16:03:38 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУРУДИ «БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН»: АЗ РӮДАКӢ ТО АҲМАД ЗОҲИР (ТАҶДИДИ НАЗАР)

Султони ҲАМАД

Соли 2008 ба муносибати 1150-солагии зодрӯзи султони шоирони Аҷам, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ як силсила мақолаҳо дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва мусиқӣ» навишта будам, ки дар миёни тақрибан он 10 мақола навиштае буд бо номи «Суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён: Аз Рӯдакӣ то Аҳмад Зоҳир». Дар ин мақола ёдовар шуда будам, ки овозхони нотакрор Аҳмад Зоҳир дар осори худ таронае дорад бо номи «Ёди он сарви равон ояд ҳаме».

/images/stories/2011/12/05_ahmad-zahir_1_2011.jpgДар мақола муаллифи матни таронаро, ки назира ба ғазали устод Рӯдакӣ мебошад, устод Сайид Нафисӣ гуфтам. Агарчанде қаблан дар китоби хеш «Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо» (Душанбе, 2005, саҳ. 202) муаллифи матни ин таронаро шоир Абдулаҳмади Адо (Шероғо) навишта будам. Дар китоб ман ин нуктаро бо истинод ба яке аз ҳамсӯҳбатҳоям шоир ва оҳангсоз Сафиуллоҳи Субот, ки барои Аҳмад Зоҳир матни се таронаашро навиштааст, иброз карда будам.

Дар ин байн ду китоби шоир ва нависанда Исфандиёри Назар бо номҳои «Аҳмад Зоҳир»-хунёгари солҳову садаҳо» (2005) ва «Як мушт шеъру як мушт оҳанг» (2007) ба нашр расид, ки дар ҳардуи ин китобҳо маллифи матни ин тарона устод Сайид Нафисӣ дониста шудааст. Азбаски дар тақвияти фикри Сафиуллоҳи Субот он замон далели дигар дар даст надоштем, дар мақолаи «Суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён: Аз Рӯдакӣ то Аҳмад Зоҳир» соли 2008 муаллифи ин таронаро бо такя ба китобҳои бародар Исфандиёр мо низ устод Сайид Нафисӣ гуфтем.

Ахиран ду далел ба дастам расид, ки фикри муаллифи тарона будани Абдулаҳмад Адоро тасдиқ ва исбот менамоянд. Аз ин рӯ бо дарназардошти маводи нав дастрасшуда, ки ҷолиб аст, ба мақолаи мазкур таҷдиди назар намуда тағйиротуу иловаҳо ворид кардам ва онро инак пешкаши Шумо, хонандагони азиз, мекунам. Ин корро ба поси ҳурмати Шумо хонандаи азиз, риояти адолат дар навиштаҳо ва шод кардани арвоҳи бузургони ёдшуда кардаем.

Сафари ҳунарии дастаи овозхонҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев ба Эрон дар соли 1957 миёни фарҳангиёни ин кишвар ба хусус, овозхонҳои он як вокуниши ғайримунтазираро ба вуҷуд овард. Гуфтан мумкин аст маҳз ҳамин сафар дар шуури аксари зиёиён, ба вижа алоқамандони ҳунари мусиқии нимаи асри 20-уми Эрон эҳсоси меҳру муҳаббати беандоза қавиро нисбати форсигӯёни ин тарафи соҳили Омӯ баъди садсолаҳо аз сари нав бедор намуд.

Ҳарчанд ин ташрифи нахустини овозхонҳои тоҷик ба ин сарзамини афсонавӣ дар асри 20-ум набуд, вале зиёиёни эронӣ маҳз дар ҳамин сафар ҳамтоёни мовароуннаҳрии худро аз наздик шинохтанд, ба маҳорати овозхонии онҳо баҳои арзанда доданд. Бештар аз он кӯшиданд то барояшон сурудҳое бихонанд, ки мақбули хотири нозуки онҳо бигардад. Дар онҳо эҳсоси ифтихор аз Эрони бузургро бедор намоянд.

Суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» бар матни султони шоирони форсигӯ Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро маҳз ба ҳамин хотир овозхонҳои дар ҳамон давр хеле машҳури эронӣ хонум Марзия ва Ғуломҳусайни Банон таҳия намуда, аввалин бор онро дар назди овозхонҳои тоҷик бо як эҳсосоти баланд суруданд. Суруд аз ду қисм иборат аст. Дар қисмати аввал мусиқӣ ва матни суруд як навъ хумори ватанро дар ватангумкарда ва ё ғарибу мусофир бедор мекунад. Қисмати дуввуми он мутантан садо медиҳад. Шунавандаро ба ояндаи нек ва дурахшон умедвор месозад.

 Тахминан бештар аз сӣ сол баъдтар дар ҷараёни як сафари дигари ҳунармандони тоҷик бо роҳбарии вазири фарҳанги Тоҷикистон устод Нурмуҳаммад Табаров ба Теҳрон, ки хунёгари бузурги миллат шодравон Одина Ҳошим низ шомили ин ҳайат буд, устод Муҳаммадризои Шаҷариён шогирди бовафои Ғуломҳусайни Банон ин сурудро аз сари нав бо як эҳсосоти махсус пешкаши меҳмонон мекунад.

Сурудани таронаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» аз сӯи овозхонҳои эронӣ дар назди ҳунармандони тоҷик ин амри тасодуф набуд. Ҳунармандони эронӣ аз таърихчаи эҷод шудани ин тарона аз китобҳои қадима ба хубӣ огаҳ буданд. Хонандаи гиромӣ, биёед мо низ аз ин қиссаи ҷолиб ва ҳиқояти сайри таърихии ин тарона бархурдор шавем.

Нахуст бояд донист, ки ин шеъри Рӯдакӣ иборат аз ҳафт байт мебошад ва дар шакли ғазал навишта шудааст. Бархе аз сарчашмаҳо ва муҳаққиқини эҷодиёти Рӯдакӣ онро ташбиби қасидае ҳисобидаанд, ки идомааш бо мурури замон аз байн рафтааст. Тибқи сарчашмаҳои адабӣ ва тазкираҳо ин порчаи шеъриро устод Рӯдакӣ дар ҷараёни як сафари шоҳи вақти сомониён Наср бинни Аҳмад ба Хуросон бо хоҳиши аҳли рикоб, ки аз сайёҳати дарозмуддати амир дилгир шуда будаанд ва хумори ёру диёр дар онҳо ғалаба карда будааст, бадеҳатан дар маҷлиси шароб дар пардаи мақоми «Ушшоқ», ки он замон дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» вуҷуд доштааст, зери навои барбат сурудааст. Дар бархе аз сарчашмаҳои дигар омадааст, ки мисраъҳои зеринро  устод Рӯдакӣ таҳти навои чанг, ки худаш менавохтааст, сурудааст.

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омӯву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳасту Бухоро осмон,

Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,

Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.

Садои хуши устод Рӯдакӣ, навои сеҳрангези мусиқӣ ва мундариҷаи шеър ба амир Наср бинни Аҳмади сомонӣ таъсири беандоза кардааст, ки интизори хотимаи маҷлис нашуда, танҳо мӯзаи як пояшро пӯшида саросемавор роҳ сӯи Бухороро пеш мегирад.

/images/stories/2011/12/05_ahmad-zahir_2_2011.jpgТибқи як пажӯҳиши олими донишманд Усмон Назир беш аз 100 нафар аз шоирони маъруфу машҳури адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик азҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсурӣ, Муизии Самарқандӣ, Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вассофии Шерозӣ, Саид Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Муҳаммад Дониши Бузургниё, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Усмон Назир, Ҷумъа Қувват, Убайдуллоҳ Ширин ва ғайра дар шаклу мазмуни мухталиф ба ин шеъри устод Рӯдакӣ назира навишта ва ё пайравӣ намудаанд.

Ин порчаи шеърӣ диққати оҳангсозону овозхонҳои зиёдеро низ ба худ ҷалб кардааст. Баъди устод Рӯдакӣ дар тӯли қарнҳо ин сурудро аз ҷумлаи овозхонҳо касе хондааст ё не дар сарчашмаҳои маълум иттилое дида намешавад. Соли 1959 ба ифтихори 1100- солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон филми ҳунарии «Қисмати шоир» рӯи пардаи синамо омад, ки он аз рӯзгори ин шоири шаҳир ҳикоят мекунад. Мусиқии филмро оҳангсози озарбойҷонӣ Андрей Бобоев, ки барои ҳамкорӣ бо киностудияи «Тоҷикфилм» ба Тоҷикистон даъват шуда буд, навиштааст. Дар ҳамин филм таронаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро аввалин бор дар таърихи мусиқии муосири тоҷик ҳунарманди хушовоз, солисти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Абдулло Абдурауфов дар ҳамовозӣ бо оркестри симфонии театри мазкур хондааст.

Ба ин шеър охирҳои солҳои панҷоҳуми асри гузашта Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев оҳанг баста онро бо сабки ба худ хос хондааст. Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, лауреати мукофоти давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов охирҳои солҳои 60-ум матни шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» ва ғазали «Дило то кай ҳамеҷӯӣ манеро» зери оҳангҳои классикии «Баёти 4» ва «Соқинома» аввалин бор ҳамчун як суруди иборат аз ду қисм месарояд. Бархе аз донандагони силсиламусиқии «Шашмақом» бар онанд, ки ин ду суруд яке «Баёте чор» ва дигаре «Баёти панҷ» ном дорад ва аз ҷумлаи он сурудҳои классикӣ мебошанд, вориди китоби панҷҷилдаи «Шашмақом», ки солҳои 1950-1967 дар Маскав ба нашр расидааст, нагардидаанд. Баъд аз Ҷӯрабек Муродов овозхонҳои зиёде ин ду сурудро баъзан якҷоя, баъзан дар алоҳидагӣ  бо ҳамин оҳангҳое, ки аввалин бор ӯ сурудааст, ба репертуари худ ворид кардаанд.

Азҷумла, овозхонҳои ансамбли давлатии Шашмақом, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Шамсиддин Муҳиддинов, Ҷумъабой Қӯзиев, Тоҷиддин Раҳимов, Олим Бобоев, овозхони самарқандӣ Насиба Шукурзода, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Афзалшоҳ Шодиев, бародарон Қобил ва Хурсандмурод Зарифовҳо, Абдумаҷид Бердиев, Хосияти Зарафшонӣ ва ғайра ин таронаро бо садои худ пешкаши ҳаводорони мусиқӣ кардаанд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов низ дар ҳамовозӣ бо ансамбли давлатии «Фалак» ин сурудро, ки муаллифи оҳангаш худӣ ӯ мебошад, басе дилкаш хондааст. Вале дар тафовут аз дигарон «Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Бӯӣ ёри меҳрубон ояд ҳаме» гуфта сурудро оғоз мекунад. Аз суруди Давлатманд Холов эҳсоси хумори ватан дар шунаванда бедор мешавад. Махсусан, вақте дар байни суруд яккахон Давлатманд Холов зери навои найе, ки аз ҷудоиҳо дар шикоят аст ва дар ҳамовозии гурӯҳи ҳофизоне, ки пайваста «ояд ҳаме» мегӯянд, байти «Шоҳ сарвасту Бухоро бӯстон, Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме»-ро шаҳдвор мехонад, таъсирнокии ин суруд хеле меафзояд.

Матни шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» таваҷҷӯҳи оҳангсозони касбии муосири тоҷикро низ зиёд ба худ ҷалб кардааст.

Соли 1976-ум оҳангсози маъруф Шарофиддин Сайфиддинов дар операи «Рӯдакӣ» матни ин шеърро таҳти унвони «Суруди Бухоро» ба оҳанг медарорад. Сурудро дар опера иҷрокунандаки нақши Рӯдакӣ Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов бо як маҳорати баланд иҷро мекунад. Ба ақидаи мутахассисини мусиқӣ яке аз дастовардҳои операи «Рӯдакӣ» дар он аст, ки муаллиф «Суруди Бухоро» ва «Ушшоқи Рӯдакӣ»-ро, ки дар пояи сурудҳои халқӣ ва классикӣ эҷод шудаанд, барои тақвияти мундариҷаи сюжети асар хеле моҳирона истифода кардааст.

Дар арафаи таҷлили 1100- солагии давлатдории тоҷикон оҳангсози маъруфи тоҷик Хайрулло Абдуллоев тарона –композитсияи «Бӯӣ ҷӯӣ Мӯлиён»-ро барои ансамбли тарона ва рақси «Сомон» эҷод мекунад. Тарона аз се бахш иборат буда дар бахши аввал мусиқии ҳазин садо медиҳад, ки ҳамон манзараи дурӣ аз ватан ва ёди Ватанро дар инсон бедор месозад. Дар бахши дуввум оҳанг мутантан мешавад. Зеро он бозгашт ба Ватанро ифода мекунад. Дар бахши саввум мусиқӣ боз ором мешавад, ин тасвиргари он аст, ки ҳаёт ба маҷрои худ бармегардад. Таронаро Ҳунарманди мардумии кишвар Қурбоналӣ Раҳмонов дар ҳамовозӣ бо гурӯҳи овозхонҳои ансамбли тарона ва рақси «Сомон» месарояд.

Дар сюитаи «Меҳрнома»-и Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ки аз чор суруд иборат аст, шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» дар бахши аввали он омадааст. Оҳангсоз дар вақти сурудани ин бахши сюитааш аз панҷ байти шеъри устод Рӯдакӣ истифода кардааст. Яккахон Саидқул Билоловро ҳофизони ансамбли асбобҳои миллии назди кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон «Дарё» ҳамовозӣ кардаанд. Дар ин бахши сюита агар шунаванда оҳанги ҷудоиро аз Бухоро, ки замоне пойтахти давлати тоҷикон будааст, эҳсос кунад, дар бахши дуввуми сюита ӯро эҳсоси ифтихор аз имрӯзи Душанбе- пойтахти Тоҷикистони муосир фаро мегирад.

Оҳангсози маъруфи кишвар шодравон Талабшоҳ Сатторов бо истифода аз ҳамин шеър барои Хори умумии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ суруди умумӣ эҷод кардааст. Оҳангсози маъруф ин сурудро ба пешвози баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таҳия карда буд. Вале ба қавли бархе аз иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ, ки аввалҳои солҳои 2000-ум баргузор гардида буд, мизбонон аз меҳмонон хоҳиш карданд, ки ин сурудро манзури тамошобинони ӯзбекистонӣ накунанд. Ин тарона дар ҷашнвораи сарояндагонӣ касбӣ, ки ба муносибати 1150- солагии устод Рӯдакӣ моҳи апрели соли 2008-ум дар Душанбе баргузор гардид, дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов ва ҳамсароёни театр садо дод.

Дар хусуси он ки ин шеър таваҷҷӯҳи оҳангсозони ҳамзабони моро аз кишварҳои ҳамсоя, ба хусус аз Эрон ҷалб намудааст, дар оғози ин мақола чанд сухане гуфтем. Ҳаминро илова мекунем, ки суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»-и хонум Марзия ва Ғуломҳусайни Банон соли 2007-ум дар қатори беҳтарин таронаҳои эронӣ дар албоми « Панҷоҳ соли мусиқии эронӣ» бо тиражи зиёд дар Теҳрон мунташир шуд.

/images/stories/2011/12/05_ahmad-zahir_3_2011.jpgДар телевизиони хусусии «Тулӯъ»- и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» аз соли 2004 то соли 2007 ҳар ҳафта барномае пешкаши тамошобинони Афғонистон мегардид, ки дар он дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти яке аз овозхонҳои Тоҷикистон маълумот дода мешуд. Ин барномаро хабарнигори ин телевизион дар Тоҷикистон, шоир Ҳоруни Роъун таҳия менамуд. Маҳз тавассути ҳамин барнома тамошочиёни афғонӣ бо ҳунари хунёгарони варзидаи тоҷик Ҷӯрабек Назриев, Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддинов, Зикруллоҳ Ҳакимов ва дигарон шиносоӣ пайдо карданд.

Бархе аз овозхонҳои мо ва ҳамзабонони мо  ба тазмини шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» оҳанг баставу онро хондаанд.

Сарояндаи машҳури Афғонистон шодравон Аҳмад Зоҳир «Ёди он сарви равон ояд ҳаме» ном таронае дорад, ки тибқи як сабте, ки ба дасти мо расидааст, оҳанги онро оҳангсози машҳури Афғонистон марҳум Фазлаҳмади Найнавоз сохтааст. Дар як маҳфиле, ки бо эҳтимоли зиёд он ҷо Аҳмад Зоҳир низ ҳузур дорад, Найнавоз дар зери садои оҳанги эҷоднамудаи худ, ки бо аккардеон ва табла навохта мешавад, қиссаи эҷод шудани ғазали устод Рӯдакӣ ва таронаи хешро бар матни шоир Абулаҳмади Адо ба ҳозирин чунин нақл карда кӯшиши таҳлил намудани онро мекунад ва сурудро бори аввал он ҷо месарояд:

«Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрабон ояд ҳаме.

Реги Омӯ бо дуруштиҳои ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Шоҳ сарвасту Бухоро бӯстон

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Дарбори подшоҳи Ғазнист. Рӯдакӣ дар пори дарё ошиқаст. Подшоҳ азми сафар надорад ба он тараф. Рӯдакӣ қатӣ ҳамон дутор ё сетор ё чорторе, ки дар ҳамон вақт мураввиҷ буд, ҳамин шеърро филбадеҳа барои подшоҳ мехонад ва ҳанӯз Рӯдакӣ халос накарда шеърро, ки ба як пои шоҳ мӯза ва мӯзаи дигари худро напӯшида, ки амри ҳараката медиҳад ба он тарафи Омӯ.

Реги Омӯ бо дуруштиҳои ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Ба рафиқам Адо гуфтам, ки ҳамин шеърро ту бишканон. Ва ӯ сохт ира. Ва ҳоло қазоват бар дасти шунаванда, ки ӯ ира шикастонда ва ё нашикастонда.

Ёди он сарви равон ояд ҳаме,

Дар тани ман боз ҷон ояд ҳаме.

Ёди он сарви равон,

Ёди он сарви равон

Ёди он сарви равон, ояд ҳаме

Роҳ пургил, ақл тира, моҳ ку?

Ӯ намедонам чӣ сон ояд ҳаме.

Бархилофи ин шеъри дӯсти мо ӯӯдакӣ) мега, саҳл месоза, мега:

Реги Омӯ бо дуруштиҳои ӯ, сари подшоҳ мега.

Зери поям парниён ояд ҳаме.

И мега:

Роҳ пургил, ақл тира, моҳ ку?

Ӯ намедонам чӣ сон ояд ҳаме.

Ёди он сарви равон,

Ёди он сарви равон

Ёди он сарви равон, ояд ҳаме

 

То ки абрӯйи камонаш дидаам,

Тир дар чашмам камон ояд ҳаме.

Ёди он сарви равон,

Ёди он сарви равон

Ёди он сарви равон, ояд ҳаме.

По нагирам з-остонаш як қадам,

Бар замин гар осмон ояд ҳаме.

Сояи мижгони ӯ бар рӯйи ӯ,

Гулситонро соябон ояд ҳаме.

Ёди он сарви равон,

Ёди он сарви равон

Ёди он сарви равон, ояд ҳаме».

Найнавоз ин таронаро ба Аҳмад Зоҳир тӯҳфа мекунад. Аҳмад Зоҳир онро соли 1978 дар студияи «Афғон-музик» сабт намуда вориди албоми «Оҳанги зиндагӣ» менамояд. Ин тарона аз ҷумлаи он сурудҳои Аҳмад Зоҳир аст, ки ҳамагӣ як маротиба сабт шудааст ва то ба ҳол сабти маҳфилии он низ дастраси алоқамандони садояш нест. Дар иҷрои Аҳмад Зоҳир дар ҳамон тарона ин се байти назираи Абдулаҳмади Адо ба ғазали машҳури устод Рӯдакӣ садо медиҳанд:

Ёди он сарви равон ояд ҳаме,

Дар тани ман боз ҷон ояд ҳаме.

По нагирам з-остонаш як қадам,

Бар замин гар осмон ояд ҳаме.

То ки абрӯйи камонаш дидаам,

Тир дар чашмам камон ояд ҳаме.

Далели дигар, ки матни ин таронаи Аҳмад Зоҳир эҷоди Абдулаҳмади Адо ҳаст, ин навиштаи як писари ин шоири фақид бо номи Ваҳид дар интернет мебошад, ки мегӯяд  матни ин тарона ва боз матни 11 суруди дигари ҳамон албоми «Оҳанги зиндагӣ» (албоми шумораи 13-и студияи Афғон-музик) ҳамагӣ моли падари ӯянд. Ваҳид Адо, ки худ низ шоираст, менависад, ки ҳамаи оҳангҳои таронаҳои албоми «Оҳанги зиндагӣ» эҷоди кокои ӯ марҳум Фазлаҳмади Найнавоз мебошанд.

 Устоди мусиқии муосири тоҷик Ҷӯрабек Муродов низ ба тазмини устод Лоиқ , ки «Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме» ном дорад, оҳанге бастааст, ки онро «Панҷ зарби Ҷӯрабек» низ мегӯянд. Ин сурудро устод Ҷӯрабек Муродов ба ифтихори 1100- солагии давлатдории Сомониён эҷод кардааст ва онро бори аввал дар маросими тантанавӣ бахшида ба 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан сурудааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов ҳам дар робита ба ин ҷашни давлатдории сомониён ба ғазали шоир Амон Нуров «Накҳати Сомониён ояд ҳаме», ки низ назира ба шеъри Рӯдакӣ ҳаст, оҳанг эҷод кардааст, ки онро бо як услуби ба худ хос месарояд.



Шарҳҳо   

 
+4 #1 Guest 06.12.2011 15:17
Бародари азизу гироми Султони Хамад аз ин часпу талоши шумо барои муаррафии пахлухои зиндагии хунарии Ахмад Зохир сипосатон мегуям. Вокеан , ман низ 6 сол дар Афгонистони хамзабон будам вале хеч бор муясарам нашуда буд садои устод Найнавозро бишнавам. Ман ба садои хеле гуворои у гуш дода ёдам ба устоди зиндаёд Залонд рафт, ки кашиши овозаш шабехи устод Найнавоз будааст.Барои ин пуштикорхоятон аз номи равшанфикрони точик сипосу ташаккури бепоён!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi