Хазина аз
Султони Ҳамад: Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
Чандрасонаӣ
30.06.2019 22:48
1116
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат,
Замони оштӣ, даврони ваҳдат.
Ҳамедонам туӣ пазмони кишвар,
Чуноне, ки ватан пазмони ваҳдат.
Шикасту қатлу ғорат кун фаромӯш,
Биё, бишкан дигар армони ваҳдат.
Бибар аз ёд фармони харобӣ,
Намо иҷро фақат фармони ваҳдат.
Табиби дарди миллат бош, к-ин дам,
Даво созему ҳам дармони ваҳдат.
Даме бо қасди ваҳдат гом бардор,
Бубин он гаҳ ба чашм эҳсони ваҳдат.
Ғами ....