19:12:51 25-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ БАРЗУ БО БАҲМАНЁР

Аз овози тоҷикони мо ҳама бо ҳайрат ба инҳо менигарад, ки аз куҷо омадаанд. Як немис аз кунҷе ба сӯяшон омада мегӯяд, «ҳа, фалониочаҳо ҳаминҷо ҳам омадед?» Ҳама дар ҳайрат мемонанд. Мегӯяд, ман ҳамшаҳрии шумо аз Қумсангир мешавам. Хӯроки хӯрдаашонро ҳисобӣ карда меравад. Ана тоҷик ҳамин тавр аст.

 

Барзу: - Аҷиб. Аммо ба ҳар ҳол мехостам фаҳмам, ки чаро мо тоҷикон, дар назди дигарон худро ҳамеша таҳқиршудаву гунаҳкор меҳисобем? Аз ин рӯ ҳамеша эҳсоси муҳофизакорӣ дар мо дида мешавад. Болои ин худро «нофи замин меҳисобем». Чӣ тавре Сиёвуш мегӯяд, «мутакаббирони гадотабъ». Вақте ба тайёраи самти Душанбе - Масква мешинем, ҳама ба гуфте «буқа» - анд. Ҳама ҳаё ҳуем. Э носа бидиҳ…, э фалони оча… тамоми гапро мешунавӣ. Ҳамин тавр меравем, то Маскав. Тайёра ба Маскав ба фуруд омадан наздик мешавад, ҳама гӯё ба қолаб ҷо мешавад.

 

Вақте ба назди гузаргоҳ мераванд, мисли мушакҳо мешаванд. Аз он ҷо майда- майда ҳамин паҳн шуда мебароянд. Вақти бозгашт низ чунин аст. Вақте ба тайёра мешинем, боз мешавем «фалониоча», боз мешунавем «буқа». Гурҷӣ дар Гурҷистон ҳам ҳамон аст, дар Маскав низ. Арманӣ низ чунин, дар Маскав ба мисли шаҳри худаш мегардад. Аз куҷо аст, ин ҳама тарсу рӯҳафтодагӣ?

 

Баҳманёр: - Ин тарс дар хуни мо, дар гени мо таҳмил шуд. Бигӯем, бо омадани аҷнабиҳо. Ҳама медонем, чӣ кор мекарданд. Омада қатли ом мекарданд. Дар Ҷувайнӣ оварда шудааст, ки як муғул бист тоҷикро нигоҳ медорад. Фармон медиҳад, ки дастҳои ҳамдигарро бандед, ман ҳамаи шуморо мекушам. Як тоҷик садо баланд мекунад, ки мо бист нафарем, ӯро аз асп пиёда карда, ба қатл расонем. Ҳеч кас садо баланд намекунад. Ҳамоне, ки садо баланд карда буд, аз соқи мӯзааш кордро бароварда муғулро мекушад. Баъд мегурезанд. Тарс дар гени мо ҷой дорад. Дар ватани худ ба гуфти худатон «буқа» ҳастем, дар шаҳри бегона «мурғи ба об таркардагӣ». Дар Маскав агар як тоҷикро скинхед азоб диҳад, дигар тоҷикҳо мегурезем. Мо тарсу ҳастем.

 

Барзу: - Магар, ин мавзӯи адабиёт нест?

 

Баҳманёр: - Чаро нест?

 

Барзу: - Масалан, психоаналитикӣ. Имрӯз гапҳои дурӯғ бофта истодаем. Ҳама чиро кӣ васф мекунем, аз ночорӣ мегӯем. Бубинем, ҳамон фалсафаи Олмонро. Мегирем Нитшеро, Шпенглерро ва Шопенҳауэрро. Шопенҳауэр қариб тамоми умрашро бахшид, то бифаҳмад, ки психологияи мардуми Олмон чист. Чаро мо инхел асарҳоро надорем? Асарҳои психоаналитикӣ надорем? Ё ин паҳлӯ мавзӯи сӯҳбати Иттифоқи нависандагон намешавад? Ба мо чӣ шуд? Мо наметавонем, то дер боз ин тавр бошем?   

 

Баҳманёр: - Як байти Мавлавӣ ҳаст:

Моҳӣ аз сар бигандад, не зи дум,

Фитна аз аммома хезад, не зи сум.

 

Гумон мекунам, мо аввал ба назар орем, ки ҳамин давлати мо чӣ гуна давлат аст. Сифатҳои зиёд дорад, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва гайраву ғайра. Шояд дар ягон давлати дунё чунин набошад. Дар асл аз ҳаминҳо ягонтааш нест. Шопенҳауэр мегӯяд: «Худо заминро офарид, аммо фаромӯш кард». Ба гумони ман Худованд тоҷикро офариду баъд, фаромӯш кард, ки ҳамин хел миллат офарида буд.

 

Тоҷик ботинан тарсу ҳаст. Ҳам мунофиқ аст, саввум хабаркаш мебошад. Ин ҳама дар тамоми миллатҳо ҳаст, аммо ба он ғунҷоише, ки дар тоҷикон ҳаст, дар дигарҳо нест. Гурҷиҳо дар Русия мераванд, диаспора месозанд. Арманиҳову дигар миллатҳо диаспораҳои худро месозанд. Мисли шумо тоҷикҳои сарсупурда низ рафта диаспора ташкил мекунанд. Аммо дер намеравад. Баъдан, хусуматҳои ман хуҷандиву зарафшонӣ, ту бадахшиву кӯлобӣ боло мегирад, муваффақ намешаванд.

 

Исфарагӣ тарафи худ, кӯлобӣ ҷонибе хеш, бадахшиву зарафшонӣ ба сӯи худ мекашанд. Гурҷиҳо чанд нафарро барои қатл мебаранд. Пеш аз маргашон суруди миллиашонро мехонанд. Суруди миллӣ онҳоро аз марг наҷот медиҳад, намекушанд. Мо чунин суруди миллӣ надорем, ки моро ба ҳам пайвандад.

 

Барзу: - Ин аст, саволи дигар ман. Мо мегӯем, ки миллати ҳазорсолаем, тамаддунофарем, вале чаро иде надорем, ки мардум худаш пешвоз гирад? Ҳатман, ҳама ҷашнҳо аз ҳукумат аст. Наврӯзамон низ иди ҳукуматӣ мебошад. Бигирем карнавали Бразилияро, ҳукумат дар он ҷо дахл надорад. Дар Испания ҷашни помидор ҳаст. Ҳар миллат як иде дорад, ки ҳамон рӯз худаш берун мебарояд. Барои чӣ миллати мо ягон иде надорад, ки худаш ҷашн бигард? Ба ҷуз идҳои мусалмонӣ, ки ҳамон ҳам аз тарс ҷашн мегиранд. Барои чӣ? 

 

Баҳманёр: - Ҳамон шиоре, ки Арасту ба Искандар дода буд: «тафриқа андозу ҳукм бирон». Ҳамин чиз дар мо бештар шудааст. То Инқилоби октябрро бигирем. Буд миригариҳои Ҳисор, Рашт (Қаротегин) буд, миригарии Масчоҳ дар ҳама ҷо буданд. Агар аз Ҳисор ба Кӯлоб метохтанд, ҳеч гоҳ аз Бухоро ба миён намедаромаданд, ки сари музокира нишаста сулҳ кунед. Баъди он, ки ҷонибҳо ночор сулҳ мебастанд, бо талафоти ҷониву моли зиёд, аз Бухоро омада, товони «сукут-ул-лиссон» меситониданд. Барои хомӯш буданашон маблағ мегирифтанд. Ҳамаи ин дар хуни мо мондааст. Имрӯз ҳам тоҷик сарҷамъ шуда наметавонад.

 

Мисоли одӣ, кӯдакро модар дар гаҳвора мехобонад, бояд суруди алла хонад. Шоирони мо дар бораи тамоми сангу хасу хокрӯбаи ватан шеъре доранд, аммо барои аллаи кӯдак шеъре наменависанд, ки модар ба кӯдак хонад. Яктаашро хондам, навиштааст, калон шавӣ, профессор шавӣ, миллионер шавӣ, як ҳарза. Ба кӯдак ин даркор нест. Ба кӯдак шеъре зарур аст, ки дар гаҳвора ором хобад, - як. Дуюм, вақте калон шавад, ҳамонро ба ёд орад. Саввум, чунин шеър умуман нест.

 

Ҳама шоирони мо аз инқилоб инҷониб дар васфи Ватану тоҷики тоҷдор, гузаштагону кимчиҳои дигар навиштаанд. Аммо ба худ суол намедиҳанд, ки имрӯз чӣ дорем? Пагоҳ чӣ хоҳем дошт? Сари ин масъала кам фикр мекунанд. Ва яке аз бадбахтиҳои мо ҳам дар ҳамин аст.

 

Барзу: - Мо аз худ бехуд шудем. То он рӯзе, ки дар бораи худ фикр накунем, то он даме, ки натавонем биандешем адабиёти ҷаҳонгир ва театри бузург ба майдон оварда наметавонем. Ба театр менигарем, он ҳаёти моро инъикос карда наметавонад. Ҳама дурӯғ. Шумо таваҷҷӯҳ кардаед, дар мо ҳаҷвия (сатира) гум шудааст. Дар атрофи мо ҳамеша лутф буд. Дар чойхона, дар тӯй ҳамеша садои ханда буд. Фикр мекунам, мо ин робита бо дили миллатро аз даст додаем. Ба мо ин чиз тамоман намерасад?

 

Имрӯз гуфта наметавонем, мо кистем!? Дар ин ҷо сабабе нуҳуфта аст. Дар миёни адабиёти шумо ва санъати ман, барои ҷалби харидорони китоб ва тамошобини театр робита барҳам хӯрдааст. Мо чизеро аз даст додаем. Мардум ҳам чизеро аз даст додаанд.

 

Баҳманёр: - Сари ин масъалаҳо зиёд фикр мекунам. Чи хел як мағзе ёбем, ки ин миллатро бедор кунад. Мо чизеро аз даст додаем, ки бояд онро пайдо кунем. Пеш аз ҳама бояд идеяи миллӣ дошта бошем. Дар атрофи он мардум мутаҳид шаванд. Идеяи миллӣ чӣ шуда метавонад? Мисол, Ориёии бузург. Чи тавре, ки пантуркистон дар ҳасрати Туркистон ҳастанд. Барои афғону эронӣ бегона набошанд. Таъриху адабиётамонро аз ҳам ҷудо карда наметавонем. Фикри он дар сар набошад, ки Рӯдакӣ аз мосту Мавлоно аз шумост. Камол аз мосту Ҳофиз аз шумост. Гарчанде дар миён як рахнагӣ пайдо шуд, аммо бояд мо ин рахнагиро аз миён бардорем.

 

Роҳи ҳалли ин пеш аз ҳама меравад ба оила. Чӣ тавре гуфтам, тарбия аз оила оғоз мешавад. Агар падар бояд дар бораи ояндаи фарзандаш андешида ӯро тарбия кунад. Ҳарчанд, ки дар мактаб низ ӯро таълим диҳанд. Дур намеравам, дар оилаи худам он шавқу рағбате, ки ман ба китоб доштам, фарзандонам надоранд. Ягон бор надидам, ки духтарчаам китоберо аз раф гирифта хонда бошад. Зеро берун аз хона муҳит ӯ бо китоб сару кор надорад.

 

Акнун тасаввур кунед, муҳити мо чӣ гуна аст? Дар мактаби миёна пул талаб мекунанд. Дар мактаби олӣ низ маблағ талаб мекунанд. Аввал ришва дар тамоми сатҳи мактабҳо бардошта шавад. Ба муаллим маоши заруриро диҳанд, то аз донишҷӯ тамаъ накунад. Дар ҳамаҷо бояд тамаъ набошад. Вақте кӯдак мебинад, ки муаллима аз ӯ тамаъ дорад, хоҳиши хонданаш гумм мешавад.

 

Барзу: - Ришваву пул мегӯем, дар мактабҳо. Аммо як чизи дигар ҳам ҳаст, коррупсияи фарҳангӣ. Дуздии фарҳангӣ ҳам ҳаст. Фарҳангиёни мо дасташон ба кисаи касе намеравад, вале дониш надорад, илм надорад, аммо дарс мегӯяд, рафторе мекунад, ки мардумро аз китоб дур мекунад, нафрате нисбат ба зиёӣ бедор мекунад. Ё рақсаш безеб аст, киноаш бенамуд аст, асараш хонданибоб нест, фикр мекунам, коррупсияи фарҳангӣ ҳамин аст.

 

Баҳманёр: - Коррупсияи фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар тамоми давру замон буд. Лекин ба он пояе набуд, ки дар мо ҳаст. Тасаввур кунед, ба кӣ унвони артисти халқӣ, ба кӣ унвони нависандаи халқӣ, ба кӣ унвони шоири халқӣ ва дигар, ё мукофотҳо ҳамин хел дода мешаванд. Вақте мардум мебинанд, ки як нафари беном соҳиби мукофоту унвонҳо мегирад, худ баҳо медиҳад. Яъне инро дар боло идора мекунанд, мумкин ғайри ихтиёр бошад. Ба онҳо маълумоти нодуруст медиҳанд. Онҳо намедонанд, ки Барзу Абдураззоқов чӣ меофарад.

 

Худашон вақт надоранд, ки намоиши Барзуро тамошо кунанд. Ҳатман як нафаре, ки нисбат ба шумо хушбин нест, муаррифгари шумо мешавад. Ва нафареро пешниҳод мекунад, ки наздик ё дӯсташ мебошад. Коррупсия дар мо ба тамом реша давондааст. Дар Русия коррупсия алтернатива дорад, антикоррупсия. Онҳо мукофот бароварданд Букер. Боз бароварданд антибукер. Дар мо ҳам бояд чизҳое бошад, ки ақалан, сади роҳ нашавад, ҳушдор диҳад. Ҳушдор диҳад, ки аз миси ту тилло кашида намешавад, миси ту мис мемонад, аз миси мо тилло ёфтан мумкин.

 

Барзу: - Ҳамту як насаб мегирам, Бердиев. Вақте як унвони баландро мегирифт, дар наздаш Айнӣ буд. Мегуфтанд, ки инро бин унвон гирифт, аммо Айнӣ нагирифт. Шарм накарда ин унвонро гирифт, устод Улуғзода ё фалон кас нагирифт. Аҷиб корҳое. Дар коммисияи унвонҳои давлатӣ иштирок доштам. Вақте мегуфтам, ки чаро ба ин адабиётҳое, ки омадаанд, сатҳаш хеле пастанд, унвон медиҳед?

 

Мегуфтанд, дигар ҳеч кас надорем, аз ҳамин будагӣ тақсим мекунем. Агар ин тавр бошад, мегӯям, тақсим накунед. Агар мақсад тарака кардан бошад, даркор нест, надиҳем. Дар мусоҳибаам бо Фараж гуфта будам, дар Жопун, ки 160 млн аҳолӣ ва нависандаҳои хело олӣ дорад, 8 сол ҷоизаи Акутагаваро ба ҳеч кас надодаанд. Зеро ягон адиб арзанда набуд.

 

Баҳманёр: - Дар Қазоқистон низ мукофоти давлатиро 15 сол ба ҳеҷ кас надоданд. Ба он хотир, ки асари сазоворе нест.

 

Барзу: - Барои чӣ шарм намедоранд, аз ин унвонҳо?

 

Баҳманёр:- Ба ман як чизи муқаррарӣ шудааст. Чаро чизи муқаррарӣ шудааст, худам намефаҳмам.

 

Барзу: - Фикр намекунед, ки аз миёни мо айниҳо рафтаанд. Телевизиони Тоҷикистонро мебинам ва фикр мекунам, ки аз мо шарм ҳам рафтааст?

 

Баҳманёр: - Қаблан ҳам чунин буд. Ба ҷоизаи Нобелӣ Толстой ва Прудони франсузӣ баробар пешниҳод шуда буданд. Ба Прудон доданд, ба Толстой надоданд. Имрӯз дар кураи замин одаме нест, ки донад, ки Прудон кист. Баъдан, зиёд нависандагон ба хотири он, ки ҷоизаи Нобелро ба Толстой ва Дастоевский надоданд, аз ҷоиза даст кашиданд. Аз он ҷумла Торнтон Уайлдер. Дар мо чунин воқеаҳо рӯй намедиҳад. Барои он, ки дар мо мукофотро ҳамту намегиранд. Онҳо дар атрофи худ одамҳои кӯмак мекардаро ҷамъ мекунанд, ҳатман ба аъзоҳои коммисия зиёфат медиҳанд. Ҳазор роҳро истифода мебаранд.

 

Барзу: - Ман надидам ва намедонам.

 

Баҳманёр: - Шумо нав аъзо шудед. Баъдан то характери шуморо аз худ накунанд, назди шумо намеоянд.

 

Барзу: - Баъдан, он ки нодориву нотавониамон…, шояд чашми моро 3 000 доллари ҷоиза аз ҳама шарму ҳаё кӯр мекунад.

 

Баҳманёр: - Онҳо хоҳ нохоҳ ба ин эҳтиёҷ надоранд. Барои ном талош мекунанд. Ҳадафшон нишон додани худ аст, ана бубин ман кистам! Вақте бо 15 нафар барои мукофот китобамро пешниҳод кардам, ба ман надоданд. Ба онҳое лоиқ донистанд, ки умуман бо ман муқоисанашаванда буданд. Парвое надоштам. Чун барои ман мукофот аризише надорад. Дар замони Фирдавсӣ низ чунин буд.

 

Барзу: - Агар шумо духтур мебудеду хоҳиш мекардем, ки вазъи Тоҷикистон ташхис монед. Чӣ ташхис мемондед?

 

Баҳманёр: - Ду диагноз мемондам: «Бемории Паркинсон» ва «параноидельная шизофрения».

 

Барзу: - Ман одами театр ҳастам. Барои ҳамин ҳама чизро аз нигоҳи театрӣ бештар фикр мекунам. Аммо ҳамаамон як реша дорем. Ҳамаамон як корро мекунем. Барои ба театри ҷаҳонӣ расидан як роҳ аст, ё бояд мардум ба сӯи театр биёянд, агар наоянд, мо бояд ба сӯи онҳо равем. Мо чиро интизорем? Кай китоби моро мехаранд? Кай толори моро омада пур мекунанд? Агар мо ба сӯи онҳо биравему дар миёнашон бошем, он вақт набзи онҳоро метавонем, фаҳмид.

 

Баҳманёр: - Як воқеаро нақл мекунам. Ба вохӯрие маро даъват карданд. Дар толор тахминан дусад нафар буд. Ҳамин вақт як гӯшакӣ шуд, ҳамагӣ якто – якто баромада рафтанд. Аз муаллиме, ки маро даъват карда оварда буд, ба куҷо рафтани мардумро пурсидам. Посух дод, ки берун як мошин либосу палоси арзон омадааст. Барои ҳамон баромаданд. Толор ҳама ба сӯи либосу палоси холӣ рафтанду ман ҳамонҷо мондам.

 

Барзу: - Гаутама Будда вақте ба як деҳаи Ҳиндустон меояд, ба мардум мегӯяд, ҷамъ шавед, ба шумо ҳақиқатро мегӯям. Як фурӯшандаи шакар будааст, мардумро гуфтааст, шумо равед, як кило шакарам мондааст, фурӯхта меоям. Будда бори дувуму сеюм ба онҳо деҳа меояд ва ҳар вақт шакарфурӯш баҳонае дошт. Аммо вақте шакарфурӯш омодаи шунидани суханҳои Буддо шуд, Буддо мурда буд.  

Чӣ монандӣ, чӣ таззод?

 

Ман чӣ мехоҳам? Мехоҳам, рӯҳи романтикиамонро баргардонем. Рӯҳи ҷавонии романтикиро ба худ орем. Болҳоямонро барқарор кунем, боз ба парвоз оғоз кунем. Танҳо дар ин ҳолат реализмро ин кӯчаи сиёҳро раҳо карда, ба хиёбони нурафшон меравем. Агар Баҳманёр хоҳиши маро қабул кунанд, бояд романтик монад.

 

Баҳманёр: Ман ҳам ба ин гуфтаҳои зебои Шумоам.

 

Барзу: Ташаккур!

 

«ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3071-2010-09-08-06-02-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ