11:45:32 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Изи Ҳоит дар қазияи қатли раиси Назарайлоқ

Мақомот 8 корманди кони ангишти Назарайлоқро, ки дар иртибот ба қатли раиси ин кон Нуриддин Темиров мавриди пурсиш қарор доштанд, ҷавоб додаанд.

nazarayloq 549865Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт, ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи 17-уми сентябр ба мо гуфт, ин 8 нафар аз ҷумлаи даҳҳо тан аз кормандони кони Назарайлоқ буданд, ки ахиран барои бозпурсӣ ба Душанбе интиқол ёфтанд. Манбаъ афзуд, ин афрод муддати чанд соли ахир зери дасти марҳум Нуриддин Темиров кор мекарданд.

Аммо ҳамзамон ин манбаъ таъкид кард, ки ба дунболи ҷавоб додани 8 корманди кони Назарайлоқ, мақомот боз 3 нафари дигарро аз минтақаи Ҳоит ба Душанбе барои бозпурсӣ бурдаанд. Ин минтақа зодгоҳи генерал Шоҳ Искандаров, фармондеҳи собиқи мухолифин ва феълан муовини раиси бахши минтақавии умури дохила дар водии Рашт ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои ин манбаъ, гурӯҳи калони тафтишотӣ дар маҳалли ҳодиса кор бурда истодааст ва бар иловаи кормандони кони Назарайлоқ, умури бозпурсӣ ва ҷустуҷӯро дар маҳаллаҳои атрофи кон низ густариш додааст. Аммо ин манбаъ мегӯяд, ки то ба ҳол ба гурӯҳи тафтишот муяссар нашудааст, касеро ҳамчун гумонбар дар қатли Нуриддин Темиров боздошт кунад.

Нуриддин Темирови 55-сола, ки аз соли 2007 раҳбарии кони ангишти Назарайлоқ дар кӯҳистони Раштро бар ӯҳда дошт, шаби 1 ба 2 сентябр дар утоқи истироҳатиаш кушта шуд. Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилӣ, "тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 1-ум ба 2-уми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти Назарайлоқи ноҳияи Рашт, Нуриддин Темиров, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд."

Як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар Рашт, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба мо гуфта буд, ки афроди ношинос ба сари Нуриддин Темиров 3 тир ва 4 тири дигар ба баданаш задаанд.

Сокинони минтақаи Рашт аз Нуриддин Темиров ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, вай шахси саховатпеша буда, дар корҳои хайри мардум дасти ёрӣ дароз мекард ва ба масҷидҳо низ кумак мерасонд. Гуфта мешавад, ки ӯро ба ин симат Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президенти Тоҷикистон оварда буд.

Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби Оруномус низ рӯзи 5 сентябр дар иҷлосияи Жогорку Кенеш хостори дар сатҳи давлатӣ  қадрдонӣ кардани шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин Темиров шуд. Боқир-уулу гуфтааст, Темиров “чанд сол пеш дар ҳалли низоъи Бодканд талоши зиёд ба харҷ дода буд.” Ба гуфтаи ӯ, Нуриддин Темиров “ба Афғонистон рафта, бо толибон музокирот кард ва дар озод кардани 4 гаравгони ҷопонӣ ширкат дошт. Бо вуҷуди ин ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст, хидматҳояш дар назди Қирғизистон хеле бузургтанд.“ Турсунбой Боқир-уулу пешниҳод кардааст, ки “биёед, ба ӯ мукофоти давлатӣ диҳем, ӯ сазовори чунин мукофот ҳаст.”

Боқир-уулу зоҳиран моҷарои гаравгонгирии шаҳрвандони Ҷопон ва фармондеҳони нирӯҳои дохилии артиши Қирғизистон дар поёни солҳои 90 аз сӯи ҷангиёни Ҷумъаи Намангониро дар назар дорад. Кони ангиши Назарайлоқ дар 300-километрии шарқи Душанбе, 90-километрии маркази ноҳияи Рашт ва 10- километрии Ҳоит воқеъ буда, захираи ангишташ беш аз 300 миллион тонна баровард мешавад.

Ба гуфтаи заминшиносон, ангишти Назарайлоқ аз навъи нодири антраcит аст, ки метавонад ба ҷои ангишти кокс истифода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи мушкил ва дар ин авохир комилан қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон барои таъмини фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатиаш, аз ҷумла ТАЛКО, ба захираҳои ангишти дохилӣ, аз ҷумла ба кони Назарайлоқ дидаи таваҷҷӯҳ дӯхтааст. Вале ба иллати набуди зербино, ба хусус роҳҳои муносиби мошингард ва шароити сахти кӯҳистониаш, кони Назарайлоқ танҳо дар фасли гармо кор мекунад.

То чанд соли пеш кони Назарайлоқ як майдони рақобати гурӯҳҳои маҳаллии мусаллаҳ ва ҷиноӣ буд. Дар соли 2007 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона хазинаи ин конро ғорат ҳам карда буданд. Вале дар пайи амалиёти ду сол пеши нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар водии Рашт фаъолияти гурӯҳҳои худсар дар ин минтақа хунсо гардида, иншооти муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла кони Назарайлоқ, таҳти контроли гурӯҳҳои молии наздик ба раҳбарони аввали кишвар қарор гирифтанд.

Ба бовари бисёриҳо, қатли Ҳоҷӣ Нуриддин Темиров метавонад аломати оғози марҳалаи нави тақсими қаламрави нуфуз дар атрофи ин кони муҳим бошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi