03:04:25 25-уми Майи 2025 сол

ЭШОНИ НУРИДДИН АЗ ИМОМХАТИБӢ КАНОР РАФТ

Рӯҳонии саршинос Эшони Нуриддин имомхатибии масҷиди "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдатро ба бародараш вогузор кард.

 

Эшони НуриддинчонИн рӯҳонӣ, ки дар гузашта барои як "гуфтугӯи дӯстона" ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда буд, масъулияти сарварии масҷиди ҷомеи Муҳаммадияро бар дӯши бародари худ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода гузоштааст. Сабаби аз мақомаш канор рафтани Эшони Нуриддинҷонро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар он медонад, ки бародари бузургаш ширкат кардан дар маҷолиси расмиро чандон хуш надорад ва ба ин гуна расмиёт одат накардааст, аз ин рӯ қарор шудааст, ки Маҳмудҷон Тӯраҷонзода вазифаи имом- хатибиро бар дӯш дошта бошад.

 

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон номгӯи 60 мавзӯъро барои мавъизаҳо ба имом-хатибон пешниҳод кардааст. Дар гузашта бархе аз мавъизаҳои Эшони Нуриддин рӯҳияи шадид ва интиқодӣ касб дошта, даҳҳо навори чунин мавъизаҳо мусодира ва маҳв шудаанд. Эҳтимол меравад, ин рӯҳонӣ нахоста бошад, ба дастури мақомот дар интихоби мавзӯъи сӯҳбатҳои намози ҷумъа итоат кунад.

 

Аз ин ба баъд Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, яке аз дигар аз донишмандони хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо масъулияти имомхатибии ин масҷидро ба ӯҳда хоҳад дошт ва бародари аршадаш Эшони Нуриддинҷон ба симмати ноиби хатиби масҷиди ҷомеъи Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат, яъне муовини Маҳмудҷон Тӯраҷонзода фаъолият хоҳад кард. Эшони Нуриддинҷон аз ҷумли воизони маъруфи кишвар аст, ки дар байни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буда мавъизаву гуфторҳои вай ҳаводорони зиёде дорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4290-2011-01-28-14-03-14.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 04.10.2011 01:54
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ БОБОИ НУРИДДИНЧОН МАН МЕХОСТАМ БО ШУМО АЗ НАЗДИК ШИНОС ШАВАМ ЛЕКИН ИЛОЧ НЕСТ БАРОИ ХАМИН МЕХОСТАМ КИ БА МАН ЯЪНЕ БА АДРЕСИ ПОЧТААМ АДРЕСИ ПОЧТАИ ХУДРО ФИРИСТЕД
 
 
-1 #4 Guest 03.02.2011 02:46
Ассалому алейкум бародарон ва хохарони исломи. Мо як гурух аз чавонон гариб аз шахри Самара, ки дустдорони панду андарзхо, ва мавъизахои Эшони Нуриддинчон хастем, хамеша дар хакки Эшон дуогуем, ва намехохем, ки мавъизахои Эшон аз байн биравад. Ва иншоаллох аз худованди мутаъол умедворем, ки сарварони давлати Точикистон шояд рузе аз ин боз истанд. Онхо низ худ мусалмон хастанд. Худованд ба хамаи мусалмонон сабри чамил ато фармояд. Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух.
 
 
+3 #3 Guest 31.01.2011 16:42
BAROI CHI BOBOI ESHONRO AZ VAZIFAASH KINOR GUZOSHTAN
 
 
+1 #2 Guest 31.01.2011 15:24
khudovand ba bobo eshon sabri buzurg ato namoyad ki baroi islom khidmat mikunand
 
 
+1 #1 Guest 30.01.2011 17:31
ma medonum ki inshoalloh eshoni nuriddin xudro dar zohir az emom xatibi kanor raft va az chashmi mardum dur shud,vali azpushdi parda kori xudro mekunad va umedvoram ki muvaffaq meshavad va mo tolib ilmon hamesha bo duo hastem
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ