18:03:57 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«ШОҲНОМА» ЧИСТ ВА ФИРДАВСӢ КИСТ?

 

ва ё андешаҳои инфиродию зеҳнӣ дар ҳошияи баҳсу мулоҳизаҳои навин

Чанд муддат аст, ки атрофи шахсияти Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ дар матбуот сару садоҳое мутафовит аз солиёни қабл ба роҳ андохта шудааст. Ва ин сару садоҳои навинро ду шахсияти барҷастаи фарҳангию маърифатӣ – Аҳмади Иброҳим ва Зафари Мирзоён ба роҳ андохтаанд, ки яке гумонам аз мавқеи мӯъмину мусалмон будану дигаре аз мавқеи нажоду миллатдӯст будан мехоҳанд «Шоҳнома» ва Ҳакими Тӯсро аз нав арзёбӣ кунанд. Қаблан бояд мутазаккир шуд, ки Фирдавсӣ як мусалмони комил буд ва ҳамзамон миллату нажодашро хеле ва хеле парастиш менамуд. Сар то пойи «Шоҳнома» Ҳаким Фирдавсӣ консепсияи офариниши Одам ва Оламро сирф бо такя ба усулу асосҳои Қуръони Карим ба қалам дода, таъкиду эътироф ҳам кардааст.

/images/stories/2012/05/18_jumakhon-alimi_18512.jpgМунтаҳо, исломӣ будану мӯъмину мусалмон будани Ҳаким Фирдавсӣ чунин муҳтавою маънӣ дошта наметавонад, ки ӯ саропо тамомии аъробро эътироф кунад ва тасхиру тасарруф кардани дигар миллияту нажодхоро тавассути сипоҳу силоҳ бардошт ва таҳаммул карда тавонад, чаро ки баъдан дар замонҳои мухталифи садаҳои нахусти зуҳури Ислом кор то ҷое расида буд, ки аъроб даст аз тарғибу ташвиқи дини навини мубин бардошта, шурӯъ ба қатлу куштор ва нобуд сохтани фарҳангу осору ёдгориҳои мардумони ғайриараб мезаданд, ки чунин рафтору кирдору пиндорҳо то ҷое, ки мутталеъ ҳастем на дар худи Китоби Муқаддас зикр гаштаасту на дар аҳодиси набавӣ. Инсонҳо ҳам гурӯҳ-гурӯҳ имон меоварданд, вале на ба зӯри сипоҳу силоҳ. Имон овардан бо қалбу шууру тафаккур дигар буду тавассути корбурди зӯри бозуву сипоҳу силоҳ дигар, ки онро на гумонам паёмбар мехосту на мӯътақидини солими Ӯ.

То ҷое, ки воқиф ҳастем, Фирдавсӣ ҳатто яке аз идеологҳои асосии таълимоти «шуубия» (тибқи оёти Қуръони Карим «шуубия» - ба маънии мардуми «ғайриараб», «аҷамиён») аст, ки мухолифат бо усулу шеваҳои ҳокимияти сиёсию фарҳангии арабҳоро доштанд, мунтаҳо чун таълимоти Қуръон баробарию бародариро талқин мекард ва шурӯъ аз замони уммавиён сиёсати хосаи арабикунонӣ шиддат гирифта буду мардуми ғайриараб мавриди таҳқиру тавҳин қарор мегирифтанд, иддае аз мутафаккирини ғайриараб, хосатан ориёинажодону форсизабонон то метавонистанд ба субут мерасониданд, ки онҳо ҳам нисбати Худованду Қуръону Расули Акраму (с) аҳодису саҳобагон мӯътақиданд, вале фарҳангу маданияти иронитаборонро болотар аз аъроб мегузоштанд.

Муслиму мӯъмин будан низ гумон намекунам, ки маънии «араб» буданро дошта бошад, чаро ки Уммавиён дар баробари «исломикунонӣ» ҳамчунин даст ба «арабкунонӣ» - и ақвоми дигар ҳам мезаданд, ки мухолифатҳоро ба бор оварда буд. Ва яке аз ин гуна ашхоси мухолиф Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ буд. Дар ин самту соҳа Ҳаким Асадии Тӯсӣ низ достоне таҳти унвони «Мунозираи арабу аҷам» таълиф карда, ки он аз доираи нигориши мо берунтар аст. Шуубиён, аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ ҳам, баробарии арабу аҷамро талқин ва эътироф мекарданд, мунтаҳо чун аъроб ба таҳқиру тавҳини аҷамиён пардохтанд, як навъ муқовиматҳои тафаккурию фарҳангӣ низ зуҳур кардан гирифтанд.

Мутафаккирон ва шуарои он давру замон – Ҳаримӣ, Мутаваккилӣ, Башшор ибни Бурд ва чанде дигарон ба сурудани ашъори форсию тоҷикӣ даст заданд. Ҳатто намояндагони хосаи ҷараёни шуубия, аз қабили Ҳамиди Бахтакон, Саҳл ибни Мишонӣ, Аълони Шуубӣ, Абуубайда ва чанде дигарон ба таълифи осору кутуби сирф шуубӣ даст зада буданд. Ҳадафи аслию асосии шуубиён, минҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ ҳам – нишондоди афзалияти фарҳангу илми аҷамиён дар таносуб бо аъроб буд ва Ҳаким Фирдавсӣ ҳам сирф бо назардошти усулҳои асосии шуубия даст ба таълифи «Шоҳнома» - и худ зада буд. Яъне Ҳаким Фирдавсӣ сирф як мусалмони комил буд, мунтаҳо афзалияти фарҳангу маърифати арабро бар аҷам эътироф намекард.

Воқеият ин аст, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро ҳам наметавон пурра аз мавқеи таърихшиносӣ инкор кард ва ҳам наметавон ҳамчун як шоҳасари воқеии таърихӣ пурра ҳам тасдиқ кард, чаро ки дар он воқеиятҳои таърихӣ ҳам сабт шудаанд ва ҳам бо истифода аз тафаккуру тахайюли худ Ҳаким Фирдавсӣ вақойеъ ва ҳаводиси нашудаю набударо ҳам ба риштаи тасвир кашидааст. Нахустин дафъа муҳаққиқи иронӣ Забиҳуллоҳи Сафо роҷеъ ба ташаккул ва таҳаввули достону ҳамосаҳо мулоҳиза ронда, минҷумла, «Шоҳнома»-ро ба се қисмат ҷудо намудааст: қисмати устуравӣ, қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихӣ (Забеҳуллоҳи Сафо. Ҳамосасароӣ дар Ирон.- Теҳрон, 1333 ш.). Таҳқиқ ва тадқиқи қисмати таърихии ин шоҳасар ба хонанда имкон медиҳад, ки оид ба диду дидгоҳ ва ҷаҳонбинии Ҳаким Фирдавсӣ тасаввуроти мушаххасе ҳосил намояд.

Худи муқоисаи «Шоҳнома» ва солномаҳои таърихии қаблӣ имкон медиҳад, ки раванди ташаккул ва таҳаввули мавқеъгириҳои мутафаккир пайгирӣ карда шавад. Дар робита бо қисмати таърихии «Шоҳнома» ҳамдиёрони гиромӣ қабл аз ҳама бояд бо ёдгории адабиёти паҳлавӣ – «Корномаки Ардашири Попакон», солномаҳои арабии «Таърих – ар - русул в – ал - мулук» - и Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «Таърих Ал - Яъқубӣ» - и Аҳмад Ал -Яъқубӣ, «Муруҷ- уз - заҳаб» - и Абу Ҳасани Масъудӣ, «Ғурар ахбор мулук-ул-фурс» -и Абу Мансури Саъолибӣ, солномаҳои юнонии «Таърихи ҷангҳои румиҳо бо порсхо» - и Прокопий Кесари, «Таърих» - и Феофлакт Симокатт ошноӣ пайдо кунанд, то хулосаи амиқу дақиқе бароварда тавонанд.  

Хеле барвақт рӯшан шуда, ки таърихи Давлати Сосониён ҳануз то таълифи «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ дар бисёре аз ёдгориҳои хаттӣ таҷассум ёфта буданд. Масалан, дар «Худойномак» ин масойил мавриди тасвиру тафсир қарор дода шуда буданд. Ҳатто гуфта мешавад, ки худи ин асар ба забони арабӣ нуҳ маротиба тарҷума ҳам гаштааст. Дар достон оиди Ардашери Бобакон агар Фирдавсӣ хабар диҳад, ки ӯ писари Сосон ва набераи Бобак (Попак) аст, пас солномаҳои арабӣ роҷеъ ба ин масъала ахбори мушаххасу муфассалтаре ироа намудаанд ва роҷеъ ба ин катибаҳои Каъбаи Зардушт ҳам шаҳодат дода метавонанд.

Дар достон оиди Шопур Фирдавсӣ набард ва ҳарбу зарбҳои ӯро бо румиҳо тасвиру тасаввур карда, ишора ҳам мекунад, ки зимни яке аз ҳарбҳо Шопур тавонист яке аз сипаҳсолорони румиҳоро бо номи Баронуш ба асорат дароварад ҳам. Табарӣ бошад дар «Таърихи Табарӣ» хабар медиҳад, ки Шопур ҳатто худи императори румиҳоро бо номи Алирянус ба асорат дароварда буд. Ногуфта намонад, ки Баронуш ва Алирянус номи таҳрифшуда ва ё шакли дигари ҳамон номи императори румиҳо дар шакли Валериана мебошад. Масалан, агар Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» зуҳури Мониро мансуб ба замони ҳокимияти Шопури Зулактоф донад, пас Табарӣ, Масъудӣ ва Яъқубӣ ин паёмбарро ҳамзамони Шопури Ардашер медонад.

Фақат Саъолибӣ ин воқеаро мансуб ба замони ҳокимияти Баҳроми Ҳурмузд медонад. Нисбати тасвиру тасаввури ҳолу аҳволи Баҳроми Гӯр ҳам байни Фирдавсӣ ва дигар муаллифин тафовутҳое ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки муносиботи байни Баҳроми Гӯр ва падараш Яздигурд як навъ муташанниҷ гашта буданд. Аммо солномаҳои таърихӣ ва осори арабӣ ин далелро радду инкор намудаанд. Гузашта аз ин, Фирдавсӣ ҳафтдаҳ қиссаеро оиди Баҳроми Гӯр изофа ва ворид намудааст, ки дар дигар манбаъҳои таърихӣ, хосатан, арабиасос, вуҷуд надоранд. Худи қисса оиди Ануширвон ва вазири дарбори ӯ – Бузургмеҳр фақат қисман дар «Ғурур-ахбор» зикр шудаанд.

Қисса ва ё достони ҷолиби ишқ ва муҳаббати Хусраву Ширин дар осори арабиасос ҳазф шудаанд. Осори таърихии арабӣ, юнонӣ, арманӣ ва суриёнӣ фақат оиди ҷамоли беҳамтои Ширин ҳикоят кардаанду тамом. Яъне дар ин робита як навъ ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ҳакими Тӯс зимни таълифи «Шоҳнома» аз манбаъ ва сарчашмаҳои хеле мутааддиде истифода намудааст ва хоҳу нохоҳ тафовуту номувофиқатҳо дар ин маврид рӯй медиҳанд. Ҳатто байни уламо имрӯз низ баҳсе вуҷуд дорад, ки оё воқеан ҳам Фирдавсӣ забони паҳлавиро балад буд ё на? Масалан, агар В. В. Бартолд ва Дармстетер Ҳакими Тӯсро донандаи забони паҳлавӣ ҳисоб карда бошанд, пас В. Р. Розен ва А. А. Стариков оиди ин масъла шубҳаҳо доранд.

images/stories/2012/05/18_kuronsuzi_5.5.12.jpgЗикр карда мешавад, ки Ҳакими Тӯс ба бойгонии маъруф ва китобхонаи Дижи Ҷис дастрасӣ ва иҷозат дошт ва гумон меравад, ки ӯ аксаран маводу маълумоти зиёдеро зимни таълифи «Шоҳнома» аз он ҷо мавриди истифода қарор додааст. Дар ҳар сурат бояд мутазаккир шуд, ки қиссаю достонҳо оиди Пирӯз, Ануширвон, Баҳроми Чӯбина, Густаҳм, Биндуй, Хусрави Парвиз, Ширӯя ва чанде дигарон, ки дар «Шоҳнома» оварда шудаанд, аксаран бо маълумотҳои осори таърихии қадимаи арманӣ, юнонӣ, арабӣ ва суриёнӣ мувофиқат мекунанд ва тафовутҳо фақат мансуби масойили ҷузъӣ мебошанд.

Мунтаҳо, нуктаи муҳим он аст, ки Фирдавсӣ бо эҳтимоли қавӣ аз тарҷумаи арабии «Худойномак», «Шоҳнома» - и Мансурӣ ва «Таърихи Табарӣ» ба тариқи ҷиддӣ истифода намудааст. Аммо набояд мустасно бошад, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бештар аз пешиниён такя ба суннату анъаноти шифоҳӣ низ кардааст. Масалан, Нелдеке зикр намудааст, ки Фирдавсӣ қиссаю достонҳоеро медонистааст, ки ҳатто Саъолибӣ аз онҳо бехабар буда ( Noldeke Th. Das iranishe Nationalepos, 2. Aufl.-Ipz, 1920).

Дар ҳар сурат мӯътамад будани ҳаводис ва вақойеъи дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ оварда шударо муҳаққиқини зиёде тасдиқ кардаанд. Масалан, дар асари таърихии «Муҷмал-ут-таворих» қисмати зиёди ҳаводиси таърихӣ марбут ба Ирони Бостон дар асос ва бо такя ба «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, аксар муҳаққиқин бар ин ақидаанд, ки дар тамомии достону қиссаҳои устуравӣ, паҳлавонӣ ва таърихии «Шоҳнома» воқеиятҳои таърихӣ ҷой доранд, мунтаҳо дар қисмате камтар ва дар қисмате зиёдтар, чаро ки худи талабот ва меъёрҳои таълифи осори манзуму мансур аз он иборат аст, хоҳ-нохоҳ нависанда ва ё адиб аз тахайюли адабию бадеӣ зимни офаридани асараш истифода хоҳад кард. Хосатан, зимни офариниши чунин шоҳасаре ба мисли «Шоҳнома» низ Ҳакими Тӯс наметавонист аз тафаккуру тахайюли инфиродӣ худдорӣ варзад.

Худи Ирони Бостон ҳам то ташаккули Давлати Сосониён бештар аз музофоту ҳудудҳои мутафовити мустақиле низ набояд буда бошад, зоҳиран тобеъ ва дар итоати Аршакиҳо ҳисоб мешуданд. Гуфта мешавад, ки Бобак (Попак) писари Сосон нахуст ҳокими Дижи Доробгирд гардида, баъдан дар муддати кутоҳе ба давлати минбаъдаи бузурги худ Марв, Балх, Хоразм, Ироқ, Бобулро ворид мекунад. Агар қисмате аз муҳаққиқин шаҷара ва ё наслҳою ниёкони Ардаширро, ки «Корномак» мансуб ба Ҳаҳоманишҳо медонад, мутааллиқ ба Сосон – Попак - Ардашир медонанд, Фирдавсӣ бошад, зикр мекунад, ки Дорои Саввум, ки дар набарде ба ҳалокат расида буд, писаре дошт бо номи Сосон, ки баъдан дар Ҳинд фавтид ва дар чорумин насли баъдинаи он боз кудаке мутаваллид гашт, ки Сосон ном дошт ва маҳз ӯ падари Ардашир мансуб аст. Ҳамин тариқ, қисмати калоне аз муҳаққиқин Ҳакими Тӯсро дар масойили таърихнигорӣ, хосатан, нигориши таърихи Сосониён муаррих ва муҳаққиқи босалоҳияттарин шумурдаанд.

Тасвирҳою тасаввурҳои Фирдавсӣ ба сифати яке аз аз мусалмонони комил оиди офариниши одаму олам сирф мансуб ва мутааллиқ ба Ислом ва Қуръон мебошанд. Мунтаҳо, набояд фаромӯш кард, ки дар «Шоҳнома» Ҳакими Тӯс аксаран ҳаводис ва вақоеъеро ба риштаи назм кашидааст, ки қабл аз зуҳури паёмбар ва ислом ба вуқуъ пайвастаанд ва аксари симою чеҳраҳое, ки муаллиф дар шоҳасараш овардааст, мансуб ба зардуштия будаанд. Ғояи муқовимат ва муборизаи байни бадию некиро, ки Фирдавсӣ тавсиф кардаааст, ҳамчунин берун аз таълимоти Ислом ва Қуръон ҳам буда наметавонад. Сартопои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ низ қазою қадар ва сарнавишту тақдири қаблан мушаххасу муйяншударо эътироф мекунад.

Масалан, тамомии шикасту пирӯзиҳо, фарозу шебҳои Сосониёнро Ҳакими Тӯс дар тақдиру сарнавишти онҳо дидааст. Яъне касе имрӯз ҳаққу ҳуқуқе надорад Фирдавсиро кофир эълон намояд, ӯ воқеан ҳам як мӯъмин ва мусалмони комил буд, ки дар баробари мӯътақид будан ба Ислому Қуръон аз миллату нажоду ниёкони худ ифтихоре хоса дошт. Фақат бояд эътироф кард, ки Ҳакими Тӯс аз мавқеъи идеологияи шуубия ба ҳаводису вақоеъ назар мекард, ки ин таълимоту идеология дар навбати худ мухолиф бо идеология ва таълимоти хилофатҳои аъроб буд, вале на дини мубини Ислом ва на Қуръон.

Худи таълимот, идеология ва ё ҷараёни шуубия, ки Ҳакими Тӯс яке аз пайравони ҷиддии он буд дар асари сиёсатҳои нодурусту иштибоҳии Банни Уммая зуҳур карда буд. Фирдавсӣ бояд ба эътибор гирифт, ки таъриху фарҳанг ва илму маърифати ориёинажодонро болотар ва афзалтар аз таъриху фарҳанг ва илму маърифати соминажодон (яҳудон ва ҳам аъроб) гузоштааст. Худованд ҳам, ки паёмбарони қаблиро аз қавмҳои сомию Банни Исроил баргузида бошад, пас ин дафъа ҳам паёмбарро аз қавми араб, вале боз ҳам нажоди сомӣ (семитская расса) баргузида. Фирдавсӣ бошад то замони худ замони салтанати Сосониёнро замони шукуфоӣ ва рифоҳи ориёиён дониста буд.

Фақат гумонам, Фирдавсӣ замоне аъробро дар масойили фарҳангию маърифатӣ поёнтар аз ирониён медонад, аз он маншаъ мегирад, ки агар қисмате аз қавму миллатҳои ғайриараб дини мубини исломро тавассути тарғибу ташвиқ қабул карда бошанд, қисмате дигар дар даҳаю садаҳои минбаъда таҳти қатлу фавтҳо, фалокату ҳалокатҳо, тохтутозу юришҳо қабул намудаанд, ки ин ҳангом дигар на саҳҳобаҳо вуҷуд доштанду на тобеъин. Бандаро ҳанӯз бист сол қабл муаяссар гашта буд, ки аз оромгоҳҳои Ҳофиз. Саъдӣ, Шайх Аттор, Ҳоҷу, Умари Хайём, Абулқосими Фирдавсиро зиёрат кунам. Зимни зиёрати оромгоҳи Ҳакими Тӯс дидам, ирониёне ҳам, ки нисбати қисмате аз мо мутадаййинтару ботақвотар ҳастанд Фирдавсӣ ва рӯҳу равони ӯро мавриди иззату икром қарор медиҳанд.

Дигар чӣ афзун кунем, ки беҳтар аз мо Забеҳуллоҳи Сафо, Маликушшуарои Баҳор, Нелдеке, Османов М., Массэ А., Тревер К. В., Розен В. Р., Инострансев К. А., Бартолд В. В., Сарромӣ, Музаффари Муҳаммадӣ ва чанде дигарон гуфтаанд. Фирдавсӣ бошад аз нигоҳи банда фақат таносуби миллияту диниятро хеле хубтар аз мо дарку фаҳм мекарда.

Ҷумъахон АЛИМӢ, доктори филология махсус барои «ruzgor.tj».

Дар ин мавзӯъ: ҚУРЪОНСӮЗӢ ДАР АМРИКО ВА «ШOҲНОМАСӮЗӢ» ДАР ТОҶИКИСТОН



Шарҳҳо   

 
+1 #4 RE: «ШОҲНОМА» ЧИСТ ВА ФИРДАВСӢ КИСТ?Guest 23.05.2012 22:27
Аллома Алими дар хакикат хам бехамто аст, вале байни ин хама "кашкулон" гариб. Ин бор хам уро нафахмиданд. дар холе, ки ин рисолааш бахои силаи "Шохнома" аст.
 
 
+3 #3 RE: «ШОҲНОМА» ЧИСТ ВА ФИРДАВСӢ КИСТ?Guest 22.05.2012 10:29
салом алайкум муаллифи муҳтарам мақолаи хубе буд вале суоле доштам
шумо мегуед:ду шахсияти барҷастаи фарҳангию маърифатӣ – Аҳмади Иброҳим ва Зафари Мирзоён ба роҳ андохтаанд, ки яке гумонам аз мавқеи мӯъмину мусалмон будану дигаре аз мавқеи нажоду миллатдӯст будан мехоҳанд «Шоҳнома» ва Ҳакими Тӯсро аз нав арзёбӣ кунанд.
дар чои дигар мегуед фирдавси муъмин ба қуръон ва расули акрам буд
ин сухан ба ин маъост ки фирдавси мусаломон буда аст. ҳол сол инчост, ки агар фирдавси мусалмон аст ва шоҳнома мунофоте бо ислом надорад вале мумкин аст бо бархе рафторҳои араб дошта бошад,ки ин рафторҳо мусалмони набуданд, ин тафкики шумо яъе аз мавқеъи мусалмони ва миллатдусти ҳарф задан тафкики дурусте аст? оё шумо миёни миллатдусти ва мусамон будан мунофот ва носозгори мебинед, ки ин тафкикро кардаед?
агар суолро хондед хоҳиш мекунам посух гуед ташаккур.
 
 
+2 #2 RE: «ШОҲНОМА» ЧИСТ ВА ФИРДАВСӢ КИСТ?Guest 19.05.2012 17:43
Офарин устоди хоксор, вале дар айни замон донишманду энсклопедист Чумъахон Алими. Шумо бори дигар исбот кардед, ки нафарони бо Зафар Мирзоён бахскарда тавони дарки андешахои уро надоштаанд.
Гузашта аз ин, собит сохтед, ки Фирдавси ва "Шохнома"-и у барои як шахси рушанфикр болотар аст аз хазор чунин мучодалахо. Зеро он хакикатеро, ки дигарон дар торикихо мечуянд дар сафхахои рушани "Шохнома" бемушкил метавон дарёфт.
Ахсан устод! Вокеан мушикофона ин мавзуро матрах кардед. "Мехурад хун шери нар вакти шикор".
 
 
+2 #1 RE: «ШОҲНОМА» ЧИСТ ВА ФИРДАВСӢ КИСТ?Guest 18.05.2012 20:11
Дар хакикат маколаи илмии доктори филология Чумахон Алими дар ин шабу руз бисёр ба маврид аст... Баъди мутолиа он ба бисёр пахлухои норавшан, банда барои худ хулосаи заруриро гирифтам. Хуб мешуд чунин маколахои илми дар ин мавзуъ бисёртар чоп мешуд, чунки бисёрихо аз руи эхсос шуда ба ин ё он олим бахои гайриканоъатбах ш мегузоранд... Ташаккур ба устод Чумахон ва хайати сомонаи "Рузгор"... :lol:
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi