23:04:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“Чавгон” бозии тоҷикиву форсист, на озариву туркӣ

Гуруҳе аз зиёиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар иртибот ба  дархости вазорати фарҳанги Озарбойҷон мабнӣ ба мероси фарҳанги озарӣ номнавис шудани бозии "Чавгон" дар феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ба директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова нома ирсол кардаанд.

unesco-454545Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки "бозии «Чавгон» ҳанӯз дар асрҳои II – III пеш аз мелод дар миёни ақвоми ҳиндуэронӣ, аз ҷумла тоҷикону порсҳо, ба таври густурда ривоҷ доштааст ва вожаи «чавгон» низ форсиву тоҷикӣ буда, ба забони туркӣ ва туркии озарӣ ҳеч пайванде надорад.

Ончуноне аз расонаҳои хабарӣ пайдост, ба созмони ҷаҳонии бонуфузи, ЮНЕСКО, аз тарафи мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Озарбойҷон, дархосте ироа гардида, ки бо камоли таассуф дар он бозии суннатии тоҷикон ва иронитаборон, «Чавгон» ҳамчун мероси фарҳангии Ҷумҳурии Озарбойҷон, барои дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ номнавис шудан, пешниҳод гардидааст.

Муаллифони дархост Ҷумҳурии Озарбойҷонро кишваре донистаанд, ки гӯё дар он ҷо ҳазорон сол пеш ром кардани асб, барои парвариш, ҷиҳати бозии «Чавгон» ривоҷ доштааст. Аммо бозии «Чавгон» ҳанӯз дар асрҳои II – III пеш аз мелод дар миёни ақвоми ҳиндуэронӣ, аз ҷумла тоҷикону порсҳо, ба таври густурда ривоҷ доштааст.

Барои исботи ин воқеъияти торихӣ метавон намунаҳои бешумори хаттиро бо забонҳои порсӣ - тоҷикӣ ва арабӣ пешниҳод кард, вале мо дар ин нома танҳо ба ду нукта ишора мекунем, ки баёнгари далоили қотеъи пешинаи пайдоиши бозии «Чавгон» мебошад.

Нахуст ин ки ҳанӯз дар осори  падари адабиёти  форс – тоҷик, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар асри VIII  мелодӣ аз вожаи «чавгон» кор гирифта шудааст ва дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ, ки асари бузургу беҳамтои торихӣ – бадеӣ мебошад, ба ҳангоми бозтоби замони кишвардории каёниён, аз бозии «Чавгон» ва вижагиҳои он достон суруда шудааст. Дуввум ин ки вожаи «чавгон» форсиву тоҷикӣ буда, ба забони туркӣ ва туркии озарӣ ҳеч пайванде надорад. Вожаи «чавгон» паҳлавӣ буда, баргирифта  аз калимаи «чӯб» («чув») ва пасованди «гон» мебошад.

Бад – ин тартиб донишмандони ҷаҳон, (донишмандони аврупоӣ, ҳиндӣ ва ирониву тоҷикӣ) оғоз ва пайдоиши варзиши «Чавгон» ро ба 525 сол пеш аз мелоди Масеҳ нисбат додаанд ва маҳду зодгоҳи онро Вароруд (Осиёи Марказӣ) донистаанд. Дар даврони силсилаи сомониён ин бозӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯзин густариши беш пайдо карда буд. Бо мурури замон варзиши “Чавгон” ба мамлакатҳои дигар низ шиносонда шуд.

Дар замони ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил будани Тоҷикистон, бинобар надоштани истиқлолияти давлатӣ, ба ин варзиш аҳамияте дода намешуд ва тадриҷан наздик ба фаромушӣ расида буд, аммо дар кишвари дигари меросдорони фарҳанги муштараки тоҷикиву иронӣ – Ирон, бозии «Чавгон» ба таври густурда ривоҷ ва идома дошта, дорои федератсияи хос мебошад ва Тоҷикистон дар ҳоли талош барои эҳёи ин бозии суннатии торихӣ аст.

Мо ҳеч мушкилӣ бо кишварҳое, ки аз мероси фарҳанги бостонии тоҷикон истифода бурда онро ҷузви фарҳанги худ медонанд, надорем ва бозии «Чавгон», ки нишондиҳандаи торихи муштараки мардуми иронитабори бостон мебошад, дар амри ба ҳам омадани қавму миллатҳо нақши боризе доштааст ва яқин дорем, ки ин бозӣ боясти қосиди сулҳу оромӣ бошад, на мояи худбузургбинии бархе адвори рӯй сӯйи бузургманишӣ овардаи қора”.

Ва дар хотима муаллифони нома пешниҳод кардаанд, ки “бозии «Чавгон» чун ҷашни суннатии «Наврӯз», дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон, номнавис гашта, номзадии Озарбойҷон, ҳамчун маҳалли таваллуди он, аз байн бардошта шавад ва бозии муштараки мардуми Ирон, Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойҷон низ дониста шавад. Мо бовар дорем, ки пешниҳодҳои мо метавонад ба ихтилофи назаре, ки онро дархости вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ба миён ниҳодаааст, коҳиш оварда, дар маврид воқеъияти торихиро барқарор намояд”.

Нома бо ду забон, тоҷикӣ ва инглисӣ иншо шуда, онро Акбар Турсон, доктори илмҳои фалсафа, директори пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ва мероси хаттӣ, Академики Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Юсуфшоҳ Яъқуб, доктори илмҳои таърих (бостоншинос, муаллифи беш 100 пажӯҳишҳои илмӣ), узви вобастаи Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ, Валӣ Самад, доктори илмҳои филологӣҶумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, проректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб Нодира Ашурова, номзади илмҳои филологӣ раиси факултаи филологияи тоҷик ва рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, узви маҳфили «Шоҳномахонӣ», Саидшоҳ Акрамӣ, пизишк, Шоҳномашинос, Саймиддин Дӯстов, сардабири нашрияи “Нигоҳ”, раиси муассисаи иттилоотии “TojNews”, Зафар Мирзоён, ховаршинос, сарпарасти маҳфили «Шоҳномахонӣ», Рустам Наботӣ, пажӯҳишгар, узви маҳфили «Шоҳномахонӣ», Абдулмуъмин Шерхонд, рӯзноманигор, узви маҳфили «Шоҳномахонӣ», Орзу Ҳамидов, рӯзноманигор, узви маҳфили «Шоҳномахонӣ», Розия Табарова, сарвари Ташкилоти Ҷамъиятии “Орзу” ва дигарон имзо кардаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi