00:58:06 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_sofia-koppola_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_sofia-koppola_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_sofia-koppola_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_sofia-koppola_2'

ЗАНЕ, КИ «ШЕРИ ТИЛОӢ»-РО РОМ КАРД

Олитарин ҷоизаи қадимтарин кинофестивали байналмилалӣ дар Венетсия (1-11 сентябри 2010)  «Шери тилоӣ» имсол ба режиссёри амрикоӣ, коргардони филми «Дар ким-куҷо» София Коппола дода шуд. Садри ҳакамон ин ҷашнвора коргардони машҳури амрикоӣ Квентин Тарантино дар маросими супурдани ҷоиза ба хабарнигорон эълон дошт, ки ин тасмим аз ҷониби ҳакамон якдилона гирифта шудааст. Филми «Дар ким куҷо» дар бораи муносибатҳои падару духтараки 11–солае қисса мекунад.

 

Падар, ки ҳунарпешаи Голливуд аст, бо корҳои худ банд монда, аз аҳволи духтараш бехабар мемонад. Боре духтараш ӯро ба назди дугонаҳояш мебарад ва падар аз ҳавову ҳаваси наврасон огоҳӣ пайдо мекунад. Дилгармии духтарон ба зиндагӣ диди ҳунарпешаи Голливудро ба ҳаёт тағйир медиҳад ва ӯ ба зиндагии муқаррарӣ бармегардад. София дар сӯҳбатба хабарнигорон гуфт, ки ӯ интизори онро надоштааст, ки  филмаш дар ҷашнвора ғолиб мебарояд.

 

Зеро ба гуфтаи ӯ ин филми  кӯчаки хусусӣ аст. Бояд гуфт, ки София духтари  яке аз машҳуртарин режиссёрони Голливуд Френсис Форд Коппола мебошад. Филмҳои таҳиянамудаи Френсис Форд Коппола  «Падари маънавӣ» («Крестный отец»), «Охирзамони имрӯз» («Апокалипсис сегодня»)  дар сар то сари ҷаҳон маълуму маъруфанд.

 

София 14-уми майи соли 1971 дар  шаҳри Ню Йорки ИМА дар хонаводаи ҳамин коргардони синамо ба дунё омадааст. София ҳанӯз яксола будааст, ки падараш ӯро дар филми машҳураш «Падари маънавӣ» (1972) ба навор мегирад. Агар тамошобинон дар ёд дошта бошанд, дар як саҳнаи филм роҳибе кӯдакеро ғусл медиҳад, ки он тифл ҳамин София мебошад. Аз ин  ба баъд София то соли 2001 дар 12 филми бадеӣ нақшҳои гуногун  офаридааст.

 

Аз соли 1998 ӯ худро ҳамчун коргардони синамо санҷидааст. Филмҳои таҳиянамудаи ӯ, аз қабили  «Болотар аз ситора» (1998), «Бокирадухтарони маргталаб» (1999), «Мушкилоти тарҷума» (2003), «Мария-Антуаннета» (2006) ба оммаи васеи мухлисони кино дар гӯшаву канори дунё писанд омадаанд. Дар байни ин филмҳояш филми «Мушкилоти тарҷума» аз ҳама бештар ба комёбӣ ноил гардидааст. Соли 2003 сенарияи ин филмро беҳтарин сенария дониста, дар ҷашнвораи Голливуд бо ҷоизаи «Оскар» қадр мекунанд. Дар таърихи киноматаграфияи ҷаҳонӣ София Коппола саввумин зан-коргардонаст, ки барои соҳиби ҷоизаи «Оскар» шудан дар бахши режиссёрӣ, ҳуқуқ пайдо кардааст, ки дар баробари мардон қувва санҷад. Вале дар ин сабқат доварон коргардони дигари амрикоӣ Питер Ҷексонро ғолиб эълон мекунанд.

 

Чӣ тавре, ки София Коппола ба хабарнигорон дар хатми синамобазми Венетсия гуфт, ӯ нақша дорад, ки филме дар бораи Лос-Анҷелос ба навор бигирад. Аз эҷоди коргардонҳои синамои муосир ҷаҳонӣ ӯ асарҳои режиссёри фаронсавӣ Жан-Люк Годар ва коргардони белгиягӣ Шантал Аккерманро хуш дорад.

 

Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3112---l-r---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854