13:31:58 02-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЛОЛАЕ, КИ ГУЛҲОИ ТАРОНАҲОИ КӮҲИСТОНРО ЯККАЧИН КАРДААСТ

Лола Азизова, духтаре аз кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон, пеш аз он ки вориди саҳнаи мусиқӣ шавад, дар замонаш ба навъи худ як инқилоб кардааст. Ӯ нахустин бонуест, ки аз кӯҳистони Мастчоҳ, ошкоро ба мақсади овозхон шудан озими шаҳрҳои калон гардидааст. Хеле муҳим аст, ки бифаҳмем қиблагоҳашон ин дар ин робита чӣ мавқеъ доштаанд? Таваҷҷӯҳ кунед ба мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо ин овозхони маъруфи кишвар. 

-Воқеан, ҳангоме, ки бори нахуст Шумо ба мақсади гирифтани дарси мусиқӣ озими шаҳри Хуҷанд шудед, қиблагоҳатон чӣ мавқеъ доштанд. Оё онҳо мухолифат накарданд? 

Лола Азизова- Ман як духтараки орзупарвар аз даврони наврасӣ ва мактабхониям ба шеъру мусиқӣ, яъне ба санъат хеле меҳри беандоза доштам. Падарам, ки ба ҷои модар низ моро нигоҳубин мекарданд, аз тамоми ғаму дард ва нозу ниёзҳои мо бохабар буданд. Ҳаракат мекарданд, ки бемодарии худро ҳис накунем. Тамоми хоҳишу дархостҳои моро мекӯшиданд, ки иҷро намоянд. Он кас аз меҳри беандоза ба муиқӣ доштани ман огоҳ буданд ва худи он кас маро ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд барои таҳсил бурданд. Баъди хатми омӯзишгоҳ падарам ба ман гуфтанд, ки духтарам ман мехоҳам, ки ту ба мисли ҳунармандони асил Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов як санъаткоре шавӣ, ки аз сурудҳои ниёгон бохабар, сурудҳои асилро бихонӣ барои мухлисон ва барои миллати худ бошӣ. Ҳамин тариқ баъди хатми омӯзишгоҳ ман ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам. 

- Дар Донишкада раҳнамуни Шумо асосан киҳо буданд? 

Ман ҳини дар Донишкада таҳсил карданам панҷ сол дар назди устод Барноапа Исҳоқова ҳунари мусиқии асили Шашмақомро омӯхтам. Солҳои донишҷӯии ман дар назди Кумитаи радио ва телевизион ансамбли дуторчидухтарон ва ансамбли рақсии «Зебо» вуҷуд дошт. Ҳамон вақт маро ба ансамбли дуторчидухтарон ҳамчун солист, яъне яккахон, даъват карданд. Бо кадом сабабҳои ба ман номаълум ансамбли дуторчидухтарон барҳам хӯрду маро ба ансамбли Шашмақом гузарониданд. Ман аз ҳамон соли 1983 дар ҳамин Кумитаи радио ва телевизион кор мекунам. 

Фикр мекунам ҷавонтарин ҳунарманд дар ин ансабл ҳамон вақт ман будам. Ман хушбахт будам, ки бо чунин устодон аз қабили устод Барно Исҳоқова, устод Боймуҳаммад Ниёзов, Музаффар Муҳиддинов, София Бадалбоева, Лола Баракаева, Меҳрӣ Исҳоқбоева, Маҳбуба Боҳирова, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Дона Баҳромов, худи устод Саидқул Билолов, Фатҳуллоҳ Рауфов, Ҷамшед Исмоилов мутрибони нотакрор Ҳаким Маҳмудов, доиранавозон Аъло Алоев, Ёқуб Аълоев дар ҳамин ансамбл қариб ки шаш сол якҷо кор кардем. 

-Баъдан ансамбли «Дарё» ташкил шуд, Шумо ба он ҷо гузаштед? 

 Бале, соли 1989 ҳамин ансамбли «Дарё» ташкил шуд. Ман бо ҳамроҳии устодон Муборакшоҳ Ҷумъаев, Гулбек Саодатов, шодравон апаи Нигина Рауфова, устод Саидқул Билолов, Дона Баҳромов, Азиз Ваҳҳобов, Маҳкам Зубайдуллоев ва боз чанд нафари дигар ба ин ансамбл шомил шудем. Баъдан барои пазируфтан ба ин ансамбл боз озмун эълон карданд, ки дар он Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳаррама Шарифова, Нуралӣ Шерматов ба ҳайати ансамбл пазируфта шуданд. Маъмулан барои ин ансамбл худи ооҳангсозони худамон Муборакшо Ҷумъаев, Гулбек Саодатов устод Саидқул Билолов ва шодравон Фаттоҳ Одинаев оҳанг эҷод мекарданд. Ҳайати ансамбли «Дарё» намояндагони қариб тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ буданд. Онҳо аҳлона бо ҳам кору зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ ансамблро рамзи ваҳдати миллӣ агар мегуфтем хато намекардем. 

-Дар ин даста Шумо ягон вазифа ва ё ягон мавқеи хосе доштед? 

Дар ансамбли «Дарё» ман бояд роҳу равиши худро пайдо мекардам. Ҳаминро бояд бигӯям, ки дар ноҳияи Масчоҳ ба масъалаи хондани духтарҳо бисёр бо назари манфӣ он солҳо нигоҳ мекарданд. Намегузоштанд, ки духтарон ҳатто муаллиму духтур ва соҳиби дигар касбҳо шаванд. Дар масъалаи санъаткор шудан ҳоҷати гап ҳам набуд. Вале ман шудам. Ман мехостам, ки равиши ман дар ин ансамбл тарзе бошад, ки ба ҳама писанд ояд. 

Устод Муродбек Насриддинов сурудҳои мардумии саргаҳи Зарафшон, махсусан Масчоҳро бо лаҳни хеле хуб мехонданд ва мардуми маҳалҳои гуногун ӯро хуш пазироӣ мекарданд. Ман ҳам дар назди худ вазифа гузоштам, ки сурудҳои фолклории ноҳияи Масчоҳро зинда кунам, сароям. Асосан он сурудҳоеро, ки дар тӯю маъракаҳои Масчоҳ занон месароиданд.Хулоса ман ба таҳия кардани чунин сурудҳо сар кардам. Аввал суруде таҳти унвони «Рубоиёти Масчоҳ» пайдо шуд, ки чунин буд: 

Ҳо, Худгиф мериё чӣ мебиёрӣ бари ман,

Ҳо, дермонӣ накун тоқат надорад дили ман, ҳоя

Ҳо, ман ағбара сар кардам ба пушти Бурсо.

Ҳо, сад сол гузарад дилум кашуни Масчо, ҳоя. 

Ана ҳамин тавр сурудҳои дигари фолклори Масчоҳ пайдо шуд. Ман сурудҳои Масчоҳро месароидам. Акои Абдуллоҳ Султонов сурудҳои яғнобиро месароиданд. Сурудҳои мардумии водии Раштро Моҳрухсор Сафиева месароид. Апаи Нигина Рауфова сурудҳои мардумии ноҳияи Файзобод ва таронаҳои бадахшониро месароиданд. Суруду таронаҳои мардуми Хатлонро устод Саидқул Билолов ва Ҷамшед Исмоилов мехонданд. Ин ҳунармандон ҳамеша дар ҷустуҷӯ буданд, кӯшиш мекарданд, ки як суруд ва ё таронаи номаълуми халқиро пайдо карда аз сари нав онро бо як тобиши хуб ба мардум пешкаш намоянд. 

Натиҷаи заҳмати ҳаминҳо буд, ки чандин таронаҳои мардумӣ аз миёни мардум ёфта шуда аз сари нав суруда шуданд. Дар назди ҳамин ансамбли «Дарё» як маркази таълимии «Хунёгар» кушода шуд бо нияту орзуҳое, ки мо бояд ҳамин сурудҳои худро ба шогирдон дарс диҳем. Сурудҳоеро, ки аз мактаби устод ака Шариф Ҷӯраев, аз мактаби устод Одина Ҳошим ба мо мерос мондаанд, ҳатто сурудҳои устод Саидқул Билолов ва дигар овозхонҳои маъруфи ансамбли «Дарё»-ро ба шогирдон биомӯзонем, то онҳо ҳаргиз фаромӯш нашаванд ва аз насл ба насл гузаранд. 

Боз ҳамин хел фикр мекунам, ки ваҳдат миллӣ пурра дар ҳамин ансамбли мо татбиқи худро ёфтааст. Аъзои ин ансамбл қариб тамоми минтақаҳои кишварро намояндагӣ мекунанд ва бо ҳамдигар аҳлу бародар ҳастанд. Дар лаҳзаҳои душвортарин бо ҳам буданд. Якдигарро дастгирӣ мекарданд. Ваҳдатро на танҳо бо суруд тарғиб мекарданд, балки дар амал онро бо ибрати шахсии хеш татбиқ менамуданд. Ансамбли «Дарё» бо таронаҳои худ мардумро ба ваҳдати миллӣ, ба садоқат ба Ватан, ба бунёдкорӣ таблиғу ташвиқ мекунад. Ин гуна таронаҳоро асосан дар ҷашнвораҳои давлатӣ ба тамошобин пешкаш мекарданд. Ин сурудҳо ба дарди ҷомеъа, ба дарди мардум мехӯранд. Онҳоро ба ояндаи нек умедвор месозанд, дар онҳо ахлоқи ҳамидаро таблиғ мекунанд. 

Ансамбли «Дарё» ин рисолати худро дар мушкилтарин замони давлату миллат фаромӯш накард, аз пайи иҷрои он сайъу талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Солҳое, ки дар ҷумҳурии мо як нобасомониҳо буду як ҳамдигарнофаҳмиҳо шуд ва мардуми зиёд ба ғарибиҳо рафтанд, хаёл мекунам, ки боз ҳам сурудҳои беҳтарин ва заруртаринро ҳамин ансамлби «Дарё» пешкаши мардум мекард.Мардумро ба Ватан даъват мекард. Ҳамон солҳо суруди «Тоҷикистон» бар матни устод Низом Қосим, суруди «Тоҷикистон ҷону ҷонон» бар матни устод Назри Яздонӣ, «Офтобо, хонаро бори дигар пурнур кун» бар матни Ҷалолиддин Балхии Румӣ ва ғайра пайдо шуданд. Ман ҳам хостам дар ҳамин раванд саҳми худро гузорам. Рубоиёти Олимхон Исматиро таҳти унвони «Дар шаҳри мусофирӣ» ба оҳанг дароварда хондам. Ин тарона чунин садо медиҳад: 

 Ой дар шаҳри мусофирӣ дилам нолонай,

Ой одам ба ғаме ҳамеша саргардонай.

Ой имшаб чӣ шабаст, ки ёди модар кардам,

Ой бар хонаи бобоӣ дилам пазмонай.

 

Ой ҳар кас зи ғарибӣ ба Ватан баргардад.

Ой бо душмани худ ёру бародар гардад.

Ҳой ҳар қатраи об дар назар дурдона,

Ҳой ҳар зарраи хок бар кафаш зар гардад.

 

Ой дар шаҳри мусофирӣ дилам нолонай аст,

Ой одам ба ғаме ҳамеша саргардонай.

Ой имшаб чӣ шабаст, ки ёди модар кардам,

Ой бар хонаи бобоӣ дилам пазмонай.

 

- Ин суруди шумо акси садо дошт? 

Бале, вақте ки мардум аз Афғонистон ба Ватан бармегаштанд, ба Хонаи Радио омада ба ман мегуфтанд, ки онҳо барномаи «Хоки Ватан» ин суруди маро борҳо шунидаанд ва дар онҳо хумори Ватан боло гирифтаасту онҳоро моил ба бозгашт ба Ватан кардааст ва изҳори миннатдорӣ мекарданд. Имрӯзҳо ҳам ба ман тавассути гелефон, ба воситаи мактубҳо аз мамолики мухталиф барои ҳамин суруд ибрози миннатдорӣ мекунанд. Мегӯянд, ки баъди шунидани ҳамин суруд бисёр мехоҳем, ки болу пар барорему ба Ватан баргардем. 

Фикр мекунам, ки ҳар як узви ансамбли «Дарё» саҳми худро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ватансозӣ гузоштааст. Агарчӣ ман таронаҳои мардуми Масчоҳро суруда бошам ҳам, боварӣ дорам, ки вақте сурудҳои маро намояндагони шаҳру аоҳияҳои дигари ҷумҳурӣ мешунаванд, онҳо ҳатман ёди деҳаву ноҳияи худ мекунанд. Касе, ки зодгоҳи худро дӯст медорад, боварӣ дорам ӯ Ватани худро дӯст медорад. Ман дар ҳамин давра суруди эҷодкардаи устод Саидқул Билолов «Тоҷикистон»-ро бар матни устод Низом Қосим сурудам: 

 

Мазраи бахтат гулафшон,

Парчами фатҳат парафшон,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Мардумат сарҷамъ бодо,

Душманат бодо парешон

Тоҷикистон, Тоҷикистон. 

Ин сурудро имрӯзҳо ҳам ҳатто дар тӯю маъракаҳо аз ман хоҳиш мекунанд, ки бисароям. 

-Шумо гуфтед, ки дар назди ансамбли «Дарё» як маркази таълимӣ амал мекунад. Мешавад чанд сухан дар бораи ин марказ ва нақши Шумо дар он бигӯед? 

Лола Азизова ва Нигина Рауфова-Бале, ин марказ ба мақсади додани донишу таҷрибаи устодон ба ҷавонон ва тарбия намудани бачаҳои боистеъдод созмон дода шудааст. Дар он аз устод Саидқул Билолов шурӯъ карда қариб аксари овозхонҳо ва мутрибон донишу таҷрибаи худро ба насли наврас меомӯзанд. Ҳар кадоми мо чор-панҷ нафарӣ шогирд дорем. Дар ин марказ на танҳо мактаби овозхонҳои ансамбли «Дарё» таълим дода мешавад, балки аз Шашмақом таълим дода мешавад, мактаби эҷодии устодон Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозимов ва ғайра ба ширкаткунандагони машғулиятҳои ин марказ омӯзонда мешавад. 

Бояд гуфт, ки имрӯз аксарияти ҷавонон рӯ овардаанд ба жанри эстрада. Мутаассифона, аксари онҳо ин жанрро низ чандон хуб намедонанд. Онро сар сарӣ омӯхтаанд. Мо муаллимони ин марказ дар баробари ҷавононро бо эҷодиёти устодони ҳунари мусиқӣ шиносондан, ба онҳо дар бораи ана ҳамин жанри эстрада низ маълумоти муфид медиҳем. Яъне дар баробари жанри эстрада мо кӯшиш мекунем, ки шогирдон эҷодиёти ниёгонро низ донанд. Як чизро бояд бигӯям, ки шогирдони Маркази «Хунёгар» инҳо бачаҳои навомӯз нестанд. 

Аксари онҳо дар синфҳои болоии мактабҳои мусиқӣ, омӯзишгоҳу коллеҷ ва ҳатто Консерваторияву Донишкада таҳсил мекунанд. Дар ин маркази мо онҳо дар баробари мустаҳкам кардани донишу малакаи ҳосил кардаашон инчунин таҷрибаи ҳунарпешагиро меомӯзанд. Ҷавононе, ки аз санъати асили Шашмақом, Фалак бохабар шуданд, сурудани таронаҳои ноби бузургони ҳунари мусиқиро аз худ карданд, барои онҳо хондани сурудҳои сабуки эстрадӣ ҳеҷ мушкилӣ нахоҳад дошт. Моро дар вақташ устодон ҳамин гуна таълим доданд, ки соҳиби нону ҳам ном шудем. Имрӯз аз ҷумлаи шогирдони ин марказ чаҳор нафарашон: Зайнура, Насиба, Далер ва Ҳусейн ба ансамбл пазируфта шуданд. 

ӣ дар рушди ҳунари шумо нақши муҳимтар доштааст? 

-Шавҳарам Шаҳобиддини Ҳақназар, ки саркоргардони Идораи мусиқии радиои Тоҷикистон мебошад. Нахуст як чизро бояд возеҳ бигӯям, ки Хонаи радио барои ман ҷои муқаддас аст. Ман дар ин ҷо ҳам бахти худро ёфтам, яъне Шаҳобиддинро ва ҳам касберо, ки маро дар зиндагӣ сарбаланд кардааст. Шаҳобиддин ҳам мусиқӣ ва ҳам шеърро хуб дарк мекунанд. Ман аввалҳо маънии шеърро дуруст дарк намекардам. Бисёр чизҳоро аз онҳо меомӯхтам. Бояд қоил шуд, ки агарчи садои хуб доштам, вале шеърро намефаҳмдам. Шаҳобиддин заҳмат кашиданд. Як чизро бояд бигӯям, ки дар як ҷо зиндагӣ ва кор кардани ҷуфти соҳибҳунар кори чандон осоне нест. 

Вале мо шукри Худо ки ин мушкилро бо сабру таҳаммул паси сар мекунем. Фикр мекунам, ки Шаҳобиддин бештар қурбонӣ дод. Шояд ӯ мехост, ки пеш равад, дар дигар ҷо кор кунад, вале муҳаббат ба ҳамин касб ва шояд муҳаббат ба ман ӯро нагузошт, ки аз бари ман дур бошад. Ман гумон мекунам, ки хушбахттарин ҳунарманд ҳастам, ки зиндагӣ маро бо чунин як шахси ҳам фарҳангдӯсту ва ҳам инсони нек рӯ ба рӯ овард. Ман хизматҳои он касро агар як умр таъриф кунам кам аст. Ман тамоми сурудҳои мехондагиамро пеш аз ҳама дар оила аз назари Шаҳобиддин мегузаронам ва баъд аз он сабт мекунам ва ё дар саҳна мехонам. Шаҳобиддин як одати хуб доранд, ки маънии шеърро пурра ба ман мефаҳмонанд ва ман пас аз он ба қавле «дар образ медароям». 

-Фарзанд низ доред? 

-Бале, ду писар ва як духтар дорем. Нилуфар коргардони овоз шуда дар радио кор мекунад. Пешаи падарро пеш гирифтааст. Писарҳоро низ ба воя расонида хонадор кардаем. Ҳар кадом дар зиндагӣ роҳи худро интихоб кардааст. 

-Ба Шумо ва аҳли хонаводаи Шумо бахту саодат ва комёбӣ орзумандем. Бигузор дар ҷодаи ҳунар қуллаҳои баландтареро фатҳ намоед. Ташаккур барои сӯҳбат. 

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4104-2011-01-09-19-01-26.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi