ТАҚРИЗ: «ПАРВОЗИ ХАЁЛ»-РО ПАРИ СОЛИМ БОЯД
Китоби навбатии Файзуллоҳи Муҳаммадалӣ «Парвози хаёл»-ро чанде пеш мавриди мутолиа қарор додам. Маълум гардид, ки муаллиф бо нияти нек баҳри баланд бардоштани маърифат ва худшиносиву худогоҳии ҷомеа қалам ба даст гирифта, ба он кӯшидааст, ки хонандаро бо воситаи суханони андарзбори худ ба роҳи рост ҳидоят намояд. «Парвози хаёл» аз пешгуфтор, пасгуфтор, ҳафт мақола ва суханрезаҳо мураттаб гардидааст.
Маҷмӯа мавзӯъҳои муҳими зиндагиро фаро гирифта, дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон хеле судманд мебошад. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба хонанда роҷеъ ба роҳҳои хушбахт шудан, тарзу усулҳои дарёфти ҳаёти солим ва ғайра мавзӯъҳои муҳими рӯз суханронӣ намояд. Албатта ӯ китобашро бо нияти нек баҳри ислоҳ намудани нуқсону ноҷӯриҳои зиндагӣ таълиф намудааст.
Китоб бо вуҷуди ҷанбаҳои хубу некро соҳиб будан, аз камбудиву нуқсонҳо низ орӣ нест ва ин иштибоҳот хонандаро ба роҳи хато бурданаш мумкин аст. Дар поён мо чанде аз нуқсону камбудиҳои ин китобро ба хонанда нишон медиҳем.
Дар мисраи дуюми шеъри зерин ба ҷои калимаи «хишт» шакли шевагии он, яъне «ғишт» омадааст, ки хеле зишт менамояд:
Касе, ки тоҷи мурассаъ сабоҳ бар сар дошт,
Намози шом варо ғишт (?) зери сар дидам (саҳ.4).
Муаллиф дар муқаддима мақсади нигориши китобро мунсифона баён намуда, аз ҷумла овардааст: «Албатта барои навистани (?) ягон маҷмӯа бибояд даҳҳо ва садҳо китоб хонд, сатрҳои нигоштаатро ҳазорҳо бор хат зад ва аз сари нав навишт. Вале барои натиҷаи нигоштаҳоям ҳаками ҳақиқӣ – хонандагони хушсалиқаам мебошанд» (саҳ.13).
Дар мақолаи «Шарти аввали бахт» шеъри Лоиқро истифода кардааст, ки дар калимаи «умрфарсоӣ» ба ҷои и-и дароз бандаки изофӣ омадааст, ки дар натиҷа маънии шеър коҳидааст:
Ман аз ин умр фарсои (?) бидонам,
Рақиби ман ба ғайри ман касе нест (саҳ.15).
Муаллиф дар ин қисмат доир ба соҳаи тиб номгӯи китобҳои хондаашро ба хонанда дар шакли ғалат нишон медиҳад: «Ба ҳар ҳол дар соҳаи тиб даҳҳо китобу рисолаҳо хондаам, аз ҷумла асарҳои «Ал-қонун», «Китоб-ул-шифо» (?), «Китоб-ул-инсоф»-и И.Сино (?), «Хиради асрҳо»-и (?) (Душанбе, «Ирфон», 1989) В.Капранов, Тиби рӯҳ (?) (Душанбе, «Ирфон», 1990) Закариёи Розӣ ва ғайраҳоро мутолиа намудаам» (саҳ.16).
Ӯро лозим буд, ки дар навиштаи хеш ба шитобкорӣ роҳ надода, ҳар як иқтибоси овардаро бо нусхаи асл муқоиса карда, номгӯи китобҳоро тибқи «Имлои забони тоҷикӣ» меовард. Ф.Муҳаммадалӣ дар китоби хеш аз номи шахси бузурге чунин иқтибос овардааст: «Дар рӯҳи солим, тани солим» (?) (саҳ.17). Ба фикри мо агар ин иқтибос баръакс навишта шавад, мантиқан дуруст мебуд: «Дар тани солим – рӯҳи солим».
Дар ҷои дигар овардааст: «Дар китоби хеш «Тибби рӯҳ» (?) З. Розӣ (?) менависад: «Табобат ду навъ аст: Тиби (?) ҷисм ва тиби (?) рӯҳӣ, ки агар аввалинаш баданро табобат намояд, дуввуминаш – рӯҳро» (саҳ.17). Ҷумлаи мазкурро чунин тасҳеҳ кардан мумкин аст: «Закариёи Розӣ дар «Тибби рӯҳонӣ»-и хеш менависад: «Табобат ду навъ аст: Тибби ҷисм ва тибби рӯҳӣ, ки агар аввалинаш баданро табобат намояд, дуввуминаш рӯҳро».
Қариб дар ҳар саҳифаи китоб хатоҳои имлоӣ, техникӣ ва мантиқӣ ба назар мерасанд. Модоме, ки муаллиф соҳиби ҳашт китоб гаштааст, ӯро лозим буд, ки дар ин муддат аз нозукиҳои имло, услуби навиштан, дақиқкорӣ, маҳорати нависандагӣ ва мулоҳизарониҳои бомантиқ бархурдор мешуд.
Аз китоб боз ҷумлаеро намуна меорем: «Афзалияти табобатро бо гиёҳои (?) табиат чунин бузургон, ба монанди Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Гиппократ, Голен, Абӯ Мансур (?) ва дигарон дар асарҳояшон қайд намудаанд (?) буданд (?)» (саҳ.17).
Дар китоб байтеро аз Алишери Навоӣ иқтибос овардааст, ки ба ӯ мутааллиқ будани чунин як шеъри содда боварии кас намеояд:
Тани сиҳат хоҳӣ, кам бихӯр,
Иззатталаб бошӣ, кам бигӯ (саҳ. 18).
Ин байт гарчанде фикри пандомӯзро дошта бошад ҳам, шеър нест. Агар онро муаллиф аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷима карда бошад, бояд ба он ишора мекард, вагарна чунин сухани бевазну низомро аз номи шоири машҳуре чун Навоӣ овардан, кори хуб наменамояд.
Дар мақолаи дуюми китоб дар тавсифи китоб шеъри Абдураҳмони Ҷомиро иқтибос оварда, калимаи «маънӣ»-и мисраи охирини онро ғалат нигоштааст:
Ба тақрири латоиф лаб кушоянд,
Ҳазорон гавҳари маъни (?) намоянд (саҳ.23).
Ҳамчунин байти Ҳилолӣ низ дар шакли хато иқтибос шудааст:
Касе, к-аз дӯстӣ бурун (?) ниҳод (?) пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай (саҳ. 26).
Шакли дурусти байт бояд чунин бошад:
Касе, к-аз дӯстӣ берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.
Дар мисраи аввали байти зерини Асадии Тӯсӣ дар натиҷаи пасопеш оварда шудани таркиби «хӯрдӣ аз он» вазни шеър коста гардидааст:
Зи ҷӯе, ки аз он хӯрдӣ (?) оби пок,
Нашояд фикандан бар он сангу хок (саҳ. 30).
Калимаи «мушкин» дар мисраи дуввуми байти зерини Абдураҳмони Ҷомӣ дар шакли ғалат омада, вазну мантиқро хароб намудааст:
Эй, аз ҳилоли абрӯ бар офтоби тобон,
Мушкии (?) камон кашида, ман чун кашам камонро (саҳ 31).
Файзуллоҳи Муҳаммалӣ аксаран ҳангоми иқтибос овардани шеърҳои шоирон аз надонистани вазн, мантиқ ва дигар санъатҳои шеърӣ ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро лозим аст, ки минбаъд дар овардани иқтибосҳои шеърӣ ҳатман онро саҳеҳ рӯбардор кунад ва ё навиштаҳояшро аз назари шахси шеършиносе бояд гузаронад.
Шеърҳои дар саҳифаҳои 32, 41, 42, 43-и китоб овардашуда ҳама дорои ғалатҳо мебошанд, ки дар ин ҷо имкони нишон додани онҳоро надорем.
Мавсуф дар оғози мақолаи «Ду қаноти як уқоб» аз эҷодкор будану бо қаламу коғаз сарукор доштани хеш ифтихор карда, эҷодкоронро ба масулиятшиносӣ даъват намуда, чунин ҷумлаи берабту низомеро овардааст: «Эшон (аҳли эҷод, Р.Х.) ҳар чизеро (?), ки ба рӯи қоғаз (?) меоварад (?), бибояд миллату ҳалқиятҳоро ба Ваҳдат (?) ҳидоят намояд (?), бештар ба умумияти онҳо (?) таваҷҷӯҳ дошта бошад, на балки ба фарқиятҳояшон (?) ва боиси нитфоқ нагардад (?)» (саҳ.34). Хонандаи закӣ аз ҷумлаи овардашуда шояд бо душворӣ матлабро дарк намояд, вале ӯ дар китоби «нависанда»-и мазкур чунин ҷумлаи бенизомро дида чӣ мегуфта бошад? Чунин ҷумлаҳои берабту низом дар китоб бисёр ба назар мерасанд, масалан: «Тааҷҷуб (?) он, ки нисбат ба давлатҳое, ки на он қадар боигарии табии (?), ки мо дорем (?) бо чашми тамаъ менигарем (?)» (саҳ.38). Аз ин ҷумлаи бетаносуб чизе фаҳмида намешавад.
Боз як мисоли дигар меоварем, ки муаллиф номи шаҳрҳои бузурги Афғонистонро дар шакли ғалат нигоштааст: «Ҳусайн Бойқаро, ки аз соли 1469 то 1506 Шоҳи (?) давлати (?) Ҳирот буд, ки Хоразму Балх, Қандахору (?) Сейистон (?), Ғазнаву Дамгон (?) ба ҳудуди он шомил (?) буданд, дар маркази Ҳирот бузургони илму фарҳангро гирд оварда, нисбат ба эшон ғамхорӣ ва сарпарастӣ менамуд» (саҳ. 43). Хонанда ҳангоми мутлиаи китоб бо чунин ҷумлаҳои берабту низом дар саҳифаҳои 68, 77, 78 ва ғайра низ рӯ ба рӯ мешавад.
Муаллиф дар аксар ҳолатҳо калимаҳои арабии дар шакли ҷамъ омадаро дубора ҷамъбандии тоҷикӣ карда, бархе вожаҳоро дар шакли ғалату иштибоҳ оварда, ҳусни калима ва ҷумлаҳоро костааст, ки онҳо ба хонандаву шунаванда хеле нохуш менамоянд. Масалан, калима ва ибораҳои зеринро ғалат навиштааст, ки ин кор хилофи «Имлои забони тоҷикӣ» мебошад: маводҳо (?) хӯрока (?), сабабгар (?), таассуротҳо (?), ахборот (?), хароҷотҳо (?), тадқиқотҳо (?), мамоликҳо (?), табадулотҳо (?), алломаҳо (?), Истаравшон (?), аҷдодон (?), Афғонистан (?), оилаводаҳо (?), авлодҳо, муқадасотҳо (?) ва ғайра.
Муаллиф дар мақолаи «Агар ба моҳ барои (?) (бароӣ, Р.Х.)...»-и китобаш байтҳои Шайх Саъдиро дар шакли ғалат иқтибос оварда, маъниро халалдор намудааст:
Намонад ситамгари (?) бардӯзгор (?),
Бимонад бар ӯ лаънати рӯзгор (саҳ. 61).
* * *
Дидаи аҳли тамаъ ба неъмати дунё,
Пур нашавад, ҳамчунон, ки чаҳ (?) ба шабнам (саҳ. 62).
Байтҳои болоро Саъдӣ дар «Гулистон»-и хеш чунин нигоштааст:
Намонад ситамгори бадрӯзгор,
Бимонад бар ӯ лаънати рӯзгор («Гулистон», саҳ. 52).
* * *
Дидаи аҳли тамаъ ба неъмати дунё,
Пур нашавад, ҳамчунон, ки чоҳ ба шабнам (саҳ.168).
Ҳамчунин ӯ байти Абдураҳмони Ҷомиро низ дар шакли ғалат рӯйбардор карда, мазмунро костааст. Иқтибосгар ба ҷои вожаи «мадҳгарон» (ситоишгарон) ӯ калимаи «маҳдгарон» (гаҳворасозон)-ро овардааст, ки мақсади шоир ин нест:
Аз ман ин нукта фаромӯш макун,
Мидҳати маҳдгарон (?) гӯш макун (саҳ. 65).
Дар қисмати охири китоб суханрезаҳои муаллиф таҳти унвони «Парвози хаёл» оварда шудааст, ки дар онҳо низ баъзе костагиҳо ба назар мерасанд.
Муаллиф дар фиқраи 23 баҳри тақвияти фикри хеш байтеро ба Ҳофиз нисбат дода, онро чунин иқтибос овардааст:
Шуд дилам озурдаи ғаму (?) ҳиҷрон, куҷост, (?),
Марҳами васле, ки аз дил чинад он озорро (саҳ. 71).
Аввалан, байти мазкур аз Ҳофизи Шерозӣ буданаш шубҳанок менамояд, чунки дар девони ӯ бо чунин қофияву радиф мо ғазалеро пайдо карда натавонистем. Сониян, мисраи аввали ин байт саҳеҳ рӯбардор карда нашуда, дар он ду ҳиҷо намерасад.
Ҳамчунин, нигоранда дар ҷои дигар байти Низомии Ганҷавиро ба Саъдӣ нисбат дода, онро дар шакли ғалат овардааст:
Ба ҳангоми талхӣ (?) машав ноумед,
Ки абри сияҳ зояд (?) барфи (?) сафед (саҳ. 73).
Шакли саҳеҳи байти боло чунин аст:
Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед,
Ки абри сияҳ борад оби сафед.
Як нуктаро бояд хотиррасон намоям, ки муаллиф ҳангоми навиштани фиқраҳои хеш саҳлангорӣ намуда, ҳадиси пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро айнан овардааст: «Маҳфили илм – (?) боғистони биҳишт аст» (саҳ. 89). Дар ҷои дигар ӯ мазмуни шеъри Низомии Ганҷавиро дар шакли мансур оварда, ифтихор менамояд, ки гӯё сухани наве офарида бошад: «Аз пире, ки қоматаш камон гардида буду ниҳол мешинонд, пурсиданд: Шумо боварӣ доред, ки аз меваи он хӯрда метавонед?
Ҷавоб дод: одамизод (?) кишоварзи ҳамдигаранд, нишонданд хӯрдем, мешинонем, то бихӯранд» (саҳ. 89).
Дар поён шеъри Низомиро айнан меоварам:
Зи боғе, ки пешинагон коштанд,
Пасояндагон мева бардоштанд.
Чу шуд кишта аз баҳри мо чанд чиз,
Зи баҳри касон мо бикорем низ.
Чу дар кишту кори ҷаҳон бингарем,
Ҳама деҳкишоварзи якдигарем.
Нигоранда дар бахши «Парвози хаёл»-и китоб ба ҷои нуктаҳои нав офаридан худро ба ҳайси «пажӯҳишгари соҳаи филологӣ» нишон дода, таърифи ғазалро аз кадом китобе рӯйбардор кардааст, ки далели мӯътамад буда наметавонад: «Ғазал шеърҳои лирикиро гӯянд (?), ки зиёда аз 11–15 байт (?) мебошанд...» (саҳ.75).
Ба диққати муаллиф мерасонем, ки ғазал аз 3 то 20–25 байтро дар бар мегирад ва аксарияти ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирон 7 ё 9-байтӣ мебошанд. Магар ғазалҳои себайта ё 25 байтдошта оё ба жанри ғазал дохил намешаванд? Хуб мебуд, ки муаллиф ба мақсади дар пеш гузоштаи худ сару кор мегирифту дар он соҳае, ки дониши кироӣ надорад, даст намезад.
Пас аз мутолиаи китоб ба хулосае омадам, ки муаллиф минбаъд навиштаҳои хешро аввал аз назари суханшиносону мантиқиён гузаронида, сипас онро ба нашр супорад. Дар охир ҳаминро бояд қайд кард, ки китоби «Парвози хаёл» бо вуҷуди нуқсонҳояш дар тарбияи имрӯзиён, махсусан ҷавонону наврасон нақши намоён мебозад.
Раҷабалӣ Худоёров, Қӯрғонтеппа, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна