шумо чӣ гуна мефаҳмед?" "Муаллим гапҳои беҳуда мезанад, мегӯяд ки Шумо бояд хонанда не, балки ОМӮЗАНДА бошед" (Фаромӯш намекунем, ки онҳо фарзандони мо зиёиёнанд).

Зарурият ба шарҳ додани шикояти литсеистон намемонад ,зеро ҳама чиз чун руз равшан асту тафаккури қолабӣ доштани толибилмон маълум. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки тафаккури созандаро мо кай ба каллаи хонандагони синфҳои 10 ҷой мекунем? Магар гап дар сари он аст, ки муаллими "муҳоҷири ватани худ" (ман шаҳрванди Тоҷикистон нестам, ба ватанам барои хизмат аз Россия омадаам (ва аз як"квартира ба квартираи дигар" мегардам) бекор монду "нони даҳонашро кашида гирифтанд? Аз ин дида масъалаи доғтаре ҳаст - масалан ДИКТАТОРҳои паси партаи мактабӣ, ки дар замини бепарвогии волидон ва бемасъулиятии директороне, ки аз ноқобилӣ зери мусиқии фармудаи ин гуна шогирдон мерақсанд, мисли гулҳои худруй қад афрохтаанд.

Онҳо ба бисёр корҳо қодиранд ва айби калон аст агар мо инро нодида гирему ба ин масъала диққати ҷиддӣ надиҳем.Дар ин бора қариб чизе наменависанд, гуё проблемагузорӣ дар ин мавзуъ "кори сиёҳ" бошад. Ман дар Россия ин гуна корҳоро зиёд кардаам (ҷузвдоне дар пушт аз мактаб ба мактаб гашта чашмбандиҳои математикӣ нишон медодам ба хотири инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон) ҳамчун "гостарбайтер"- русиягӣ ба ин мавзуъ даст задам. Дар ҳақиқат то ба кай мо ба осиёби "диктаторҳои паси партагӣ" об мерезем?

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi