«ШОҲНОМА» САФИНАИ МИЛЛАТРО ЛАНГАРИ ЗАРРИН АСТ
«Шоҳнома» дар мусиқӣ» чунин унвон дошт мавзӯи сӯҳбати Дона Баҳромов, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ, ки дар ҷамъи оҳангсозону мусиқашиносон, овозхонҳову шогирдони мактабҳои мусиқӣ дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.
Ин сӯҳбат дар чаҳорчӯбаи лоиҳае, ки бо ибтикори Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан аз сӯйи вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, баргузор гардид. Тибқи ин лоиҳа муддатест ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе як гурӯҳи олимон, мусиқишиносон, оҳангсозону овозхонон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва умуман алоқамандони ин ҳунари зебо дар толори бинои Иттифоқи композиторон ҷамъ омада атрофи як мавзӯи қаблан муайяншуда баҳсу мунозираҳо карда дар бораи проблемаҳои мусиқии муосир ибрози фикру андеша менамоянд.
Қабл аз ин сӯҳбати имрӯза Кароматулоҳ Раҳимов, устоди кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гӯрғӯлӣ ва мусиқӣ», Саъдулло Каримов, мудири кафедраи сарояндагони анъанавии ҳамин Консерватория, дар мавзӯи«Як зуҳуроти мусиқии «Шашмақом» дар мусиқии сунатии кӯҳистон», Фароғат Абдуқаҳҳорзода Азизӣ, дар мавзӯи «Системаи устод-шогирд дар Шашмақом», Умар Темур, муаллими Консерватория дар мавзӯи «Марсияхонӣ» маърӯзаҳои хеле ҷолибу пурмазмун карданд.
Дона Баҳром дар сӯҳбати дирӯзаи худ асосан дар бораи мушкилоти таҳияи як барномаи телевизоние, ки бар асоси достонҳои «Шоҳнома»-и безавол расо 20 сол қабл аз тариқи телевизиони тоҷик намоиш дода шуда буд, ҳарф зад. Ин барномаи якунимсоатаро дар ҳамон замони шӯравӣ қариб сад нафар кормандони эҷодиву техникӣ, ҳунармандони театру овозхонҳои касбӣ ва мутрибони чирадасти тоҷик омода карда буданд. Муаллифи барнома худи Дона Баҳромов буд.
Ба гуфтаи ин овозхони машҳури тоҷик аз матни «Шоҳнома» пайдо намудани порчаҳое, ки аз онҳо баъдан суруд ва ё таронае офарида шавад, кори мушкил ва хеле дандоншикан будааст. Масалан барои эҷоди суруд дар васфи Хирад ва ё таронае дар васфи Некӣ ба ӯ лозим омад, ки «Шоҳнома»-ро бори дигар бо ҳадафи пайдо кардани шоҳбайтҳои зарурӣ мутолиа намояд. Дар сохтани оҳанг барои ин сурудҳо низ ба мушкилоти фаровоне дучор омадааст.
Сабаби асосии пеш омадани ин душвориҳоро овозхон дар он дидааст, ки «Шоҳнома» аз аввал то ба охир дар як вазни арӯз, дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур, навишта шудааст. Бинобар ин эҷод кардани чандин оҳанги мухталиф дар як вазн барои оҳангсоз кори хеле мушкил аст. Вале Дона Баҳром аз ӯҳдаи иҷрои ин кор ба хубӣ баромадааст. Ӯ дар ҳамин вазни «Шоҳнома» бо истифода аз шоҳбайтҳои он қариб даҳ оҳанги гуногун эҷод кардааст ва дар ин барномаи телевизионӣ онҳо пешкаши тамошобинон гардонда шудаанд.
Барномаи телевизионӣ «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад» номгузорӣ шудааст ва аз 9 қисм иборат аст. Қисми аввал ҳамчун номи барнома «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад» ном дорад. Қисмҳои дигар «Базми хирад», «Номи нек фарҷоми нек», «Донишандӯз», «Оштӣ беҳ аз ҷанг», «Ватан», «Навҳаи Таҳмина», «Шевани Борбад», «Шевани Шарораи Хомӯшон» номгузорӣ шудаанд.
Дар оғози ҳар яке аз ин қисмҳои барнома як гурӯҳи ҳунармандони театри тоҷик, азҷумла Ортиқи Қодир, Лутфуллоҳ Давлатов, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Султон Бобомуродов, Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, Муҳаммадҷон Шодиев ва дигарон дар тан либоси афроди замони мутақаддим дар мавзӯҳои мазкур шеърхонӣ мекунанд. Шеърҳо асосан агар аз аз достонҳои «Шоҳнома» интихоб шуда бошанд ҳам, вале ашъори дигар шуаро низ дар иртибот бо ин мавзӯъ истифода гардидаанд.
Ҷиҳати дигари ҷолиби ин барнома боз аз он иборат буд, ки таҳиякунандагони он суруду таронаҳои дигар овозхонҳоро, ки бо мавзӯъ ва ё худи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар иртибот буданд, истифода кардаанд. Таронаҳои сурудаи шодравон Нигина Рауфова, Саидқул Билолов, Шамсиддин Муҳиддинов,Улфатмоҳ Мамаданбарова, Лола Баракаева, Сафаргул Юсуфова ва дигарон ба ҳусни ин барнома ҳусн зам намудаанд.
Шоир ва файласуфи маъруфи тоҷик Назри Яздонӣ дар ин сӯҳбат дар бораи аҳамияти ин барномаи таҳиянамудаи Дона Баҳрмов сухан ронда онро яке аз шоҳкориҳои телевизиони замони шӯравӣ номид. Ба гуфтаи ӯ ба «Шоҳнома» рӯ овардани зиёиён дар замони шӯравӣ ва дар асоси он омода сохтани як асари мондагор, ки ҳисси ифтихори миллиро дар тамошобин баланд бардорад, хеле ҷуръат ва заҳмати зиёдеро талаб мекард.
Дона Баҳромов аз ӯҳдаи ин кори хайр дар ҳамон давра ба хубӣ баромадааст. Ба гуфтаи Назри Яздонӣ ба «Шоҳнома» мебояд дар замони соҳибистиқлолӣ бештар рӯ биёрем. «Дар баҳри зиндагӣ агар миллати тоҷик киштиро монад, «Шоҳнома» ҳатман лангари ӯст. Чуноне, ки киштӣ дар уқёнус наметавонад бе лангар роҳи худро идома бидиҳад, таърих исбот намуд, ки миллати тоҷик низ бе «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ наметавонад бақои ҷовидона дошта бошад».
Дар ин маҳфил қайд шуд, ки чунин барномаи мусиқиро, ки бар пояи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ин сатҳи баланд таҳия шуда бошад, дар телевизиони тоҷик дигар таҳия накардаанд. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагони ин маҳфил чунин як барномаи хеле ҷолиби телевизионӣ солҳост, ки дар архиви Телевизиони Тоҷикистон хоб аст ва дар замони соҳибистиқлолӣ боре ҳам ба намоиш гузошта нашудааст.
Сабаби чунин бетаваҷҷӯҳӣ ба ин барномаро дар Телевизиони тоҷик касе наметавонад шарҳу эзоҳ бидиҳад. Вале месазад, ки ин барномаи хеле ҷолиб ва мондагор дар ин рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистон аз 20- солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ таҷлил ба амал меоранд, бори дигар аз тариқи телевизион ба намоиш гузошта шавад ва мардум аз он истифода бубаранд.
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
Бо эхтиром яке аз мухлисои худут
RSS Обуна