09:14:45 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кашфи 127 мошини дуздӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон баъди ду ҳафтаи матлаби пурсарудои нашрияи олмонии “Bildt” эътироф карданд, ки дар чанд соли охир дар ин кишвар 127 мошини дуздӣ ошкор шудаанд.

moshin-458996556.jpgСомонаи интернетии шабакаи телевизионии “Мир” бо такя ба мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар дод, ки дар чанд соли охир дар қаламрави ин кишвар 127 мошини дуздӣ, аз ҷумла 57 мошинеро ки дар Олмон дуздӣ шудааст, ошкор кардаанд. Аммо дар бораи сарнавишти баъдии ин мошинҳо ва инки оё онҳоро ба соҳибонашон дар Аврупо баргардондаанд, мақомот чизе нагуфтаанд.

Ҷамшед Машрабов, раҳбари дафтари Интерпол дар Тоҷикистон ба “Мир” гуфтааст, барои таҳқиқи ҷиддитари ин масъала дар назди вазорати умури дохила гурӯҳи корие таъсис додаанд, ки намояндагони вахоратҳои дохиливу хориҷӣ ва иқтисоду молия, Шӯрои амният, хадамоти гумрук ва Додгоҳи олиро фаро мегирад.

Маҳмадсаид Саидов, раҳбари раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ё пулиси роҳи Тоҷикистон низ ба ин шабака гуфтааст,  ҳар як мошине ки ба кишвар ворид мекунанд, дар ин идора ибтидо танҳо барои 3 моҳ муваққатан сабт шуда, дар ин муддат “асноди мошин барои тафтиш дар базаи мошинҳои дуздӣ ба Интерпол фиристода мешавад.“ Аммо ба гуфтаи мақомоти тоҷик, гурӯҳҳои ҷиноӣ низоми корашонро чунон сохтаанд, ки то замони дар рӯйхати Интерпол шомил шуданаш мошини дуздӣ алакай чанд ҳазор километр роҳ аз Аврупо то кишварҳое, чун Тоҷикистонро тай карда, чанд бор ҳам харидуфурӯш шуда, аз чандин даст мегузарад. 

Равғанрезии Узбакистон ба оташи ҷанҷоли мошинҳои дуздӣ

Бо ин ҳол, гумруки Узбакистон мегӯяд, дар соли 2013 аз қочоқи 20 мошини гаронбаҳои дар Аврупо дуздидашуда ба Тоҷикистон пешгирӣ кардааст.

Расонаҳои Узбакистон, аз ҷумла 12uz.com, gazeta.uz ва 12news.uz аз қавли дафтари матбуоти Кумитаи гумруки ин кишвар хабар доданд, ки дар соли 2013 маъмурони гумруки Узбакистон пеши роҳи қочоқи 20 мошини гаронбаҳои дуздӣ ба Тоҷикистонро гирифтаанд. Арзиши умумии ин мошинҳо 3 миллиарду 330 миллион сӯми узбакӣ, муодили тақрибан 1,5 миллион доллар, баровард мешавад. Яъне тақрибан 75 000 доллар - барои ҳар мошин!

Гумруки Узбакистон мегӯяд, барои мошинҳои дар қаламрави Иттиҳодия Аврупо рабудашуда дар кишварҳои соҳили Балтик ва асосан дар Литваву Латвия асноди қалбакӣ омода карда, сипас аз тариқи роҳи оҳан ба Тоҷикистон мефиристанд, вале: “Дар пайи тафтиш тавассути Интерпол,  гумруки Узбакистон маълум кард, ки ин мошинҳоро дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо рабудаанд.”

Гумруки Узбакистон аз ҷумла хабар дода, ки рӯзи 7 январ ҳангоми тафтиши фарогири як вагон, ки аз рӯи аснодаш аз Литва баноми як шаҳрванди Тоҷикистон қисмҳои мошин бояд мебурд,  8 мошини нави гаронбаҳои класси  VIP кашф шудаанд:  3 мошини BMW X6, 2 мошини BMW X5 ва яктоӣ - BMW Sedan 525D, Honda CR-V ва Honda Civic Hybrid. Нархи умумии ин мошинҳо 1 миллиарду 350 миллион сӯми узбакӣ, муодили тақрибан 600 000 доллар баровард мешавад. 

Рӯзи 8 апрел дар посгоҳи гумруки вилояти Сирдарё аз вагони дигаре, ки низ аз Литва ба Тоҷикистон мерафт, 3 мошини дуздии VIP-класс, аз ҷумла 2 мошини Lexus RX-450H  ва як Honda ба маблағи умумии 430 миллион сӯм, муодили қариб 200 000 доллар кашф шудаанд. Гумруки Узбакистон мегӯяд, ин мошинҳо дар асноди вагон сабт нашуда буд. Дар ҳамин вилоят рӯзи 14 май боз аз як вагони дигаре, ки аз Литва ба Тоҷикистон мошин мебурд, 4 мошини гаронбаҳо, аз ҷумла ду BMW X6, як BMW X5 ва як Honda ба маблағи 750 миллион сӯм кашф ва боздошт шудаанд.

Бино бар ин манбаъ, 5 мошини дигари гаронбаҳои бесанад, ба маблағи умумии 800 миллион сӯм, муодили тақрибан 380 000 доллар, рӯзи 14 май ҳангоми тафтиши гумрукии як вагоне, ки низ аз Литва ба Тоҷикистон мошин мекашонд, боздошт шудаанд. Гумруки Узбакистон мегӯяд, дар ин вагон аз ҷумла ду мошини Range Rover Westminster (соли сохташ – 2012), як мошини Range Rover Sport SDV6 SE (соли 2012), BMW 550i (2012) ва як мошини Opel Astra FCC-1.6 (1998) боздошт шуданд, ки ҳамаи онҳоро, тибқи иттилоъи Интерпол, дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо рабудаанд.

Гумруки Узбакистон гуфтааст, ин мавридҳои ошкоршудаи транзити мошинҳои дуздӣ аз Аврупо ба Тоҷикистон “нишон медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои собити ҷиноие, ки равобити фарогири минтақавиву байналмилалӣ доранд, бештар мешавад. Онҳо механизмҳои комилан пинҳони интиқоли молу коло ва масирҳои собити интиқоли васоили нақлиётро ташкил ва густариш медиҳанд.”

Аммо дар пайи  нашри матолиб дар матбуоти Олмон дар бораи гӯё дар қаламрави Тоҷикистон кашф шудани 93 мошини дар ин кишвари аврупоӣ дуздишуда ин алакай бори дувум аст, ки матбуот ва мақомоти Узбакистон дар бораи боздошти чунин мошинҳо дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон гузориш медиҳанд.

Дар ду ҳафтаи пеш хабаргузории узбакистонии Podrobno.uz аз  боздошти як мошини тамғаи BMW X6 хабар дод, ки гӯё ҳанӯз моҳи октябр аз Олмон дуздида шуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Ин мошини навъи “ҷип”-ро маъмурони гумрук дар марзи Узбакистону Тоҷикистон аз вагони қатори роҳи оҳане, ки аз Латвия ба Тоҷикистон мошин мебурд, кашф ва боздошт кардаанд. Бино бар ин манбаъ, дар дохили вагоне, ки тибқи аснод барои ширкати тоҷикистоние бо номи “Ориён” мошин мебурд, чанд мошини бесанад пайдо карда, ба ҳамин далел, тамоми мошинҳои ин вагонро таҳқиқ кардаанд.

Аммо дар ҳисоботи солонаи Кумитаи гумруки Узбакистон, ки аз боздошти дар маҷмӯъ 20 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон дар як соли охир хабар медиҳад, дар бораи ин мавриди ахир чизе гуфта нашудааст.

Бархе омори мақомоти гумруки Узбакистонро зери шубҳа гузошта мегӯянд, баъид нест, агар Тошканд ҷанҷоли ахири бархоста бар сари кашфи то 200 мошини дуздӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ба хотири боз ҳам беобрӯ кардани ҳамсояаш истифода кунад. Аз ҷумла бо пахши хабарҳои тасдиқашон амалан имконнопазир дар бораи боздошти чунин мошинҳои дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон.

Сояи моҷарои мошинҳои дуздӣ рӯи наздикони президент

Рӯзи 19 декабр нашрияи олмонии “Bildt” дар матлаби таҳти унвони "Аъзои оилаи президент мошинҳои дуздиро саворӣ мекунанд" хабар дод, ки бо истифода аз шабакаи GPS, ба камияш 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд ва аммо мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон дар таҳқиқи ин қазия ва бозгардони мошинҳо худдорӣ мекунанд.

Сухангӯи шӯъбаи адлияи ҳукумати шаҳри Берлин, Лиза Йанӣ гуфтааст,  вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."

Хабаргузории Франс-Пресс навишт, кашфи мошинҳои рабудашудаи олмонӣ дар Тоҷикистон сабаби соишҳои дипломатие байни ду кишвар гашта, дар ин замина вазири пешини умури хориҷӣ Гвидо Вестервелле сафири Тоҷикистонро ба вазорат даъват кардааст. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Олмон ин хабарро тасдиқ накард, вале  ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, “дар масъалаи муборизаи муштарак бо ҷинояткории созмонёфта бо тарафи Тоҷикистон гуфтугӯҳое анҷом ёфтааст.”

Мақомоти Тоҷикистон хабари кашфи то 200 мошини дуздӣ дар Тоҷикистон ва гӯё дар дасти фарзандони афроди баландпояи ин кишвар будани ин мошинҳоро ба шиддат рад мекунанд ва мегӯянд, барои ҳамкорӣ дар ин масъала омодаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов низ дар вокуниш ба нашри матлаби “Bild” ба мо гуфт: ”Фарзияҳое, ки дар ин мақола омадааст, ба ҳақиқат наздик нест. Дар ин мавзӯъ мо сӯҳбатҳо бо ҷониби Олмон доштем ва мо ҳамеша омодагии худро ба ҷониби Олмон барои кумак дар ин масъала изҳор карда будем ва мекунем.”

Ин бори аввал нест, ки масъалаи ба паноҳгоҳи мошинҳои дуздӣ табдил ёфтани бозори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ шуда, ба обрӯи кишвар латма мезанад. Моҳи июли соли 2012 баъди нашри чунин як матлаб дар маҷаллаи олмонии “Spiegel” муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқ ва хилофкориҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар кишвар наздик ба даҳ мошини аз Олмон рабудашуда кашф шудааст. Ӯ гуфта буд, ки бо кумаки Интерпол мошинҳо ба соҳибонашон баргардонда мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi