08:53:57 19-уми Декабри 2014 сол
ahmad-zahir-2013
 
 youtube-ruzgor-2014


qissaho-2014
 

Тақвим

<< < Декабр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.0858 TJS
1 USD — 5.2412 TJS
1 EURO — 6.4746 TJS
2014-12-19

МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОД

Suhrobi Safarzod

 

ҲОҶӢ ИСМОИЛ: «ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР ХУДКУШИСТ»

Қабл аз гузоштани намози ҷаноза Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода як тан аз уламои маъруфи дини мубини ислом дар Тоҷикистон, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҳисор дар мавъизаи худ асосан дар бораи падидаи номатлубе, ки миёни иддае аз овозхонҳои ҷавони тоҷик паҳн шудааст, яъне истеъмоли маводи мухаддир ҳарф зад. Ӯ дар суханронии худ азҷумла чунин гуфт: «Ҷавонони азиз, аз фурсат истифода бурда ман ба шумо мегуфтам:

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,

Фасли гул мегузарад лаззати бӯ мемонад.

Ин ҷаҳон косаи даврест барои ҳама кас,

Ҳама чиз мегузарад дидаву рӯ мемонад.

Ҷавонони азиз, ин умре, ки Худованд ба мову шумо додааст, ин умр барои имтиҳон аст. Мо ҳамчун имтиҳонсупоранда дар назди Худованд ин зиндагиро сипарӣ мекунем. Мо ин дунёамонро чӣ гуна месозем? Ин дунёамонро «аддунё ҷиффатун ва толибуҳо каллоби» месозем. Дунё ҳаромист ва толиби дунё сагонанд.

Дунёталабон зи ҳирс мастанду ҳама,

Мӯсокушу фиръавнпарастанд ҳама.

Он аҳд ки бо Худо бастанд ҳама,

Аз баҳри дирам ҷумла шикастанд ҳама.

Ё ин дунёямонро «Аддунёу мазраатул охирати» мекунем. «Дунёамонро киштгоҳи охират» мекунем. Ба дунё тавон охират ёфтан. Ҷавонони азиз, як балое имрӯз байни ҷавонони мо сайр мекунад, ки маводи мухаддира мегӯянд. Аксарияти ҷавонони боистеъдоди мо қурбони ана ҳамин фасод гаштаанд. Мавлонои бузург дар «Маснавии маънавӣ» дар боби ахлоқу одоб як гап мегӯяд:

Аз Худо ҷӯем тавфиқу адаб,

Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Ҷавонони азиз, истеъмоли маводи мухаддира инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад. Вақте, ки инсон аз истеъмоли маводи мухаддира мемирад, ӯ гӯё, ки ба худкушӣ даст задааст. Барои ҳамин ҷавононе, ки инҷо истодаед, мо аз Шумо як талаб дорем, чаро ҷанозаҳоро шиор мекунанд? Чаро ҷанозаҳоро бардошта болои ӯ ҷома мепӯшонанд ва меоранд? Маънояш ин аст, ки он ба мову шумо ҳушдор медиҳад, ки

Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,

Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.

Suhrobi SafarzodИмрӯз гӯшаки телефонро мебардорӣ, мегӯянд, ки Сӯҳроби Сафарзод мурд. Фардо навбати ману шумо ҳаст. Фардо мову шуморо болои ҳамин чаҳорчӯба бардошта меоранд. Худой накарда агар ҷавоне ба истеъмоли маводи мухаддира машғул бошад, гӯшатонро бигиред ва тавба кунед дар назди Худо. Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ. Ту агар бар болои нафси худ амирӣ, ана мард шумо ҳастед! Одам бояд худро идора карда битавонад. На ин ки ин умри азизе, ки Худованд ба ӯ додааст, ӯро бо истеъмоли маводи мухаддира ройгон худро ҷавонмарг бисозад. Даст гӯё ба худкушӣ бизанад».

 ОРТИҚИ ҚОДИР: «ХАЗОНИ ҒУНЧАИ НАВШУКУФТА ДАР ФАСЛИ ХАЗОН»

Ортиқи Қодир, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки дар байни ҷавонни эҷодкор обрӯву манзалати калон дорад, баъди адои намози ҷаноза дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар бораи сабабҳои марги нобаҳангоми ин овозхони ҷавон, вале хеле маъруфи кишвар, инчунин дар бораи зарари истеъмоли маводи мухаддир дар ҷомеъа бо дарду андӯҳи зиёде чунин гуфт: «Имрӯз сад афсӯс, ки бо ҳамин иллати бисёр баду пур аз зиллати давр, вабои аср, боз як ҷавони соҳибистеъдоди хушзавқ, ҷавони ҳам хушсурату ҳам хушсадо, хушлаҳн, ки як сабки бисёр аҷибе дошт. Хоса бо лаҳни овозхони бисёр маъруфи форсзабонон – Муин бисёр зебо месароид, аз байни мо рафт. Ин албатта барои ҳунари тоҷик як талафоти бисёр гароне ҳаст, ки чунин як ғунчаи навшукуфтаи боғи ҳунари тоҷикро дар ин фасли хазон мо хазон дидем. Қаблан барои аҳли байташ, барои тамоми пайвандону мухлисонаш ман арзи тасаллият мекунам.

Ман бисёр дар маҳфилҳо мушоҳида мекардам, ки одамон, ё ошиқон, дилдодагон бисёр мехостанд чунин як ҳунарманде ҳам хушсадо ва ҳам хушсимо дар маҳфили издивоҷи эшон, арӯсии эшон ширкат дошта бошад ва он маҳфилро оро диҳад. Сад афсӯс, ки ҳамин гуна ормонҳо, ҳамин гуна орзуҳо ба хок рафт. Ман фикр мекунам, ки барои насли имрӯз ҳамчунин як реҳлати бемаҳал, ҷигарсӯз, албатта ин сабақ аст, ин дарс аст. Бояд аз ин вабои аср, аз маводи мухаддир, ки ҳамарӯза мо аз шабакаҳои телевизион, аз ҳамаи он расонаҳои ахбори умум дар бораи зарари он мефаҳмем, мешунавем, вале муассиртарин сабақ ҳамин аст, ки мо ҳамчунин як ҷавони зебову хушистеъдодро аз даст додем, талаф додем.

Suhrobi SafarzodБояд онҳое, ки ҳамшарику дӯсту ҳампешаи Сӯҳроб буданд ва агар дар ҳамин роҳ ҳастанд, бояд аз ин роҳи бад, аз ин роҳи марговар, аз ин роҳе, ки оқибаташ фано ҳаст, нестӣ ҳаст, аз ҳамин роҳ бигарданд. Дигар ин ки ягон нафар аз фарди ҷомеа ба ин иллат, ба ин бадбахтӣ бетараф набошад. Зеро бетарафӣ худ хиёнат аст. Ҳар гоҳе, ки агар мо дидем дар ҳамин ҳолат ҷавононро, ҳамон лаҳза бояд мо аз худ ягон таъсири расонем, як вокуниши бисёр қавие дошта бошем. Бо ҳамин роҳ ҳам дар сатҳи ҳукумат, ҳам дар сатҳи фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа, мо бояд кӯшиш кунем, ки умуман ҳамин иллати ахлоқи бад, рафтори бад, имрӯз на ин ки истифодаи маводи мухаддир, балки умуман рафтору кирдори ҷавононро бояд мо таъсир расонем. То ин ки ҳамон хислатҳои ҳамидаву суннатҳои накӯи ахлоқиву фарҳангии аҷдодонамонро боз аз нав эҳё карда бошем.

Дар ин ҳолат албатта бисёр душвор аст чизе гуфтан. Ҳамагӣ як ҳафта нашудааст, ки ман дар як маҳфил Сӯҳроби Сафарзодро дида будам ва ман аз тариқи овозрабо ӯро рӯи саҳна даъват кардам. Ва аҳли он маҳфил аз сурудаҳои ӯ чӣ қадар баҳра бурданд, як ғановати маънавӣ, бигӯем, ки як ҳолати болидагӣ ҳосил гашт. Вале имрӯз, сад афсӯс, ӯ дар байни мо нест. Худо биёмурзад ва Худо кунад, ки ба тамоми ҷавонони мо, ки имрӯз ҳазрати махсуми Ҳоҷӣ Исмоил ин қадар маъвизаи бисёр ба мавриде карданд ва ҷойгоҳаш, мақомаш ҳамин ҷо буд,. Худо кунад, ки ба ҷавонои мо як тавфиқ ато кунад, як таъсире расонад. Мо оянда эътимод дошта бошем, ки миллати мо ба ҷое мерасад. Дар шахси ин ҷавонҳо мо эътимод пайдо кунем, эътимоди қавӣ пайдо кунем, ки мо оянда боз ҳамчун миллат боз мақому ҷойгоҳи худро, курсии ифтихори худро соҳиб мешавем».

 Ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод дар қабристони маҳаллаи Калинин ба хок супурда шуд.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+1 #32 RE: МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОДGuest 18.08.2012 12:08
Не сухроб аз маводи мухадир намурдааст агар вай инкоро мекард чаро дакр вакти хона буданш касе уро занг задабуд чаро сурудашро саростима сапт кард инчо чи гап дигар хаст лекин ин дунё фони хаст он бародароне ки дар хаки у чунин коро раво диданд дар назди худованд чавоб медихан бадан гуфтан хастам ки ба хонадони сухроб худованд сабр ато намояд ва бадан худашро чояш чанат шавад хамеша мо мухлисон дуогу шумо хастем
 
 
+5 #31 Guest 27.02.2012 08:43
Хабиба давлатова ба наздики дар рузнома маколаеро чоп кард, бо номи Суъроби Сафарзоб нашъаманд набуд!!! Вакте ки ман мароси намози чанозаи уро бо дикат тамошо кардам, ончо Хочи Исмоил танхо дар бораи окибатхои нашаманди таъкид карда ба тобути Сухроби Сафарзод ишора мекунад. Агар у аз истеъмоли нашъа ба халокат нарасида бошад пас чаро Хочи Исмоил дар бораи нашъаманди сухан меронад!! Аз хамин хотир Хабибабону барои чи худатонро дар пеши халк шарманда карда аз нашъманд набудани у гувохи медихед???
 
 
+4 #30 RE: МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОДGuest 31.01.2012 14:48
рухат шод бод сухроби сафарзод
 
 
+7 #29 RE: МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОДGuest 07.01.2012 10:03
ХУДОИ БУЗУРГ ХАММАРО ИМОНИ КОМИЛ АТО КУНАД.АЛЛОХИ БУЗУРГ БА ХАММА АКЛИ РАСО ДИХАД ОМИН.
 
 
-4 #28 RE: МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОДGuest 28.10.2011 23:24
Дустам. Хамики марг омад, дигар гурез нест. Вакти Сухроби Сафарзод низ хаминкадар будааст. Марг бо хар рох бо мо мепайвандад. Барои хамин фикр мекунам, ки чавобашро акнун дарёфти дусти азиз... Дар хакки Сухробу дигар сарояндахое, ки гузаштаанд, дуои хайр кунед...
 
 
+9 #27 RE: МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОДGuest 04.08.2011 14:22
Худованд ҳаммаи муъминонро раҳмат кунад.Акаи суҳроб бо рафтани худ ба мо фаҳмонд, ки ба гераин наздик нашавем. Бародарон !!! Ҳеҷ вақт бо мурдани дигарон хӯшҳол нашавед.
 
 
+7 #26 Guest 20.05.2011 20:49
хаbари марги сарояндаи хушовоз хамаи мардуми точикро ьа фикр гуттавор гардонид. хама ьо номи нек едаш менамоянд. гарчанде ман дар мулки дигарам ин хаьари ногахониро шунида ьовариам наомад ман ьа хамаи дустонам занг зада пурсони ин ходиса гаштам, умед дошттам, ки ин хаьар ьардуруг аст. вале сад афсус... ман аз даргохи Худовани ьузург металаьам то ки Сухроьи Сафарзодро чаннати гардонад. ин сарояндаи махьуь дар еду кальи мо то аьад ьоки мемонад. едат ьа хайр Сухроьчон. садои ширадорат дар дили мо чой гирифтааст...
 
 
+6 #25 Guest 19.05.2011 08:48
Агар шахс дар зиндаги кадри худро надонад окибат хамин мешавад
 
 
+7 #24 Guest 17.04.2011 20:53
786
Салом ба пайравони Ҳақ.Мо ва Шумо ҷавонон бояд хушёру зирак бошем дар тамоми зиндагиямон. Ҳаргиз пайравии ғайри Худоро накунем ва доиман фармон бари фармони ӯ бошем.Касе ки нофармони мекунад ӯро ҷояш дузах аст. Худоё мо ҷавононро ҳидоят намо!
 
 
+10 #23 Guest 11.03.2011 14:08
Дустам. Хамики марг омад, дигар гурез нест. Вакти Сухроби Сафарзод низ хаминкадар будааст. Марг бо хар рох бо мо мепайвандад. Барои хамин фикр мекунам, ки чавобашро акнун дарёфти дусти азиз... Дар хакки Сухробу дигар сарояндахое, ки гузаштаанд, дуои хайр кунед...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


Ruzgor-Plast 2014