11:47:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАР ЧИ ДИЛАМРО ХОЛӢ МЕКУНАМ, БОЗ ПУР МЕШАВАД АЗ ТУ

Муждаи аз тариқи нашриёти «Бухоро» (Душанбе-2012) ба табъ расидани китоби Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусқии Ғарб» барои алоқамандон ва ихлосмандони ин сарояндаи нотакрори машриқзамин чун «баҳри гулҳо мисли об, баҳри хаста мисли хоб» тӯҳфаи арзишманду рӯҳафзое буд. Устод Султони Ҳамад дар ҷумҳурӣ чун аҳмадзоҳиршинос эътироф шудааст ва бори аввал нест, ки коми дӯстдорони Аҳмад Зоҳирро ширин мекунад.

/images/stories/2013/02/27_komil-ahrorov-270213.jpgМо мухлисони ин гули яктои гулистони ҳунар дерҳост, ки ҳар як навиштаи ӯро дар ин мавзӯъ пайгирӣ мекунем ва маълумотҳои ӯро оиди зиндагиву эҷодиёти ин хунёгари бузург боэътимод меҳисобем, китоби охирини муаллиф, ки як навъ пажӯҳиши тоза дар ин самт аст, аз заҳматҳои зиёди ӯ дарак медиҳанд, зеро ҷамъоварӣ ва рӯйи коғаз овардани маълумотҳои мӯътамад дар бораи зиндагиву эҷодиёти шахсе, ки дар кишвари дигар умр ба сар бурдаасту зиеда аз 30 сол пештар фавтидааст, кори саҳл нест.

Ин китоб як навъ ҷавобе ҳам ҳаст, ба онҳое, ки Аҳмад Зоҳирро танҳо овозхоне медонанду хизматҳои ӯро дар офаридани оҳанг, «оштӣ додани мусиқии Ғарб ва Шарқ» нодида мегиранд. Дар сӯҳбате хоҳари марҳум - Зоҳира гуфтааст, ки ҳунарманд ҳар чи қадаре шӯҳрати зиёд дошта бошад, ҳамон қадар нотавонбинонаш зиёд мешаванд, Аз ин лиҳоз, муаллиф ба нотавонбинони Аҳмад Зоҳир оиди саҳми ин ҳунарманди беҳамто дар ҷодаи санъати ҷаҳон ҷавоби сазоворе додааст.

Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки гӯё Зоҳирро дар ватани худаш ин қадар эътироф намекунанду дар мо дар борааш китобҳо менависанд. Ин даъвои ботилест. Аз сомонаҳои интернетӣ мехонем, ки афғонҳо имрӯз ӯро ба ҷуз аз Аҳмад Зоҳирҷон ном намебаранд ва ӯ то маргаш дар ватанаш ҳар сол чун овозхони беҳтарин эътироф мешуд ва китобҳои зиёде ҳам оиди зиндагиву эҷодиёти ӯ дар кишварҳои гуногун ба табъ расидаанд.

Китоби охирине, ки дар Эрон бо номи «Китоби ишқ» (Маҷмӯаи комили таронаҳои Аҳмад Зоҳир, мутаассифона, мо дар даст надорем),ба нашр расидааст, далели гуфтаҳои болост. Ногуфта намонад, ки алҳол алоқамандони ҳунари ӯ дар кишвараш кӯшиш доранд, то кӯчаеро, ки дар он Аҳмад Зоҳир зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузоранд. Ин ҳам як навъ арҷгузорӣ аст ба ҳунари ӯ аз тарафи ҳаммеҳанонаш.

Имрӯз таронаҳои ӯ аз он чи мехост фарохтар қадам гузоштаанд. Имрӯз онҳо дар талоши онанд, ки на танҳо ду тамаддун, балки тамоми ҷаҳонро ба ҳам биоранд ва лаҳзае ҳам бошад, фараҳ бубахшанд, онҳоро ба ҳамдигар наздиктару дӯсттар намоянд - менависад муаллифи китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб». Имрӯз мо ба шабакаи интернет дохил мешавему тасдиқи ин гуфтаҳоро меёбем. Шахсан мо тавассути Аҳмад Зоҳир ва сурудҳои ӯ дӯстони меҳрубони зиёде ёфтаем аз намояндагони миллатҳои гуногун ва ҳамаи моро маҳз меҳри беандозаи таронаҳои беназири ӯ ба ҳам овардааст.

Маълумотҳои муаллифи китоб дар бораи алоқамандии Аҳмад Зоҳир бо мусиқӣ ва созҳои ғарбӣ  хеле  ҷолибанд. Аз ин китоб мо дар бораи мусиқанавозони ҳофиз, ки дар эҷодиёти ӯ нақши муҳим бозидаанд, ҳамчунин дар бораи оҳангсозони шинохтаи афғон Фазлаҳмади Найнавоз ва Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ва дигарон маълумоти муфассале пайдо намудем, ки боиси сипосгузорӣ ва миннатдорӣ аз устод аст, Хабари дар байни 50 садои беҳтарини дунё ҷой гирифтани Аҳмад Зоҳир дар озмуни «Садои тиллоии солҳо», ки дар поёни китоб омадааст, ба дилу дидаҳои мо нуру зиё бахшид.

Бо вуҷуди ин ,ба назари мо қисмати дуввуми китоб, ки ба он матни 100 таронаи Аҳмад Зоҳир бо нишон додани ҳам муаллифи шеър ва ҳам муаллифи оҳанг замима гаштааст, барои мухлисон, хоса алоқамандони санъат ҷолибтар аст, Чи хеле ки худи муаллиф қайд мекунад, Аҳмад Зоҳир дар байни овозхонҳои тоҷик аз маҳбубияти беандоза бархурдор аст ва овозхонҳои зиёде сурудҳои ӯро дар репертуари худ ҷой додаанд, Аммо, мутаассифона, имрӯз ҳам баъзе ҳофизони мо матни сурудҳои ӯро ғалат мехонанд, Шояд баъди нашри ин китоб ғалатхонӣ дар байни ҳофизон камтар шавад. Дигар ин ки донистани муаллифи ин ё он шеъри ҳофизи дӯстдошта ба мухлис кайфияти хосае мебахшад, Дар омади гап бояд гӯем, ки агар матни сурудҳо ба пуррагӣ оварда мешуданд, нуран алонур мешуд,

Дар бораи қисмати аввали китоб ва хизматҳои устод Султони Ҳамад дар шиносонидани Аҳмад Зоҳир ба мардуми тоҷик номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат») муфассалтар гуфта гузаштаанд, бинобар ин мо ҳоло мехоҳем баъзе андешаҳои худро перомуни навиштаҳои Султони Ҳамад оиди эҷодиёти Аҳмад Зоҳир гуфта бошем.

Нахуст дар бораи теъдоди сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ҳарчанд ин мавзӯи навиштаҳои пештар аст. Султони Ҳамад дар мақолаи «Садое,ки пайки муҳаббат аст» (2003)менависад, ки «Ҳоли ҳозир феҳрасти таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз 310 суруд иборат аст. Мо исрор варзиданӣ нестем, ки тамоми репертуари Аҳмад Зоҳир аз ҳамин 310 тарона иборат аст. Бешаку шубҳа, наворҳое ҳастанд, ки дар онҳо бо эҳтимоли қавӣ сурудҳои ба мо номаълуми Аҳмад Зоҳир сабт гардидаанд ва мо он наворҳоро рӯйи даст надорем».

Гуфтаҳои охир аллакай дар китоби «Султони қалбҳо» (2005) тасдиқи худро ёфтаанд, зеро дар ин китоб муаллиф адади сурудҳои Аҳмад Зоҳирро аз 351 боло дониста, номгӯи онҳоро зикр намудааст, Мо ҳам тайи чанд сол аст, ки феҳрасти сурудҳои Аҳмад Зоҳирро барои худ тартиб додаем, он сурудҳоеро, ки боре шунидаем ё аз мавҷудияташон бохабарем, номнавис кардаем. Дар баробари ин номгӯи сурудҳоеро, ки дар феҳрасти мо набуд, аз «Султони қалбҳо» илова намудем. Имрӯз бо кӯмаки дӯстон феҳрасти мо 382 сурудро дар бар мегирад.

Он сурудҳое, ки дар «Султони қалбҳо» зикр нашудаанд: Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорам, Ай дил, касе ба рӯзи мани нотавон мабод, Ай дилбари ман, тоҷи сари ман, Ай дӯстон, ай дӯстон, имшаб фаромӯшам кунед, Ай ки аз килки ҳунар накши дилангези Худоӣ, Биё, нури дида, марав аз канорам, Ба ноз, ноз, нози ту дил дода Лайло (дуэт), Буру бобо ,ма катет нестам (халқӣ), Гар шиквае дорам зи дил, бар ёри соҳибдил кунам, Зи баҳори умри ман ба ҷуз вафо нарӯяд, Зи шабҳои дигар дорам таби ғам бештар имшаб, Мавҷи дарё, абри сиёҳ, Нару, нару, биё, биё, Оҳ,чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ, Пас аз ин зорӣ макун, Сар то ба по сиёҳ чун он толеи манӣ, Ситораи осмон аст реза - реза, Соқӣ, куҷоӣ, бода куҷо шуд? (дуэт) Тӯфони ашки ҳасратам афсонаҳо дорад ба дил, То, ай маҳи ман, рафтӣ зи барам, Шудаӣ маст чаро?...

Ҳамчунин мо ба ин феҳраст ду- се суруди рекламавиеро ҳам, ки Зоҳир сурудааст, илова намудем. Баъзеи ин сурудҳо дар навиштаҳои Султони Ҳамад омада бошанд ҳам, бо чӣ сабабе дар феҳраст шомил нашудаанд. Ба фикри мо баъзе оҳангҳое, ки Зоҳир онҳоро бо матнҳои гуногун ва аз шоирони гуногун сароидааст, бояд чун суруди алоҳида пазируфта шаванд. Мисол, таронаи «Пиндоштам ҳамеша гули хотири манӣ» як суруд ва «Сар то ба по сиёҳ чун он толеи манӣ»-ро ҳарчанд оҳангашон як аст, сурудҳои алоҳида шуморидан лозим аст, Дар мавриди таронаи «Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ» бар ғазали Саъдӣ ва мухаммаси Шаҳриёр «Ай ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худоӣ» низ бояд чунин раво бошад,(бо феҳрасти пурраи мо метавонед дар гурӯҳи The Legend Ahmad Zahir,Однокласники, шинос шавед. Албатта, ин ҳам рақами ниҳоӣ нест, бо итминони комил мегӯем, ки ҳоло сурудҳои зиёди маҳфилие ҳастанд, ки мо ҳоло онҳоро намедонем.Ҷустуҷӯ идома дорад.

Чи хеле устод ёдовар шудаанд, Аҳмад Зоҳир забонҳои ҳиндӣ ва англисиро хуб медонист, бинобар ин ӯ бо ин забонҳо якчанд суруд хондааст, ки номи онҳо дар феҳрасти Султони Ҳамад оварда шудаанд. Аммо ,мутаассифона, номи сурудҳои ҳиндӣ ба иллати надонистани забон билкул хато дарҷ шудаанд. Мисол, Машаир тум наҳи , Аҷаре апмера дил ту пияра, Чарла кела, чарла кела ва ғ .Тарзи дурусти навишти ин сурудҳо бояд чунин бощад: Мей шаир то наҳин, Аҷа Ре, аб мера дил пукара, Чал акела, чал акела ва ғ. Дар ин хусус аз донандагони забон маслиҳат гирифтан зарур буд, зеро дар натиҷаи хатонависӣ маъно вайрон шудааст.

/images/stories/2013/02/27_ahmad-zahir-270213.jpgАкнун чанд сухан дар бораи матни тоҷикии сурудҳои Аҳмад Зоҳир.Чи хеле ёдовар шудем, бори аввал дар Тоҷикистон аст, ки Султони Ҳамад дар китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» муаллифи 100 шеър ва оҳангро зикр намудааст, ки аз ҷустуҷӯйҳои зиёди муаллиф дарак медиҳанд. Албатта ,агар нусхаи асли матн дар даст набошад, аз рӯи шунид фаҳмидани баъзе калимаҳои суруд душвор аст. Дигар ин ки Аҳмад Зоҳир баъзан дониста ва баъзан ғайриихтиёр баъзе каимаҳои матнро дагар кардааст.

Мегӯянд, ки Зохҳр матни тамоми сурудҳои худро ҳифз мекардааст, яъне на аз рӯи варақ мехондааст ва чун теъдоди сурудҳо зиёданд, баъзан калимаҳо ё мисраъҳо пешу қафо шудаанд. Аз ин рӯ, вазифаи пажӯҳишгарон аст, ки ҳангоми навиштани матни суруд хеле боэҳтиёт бошанд. Ба андешаи мо, дар китоби зикршуда дар матни сурудҳо баъзе хатогиҳо рафтаанд. Мисол, банди дуюми суруди машҳури «Каҷаки абрӯят»(сах.205)чунин омадааст:

Ду абрӯи туро пайваста гуфтанд,

Даҳони дилкашатро писта гуфтанд.

Чу васф кардан ҳадиси ғунчаатро,

Ба оби гул даҳанро шуста гуфтанд.

Чу васф кардан ҳадиси ғунчаатро мантиқан хатост,ҳамчунин дар калимаи васф ҳарфи ф вазнро сактадор кардааст.Чу саф кардам,яъне қатор шумурдани сифати лабони маъшуқа дурусттар аст.

Дар саҳ, 208 байти аввали мухаммаси Шаҳриёр бар ғазали Саъдӣ чунин зикр шудааст:

Ай ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худоӣ,

Ҳайф бошад, маҳи ман, к-ин ҳама аз дер ҷудоӣ.

Аз дер ҷудо будан чӣ маъно дорад? Асли мисраъ чунин аст:

Ҳайф бошад , маҳи ман, к-ин ҳама аз меҳр ҷудоӣ.

Ҳоҷат ба шарҳи маъно нест.

Дар саҳ, 210- и китоб байти аввали суруди «Ман найнавозам» чунин оварда шудааст:

Сарпанҷаи хас саъйи ман умре,

Дар базми гулҳо гулдаста баста.

Аҳмад Зоҳир ин байтро чунин суруда:

Сарпанҷаи хастаи ман умре,

Дар базми гулҳо гулдаста баста.

Ба гумонам, дар мисраи аввали шеъри Халилуллоҳи Халилӣ (саҳ.213)низ иштибоҳ рафта:

Рашҳа дар дасти боғбон уфтод,

Ларза бар нахли навҷавон уфтод.

Изтиробе ба бӯстон уфтод,

Боз овозаи хазон уфтод.

Рашҳа дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои он чи аз ҷое таровида баромадааст, чакра, қатра омадаст. Аҳмад Зоҳир Раъша дар дасти боғбон уфтод гуфтааст. Раъша дар Фарҳанг чунин омадааст: ларза,ҷунбиш дар дасту по ё умумман дар бадани инсон аз пирӣ. Хазон ниҳояти умр аст, давраи пирӣ ва аз овозаи он, аз наздикшавии он ба дсти боғбон ларза меафтад, чуноне ки нахли ҷавон ҳам аз расидани хазонрез ба ларза меояд, метарсад.

Банди дуввуми шеъри «Бевафо ёрам»(саҳ.152)дар китоб чунин омадааст:

Рузу шаб нолаҳо,

Ашку хун борам?

Синае ҳамчу хун,

Ман зи ғам дорам.

Аҳмад Зоҳир ин тавр сурудааст:

Рӯзу шаб нолон,

Ашку хун борон.

Синае ҳамчу хун,

Ман зи ғам дорам.

Суруди «Вой борон, борон» (саҳ.154.) дар китоб:

Чор фаслаш ҳама ороста дид,

Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам,

Ҳайбати боди зимистонӣ…

Ба андешаи мо:

Чор фаслаш ҳама оростагист,

Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам,

Ҳайбати боди зимистонист,,,

Ҳамон ҷо поёнтар:

Оҳ чӣ рӯъёе фитад агар,

Оҳ чӣ пайванди замин яктост…

Ба андешаи мо:

Оҳ чӣ рӯъёе, ки табаҳ, гашт,

Оҳ чӣ пайванди самимиятҳост…

Саҳ.242-и китоб, мисраи аввали газали Бедил:

Набарӣ гумон, ки муфтӣ, ба Худо расида бошӣ.

Ба гумони мо, ба ҷои калимаи муфтӣ бояд калимаи муфте, яъне муфт, ройгон, осонакак навишта мешуд, дар девони Бедил ба ҷои калимаи муфте калимаи яъне ҳам омадааст.

Мисол аз саҳ.214

Рақс бикун, шӯр бидеҳ, хирмани зулфон, Аллоҳ, моҳи шабистон,

Чарх бизан,чарх бизан,о пиёлачашмон , Аллоҳ, офати даврон.

Ба фикри мо, ин ҷо калимаи Аллоҳ ба рақсу чарх дар ин шеър иртиботе надорад,зеро ин рақси самоъ нест. Аҳмад Зоҳир «ало моҳи шабистон, ало офати даврон» гуфтааст. Калимаи ало нидо буда, изҳори шодиву хурсандиро дорад ва онро ҳофиз бо ташдиди лом талаффуз кардааст, аз ин рӯ ба калимаи Аллоҳ наздик шудааст.

Ҳамон ҷо: Занг бизан, занг кати пои дилаврин, (?) Аллоҳ, хирмани тамкин…

Маънои пои дилавринро нафаҳмидем, пойи булӯрин дуруст аст. Саҳ.151 дар китоб:

Бароям гиря кун охир гули беранг мехоҳам,

Намехоҳам, гули ман, гар шавӣ ашке бияфшонӣ.

Дурусташ бояд чунин бошад:

Бароям гиря кун охир, гули беранг мехоҳам,

Намехоҳам, ки бе ман гар шавӣ, ашке бияфшонӣ.

Саҳ.161 дар китоб:

Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам,

Муҷрими ишқаму дарҳам ҳама ашё задаам.

Зоҳир ин тавр сурудааст:

Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам,

Муҷрими ишқаму дар маҳкама ҳошо задаам.

Дузду гунаҳкор, албатта, дар маҳкама аст.

Ҳамин гуна хатогиҳо дар саҳифаҳои дигари китоб низ ба назар мерасанд, Аз ҷумла , дар саҳ.155 (Айши мо-дурусташ Ай шумо), саҳ.161 (ишқи Масеҳо – ибни Масеҳо ), саҳ.166 (мирамиданҳо-ин рамиданҳо), саҳ.244 (Мисли лабханди манӣ-Мисли лабханди малеҳ), саҳ. 215 (зи нойи шубонӣ-зи нойи шабонӣ), саҳ.210 (шикаст ранги-шикастарангӣ),саҳ 211 (Наёбад бар дилам гармӣ- Наёбад маҳфилам гармӣ), саҳ.212 (дар саҳнаи ҷаҳон-дар паҳнаи ҷаҳон)…

Эҷодиёти Аҳмад Зоҳир хеле доманадор аст.Шояд дар дунё дигар ҳунармандеро дарёфт карадн мушкил бошад, ки дар ин муддати кӯтоҳ (15 сол) ин миқдор сурудҳои баландпояро манзури шунавандагон карда бошад. Садои махмалин, дониши баланд, меҳнатдӯстӣ, самимият, ишқсароиву ошиқнавозӣ, дуруст гузоштани задаҳои мантиқӣ, завқи баланди интихоби шеъру оҳанг, сахтгирӣ ба эҷодиёти худ, омезиши мусиқии Шарқу Ғарб, тараннуми орзуву омоли мардум, озодихоҳӣ,ҷавонмардиву поктинатӣ, ватандӯстиву ватансароӣ, Худодӯстиву Қуръонпарастӣ омилҳое буданд, ки ин хунёгари мумтозро маҳбуби дилҳои ҳазорон гардонидаанд, Азбаски муаллифони матни аксари сурудҳои Зоҳир ва эҷодиёти онҳо барои оммаи мардуми тоҷик он қадар ошно нестанд, аз рӯйи навор навиштани онҳо баъзан боиси ғалатфаҳмиҳо мешаванд. Эҳтимол, Аҳмад Зоҳир баъзе сурудҳояшро, он тавре ки мӯҳтарам Султони Ҳамад навиштаанд,суруда бошад, лекин дар навбати дигар онро ҳатман ислоҳ кардааст. Аз ҷумла дар китоби «Султони қалбҳо» зимни таҳлили байти :

Кабоби нозуки дил оташи ҳамвор мехоҳад,

Баровар чеҳраатро аз ниқоб оҳиста,оҳиста,

ки аз китоби «Танҳо садост,ки мемонад» оварда шудааст,Султони Ҳамад менависанд, ки мисраи дуввум ба мисраи авввли байт ҳеҷ муносибати маъноӣ надорад, яъне Аҳмад Зоҳир ин тавр насурудааст. Комилан дуруст, аммо мо навореро дар даст дорем, ки Аҳмад Зоҳир ин байтро маҳз бо ҳамин тартиби мисраъҳо сурудааст. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯйи матни асл бо овардани тарзи саҳеҳи онҳо аз рисолати пажӯҳишгарон аст. Мо баъзе андешаҳои худро баён намудем, шояд онҳо низ аз норасоиҳо орӣ набошанд. Боқӣ ба қазовати мӯҳтарам Султони Ҳамад ва мухлисони Аҳмад Зоҳир.

Комилҷон Аҳроров, устоди коллеҷи омӯзгории ш.Панҷакент.



Шарҳҳо   

 
0 #1 GulçehraGuest 14.08.2013 19:14
Ahsan, muallimi aziz kori hele hayre karded! Mutaasifona baroi mo dustdoroni ovozi Ahmad Zohir solhost, kı kıtobe va yo malumoti muhtasare nest va ın makolai şumo baro omuhtani baze pahluhoi hayotu ecodiyoti Zohiri notakror hele hub şud. Az Şumo hele siposguzoram. Boşad,kı çun Zohir azizu dustdori mardumon boşed!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi