03:40:46 01-уми Июли 2026 сол

Хазина аз

18 сол ҳукми зиндони ҳамяроқи Файзалӣ Саидов Иҷтимоъ 28.08.2014 22:51 1252
Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба «Тоҳир-Сиёҳ», «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» раҳбари як гурӯҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон бо ҷурмҳое, чун куштор, таҷовуз ба номус ва авбошӣ, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд Иҷтимоъ 28.08.2014 22:49 1430
Додгоҳи вилояти Хатлон се зани сокини ноҳияи Қубодиёни ин вилоятро бо ҷурми қочоқи занон ба Имороти Араб ба мӯҳлати аз 5,5 то 6 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон се зани сокини ноҳияи Қубодиёнро ...
Маркази тестӣ: "Тағо" имсол аз имтиҳон нагузашт Иҷтимоъ 28.08.2014 22:47 1155
Маркази миллии тестӣ, ба бовари бисёриҳо, доманаи фасод дар маъракаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро хеле коҳиш дод, вале мегӯянд, дарёи фасод баъд аз дохил шудан ба мактабҳои олӣҳамчунон пуртуғён боқӣ мемонад.
Дар дидори Рӯҳонӣ аз Душанбе даҳ санад имзо хоҳад шуд Сиёсат 27.08.2014 20:04 1131
Дар дидори қарибулвуқӯъи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, аз Тоҷикистон, ки дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи Шонгҳой сурат мегирад, даҳ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд.
Санҷиши издивоҷи 5 сол пеши писари Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсӣ Иҷтимоъ 27.08.2014 20:03 1233
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, яке аз фарзандони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар 5 соли пеш ба духтари ноболиғ издивоҷ кардааст. Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон рӯзи 27 август ба могуфт ...
Марзи дину дунявият. Намунаи Тоҷикистон Дин ва ҷомеъа 27.08.2014 20:00 2211
Дар як анҷуман дар шаҳри Душанбе масъалаи секюларизми миллӣ ва омили динӣ дар шароити давлати дунявӣ баҳс шудааст. Аммо суол ин аст, ки марзи дунявият дар шароити кишварҳои мусалмоннишине, чун Тоҷикистон, то куҷо бояд бошад?
Шарҳи Русия дар бораи боздошти низомиёни пойгоҳи 201 Иҷтимоъ 27.08.2014 19:58 1265
Як мақоми низомии Русия гуфт, фармондеҳии пойгоҳи 201-уми ин кишвар ҳамроҳ бо мақомоти тоҷик хабарҳо дар бораи даст доштани як сарбози ин пойгоҳ дар қатли ронандаи такси дар канори Душанберо таҳқиқ мекунад.
Бойкоти навбатии тарафдорони доктор Абдуллоҳ Равзана ба ҷахон 27.08.2014 19:56 1075
Ситоди доктор Абдуллоҳҷараёни бозшумории овозҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро, ки чанд ҳафта боз зери назари СММ идома дошт, бойкот кардааст. Ин иқдом Афғонистонро ба вартаи бӯҳрони сиёсии амиқтаре тела медиҳад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг Иҷтимоъ 27.08.2014 19:54 1194
Додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи шавҳари зане, ки худро ҳафтаи гузашта дар яке аз толорҳои ҳусни пойтахт овехт, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Мақоми 4-уми паҳлавони тоҷик Фирӯз Ёқубов дар Нанҷинг Ҷавонон ва варзиш 27.08.2014 19:53 1588
Фирӯз Ёқубов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гуштии озод мақоми чорумро касб кард. Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин охирин варзишгари тоҷик ...