00:57:31 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2000 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БАРЗУ ОЁ МЕТАВОНАД ҚИММАТШОҲ ҲИММАТШОЕВИ ДИГАРЕ БИСОЗАД?

Намоишномаи «Хизматгори ду хоҷа»-и яке аз классикони драматургияи ҷаҳонӣ Карло Голдонии итолиёвӣ дар таҳияи режиссёри маъруфи тоҷик Барзуи Абдураззоқ оғозбахши 84-мин мавсими театрии Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид.

/images/stories/2012/09/23_hizmatgori-du-khoja-230912.jpgОнҳое, ки дар ин рӯз ба театр омада буданд, дар оғози спектакл шоҳиди лаҳзаҳои гуворову манзараҳои дилрабое гаштанд. Қариб ҳама актёрони дар қайди ҳаёт будаи ин Театри овозадор, ки падари театрҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, барои хайра мақдам гуфтани тамошобини хеш бо шиори зерин болои саҳна баромаданд:

Мо ки ҳастем ҷони саҳна,

Ҷони мо қурбони саҳна.

Тамошобинони сершумор, ки толори Театрро бори аввал дар ин чанд соли охир ҳини кушодашавии мавсими театрӣ моломол карда буданд, ҳунармандони дӯстдоштаи худ, собиқадорони меҳнат Марям Исоева, Хайрӣ Назарова, Носирҷон Ҳасанов, Фотима Ғуломова, Тӯрахон Аҳмадхонов, Саврӣ Сабзалиева, Гуландом Сафаралиева, Қиёмиддин Чақалов ва ҳунармандони дар авҷи камолоти эҷодӣ буда, аз ҷумла Ибодулло Машрабов, Шералӣ Абдулқайсов, Соро Сабзалиева, Бобоҷон Ҳасанов, Мавлуда Обидова, Исо Абдурашидов, Фирӯз Умаров, Ортиқ Қодиров,  Муҳаммадӣ Абдурасулов, Зулхумор Иброҳимова, Марям Турсунова, Нуриддин Ҷарронӣ, Латофат Барзиева  ва дигаронро бо кафкӯбҳои гарму ҷӯшон пазироӣ намуданд.

Дар ин композитсияе, ки на чандон зиёд тӯл кашид, ҳунармандони дӯстдоштаи алоқамандони театр, ҳар яке дар либоси назм садои рӯҳнавози қалби хешро нисбати саҳнаву тамошобин ва касби актёрӣ бо як эҳсоси самимӣ иброз доштанд. Сипас спектакли «Хизматгори ду хоҷа» оғоз шуд.

Бояд гуфт ин шоҳкории драматурги машҳури венетсиягӣ, муаллифи беш аз 250 намоишнома, ки поёни умрашро дар Париж бо хориву зорӣ мегузаронад, бори саввум аст, ки болои саҳнаи театрҳои Тоҷикистон меояд. Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, яке аз собиқадорони Театри давлатии  академӣ драмавии ба номи Лоҳутӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» изҳор кард, ки бори аввал ин намоишномаро дар ин театр коргардони дар замонаш маъруфи кишвар Феоктист Иосифович Александрин соли 1964 ба саҳна гузоштааст.

Пеш аз ин «Хизматгори ду хоҷа» ба забони русӣ дар саҳнаи Театри давлатии драмавии ба номи Маяковский рӯи саҳна омада будааст. Асарро ба забони тоҷикӣ устод Сотим Улуғзода, ки ҳамон вақтҳо дар театр инчунин вазифаи муҳаррири адабиро иҷро менамудааст, тарҷума кардааст. Нақши асосӣ-Труфалдиноро марҳум Қимматшоҳ Ҳимматшоев, Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон иҷро карда буд.

Бояд гуфт, ки ин нақш қуллаи баланди эҷодии шодравон Қимматшоҳ Ҳимматшоев буд. Ман дар он намоишномаи нахустини «Хизматгори ду хоҷа» нақши Флориндо, маъшуқи Биатриче ё худ хоҷаи дуввуми Труфалдиноро иҷро карда будам. Дар нақши Биатриче ҳунарманди дар он вақт ҷавон, вале ҳоло Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева бозӣ мекарданд.

Фикр мекунам аз он гурӯҳи актёроне, ки дар намоишномаи нахустини «Хизматгори ду хоҷа» танҳо мо  ҳамин ду нафар дар қайди ҳаёт мондаем, мегӯяд Тӯрахон Аҳмадхонов. Худо раҳмат кунад Мукаррама Камолова, ҳунарманди хеле хуби кишварро. Ӯ нақши Кларичеро хеле хуб бозида буд. Воқеан, ин спектаклро мо қариб дар бузургтарин саҳнаҳои театрҳои номии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба намоиш гузошта будем.

Сафарҳои зиёде доштем ба хориҷ аз кишвар. Ёдам меояд соли 1968 бо ҳамин  ва боз чанд намоишномаи дигар як сафари эҷодии чилрӯза ба кишвари ҳамсоя, ҳамфарҳангу ҳамзабони Афғонистон доштем. Дар шаҳрҳои Кобулу Қундузу Мазори Шариф, Ҷалолобод ин намоишномаи моро бисёр гарму ҷӯшон қабул карданд»- гуфт дар идомаи суханаш Тӯрахон Аҳмадхонов.

Ва инак ин дафъа намоишномаи «Хизматгори ду хоҷа»-ро коргардони маъруфи кишвар Ҳунарпешаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов  рӯи саҳна бо як шеваву усули хоси коргардонии худ овардааст. Ҳоло дар бораи бурду бохти намоишнома сухан гуфтан албатта барқт аст. Спектакл дар марҳилаи такомулу суфташавӣ қарор дорад.

Агарчанде коргардон ва ҳунарманди собиқадори театр Тӯрахон Аҳмадхонов дар сӯҳбат бо мо аз бозии хуби ҳунармандони имрӯза низ сухан гуфта бошад ҳам, вале худи ба саҳнагузоранда Барзу Абдураззоқов аз бозии актёрон чандон қаноатманд нест. Ин маънои онро дорад, ки ҳам коргардон ва ҳам ҳунарпешаҳо болои намоишнома кор хоҳанд кард ва он сайқал хоҳад ёфт.

Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки намоишнома аллакай тамошобини худро пайдо карда истодааст. Дар ҳар як намоиши ин спектакл толори театр моломоли тамошобин аст ва онро бо шавқ тамошо мекунанд.

Агарчанде дар бораи бозии актёрон ва дигар паҳлӯҳои намоишнома ҳоло аз андешаронӣ худдорӣ кунем ҳам, вале нақшу номи онҳоро дар ин ҷо овардан ба мақсад мувофиқ ва ҳам ба манфиати ҳам тамошобин ва ҳам ҳунармандон медонем.

Ҳамин тариқ нақши асосӣ, Труфальдино аз Бергамо, яъне хизматгори ду хоҷаро, Асалбек Назриев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бозӣ кардааст.

Дар нақши Панталоне, тоҷири Венетсия, падари Клариче, ҳунарпеша Исфандиёр Ғуломов ҳунарнамоӣ мекунад. Нақши Беатриче Распони -«хоҷа»-и Труфалдино, ҳунарпеша Умеда Раҳимова бозидааст. Ҳунарпеша Аъзамҷон Розиқов нақши Флориндо Аритузе аз Турин, хоҷаи дуввуми Труфалдино, маъшуқи Биатричеро бозидааст.

Ҳунарпеша Ширмоҳ Миргулова бошад Клариче, духтари Панталоне, маъшуқаи Силвио Ламбардиро иҷро кардааст. Нақши Смералдина, хизматгорзани тоҷир Панталоне ва духтари ӯ Кларичеро Мастура Ортиқова бозӣ мекунад. Дар нақши доктор Ломбарди, падари Силвио Ламбарди, ҳунарпеша Салоҳиддин Шукуров ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳунарпеша Абдукарим Машрабов нақши Силвио Ломбарди, писари доктор Ломбарди, маъшуқи Клариче, духтари Понталонеро иҷро кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев бошад нақши Бригела – соҳиби меҳмонхонаро бозӣ мекунад.

Муштарии гиромӣ, тақрибан 40 акси аз ҷараёни ин намоишнома шогирдона гирифтаи хабарнигори сомонаро Шумо метавонед аз «Гӯшаи аксҳо»-и сомонаи «Рӯзгор» тамошо кунед. Бо мо бошед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi