14:01:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тавилдара чӣ маъно дорад?

Муҳтарам Ҳотам, барои «Рӯзгор»

Тавилдара яке аз ноҳияҳои хушманзари кишвар буда, дар соҳили руди Хингоб воқеъ гаштааст. Дар бораи ин ноҳия низ мисли дигар маҳалҳои куҳистони кишвар маълумоти хеле ками таърихӣ ба дастрас қарор дорад. Аксари донишмандон давлатеро бо номи Кумит, ки дар асрҳои 6-7 мелодӣ вуҷуд дошта будааст, ба ноҳияи Тавилдара айният медиҳанд. Дар бораи воқеияти ин назар дар мақолаи Гомеда - Кумит батафсил сухан рафтааст.

tavildara 458765Тавилдара яке аз ноҳияҳои хушманзари кишвар буда, дар соҳили руди Хингоб воқеъ гаштааст. Дар бораи ин ноҳия низ мисли дигар маҳалҳои куҳистони кишвар маълумоти хеле ками таърихӣ ба дастрас қарор дорад. Аксари донишмандон давлатеро бо номи Кумит, ки дар асрҳои 6-7 мелодӣ вуҷуд дошта будааст, ба ноҳияи Тавилдара айният медиҳанд. Дар бораи воқеияти ин назар дар мақолаи Гомеда - Кумит батафсил сухан рафтааст1.

Ва сухан ҳоло дар бораи маънои номи «Тавилдара» меравад, зеро роҷеъ ба ин ном то кунун назари равшане иброз нагардидааст. Аксаран гумон доранд, ки Тавилдара аз вожаи арабии тавил, яъне дароз бар омада, маънои дараи дарозро дошта бошад. Ҳамин гуна назари гӯё ба арабӣ маънои девор доштани «Ҳоит» низ вуҷуд дорад, ки он ҳам иштибоҳ аст. Бояд гуфт, ки бо номҳои арабӣ номгузорӣ гардидани номи маҳалҳо, хусусан дар минтақаи куҳистон чандон роиҷ нест. Дар ноҳияи Тавилдара номи деҳаи Сайёд зоҳиран арабӣ намояд ҳам, имкон дорад аз номи санскритии Суйёд - номи шахс номгузорӣ гардида бошад. Ва тавре дар мақолаи мазкур гуфта шуд, ғайр аз Ҳисору Ҳисорак номҳои арабӣ вонамехӯранд.

Сайёҳ ва ҷуғрофидони рус В. И. Липский соли 1897 аз тариқи водии Вахё ба пояи қуллаи Исмоили Сомонӣ ва водии Лахш сафар намуда, номи Тавилдараро аз забони сокинони ин ҷо ба шакли Тавидара, Табидара (Тоби дара) оварда, шарҳ додааст, ки гӯё дар ин мавзеъ дара тоб – гардиш мехӯрдааст. Воқеан дараи водии руди Хингоб дар назди Тавилдара андаке ба самти шимоли шарқӣ тоб мехӯрад. Вале таҳлилу муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки маъно ва шакли аслии Тавилдара дигар буда, ба даврони хеле қадим иртибот дорад.

Дар чандин мақолаҳои мо роҷеъ ба яке аз ҳафт сарзамини даврони ориёиҳои қадим - Ҷамбу сухан рафтааст, ки он ба ҳудудҳои Помири кунунӣ нисбат мегирад2. Ва ҳудудҳои Ҷамбу аз ҳудудҳои кунунии Помир тафовут дошта, дар шимол соҳилҳои чапи рудҳои Қизилсу ва Сурхоб, дар ғарб соҳилҳои чапи Хингоб аз ҳамроҳшавии он ба Сурхоб то ноҳияи Тавилдара, дар ҷануб соҳилҳои чапи руди Панҷ ва дар шарқ соҳилҳои чапи руди Гёздарё (Косаруд - М.Ҳ.) ва самти шарқии қаторкӯҳҳои Сарикӯл ва Фарғонаро дар бар мегирифт.

Дар яке аз асарҳои ориёҳиндуӣ «Стхананга-Сутра» дар бораи ҷуғрофиёи Ҷамбудвипа маълумоти муфассал дода шуда, дар бораи Тамисра ном мавзеъҳо сухан меравад, ки дар чандин ҷойи сарзамини Ҷамбу – Помир воқеъ будаанд. Аз ташреҳоти ин мавзеъҳо маълум мегардад, ки ҳар яке аз онҳо мисли ғори калоне буда, дарвоза доштаанд ва дарунашон торику беқаър будааст. Масалан, дар банди 8.65-66 асари мазкур омадааст: «Баландии гунбади Тамисра ҳашт йоҷан, ғори дарунаш низ ҳамин қадар аст...»

Баъдан дар тафсир мавқеъҳои ҷуғрофӣ омадааст: «Дар нишебии кӯҳи Вайтадхё (Вахё?) ду ғор воқеъ гаштаанд: Тамисра – дар самти ғарби он ва Кхандапрапата – дар шарқ… Дар ҳар як ғор як ҷуфт дарвоза вуҷуд дорад, ки дар самти шимол ва ҷануб воқеъ гаштаанд. Ин дарвозаҳо ҳамеша бастаанд. Вақте чакравартҳо ҷиҳати тасхир кардани ҳамаи ноҳияҳои замин ба юриш мебарояд, сарлашкари онҳо дарвозаи ғори Тамисраро дар аввали ҳаракат ва дарвозаи ғори Кхандапрапата ҳангоми бозгашт аз юриш мекушояд».

Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ омадааст, ки баъди ғалаба бар Арҷосп, ки дар Марв (Мурғоби Бадахшон – М.Ҳ.) ба амал омада буд, Гуштоспи пирӯз ба Балх (Балхи воқеъ дар водии Фарғона) меояд. Вай Исфандиёрро маҳбус карда, худ.. ба кӯҳи Нафашт рафта, ба хондани Занд машғул мешавад. Арҷосп дубора ба Балх ҳуҷум карда, Луҳроспро мекушад. Гуштосп дар кӯҳи Тамидара пинҳон мешавад.3 Ҳангоми муқоисаи номи Тамисра бо номи Тамидара – номи кӯҳе, ки Ибни Балхӣ зикр кардааст, маълум мешавад, ки ин ду ном айни ҳам будаанд.

Муаллифи мазкур навиштааст, ки кӯҳи Тамидара «саъб куҳест». Тавре маълум аст, дар паҳлуи Тавилдара бо номи Тамара куҳи аҷибе қад афрохтааст, ки аз куҳҳои дигар тафовут дошта, таваҷҷӯҳи бинандаро зуд ба худ ҷалб мекунад. Эҳтимолан ба хотири дастнорас будани ин куҳ Гуштосп ба болои он паноҳ бурда будааст. Дар бораи ин кӯҳ ривоятҳои гуногун вуҷуд дошта, онро бо номи кадом зани рус – Тамара иртибот медиҳанд, ки чандон воқеият надорад. Мувофиқи навиштаҳои асарҳои куҳан дар буни ин куҳ дар он даврон ғоре ё нақби калоне бо номи Тамидара вуҷуд дошта будааст, ки шояд дар тайи ҳазорсолаҳо аз байн рафта бошад.

Тавре аз баргаштҳои забонӣ маълум мешавад, дар бисёр вожаҳо овозҳои т ва д ба овози с, з, ва ғайра табдил меёбанд. Аз ин лиҳоз баргашти овози д дар вожаи Тамидар ба овози с тамисар – тамисра қоидаи маъмулии забон аст. Ва ҳар ду ном ба маънои дорандаи торикӣ – торикидор маънӣ мешаванд. Вожаи там ё том дар забонҳои ориёӣ маънои торро дошта, вожаҳои русии темный, темно аз ҳамин вожа шакл гирифтаанд. Бояд гуфт, ки вожаи шом низ дар забони тоҷикӣ баргашти овозии там – том будааст. Ҳамин тариқ тамидара аз вожаи тами – торикӣ ва дара (санскритӣ – дҳара) – дор, доштан, шакл гирифта, ба маънои торикидошта ифода мешудааст.

Акнун мебинем, ки вожаи Тамидар(а) ҳамчунин бо баргашти овозии м ба б ва баъдан ба в (қоидаи маъмули забон) ба Табидара ва Тави(л)дара баргашт намудааст. Вале дар номи Тамара ба шакли ба асл наздиктар боқӣ мондааст. Дар забони санскрит тамара низ маънои тамидараро ифода мекунад.

Бояд гуфт, ки аз лиҳози мантиқ Тавилдара ҳеҷ гоҳе ба тамоми дараи соҳилҳои руди Хингоб иртибот дошта наметавонад. Қисмати болоӣ - Вахё ва поёнии ин дара ҳеҷ гоҳе бо мафҳуми Тавилдара ифода намешаванд. Зеро вақте мо Тавилдара мегӯем, номи маҳали алоҳида – шаҳраки маркази ноҳия пеши назар меояд, на тамоми дара. Дар ҳоле ки вақте Варзоб, Ромит ё Камаров мегӯем, саросари як дараи дароз тасаввур мегардад.

Рӯйдодҳои «Шоҳнома» тақрибан се ҳазор сол пеш аз ин ба вуқуъ пайвастаанд. Муҳоҷирати ориёҳиндуҳо аз сарзаминҳои Помиру Фарғона ва минтақаҳои атрофашон ба нимаи аввали ҳазораи 2 пеш аз солшуморӣ рост меояд. «Стхананга-Сутра», ки дар он дар бораи маҳалҳои Помир сухан меравад, қабл аз муҳоҷирати ориёиҳо эҷод шудааст. Яъне, Тавилдара – Тамидара номест, ки тақрибан севуним – чор ҳазор сол пеш аз ин вуҷуд дошта будааст… Сарфи назар аз гузаштани ҳазорсолаҳо ҳоло низ номҳои асливу аввалияи рудҳову маҳалҳо баъзе дар шакли асл ва баъзе дар шакли тағйирёфта боқӣ мондаанд.

1. Ҳотам М. «Ҳисор дар бомдоди таърих», Душанбе, «Ирфон», 2011

2. Ҳотам М. «Эрони гумшуда», Душанбе, 2012.

3. Ибн ал-Балхӣ. «Форснома». Душанбе. Дониш, 1989, с. 55



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi