03:29:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗОР СОБИР: «АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК ДУ ЗАЪФ ДОРАД»

Дар рафҳои китоби мағозаҳои китобфурӯшии пойтахт боз як асари устод Бозор Собир»- «Хуни қалам» зам шуд. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор»  дар иртибот бо ин рӯйдоди фарҳангӣ  бо  муаллифи китоб устод Бозор Собир мусоҳибае орост, ки мӯҳтавои онро пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ, мекунем. 

- Устод, таърихчаи эҷод шудани китоби «Хуни қалам»-ро қисса мекардед? 

bozor sobir - sulton hamad-Китоб кори се чор солаи ахир аст. Борҳо ин китобро таҳрир кардам. Чанд шеъре аз шеърҳои кӯҳнаам дар он ворид шудаанд, ки онҳо ҳам таҳрир хӯрдаанд. Онҳо шеърҳои қаблӣ нестанд. Баъзеашон кам, қисми дигарашон хеле фарқ мекунанд. Чопи ин китобро, пеш аз он ки омода шавад, Бӯрӣ Карим ба ӯҳда гирифта буд. Вале мутаассифона, китобро чоп накард. Дар Душанбе муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» Саймиддин Дӯстов чопи онро ба гардан гирифт. Ва дар муддати кӯтоҳ бо теъдоди 2000 нусха чоп кард. 

- Дар ин китоб, асосан, ашъори тозаэҷоди Шумо ворид карда шудааст, ҳамин тавр не?

 - Гуфтам-, ку аз ашъори қаблӣ чанд шеъре, ки  дар ин маҷмӯа ҳаст, онҳо ҳама таҳрир  хӯрдаанд. Дигар асосан шеърҳои тозаэҷоди ман дар ин китоб гирд оварда шудаанд. 

- Ва ба  он хотир «Хуни қалам» номаш ниҳодед, ки… 

- Дар шеъри «Ҷуз қалам нест касе ҳамхунам» азҷумла  гуфтаам: 

Ин қадар ранг, ки дар дафтари ман,

Аз димоғи қаламам мерезад,

Хуни рангини ман аст.

Аз димоғи қаламам дар дафтар

Хуни ман мерезад,

Чун қалам нест касе ҳамраги ман,

Чун қалам нест касе ҳамхунам…

 Ё дар шеъри «Қалам»-ам чунин мисраъҳо дорам:

 Ман хуни қалам рехтаам ин ҳама бебок,

Дар гардани ман ғайри ҳамин хуни қалам нест.

 Ҳамин шеърҳоям боис шуданду номи китоб «Хуни қалам» шуд

 -Устод, агар хато накунам, пеш аз «Хуни қалам» «Аз «Гули хор» то «Симхор»-ро чоп карда будед. Тақрибан панҷ-шаш сол фосила  байни чопи  ин ду китоб буд.

 -Китоби «Аз «Гули хор» то «Симхор» соли 2003 чоп шуд буд. Яке аз китобҳои беҳтарини ман аст. Касе, ки ин китобро нахонаду надонад, шоири хуб намешавад (механдад).

 -Чӣ тафовутеро Шумо дар мавзӯъ ва мазмуни ин китобҳо мебинед?

 Китоби қаблиям  аз номаш маълум аст, ки гулчини ашъори солҳои қабл гуфтаам мебошад. Дар он китоб ашъоре, ки дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ гуфта шуда бошанд, хеле каманд. Дар китоби «Хуни қалам» шеърҳои сиёсӣ бештар ворид  шудаанд.

 - Чӣ омил боис шуд, ки дар ин чанд соли охир ба эҷоди  ашъори  сиёсӣ -иҷтимоӣ рӯ овардед?

 -Худи зиндагӣ. Худи вазъи зиндагӣ одамро водор мекунад, ки шоири иҷтимоӣ бошад. Шоири иҷтимоӣ будан  ҳазорҳо бор беҳтар аст аз шоири ғаноӣ будан, аз шоири ғазалсаро будан. Албатта шоири ғаноӣ будан ва дар мавзӯи ишқ шеър гуфтан хуб аст. Мавзӯи ишқ беҳтарин мавзӯъ аст.  Ширинтарин ва гуворотарин мавзӯи зиндагӣ ва  адабиёт мавзӯи ишқ аст.  Дигар мавзӯъҳо ҳама мавзӯъҳои рӯзмараанд. Талоши зиндагианд. Як шоир гуфтааст, ки:

 Аз ғами оилаи исқотӣ,

Оқибат ақлу г…м шуд қотӣ. 

Вале шоир дар миёни  ана ҳамин воқеаҳои зиндагӣ бошаду ба онҳо бетараф бошад, ҳеҷ имкон надорад. Ба ҷомеъа шоирони иҷтимоӣ хеле заруранд. Масалан, «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ асари иҷтимоӣ аст, асари ишқӣ нест. Шоирони инқилобӣ ҳама шоирони иҷтимоӣ ва барҳақи халқанд. Шеъри иҷтимоӣ шеъри рӯз аст, шеъри майдон аст, шеъри ҷанг аст, шеъри тазоҳурот аст. Митингу намоишу роҳпаймоӣ, ҳамаи инҳо мавзӯъҳои як шоири иҷтимоиянд. Ва дар ҳаёти имрӯзаи мо ҳам доираи воқеаҳои иҷтимоӣ бузург аст, ҳам мавзӯи шеъри иҷтимоӣ бештар ва гиротар аст. 

-Оё  буданд шеърҳое, ки бо дарназардошти кадом фикре ё сабабе аз дохил кардани онҳо ба ин маҷмӯа худдорӣ кардед? 

bozor sobir- Ба як бор гуфтан шеърамро ман комил намеҳисобам. Ман табъи равоне надорам, ки як шеърро фаврӣ ва якбора гуфта тавонам. Ин хел табъи равон надорам. Вале ман шояд як шеърро дар чанд рӯз ва ҳатто шояд дар чанд моҳ мегӯям. Ва боз ҳазор бори дигар таҳрир мекунам. Дар ниҳоят агар нашуд мепартоям. Ман онро архив намекунам. Валекин дар дохили папкаҳои ман ва коғазҳои ман шеърҳои нимколаву нимгуфтаву шеърҳои нотамом бисёранд. Баъди муддате боз як бор ба онҳо бармегардам. Як бори дигар болояшон кор мекунам. Агар нашуд, боз каме андактар ба онҳо руҷӯъ мекунам. Чунин ашъори нотамом зиёд дорам. Шеърҳои комил ҳам дорам. Онҳо шеърҳое ҳастанд, ки ё ба мавзӯи китоб мувофиқ нестанд ва ё  ба одамҳое бахшида шуданд, ки  баъдан он одамҳо ба ман маъқул нашуданд. Аммо шеърашон гуфта шудааст. Ана ҳамин гуна ашъорро ман ба китоби нав ворид накардам. 

-Чанд муддат ҳаст, ки Шумо аз обу ҳавои Ватан нафас мекашед. Оё илҳоми шеърнависатон омад, шеъре гуфтед?

 - Ба ҷуз чанд байту чанд мисрае, ки ба ин ва ё он дӯстам  бахшидам, дигар фурсати шеър гуфтан даст надодааст. Вале лаҳзаҳое буданд, ки ман барои худ онҳоро қайд кардам, то баъдан аз онҳо чизе эҷод кунам. Ҳамон шоирони сӯфии мо, ки чилла менишастанду эҷод мекарданд, корашон дуруст буд. Барои шеър гуфтан даруни ғор бояд даромад.

 -Устод, як бор худатонро месанҷидед, ҳамин корро мекардед? (бо шавқ ба сухан ҳамроҳ мешавад завҷаи устод Бозор Собир хонум Гулчеҳра ва механдад).

 -Ҳамон хоначаи ман дар Сиэтл худаш ғор аст. Аз ғор ҳеҷ фарқ намекунад.

 - Воқеан, устод, агар хато накунам,  Шумо баъзан дар марзи куфру эмон сухан мегӯед.  Ин тарзи гуфтор хоси шоирони тасаввуф буд. Дар адабиёти тасаввуфӣ  ин тарзи баёни фикрро  шатҳиёт мегӯянд. Олитарин намунаи шатҳиёт ҳамон «Аналҳақ»-и Мансури Ҳаллоҷ аст, ки барои ин ӯро рӯҳониёни мутаассиб  ба дор овехтанд. Суханҳое, ки дар бораи мазҳабу дин мегӯед, ҳамон шатҳиётро ба хотир меоранд, устод.

 - Маро ба тарафи сӯфиҳо накаш (механдад устод Бозор Собир):

 Ҳафт шаҳри Ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

 Лекин дар тафовут аз сӯфиҳо ман фарди иҷтимоиям. Сӯфиҳо иҷтимоӣ набуданд. Ман комилан иҷтимоиям.

 -Шумо баъди солҳои дароз ба Ватан баргаштеду як муддат имкон доштед, ки бо осори аҳли адаби кишвар аз наздик шинос шавед. Адабиёти тоҷикро чӣ гуна дарёфтед?

 -Чанд китоб хондам. Қариб тамоми шоирони насли худам, насли баъдӣ китобҳояшонро ба ман оварданд.  Хонум Гулрухсор, Ҳадисахонум, Зулфия, Шаҳрия  китобҳояшонро ба ман оварданд, инҳо шоирони насли моянд. Масалан китоби туро хондам (устод китоби  мусоҳибаҳо- «Дар сӯҳбати соҳибдилон»-ро дар назар доранд С.Ҳ.), дастхатҳоятро хондам (устод дафтари назми чопнашударо дар назар доранд, ки худ  хоста буданд ва лутфан таҳрир намуданд С.Ҳ.). Китоби Давлат Сафарро хондам. Китоби Рустам Ваҳҳобро хондам. Боз чанд китоби дигарро хондам. Ман ба ҳамин хулоса омадам, ки адабиёти имрӯзаи тоҷик ду заъф дорад.

Шояд барои ту заъф набошад. Барои ман заъф аст. Якум ин ки шоирон бисёр Худоҷӯ шуданд. Зану мард ҳама Худоҷӯ шуданд. Инро ман заъф медонам. Адабиёти классикии мо ҳама шоирони мазҳабӣ буданд. Мо як бор ин мактабро гузаштем. Бозгашт ба мактаби кӯҳна даркор нест. Баргаштан ва ба мурдарег рафтан даркор нест. Ин як. Дуввум, ин ки мо дар замони советӣ ҳадаф доштем. Ҳадафи мушаххасу конкрет доштем. Чӣ ҳадаф доштем? Мо ҷамъияти сотсиалистӣ доштем ва ҳадафу идеали мо коммунизм буд. Ҳамаш дар ҷояш буд. Қолабаш сотсиализм, идеалаш коммунизм. Ҳамон, ки аз даст рафт, имрӯз мардум на ҳадаф доранд, на қолаб. На ҷамъияти комили капиталистӣ доранд, на идеал. Идеал нест.

Акнун ҳар халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои худаш идеал мекобад. Масалан, ӯзбак баро худаш Темурлангро идеал ёфтааст. Ҳайкалашро сохтааст. Хулоса, ҳамин хуношомро барои худ идеал кардааст. Муғул барои худаш Чингизхонро идеал кардааст. Ҳайкали Чингизхон ними шаҳри Душанбе ҳаст. Аз он маводҳое, ки дар матбуот хондам, дар сӯҳбатҳо шунидам, дар миқёси Тоҷикистон ҳам то ҳанӯз идеал кофта истодаанд. Яке  мегиранд Исмоили Сомониро идеал мекунанд. Гоҳ Зардӯштро идеал мекунанд, гоҳ Маздакрову гаҳ Диваштичро, то Куруш расидаанд. Ҳама идеалу қаҳрамон мекобанд. Ин дар вазъиятест, ки халқ ва адабиёт идеалашро гум кардааст.

 -Шумо дар ин вазъияте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯпошӣ шудааст ва мо давлати соҳибистиқлол шудаем, чиро ва ё киро ба ҳайси идеал пешниҳод мекардед?

khuni qalam - bozor-sobir- Ман боз ҳамон сотсиализмро. Идеали ҷамъиятӣ ғайр аз сотсиализм ҳанӯз эҷод нашудааст. Агар ба ҷаҳон назар афканем ва аз чанд давлати сотсиалистӣ сарфи назар намоем, дигар ҳамаи кишварҳо дар як системаи пӯсидаи капиталистӣ қарор доранд, ки ин система  системаи ғариодилона аст. Дар ин система адолат гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Ин система ҳатто идеал надорад. Сохтор дорад. Сохтори онро касе насохтааст. Худаш аз бозор ба вуҷуд омадааст. Агар мумкин бошад ҳамин хел гуфтан, идеали ин система пул аст, дигар идеал надорад. Системае, ки идеалаш пул аст ва сохтораш бозор, ин система ҳеҷ гоҳ системаи мардумпарвар буда наметавонад. Барои ҳамин ҳам хоҳу нохоҳ мо ба ҳамон системаи сотсиалистӣ бармегардем ва дигарон низ хоҳанд омад. Масалан, имрӯз бисёр давлатҳои Аврупо нимсотсиалистиву нимкапиталистианд. Ва ба тадриҷ ба системаи сотсиалистӣ меоянд. Инсоният ба ҷуз сотсиалистӣ дигар сохтори одилонаи ҷамъиятӣ надорад. 

-Устоди азиз, Шумо то солҳои 90-ум дар ҳамин системаи сотсиалистӣ  кору зиндагӣ мекардед. Вале баъдан ҳамон солҳо  ба нирӯҳои   демократӣ пайвастед ва ба мубориза алайҳи ҳамин системаи сотсиалистӣ бархостед ва  ҳатто дар суст шудани пояҳои ин система саҳм гузоштед. Оё ҳамин тавр набуд? 

-Ман ҳеҷ гоҳ муқобилу мухолифи система набудам. Ман асосан бюрократизми системаро шум медидам. Бюрократизм ва маҳалчигиеро, ки дар мо вуҷуд дошт, ман онро бад медидам. Масалан, ман дина дар як сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтам, ки мардуми тоҷик дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунад. Ҳанӯз ба як миллати комил нарасидааст. Қаблан қабила буданд, омаданд ба сатҳи маҳал, ҳанӯз ба сатҳи миллат нарасидаанд. Ҳоло дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунанд. Қаблан, ки роҳбарони мо аз Ленинобод буданд, тамоми мансабҳои ҷумҳурӣ, агар сад дар сад ҳам набошад, 90 дар 100 мансабҳо дар дасти намояндаҳои Ленинобод буданд. 

Чунки роҳбари аввал аз Ленинобод буд. Ҳозир ҳам ҳамин хел аст. Дар навад дар сади вазифаҳо мардуми Кӯлоб кор мекунанд. Ин табиист. Чунки халқ дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунад. Агар фардо бадахшонӣ ба сари қудрат биёяд, навад дар сади вазифаҳоро ҳатман бадахшониҳо хоҳанд гирифт. Ё ин ки намояндаи дигар маҳал ба сари қудрат биёяд, айнан ҳамин корро мекунад. Чунки мо ҳанӯз ҳам дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунем. Ман ба ҳамин тарзи ҳукуматдорӣ дар вақташ зиддият кардам. Барои ҳамин ҳам вақте, ки дар сӯҳбатҳо роҳбарони ҳукумати вақтро, ки ленинободӣ буданд, танқид мекардам, маро мегуфтанд, ки ин «антисоветчик» ҳаст, яъне зиддисоветӣ ҳаст. Не, охир! Ман зидди маҳалчигии роҳбарон будам, на зидди сохтори советӣ ё зидди системаи сотсиалистӣ. 

- Митингҳои февралии соли 90 оё характери зиддиҳукуматӣ надоштанд, устод? 

- Бале, вақте,ки митингҳо сар шуданд, мо беихтиёр ба митингҳо пайвастем. Дар ин амалиётҳои зиддисоветӣ  моро сионистҳо тела доданд. Вақте, ки дар Масква сионистҳои Русия ба мисли Сахаров, Солженитсин, Собчак, аз Иттифоқи нависандагон Евтушенко ва дигар яҳудитаборон ва ҳатто Горбачёву Елтсин  ҷумбишҳои зиддисоветиро сар карданд, мо нафаҳмида ба онҳо кафкӯбӣ кардем, «Зинда бод демократия!» гуфтем. Демократияи дурӯғ. То ҳоло ман нафаҳмидаам, ки  чӣ буд он демократия? Демократия - ин озодии сухан, озодии қалам, ҳамин хел мегуфтанд. Мо мафтун мешудем ва ба онҳо кафкӯбӣ мекардем. Дар ҳамин ҷо мо фиреб хӯрдем. Акнун фаҳмидем, ки ин сионистҳо моро сахт, марговар, мурданивор фиреб доданд. 

-Хуб, ба фикри шумо ҷомеаи мо имрӯз бо мушкилот рӯ ба рӯ аст. Чӣ бояд кард, ки ин  мушкилот ҳаллу фасли худро ёбад? Чӣ бояд кард, ки бидуни бесуботиҳову ноамниҳо, бо роҳи осоишта  ҷомеъа ислоҳ шавад? 

-Чӣ тавре, ки гуфтам, сохт ва системаи сотсиалистиро мо комилан аз байн бурдем. Дар Тоҷикистон аз ин система чизе боқӣ намондааст. Дар баъзе ҷумҳуриҳо ҳанӯз ҳаст. Дубора ин ҷамъиятро айнан сохта наметавонем. Дар Тоҷикистон ҳоло капитализми примитив, чӣ тавре мегӯянд, капитализми ибтидоӣ ҳукмрон аст. Ҳатто капитализми нимфеодалӣ ҳукмрон ҳаст. Як даста бой пайдо шудааст. Як даста савдогари молдору пулдор пайдо шудааст. Вале шуурашон феодалӣ мебошад. Баъзеашон моликияте доранд, ки фермерҳои амрикоӣ надоранд. Вале шуурашон ҳамон шуури феодалӣ ҳаст. Мераванд ду зан мегиранд, се зан мегиранд.  

Масҷид мераванд. Ҳаҷ мекунанд. Ба ҷои он ки як мактаб ва ё  як корхона созанд, масҷид месозанд. Дар ҳамин системаи мавҷуда ман мушоҳида мекунам ду чиз зиёд ба чашм мехӯрад. Якум харҷи беҳуда. Қасрҳову кӯшкҳои боҳашамати ҳукуматӣ месозанд, ки он чӣ даркор аст? Дуввум ҷашнҳои беҳудаи серхараҷот ташкил мекунанд. Ин тантанаву  ҷашнҳо ба халқ чӣ медиҳанд? Ба ҷои ин корҳои камаҳмият заводу фабрика сохтан даркор аст, ки тоҷик омада дар он кор кунад ва зану фарзандашро нигоҳубин кунад. Ё худ заминро ба мардум тақсим карда додаанд. 

Мардум дар ҳамин замин бо чӣ кор кунад? Техника надорад. Бо белу каланд оё мешавад заминро истифода бурд? Масалан дар қишлоқи мо Сӯфиён заминро партофтанд ва мардикорӣ Русия рафтанд мардон. Ба фикри ман ҳамин заминҳоро ҳамаашонро гирифта давлатӣ кардан даркор аст. Чи тавре, ки қаблан буд. Давлат агар бо ин заминҳо кор накунад, давлат агар техникаи зарурӣ нахарад, деҳқони бечора ин корро карда наметавонад. Бинобар ин тамоми заминҳои Тоҷикистонро баргардондан ва давлатӣ кардан даркор. Агар заводу фабрикаҳо низ бунёд шаванд, онҳоро давлатӣ кардан даркор. Ҳатто заводи нонро ҳам давлатӣ кардан даркор. Имконияти давлат барои ин корхонаҳоро идора кардан бисёр аст. Шахси алоҳида ин корро карда наметавонад. Шахс ҳаромкорӣ мекунад ва охир онро мепартояд. 

-Устод, Шумо вақтҳои охир дар матбуот ақидаҳои коммунистиро тарғиб ва доҳиёни онро хеле зиёд таблиғ мекунед. Аз идеологияи коммунистӣ ҷонибдорӣ мекунед. Чанд муддат мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳастед. Оё касе аз роҳбарони феълии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз шумо барои ин кор ибрози миннатдорӣ кардааст? 

- Не, касе аз онҳо бо ман вонахӯрдааст ва дар ин бора сухан ҳам накардааст. Ҳарчанд ман аз фаъолияти роҳбарони ин ҳизб аз тариқи матбуот огоҳ ҳастам ва медонам онҳо корҳоеро дар ин самт анҷом дода истодаанд. Яъне ҳизб дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият карда истодааст. 

-Устод бармегардем ба мавзӯи адабиёт. Шумо гуфтед, ки чанд китоби шоирони  муосирро мутолиа кардед.  Оё  наход, ки аз миёни онҳо  чизе, ки бароятон ҷолибу маъқул шуда бошад, пайдо нашуд? 

-Чаро? Буданд чизҳои ҷолибу хуб. Масалан, дар ин лаҳза чор мисраи як шеъри Рустами Ваҳҳоб, ки дар марги хофизи халқӣ Иброҳим Кобулӣ навишта шудааст, ба ёдам мерасад: 

Шуд ҷаҳон холӣ зи савти булбулӣ,

Рафт бар шаҳри хамӯшон Кобулӣ.

Дар азояш ин замон бояд бурид,

Гар ба танбӯре бубинӣ кокуле. 

Чи хел хуб гуфтааст! Ҳамин гуна агар даҳ  шеър дошта бошӣ, барои як умр бас аст, ки номатро ҳамчун шоир бигиранд. Ин  сухани тоза, ин тасвири Рустам бозёфти хубест дар адабиёти муосири тоҷик. 

-Хуб, бо ҳамин суханони хубу дилгармкунандаатон ба ин мусоҳиба хотима мебахшем. Ташаккури зиёд, устод.

 Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3532---l-----r.html



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 10.11.2010 00:36
odam yak bor zindagi mekunad agar in fikrhoro peshtar megufted
khubtar bud. Problema az mitibgho sar shud. tojiki bechora ba in tayor nabud sad daregh.
Mo ham khorijro didem. Lekin gashta ba padaroni khud tuf
kardan oe savob ast ?????
Ideal gufta sistemai sosialistiro qapidan az oqili nest..
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi